Main menu

Ҷумҳурии Тоҷикистон ва геополитикаи ҷаҳонӣ

АНДЕША. Пас аз пош хурдани ИҶШС минтақае, ки пештар барои дунёи беруна дастнорас ба ҳисоб мерафт ва он Осиёи Марказӣ ном дошт, ногаҳон ба майдони муқобилат барои давлатҳои абарқудрати муосир табдил ёфт.

Осиёи Марказӣ дар маркази қитъа ҷойгир шуда, як намуд нақши «дарҳо»-ро ба минтақаҳои аз ҷиҳати стратегӣ муҳими Авруосиё боз менамояд. Зеро дар шарқ Хитой ва давлатҳои минтақаи уқёнуси Ором, дар ҷануб Афғонистон, Эрон ва як қатор давлатҳои исломӣ, дар ғарб ва шимол Қафқоз, Туркия, Аврупо ва Россия мавҷуд аст.

Мавҷудияти иқтидори иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва энергетикӣ дар мувофиқа бо шароити табиӣ-иқлимӣ ва мавқеи самарноки геополитикӣ муҳимияти Осиёи Марказиро дар геополитикаи глобалии ин минтақа нишон дод.

Дар айни ҳол табдилёбии Осиёи Марказӣ аз минтақаи музофотӣ ба минтақае, ки дар он манфиатҳои давлатҳои абарқудрат ва дигар омилҳои ҳаёти байналмилалӣ задухурд менамоянд, бавуҷуд омада истодаанд. Муборизаи манфиатҳои давлатҳои абарқудрат дар минтақаи мазкур омили нооромие ба ҳисоб меравад, ки он ба соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти давлатҳои Осиёи Марказӣ таҳдид менамояд.

Мусоидии ҷойгиршавии Осиёи Марказӣ дар гузаргоҳи алоқаи геополитикии авруосиёгӣ, тамоюли пурзуршавии таъсири мутақобилаи давлатҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ минтақаро ба яке аз минтақаҳои бехатар дар ҳудуди давлатҳои пасазсоветӣ гардониданд. Дар Осиёи Маркази табдилёбии геополитикӣ амалӣ шуда истодааст, яъне тағйирёбии нақши давлати миллӣ ҳам нисбат ба корҳои дохилӣ ва ҳам нисбат муносибатҳои байналмилалӣ ба вуҷуд омада истодаанд. Давлатҳои нави Осиёи Марказӣ: Тоҷикистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Туркманистон ва Қирғизистон дар сатҳи ҷаҳонӣ новобаста аз он ки онҳо таърих, маданият, забон, дини умумро доро мебошанд, оғози гуногуни рушдро доро буданд. Онҳо акнун маҷмуи манфиатҳои миллии хешро ба роҳбарӣ мегиранд, ки ин ба ислоҳнамоии геостратегияи ҷаҳонӣ, тавозуни қувваҳо, бавуҷудоии модели нави муносибатҳои байналмилалӣ оварда мерасонад.

Тоҷикистон ҳамчун давлатӣ ҷавон, ки роҳи сохтмони иқтисодӣ бозоргонӣ ва ҷомеаи шаҳрвандиро интихоб намудааст, таъсири глоаблизатсияро дар рушди худ ҳис намуда истодааст. Ин ҳама бо шарофати мавҷуд будани сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти давлат, фаъолияти ташкилотҳои байналмилалӣ дар ҷумҳурӣ, рушди шабакаи глобалии Интернет дар минтақаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ муҳим, интегратсияи бозори молиявии ҷумҳурӣ ба ҳудуди бозори молиявии ҷаҳонӣ амалӣ шуда истодааст. Дар баробари ин, Тоҷикистон бо масъалаҳои дохилӣ ба монанди сатҳи баландӣ камбизоатӣ, рушди соҳибкории хусусӣ, сохтмони ҷомеаи шаҳрвандӣ ру ба ру шуд, ки он бе иштироки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ, ки омилҳои асосии глобализатсия ба ҳисоб меравад, номумкин мебошад.

