- Асосӣ
- Раиси ноҳия
- Мақомоти иҷроия
- Мақомоти намояндагӣ
- Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
- Қонунҳо
- КОДЕКСИ МЕҲНАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОДЕКСИ ОДОБИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия
- Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ДАР БОРАИ ТАРТИБИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ СОХТИ МАРЗИВУ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи хизмати давлатӣ
- Қарорҳои маҷлиси вакилони халқ
- Қарорҳои раиси ноҳия
- Қонунҳо
- Муроҷиати шаҳрвандон
- STATEMENT Following the Meeting of the Special Services of Iran, Kazakhstan, China, Pakistan, Russia, Tajikistan and Uzbekistan
- Дастгоҳи раиси ноҳия
- Наимова Раҷамо модари Сангова Сумая духтаре, ки Кури Юнус фиребаш дод
- ПОЙТАХТИ ДАВЛАТ ВА ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛАТ
СОЛ, АММО СОЛИ НООРОМ БУД (ЗИЁРАТИ СИНДЕВ)
Душ, 10/20/2025 - 10:30

ИЗ БЛОКНОТА ЗАПИСЕЙ
Саймумин ЯТИМОВ
ГОД, НО ЭТО БЫЛ НЕСПОКОЙНЫЙ ГОД
( ВИЗИТЫ SINDEV )
Пока я шёл по трудной горной тропе, жизнь, творчество и достижения этого человека слова и дела проносились перед моими глазами, словно кинолента. Должно быть, он не раз проходил по этой тропе в детстве. И именно из этой деревни он вошёл в мир бездомных и исполнил свой великий человеческий долг.
Использование возможностей для изучения языка, истории, обычаев, традиций, мест и мест проявления духовных ценностей, а также уважение и почитание их имеет первостепенное значение для каждого из нас как памятника.
«Хочу знать всё !» — один из лучших девизов человеческой жизни.
Когда меня назначили руководителем Рошткалинского района, в моем сердце зародилось благородное чувство – желание посетить родину народного поэта, любимого писателя таджикского народа Мирсаида Миршакара.
Во время деловой поездки в центр Рошткалы я спросил своего друга Айнулло, директора средней школы, о дорожном знаке Синдев.
«Синдев находится примерно в пятнадцати-двадцати километрах от Рошткалы. В 1930-х годах жителей этой деревни переселили на окраину из-за плохой дорожной и социальной инфраструктуры», — сказал он.
«В этой разрушенной деревне сейчас никто не живёт, кроме двух-трёх пастухов, которые пасут и ухаживают за казённым скотом, поскольку у них огромные земли», — объяснил мой друг и, пытаясь понять мою цель, спросил:
– Почему вы спрашиваете об этой деревне?
«Ведь в этой деревне родился наш великий поэт», — сказал я.
Я прочитал несколько его любимых коротких стихотворений и напомнил о своем чувстве духовной ответственности перед памятью этого известного писателя моей родины, прочитав отрывок из поэзии моих предков:
Сари савдои ту андар сари мо мегардад,
Бин, ки андар сари шӯрида чиҳо мегардад...
Дили Ҳофиз чу сабо бар сари кӯйи ту муқим,
Дардмандест ба уммеди даво мегардад.
– Оре, оре! Ҳамин тавр аст. Лекин ҳоло зимистон. Он ҷо барф то дуву ним – се метр баланд мешавад. Рафтан ба Синдев имкон надорад. Баҳор, охирҳои май замин сиёҳ шудан мегирад. Шояд он вақт имкони Синдев рафтанро пайдо кунем, – гуфт ҳамсуҳбати ман.
Аҷаб, ки сифату ҳангомаи роҳу худи Синдев ҳам одӣ наафтод. Лекин инсон иродаи амалӣ кардани мақсадро дошта бошад, ангезаи онро низ пайдо мекунад:
Гарчӣ манзил бас хатарнок асту мақсад бас баид,
Ҳеҷ роҳе нест, к-онро нест поён, ғам махӯр.
Аз лиҳози дигар, тарбияи мо чунин буд, ки:
Кори имрӯзаро ба фардо намон,
То чӣ донӣ, ки фардо чӣ гардад замон.
Мани корманди одӣ аз куҷо ҳам медонистам, ки воқеан, дар Бадахшон давоми корам то баҳор намерасад. Ва тағйири тақдир маро дар пеш аст.
