Боздидҳо
Пан, 12/04/2025 - 13:35
Солҳои навадум барои муҳтаво ва мундариҷаи тафаккури миллии тоҷикон имтиҳони бузург буд.
Вазъи буҳронии саросарии давлат, ки дар он як миллат аксариятро ташкил медиҳад, мавзуи таҳқиқоти академӣ аст. Ба хотири муайян кардани омилҳо, оқибатҳои фоҷиабарангез ва эҳтимоли минбаъд бартараф кардани он.
Сеш, 12/02/2025 - 10:31
30 ноябри соли 2025, тахминан соати 18:45 дақиқаи вақти маҳаллӣ аъзои гурӯҳи мусаллаҳи террористӣ аз ҳудуди деҳаи Рузваяки вулусволии Моҳи Майи вилояти Бадахшони Афғонистон ба кормандони ширкати роҳсозии «China Road and Bridge Corporation» дар деҳаи Шодаки ҷамоати деҳоти Вишхарви ноҳияи Дарвози Тоҷикистон ҳамлаи мусаллаҳона анҷом доданд. Дар натиҷа ду шаҳрванди Ҷумҳурии Мардумии Чин ба ҳалокат расида, 2 шаҳрванди кишвари мазкур ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд.
Душ, 11/24/2025 - 13:54
ВОКУНИШ
«Ёддоштҳо»-и донишманди бузург, сиёсатмадори варзида С.Ятимов имрӯз китоби саридастии аҳли дониш гаштааст ва хушбахтона, дар саҳифаҳои фейсбукӣ ҳам намунаҳои он ҷой дода мешаванд, ки хеле хонданбобанд.
Ба қариби ёддоште аз вохӯрии муаллифи китоб бо як шахси хеле самимиву паҳлавони номии ноҳияи Рӯшон – Девлохпаҳлавон дар саҳифаи фейсбукӣ хондам, ки бо истеъдоди хосаи нависандагӣ рӯйи коғаз оварда шудааст. Бо забони хеле соддаву зебо, тасвирҳои хеле аҷоиб ва мақсади хеле наҷиберо ба қалам додааст.
Ҷум, 11/14/2025 - 15:13
АЗ ДАФТАРИ ЁДДОШТ
Саймумин ЯТИМОВ
ЗИЁИЕ ОЗОДИХОҲ, САРАФРОЗ ВА ШАРАФМАНД
Дар байни қишлоқҳои Вознавд ва Деҳи Рӯшон як мавзеи ниҳоят хатарнок, бо номи «Гардиши Наврӯзалӣ» вуҷуд дошт.
Ҳисоб кардаанд, ки дар муддати истифодаи роҳ, фақат дар ҳамин қитъа, садҳо мошин бо мусофир ва бору бандашон ба коми дарё фурӯ рафтаанд.
Як рӯзи зимистон сардори шуъба маро даъват карда, фармон дод:
Душ, 10/20/2025 - 10:30
ИЗ БЛОКНОТА ЗАПИСЕЙ
Саймумин ЯТИМОВ
ГОД, НО ЭТО БЫЛ НЕСПОКОЙНЫЙ ГОД
( ВИЗИТЫ SINDEV )
Сеш, 05/21/2024 - 19:10
Дар синфи чорум мехондем. Мудири қисми илмии мактаби мо Амонулло Саидов, хатмкардаи факултети забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи Кӯлоб буд. Аз ҳамин фан, моро аз синфи чорум то синфи 8-уми мактаби ҳаштсола сабақ омӯхт.
Мо дар ин ақидаем, ки нодонтарин шогирд ҳам, ба лаёқати касбӣ, тахассусмандӣ, хислатҳои инфиродӣ, маънавиёт, рафтор, кирдор иродатмандӣ, тарзи корбарӣ, шеваи ҳаракот ва либоспӯшии муаллимон ҷиддан таваҷҷуҳ зоҳир мекунад. Ӯро меомӯзад. Арзёбӣ, баҳогузорӣ ва хулосабарорӣ менамояд.
Pages
|