Таркиби асосии низои нави муносибатҳои байналмилалӣ дар ҳудуди авруосиё Федератсияи Россия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Ҷумҳурии Халқии Хитой, инчунин, Туркия, Эрон, Покистон, Ҳиндустон, давлатҳои Иттиҳоди Аврупо ва Ҷопон ба ҳисоб мераванд, ки онҳо сиёсати байналмилалиро муайян менамоянд. Дар айни замон мақсади асосии ин давлатҳо таҳти назорат гирифтани ҳудуди Авруосиё, инчунин захираҳо ва алоқаҳои нақлиётии минтақа ба ҳисоб меравад. Кушиши нигоҳдории самти таъсиррасонӣ аз як тараф ва баратарафнамоии таъсири дигар давлатҳо аз тарафи дигар дар минтақа нооромиро ба вуҷуд меорад.

Мехоҳем, дар бораи манфиатҳои давлатҳои абарқудрат ба монанди Россия, ИМА ва Хитой дар минтақа маълумоти кутоҳ пешниҳод намоем, яъне нуқтаи назари онҳо ва иқтидори таъсири мутақобилаи онҳо бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чист.

Яке аз давлатҳои бонуфуз, пешвои ҳукмфармо дар минтақа Федератсияи Россия ба ҳисоб меравад. Пас аз пош хурдани ИҶШС ва таъсисёбии давлатҳои ҷавони мустақил, муносибати Тоҷикистону Россия хусусияти дигарро кашф намуд. Новобаста аз сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҳар ду давлат тамоман дигар шуда, самтҳои нави сиёсати хориҷӣ ба вуҷуд омадаанд, муносибати Тоҷикистону Россия хусусияти суботкоронаро дорад ва тамоюли ҳамоҳангнамоии кушишҳо барои боз ҳам наздик шудани ин давлатҳо амалӣ шуда истодааст.

Тоҷикистон тарафдори он аст, ки муносибати ҳар ду кишвар боз ҳам наздиктар шавад ва дар бештари аз самтҳои муҳим ин кушишҳо таъмини ҳуқуқии худро ёфтанд. Як қатор шартномаҳо ва созишномаҳои нав ба вуҷуд омаданд, ки ин маънои манфиати умумии геополитикӣ доштани ҳар ду давлатро ифода менамояд. Дар айни ҳол асоси муносибатҳои ҳуқуқии дутарафаи ин давлатҳоро 175 шартномаҳо ва созишномаҳои меъёрии ҳуқуқӣ ташкил медиҳанд, ки онҳо алоқаи байнидавлатиро осон намуданд ва қариб тамоми мавқеҳои асосии ҳамкориҳои ин давлатҳо, ки тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятиро фаро мегирифт, ба монанди иқтисодиёт, сиёсат, савдо, ҳарбӣ-техникӣ, гуманитарӣ ва ғайраҳоро ба танзим медарорад.

Маълум аст, ки Федератсияи Россяи ҳамчун давлати абарқудрат наметавонад манфиати геополитикӣ дар Тоҷикистон ва дар тамоми минтақа надошта бошад. Манфиати ин давлат ба манфиатҳои Тоҷикистон мухолифат намекунад. Россия омили муҳофизат ва устувории соҳибихтиёрии давлатӣ ва миллии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, вазифаи сулҳҷуёнаи Россияро қайд намудан лозим аст, ки он дар се самт амалӣ карда мешавад. Якум ҳамкори дар ҳифзи сарҳади Тоҷикистон бо давлатҳои ҳамсарҳад ҳангоми расман ҳамчун сарҳади берунаи давлатҳои ИДМ эътироф шудани он. Дуюм-иштироки фаъоли Россия дар Кувваҳои сулҳҷуёнаи дастаҷамъӣ. Сеюм-нақши Россия ҳамчун давлат-назоратчӣ дар гуфтушунидҳои байни тоҷикон, ки барои ба анҷом расидани задухурдҳои тарафҳои муқобил таъсир расонидааст, инчунин кушишҳои Россия барои барқарор намудани сулҳ ва оромӣ дар ҷумҳурӣ.

Ҷои муайянро дар муносибатҳои Тоҷикистону Россия ҳамкориҳои ҳарбӣ-техникӣ ишғол менамояд, ки он самаранок инкишоф ёфта истодааст. Дар ин самт марҳила ба марҳила табдил додани вазъи дивизияи 201 Қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Россия ба базаи ҳарбии Россия ба роҳ монда шудааст.