Аммо байти охирон шиори роҳнамои падарам буд. Худаш дар иҷрои он намунаҳо нишон медод. Ба мо низ таъкид мекард. Дар амалияи зиндагӣ истифода бурдани онро рукни пурҳикмати падардорӣ меҳисобидам. Ва то кунун дар банди чунин боварам.
Ман медонистам, ки бо дӯсти ман Айнулло на зимистон ва на тобистон Синдев рафтан имкон надорад. Тавре ба ман тафсир карданд, аз деҳаи Зануҷу Шохиризм то Синдев раҳ фақат кӯтал аст. Ин рафиқи ман бошад, доимо аз дарди зонуҳо шикоят дошт.
Ба дӯстам дигар чизе нагуфта, хайрухуш кардем.
Он тарафтар идораи истифодабарии роҳ буд.
Сардори он Лоламир Лочинов ҳам яке аз ошноҳои ман. Ҷавонмарди хушгап ва шӯх. Ба дафтари кориаш даромадам. Ин дафъа расмӣ салом додам ва бо ҷиддияти том эълон доштам:
– Рафиқ Лочинов! Мақомоти Кумитаи давлатии бехатарӣ супориш гирифтааст, ки маълумоти таърихиеро бо далелҳо ва шоҳидон бозсанҷӣ ва тасдиқ намояд. Гузаронидани чунин амалиёт ниёз ба мадад ва дастгирии идораи истифодабарии роҳ дорад.
Лочинов ҳам намуди ҷиддӣ гирифта:
– Идораи истифодабарии роҳҳои минтақаи Роштқалъаи ноҳияи Шуғнон омодагии худро барои ҳамкорӣ бо мақомоти бехатарии мамлакат эълон медорад! Бифармоед, то амал кунем! – гуфта, «гузориш» дод.
– Фавран омодагии як трактори «Т-40» бо ронандаи ботаҷриба дар фарозу шеби пурбарф! Ба самти шимолу шарқии ҷамоат дар масофаи то 20 километр! – гуфтам ман, аз посухи «сарбози сода» шердил шуда.
– Рафиқ капитан, беҳтарин ронанда ва роҳбалад дар шароити хавфноки тармаосеби масири пешниҳодшуда омода аст! Гузоришдиҳанда сержанти эҳтиётӣ Лочинов! – ба риояи низомномаи ҳарбӣ посух дод Лоламири дӯсти ман.
Ҳамин тариқ, ман бо суиистифода аз мансаб дар ягона трактори «Т-40»-и чорчархаи идораи роҳсозӣ нишаста, ба самти Синдев ҳаракат кардам.
Роҳ хеле пурбарф ва нимвайрона бошад ҳам, мо аз деҳаҳои Ривоз, Амбоз, Сорҷ, Вездара, Бидиз, Зануҷ гузаштем. То қишлоқи Шохиризм расидан, тахминан, дувуним то се соат гузашт. Аз лиҳози физикӣ фазо беканор бошад ҳам, роҳи мо дар ҳамин қитъаи кураи Замин ба охир расид.
Берун барфи анбуҳ, шамол ва хунук. Аммо дохили трактор, то ҳадди муайян, аз ҳаври муҳаррик, ки қисман дохили кабина мешуд, нармтар буд.
Ман аз борхалтае, ки мақсаднок бо худам оварда, онро аз мағозаи Роштқалъа бо чор дона хлеб, даҳ қуттӣ консерваи «говядина», ним кило қанд, чойи қоқ, чанд шамъ, се-чор дона гӯгирд, қуттичаи бензол, як банд чӯбчаи оташгиронӣ ва дигар асбоби фавқулодаи саҳроӣ, ки моро дар мактаби Минск дар дарсҳои «озмоиш барои зиндамонӣ» ва «самтгирии ҳарбӣ – варзишӣ» хононда ва машқ доронда буданд, бо худ гирифтам. Ба дил мегуфтам: «Таълимгоҳ чизе омӯхт, онро санҷиш бояд, то итминон гирифт, ки чанд пояд».
Ман дар даруни трактор аз порчаи рӯзномае дастурхон густурдам ва ду қуттии консерваро кушодам. Як дона хлеби машҳури роштқалъагӣ, ки дарунаш мисли хонаи занбури асал ва ниҳоят бомазза буд, майда кардам. Мо бо тракторчӣ тановул кардем. Ин муҳимтарин корро дар муддати даҳ дақиқа анҷом дода, аз трактор фаромадам.
Он тарафтар як мӯйсафедро дида, назди ӯ рафтам ва салому алейк карда, пурсидам:
– Амак, мебинам таҳҷойӣ ҳастӣ. Роҳи деҳаи Синдев кадом тараф аст?
– О, бародар, якум, Синдев ҳафтод сол шуд, ки дигар деҳа нест. Дашти валангорест. Дуюм, дар ин зимистони қаҳратун хуҷаини хуб сагашро ба кӯча баромадан намемонад. Бо ин боду ҳаво туро дар Синдев чӣ коре афтодааст? – бо ситеза, ба ҷойи ҷавоби суол, суол дод мӯйсафед.
Ман шухӣ кардам:
– Баландии барфро месанҷам!
– Ҳа, фаҳмидам, Шумо аз идораи бодуҳавосанҷӣ ҳастед. Дуруст, дуруст. Супориш. Кори давлат. Аммо ин трактори Шумо на танҳо зимистон, балки тобистон ҳам он ҷо рафта наметавонад ва оқибат, кӯшиши ба суоли ман посух доданро кард, мӯйсафеди масъулиятшинос:
– Синдев як пиёдараҳ, аниқтараш кӯтали машҳур ба номи «биёям – наравам» дорад. Барои Шумо барин ҷавонҳо, агар кӯшиш кунед, то он ҷо тақрибан сесоата роҳ аст. Як ҳафта шуд, ки барф назадааст ва хатти роҳ кӯр нашудааст, – дили маро бақувват карда, гуфт мӯйсафед.
– Ҷонзоде он ҷо ҳаст? – пурсидам ман.
– Ҳаст, ҳаст. Ғайр аз гургон боз ду подабон бо ҳам говҳои хоҷагиро бонӣ мекарданд. Ба якдигар соз нагирифтанд. Дирӯз яктоаш қаҳр карда, фаромада омадааст. Як мӯйсафед бо сари қоқаш он ҷост.
Бо гирифтани ҳамин маълумот ман ба роҳ баромадам.
Бузроҳае, ки мӯйсафед ба ман нишон дод, дар ҷойҳое танг ва дар мавзеъҳои шамолпаноҳ васеъ гашта, пайи трактори тасмачарх, ки нақлиёти асосии чӯпонон дар он масир будааст, намудор мегашт. Дар маҷмуъ, дар назарам, раҳи одии пурбарфи кӯтали сахти кӯҳистон буд.
Ман ба соат нигоҳ карда, вақти равшании боқимондаи рӯзро ба ҳисоб гирифта, бовар доштам, ки то расидани торикӣ Синдевро пайдо мекунам.
Борхалтае, ки дар пушт доштам, дар фарозу нишеб ба ман хуб ёрдам мекард. Ман таҷрибаи гургони одамхӯри деҳаи Шипади Рӯшонро ба ҳисоб гирифта, дар барам пистолети Макаровро бо шаш тирдон ва дар борхалтаам ғайр аз асбоби сараи оташгиронӣ, боз фонуси электрикии бақувват ва корди хуби касбӣ ҳам доштам. «Эҳтиёткорро Худо эҳтиёт мекунад».
Яъне решаи мантиқ заминӣ аст. Осмониву ормонӣ нест.
Таҷрибаи одамӣ он аст, ки агар ин чизҳои эҳтиётии номбаршуда истифода нашаванд ҳам, дили одамро бақувват мегиранд. Қадамҳои мусофириро дар ҷойи бегонаи пурхавфи масирномаълум боварибахш мегардонанд.
Ман аниқ кардам, ки роҳро гум намекунам. Бо роҳу нимроҳа ҳаракати худро ба хотири зиёрати зодгоҳи шоири маҳбуб Мирсаид Миршакар идома додам.
Ҳангоми роҳи мушкили кӯҳистонро паймудан, мисли лентаи кино ҳаёт, эҷодиёт, корномаи ин марди сухан ва амал пеши назарам мегузаштанд, ки шояд замони бачагӣ борҳо ҳамин масирро тай карда бошад. Ва маҳз аз ҳамин деҳа ба дунёи бекарон қадам гузошта, вазифаи бузурги инсонии худро иҷро кардааст.
Дар хурдӣ аз падар ятим монда, дар хонаи бачагон таҳсил гирифтааст. Мактаби касбияти маънавӣ аз худ намуда, шахсан дар мушкилтарин ва муҳимтарин сохтмони азнавсозиҳои мамлакат ширкат кардааст.
Истеъдоди табиӣ фарзанди кӯҳистонро имкон додааст, ки на танҳо бо зӯри бозу, балки бо табъи равон ва қудрати забон тадбири зиндагиро бо шеър тасвир кунад.
Ҳангоми азхудкунии водии Вахш ӯ ҳолати воқеии заминҳои биёбонии он водиро чунин тафсир мекунад:
Ба фармони партия мо даҳ нафар,
Ба ин ҷо намудем моён сафар.
Замоне расидем ба ин ҷой мо,
Надидем ба ҷуз водию кӯҳҳо.
Шоир муътақид буд, ки дар кори созандагӣ, ободонӣ ва ҳифзи манфиатҳои Ватан аз дасти фард коре намеояд. Ҷумла бояд шуд. Ҷамъият бояд гашт. Дасти якдигар гирифт ва хирадмандона ин зуҳуроти маънавӣ, ки мантиқи бузурги созандагиро дар назар дорад, «навъи нави насли инсон» ном мебарад:
Дар ин раҳ як ман ҳазорон шудем,
Ки навъи нави насли инсон шудем.
Миршакар шоири қудратманд ва тавоно буд. Ва чунин сифатҳои воло, фарқкунанда ва муассир, ки дар гуфтор ҳамчун шеваи рафтори эҷодкор ифода мегардад, аз заминӣ, баҳравар аз таҷрибаи зиндагӣ будани ӯ шаҳодат медиҳад.
Достони «Қишлоқи тиллоӣ»-и ӯ аз ин маъниҳо зиёд ба бор дорад.
Барои он ки шоир таваҷҷуҳи хонандаро ба фавқулода будани ҳикоёташ ҷалб карда тавонад, ӯ суханро аз таъбир ва рӯйдодҳои дар таҷрибаи одамӣ тасдиқгардида оғоз мекунад:
Ҳикоят кард помирии доно,
Ба назм оварда, бинвиштам дар ин ҷо.
Вале аз худ дар ин достони тайёр,
Ягон ҳарфе на кам кардам, на бисёр.
Дар достони дигараш бошад, усули халқият мақсади эҷодии шоирро боз ҳам бештар қувват мебахшад:
Не хурӯсе ҷеғ зад шаб бемаҳал,
Не ситора бар замин афтода буд.
Не ба боми хонае ҷуғзе нишаст,
Не касе дар хоб море дида буд.
Сол, аммо соли ноором буд,
Кори мардум бе сару анҷом буд.
Ё дар ҷойи дигар мегӯяд:
Алғараз, дар хобу дар бедориаш,
Халқ машғули сиёсат гашта буд.
Миршакар шоири пухтакор, эҷодиёти ӯ аз санъатҳои бадеӣ саршор ва аз ин ҷиҳат дар таъмини мақсади адабӣ комгор буд.
Барои мисол яке аз дубайтиҳои шоирро дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба ёд биёрем:
Яке бар дигаре гуфто: шунидӣ?
Ки Гитлер ақли худро гум намудаст!
Дигар дар ҳайрат афтоду бигуфто:
Магар ӯ то кунун боақл будаст?!
Бо ҳамин хаёл рӯзи кӯтоҳи зимистон торик мешуд.
Ман як болопӯши пашмини сафеди аз пӯсти гӯсфанд дӯхташуда доштам, ки дар ин хунукии қаҳратун бадани маро хуб гарм мегирифт. Дар сар телпак аз пӯсти харгӯш, дар ин кӯтали печ дар печи пурбарф, бо борхалтаи сарбозӣ, дар обу арақ шип - шилта шуда будам.
Акнун бо оғози шом оҳиста - оҳиста аз хаёлам мегузашт, мабодо имшаб дар кӯҳистони пурбарф танҳо бимонам, оташ гиронам ва ё аз камончаи худ тирпарронӣ кунам ҳам, селаи гургон аз пӯстини ман бӯйи гӯсфанд ва аз телпакам бӯйи харгӯшро ҳис карда, ба умеди хӯрдани гӯшти бомаззаи ин ду ҷонвар аз сад ҷон як ҷони маро зинда нахоҳанд монд.
Ба ҳар ҳол, ман чунин машқҳои саҳроиро ҳангоми курсҳои Белоруссия гузашта будам. Дуруст, ки он ҷо мо ду кас, бо дӯстам Володя будем. Аммо боке нест. Ҷойе, ки ҷавонмард аст, он ҷой набард ҳаст. Ман худамро ба ҳама гуна озмоиш омода месохтам.
Хушбахтона, баъди ним соати дигари роҳ паймудан маълум мегашт, ки пайроҳаи теппаву бари кӯҳсор ба охир мерасад.
Бо сипарӣ шудани тахмин боз ним соати акнун аз мондагӣ қариб ба хазидан расидани ман, дашти ҳамвори сап-сафеде рӯ ба рӯям шуд.
Аз дур скелети хонаҳои шикаставу рехтаи деҳаи вайроншуда, ки бо итминони яқин Синдев буд, пайдо шуданд. Ва дар партави барф ман хол - холи зиёди дар ҳаракатро, ки торафт ба ҳам зич мешуданд, медидам. Аз ин манзара дилам қувват гирифт. Хостам роҳро миёнабур кунам. Нашуд.
Барф аз қади ман баландтар.
Тез ба пайроҳаи худ баргаштам. Масали «Дер рав, дур рав, амон рав»-ро ба хотир овардам.
Андак пас ба «хол - холҳо» расидам. Соҳиби онҳоро низ пайдо кардам. Ӯ як мӯйсафеди тахмин 60-65 сола, харобу лоғар, аммо бардаму бақувват, каме қоматхамида, аммо чолоку чаққон, бо ришу мӯйлаби дамида, аммо қиёфаи зиндагидидаи нексиришт ба назар намуд.
– Салом, до (амак), салом, – гуфтам бо хушнудӣ ба мӯйсафед муроҷиат карда.
– Во алейк, му вро! Хубет ят. Тут раҳгумзада несто? (Салом, бародар. Хуш омадӣ! Ту раҳгумзада-ку нестӣ?)
– На муйе, ту ёрдамчӣ таъйин сут (Не, манро ёрдамчии ту таъйин карданд), – гуфтам ба он тарафи пода давида рафта, ба мӯйсафед барои ҷамъ овардани чорпоҳо ёрдам кардам.
Ин гапу кори ман ба пиракӣ маъқул афтод.
Мо бо подабон говҳоро гирди як хонаи пасти нимчӯкида ҷамъ кардем. Ба онҳо як қабзагӣ коҳ додем.
Ин чорпоҳо ғайримуқаррарӣ буданд.
Мӯйсафед шарҳ дод, ки онҳо дурагаи қутос ва говҳои ҷойдорӣ ҳастанд. Бо нӯги по барфҳоро тоза карда, ризқи худро дар ҳамин зимистони хунуки қаҳратун меёбанд. Аз ҳайвонҳои дарранда наметарсанд. Махсусан, гургро бо як шох задан ду пора мекунанд. Ман гапи мӯйсафедро гӯш карда, Худо мегуфтам, ки ҳамин шаб ягон ҳуҷуми гургон шавад. Ба онҳо аз таппончаи Макаров дарси муаллими хуби тайёрии оташии мактаби Минск, Виноградовро нишон диҳам. Шояд, хушбахтона, он таҳдид иттифоқ наафтод.
Шаб ором гузашт.
Мӯйсафед шахси ботамкин ва хеле оромтабиат менамуд. Аз ман фақат ному насаб ва касбамро пурсид. Гуфтам. Аммо худро рӯзноманигор муаррифӣ кардам. Мақсади омоданамро зиёрати зодгоҳи Мирсаид Миршакар тафсир намудам.
Аз ин сухан пиракӣ шукуфт:
– Охир, Мирсаид писарамаки ман мешавад. Ман бачаи миёнагии бародари хурдии ӯ мебошам. Номи ман ба радифи номи хешовандонам, Мирҷамол аст, – гуфт мӯйсафед.
Ман аз ин тарз ранг гирифтани кор хурсанд шудам.
Баъди сарҷамъ кардани чорпоҳо мӯйсафед:
– Мебинам аз гиребонат ҳавр мебарояд. Хона дароем, – гуфта, маро ба дохили чордевории куҳнапӯши тип-торик таклиф кард.
Дар даруни он вайронаманзил як оташдону дегдони нимшикаста буд.
Ман тез дар он оташ гирондам.
Дар як косаи калон се қуттӣ консерваро партофта, бо ду пиёз гарм кардам.
Бо бобои Мирҷамол ним пиёла аз «фляжка»-и афсарӣ оби бадангармкунаки 90 дараҷагӣ рехтам.
Пиёла якто будааст.
Ман аз гулӯи зарф истифода кардам. Аз Миршакару авлодаш ёд кардем. Бобои Мирҷамол хушҳол гашт ва пурсид:
– Аз ҳамин об боз мондааст?
– Ғам нахӯр! Пур аст, бобо! – гуфтам бо дили пур.
– Набошад додар: «Аз ҳамин ҷоме, ки додӣ, боз ҳам ҷоми дигар!» – гуфта, аз авлоди шоир будани худро тасдиқ кард мӯйсафед.
Кор ба хости пирамард шуд.
Табъи подабони солманд хуш гардид ва ӯ ба гап даромад:
– Падари Мирсаид Миршакар ҳам мисли тамоми авлодони мо подабон будааст. Як-ду чорвои шахсӣ ҳам доштааст. Рости гап, қавми мо, асосан, аз камбағалон будаанд. Мирсаид дидору меҳрубонии падарро надидааст. Амаки Миршакар хеле барвақт бо ин дунё падруд гуфтааст. Баъдан модараш Мирсаидро ана ба ҳамин раҳе, ки ту омадӣ, гирифта, ба таҳдашт, ба Шуғнон бурдааст. Дар мактаби сағираҳо мондааст.
Субҳ мӯйсафед маро гирди Синдев гардонд.
Онҳо ҳамагӣ хонаҳои ғалтидаву вайрона буданд.
Азбаски тамоми манзилҳои бадахшӣ аз санг сохта мешаванд, чордевории онҳо асрҳо ҳамчун муҷассама ва шарораи хотираҳо боқӣ мемонанд.
Бобои Мирҷамол дар назди яке аз «хонаҳо» истод:
– Додар, ана ҳамин аст хонаи амаки мо Миршакар.
Он шоири номдори халқи тоҷик Мирсаид ҳам дар ҳамин манзил чашм ба дунё кушодааст, – гуфт бо оҳанги ёдгорӣ ва суханашро давом дод мӯйсафед:
– Ана, дар ҳамин Синдев аз домони модар қапида, рӯзгор ҷустааст оне, ки ин харобазорро машҳур кардаасту эҳтироми ӯ туро ба ин ҷойҳо саргардон, – гуфта, сухани худро ҷамъбаст кард мӯйсафеди гапдони роҳбалади ман.
Бобои Мирҷамол бегумон маро ба гӯристони қадими Синдев овард:
«Здесь, в этом самом месте, наши потомки нашли своё загробное пристанище. Это место моего отца, и да, это место упокоения моего деда Миршакара», — сказал он, и мы оба сказали «аминь».
Я провел много минут, глядя на бескрайние просторы этой заснеженной деревни. Я чувствовал благодарность к детям из этого отдалённого уголка своей родины, которые своим упорным трудом и самоотверженностью прославили разрушенную деревню на весь мир.
Прошел день с момента последней публикации.
На память я отдал свой рюкзак и его содержимое дедушке Мирьямол, который, как и я, был военным.
Мы попрощались, как близкие родственники...
Прошло ровно двадцать два года с тех пор, как я посетил Синдев.
Волею судьбы я был назначен послом по особым поручениям Министерства иностранных дел. В то время с нами работал один из опытных и искушённых дипломатов, выпускник факультета востоковедения Таджикского государственного университета и родственник известного поэта Мирсаида Миршакара.
В одной из бесед с ним я вспоминал впечатления от поездки в деревню Синдеви в Рошткале. Я описал красоту её природы. Я также спросил его о судьбе деда Мирджамол.
Мой собеседник ответил очень просто:
– Честно говоря, я никогда не видел деревню Синдев и ничего не слышал о старике Мирджамоле.
( Из книги С. Ятимова «Воспоминания», том 2,
Душанбе, «Эко Принт», 2024, стр. 144-158)