Дар айни ҳол муносибатҳои иқтисодии Россяи бо Осиёи Марказӣ афзалиятноктар ба ҳисоб меравад. Россия барои таҳвил додани захираҳои энергетикии минтақа дар самти ба вай самаранок бештар аҳамият медиҳад. Барои Россия ҳамчун дигар давлатҳо азхуднамоии конҳои нафту газ, сохтмон ва истифодаи қубурҳо, таҳвили захираҳои энергетикӣ на танҳо масъалаи иқтисодӣ, балки масъалаи сиёсӣ низ ба ҳисоб меравад. Иштирок дар таҳвили захираҳои энергетикӣ имконият медиҳад, ки вазъият дар минтақа самараноктар назорат карда шавад.

Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ муддати зиёд диққати ИМА-ро ба худ ҷалб накарда буд, вале пас аз пош хурдани ИҶШС мавқеи ИМА нисбат ба ин минтақа иваз гардид. Аввал мавҷудияти ИМА дар минтақа бо роҳи фиристодани ёрии башардустона бо воситаи ташкилотҳои байналмилалӣ ва фиристодани ҷавонон барои таҳсил ба ИМА оғоз ёфта буд. Пас аз актҳои террористӣ 11 сентябри соли 2001 дар Ню-Йорк амалиёти зиддитеррористии ИМА дар Афғонистон оғоз ёфт ва стратегияи хориҷии ИМА нисбати Осиёи Марказӣ тағйир ёфт. Оҳиста-оҳиста бо истифода аз амалиётҳои ҳарбӣ ИМА мавҷудияти ҳарбии худро дар Осиёи Марказӣ усутвортар гардонид, ки ин маънои онро дошт, ки то ба вуҷуд омадани давлатҳои ва ё коалитсияхоеро, ки таъсири ИМА-ро метавонанд дар минтақа суст намоянд, роҳ надиҳад. Ба сифати чунин давлатҳо метавонистанд Россия, Хитой ва Эрон баромад намоянд.

Масъалаҳои мубориза бар зидди терроризм, мубодилаи ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи силоҳ ва одамон, ки аз Афғонистон сарчашма мегирифтанд, ИМА ва Россияро бо Тоҷикистон бо ҳам пайвасттар намуд. Тоҷикистон ба қатори он давлатҳое ворид мешавад, ки муносибати худро бо ИМА дар асоси ҳамкориҳои мутақобила ба роҳ мондааст. Бо дарназардошти гуфтаҳои боло қайд кардан мумкин аст, ки Тоҷикистон сиёсати хориҷии кушоду конструктивиро гузаронида истодааст, ки он барои устувор гардонидани муносибатҳои дустона бо давлатҳои хориҷи дур ва наздик равона шудааст.

Мавқеи ИМА дар Тоҷикистон ба таври ҷиддӣ устувор гашт, зеро ҷумҳурӣ ба шарики тағйирнопазир оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи бехатарии Афғонистон табдил ёфт. Муносибатҳои тоҷикию-америкоӣ дар соҳаҳои сиёсат, иқтисодиёт, фарҳанг, башардустӣ ва ғайраҳо рушд ёфтанд. Барои таъсис додани ҷомеаи демократӣ ва иқтисоди рушдёфта ИМА ба Тоҷикистон дастгирии ҳаматарафро пешниҳод намуд. Маъмурияти ИМА фаъолона барои дохил шудани Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ иштирок намуд.

Қайд намудан лозим аст, ки сиёсати амрико дар Осиёи Марказӣ нақши пешравандаро оид ба дастгирии тавозуни геополитикӣ, ворид намудани ба ҷомеаи ҷаҳонӣ мебозад. Кумаке, ки аз тарафи ИМА ва ташкилотҳои байналмилалӣ ба Тоҷикистон дар самти рушди он расонида мешавад, барои комёбиҳои иқтисодии ҷумҳурӣ шароит фароҳам овардаанд. Байни Тоҷикистон ва ИМА як қатор созишномаҳо баста шудаанд, ки онҳо асоси устуворро барои инкишофи дурнамои муносибатҳо ташкил медиҳанд.

Новобаста аз ин, чунин хулосабарорӣ намудан лозим аст, ки имрузҳо сиёсати ИМА дар ҷумҳурӣ он қадар фаъол нест ва танҳо барои рушди асосҳои демократии давлат ва боздиди аҳён-аҳёни ҳокимияти расмӣ равона шудааст.

Яке аз давлатҳои абарқудрате, ки ба таносуби қувваҳои геополитиқӣ дар минтақа таъсир мерасонад, Ҷумҳурии Халқии Хитой ба ҳисоб меравад. Хитой бо давлатҳои осиёимиёнагӣ муносибати дустонаро нигоҳ медорад. Хитой дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон ҷои муҳимро ишғол менамояд. Дар аввал сиёсати Хитой ба мустаҳкам намудани сарҳадҳои ғарбии худ равона шуда буд. Хитой дар доираи Созмони ҳамкориҳои Шанхай алоқаи худро бо панҷ давлати Осиёи Марказӣ мустаҳкам намуд ва тамоми масъалаҳоро вобаста ба минтақаҳои баҳсноки сарҳадӣ бо давлатҳои ҳамсояи Осиёи Марказӣ ҳал намуд ва алоқаи тиҷоратиро ба роҳ монда, ҳаҷми сармояро зиёд намуд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Хитой муносибати нисбатан устуворро доро мебошад. Дар муттади кутоҳи таърихӣ ин давлатҳои натиҷаҳои назаррасро ба даст оварданд. То имруз манбаи шартномавӣ-ҳуқуқии ҳар ду давлат қариб 150 санадҳои дутарафаро ташкил медиҳад. Хитой ба қатори се шарикони пешсафи тиҷорати хориҷӣ дохил мешавад ва аз ҳисоби ҷалби сармоя бошад ҳамчуни сармоягузори бузург ба ҳисоб меравад. Новобаста аз таъсири манфии буҳрони молиявии ҷаҳонӣ зиёдгардии муомилоти тиҷоратӣ байни ин ду кишвар ба назар мерасад. Дар панҷ соли охир муносибати тиҷоратӣ байни ин давлатҳои 15 маротиба зиёд шудааст.

Муносибати ин давлатҳо дар соҳаи тиҷорат, низоми телекоммуникатсионӣ, энергетикӣ, саноати кӯҳкорӣ, объектҳои инфрасохторӣ руз аз руз устувор гардида истодааст.

Чӣ тавре ки маълум аст, сиёсати Федератсияи Россия, ИМА ва Ҷумҳурии Халқии Хитой нисбати Осиёи Марказӣ дар асоси принсипи минтақаи геополитикӣ мемонад, инчунин кушиш менамоянд, ки бо истифода аз захираҳои хориҷӣ ва дохилӣ мавқеи худро дар минтақа устувор намоянд ва барои ин роҳҳои ҳарбӣ ва мафкуравиро истифода менамоянд. Қариб ҳамаи давлатҳои зикргардида кушиши зиёдро барои нақл додани захираҳои энергетикии минтақа нишон медиҳанд. Дар баробари ин, стратегияи мазкур мақсадҳои аниқи геополитикиро таъқиб менамояд. Осиёи Марказӣ танҳо дар шароити нигоҳдории суббот ва тавозуни геополитикӣ метавонад рушд ёбад.

Бинобар ин, афзалияти асосӣ дар самти нигоҳдории бехатарӣ дар минтақа ин бартараф намудани воридшавии давлатҳои минтақа дар зери таъсири ин давлатҳои абарқудрат, инчунин паҳншавии радикализми исломӣ ба ҳисоб меравад.

Ҳамин тавр, дар шароите, ки давлатҳои Осиёи Марказӣ таъсири бузургро аз тарафи давлатҳои абарқудрат-Россия, Хитой, Эрон, инчунин ИМА ҳис менамояд, сиёсати хориҷии Тоҷикистон бояд рушди баробари муносибатҳоро бо ин давлатҳо ба роҳ монда, устувор гардонидани суббот, бехатарӣ ва асосҳои демократиро дар минтақа таъмин намояд ва ба манфиати миллӣ равона шуда бошад. Истифодаи самарноки имкониятҳои маҷмуии дохилӣ ва хориҷӣ, аз ҷумла ҳамкориҳои босамари иқтисодӣ, дар назди Тоҷикистон дурнамои ҳақиқии воридшавӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ, рушди сер амалӣ иқтисодӣ ва устувор гардидани таъсири он ба рушди низоми хоҷагии қишлоқро боз менамояд.

 

Асоев Расулҷон, сармутахассиси Раёсати бақайдгирии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳеҷ овозе нест
 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735180   ноҳияи  Шаҳритуз

кӯчаи И.Сомонӣ №51

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз