- Асосӣ
- Раиси ноҳия
- Мақомоти иҷроия
- Мақомоти намояндагӣ
- Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
- Қонунҳо
- КОДЕКСИ МЕҲНАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОДЕКСИ ОДОБИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия
- Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ДАР БОРАИ ТАРТИБИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ СОХТИ МАРЗИВУ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи хизмати давлатӣ
- Қарорҳои маҷлиси вакилони халқ
- Қарорҳои раиси ноҳия
- Қонунҳо
- Муроҷиати шаҳрвандон
- STATEMENT Following the Meeting of the Special Services of Iran, Kazakhstan, China, Pakistan, Russia, Tajikistan and Uzbekistan
- Дастгоҳи раиси ноҳия
- Наимова Раҷамо модари Сангова Сумая духтаре, ки Кури Юнус фиребаш дод
- ПОЙТАХТИ ДАВЛАТ ВА ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛАТ
Дар ҳошияи навори телевизионии “Решаҳои ноаён” Бе ту ман, бехонумонам, эй Ватан!
Ҷум, 07/13/2018 - 16:24
(Шамае аз рӯзгори нобасомони собиқ фирориёни иҷборӣ дар Давлати исломии Афғонистон ва хизматҳои арзандаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баргардонидани онҳо ба Ватан )
Соли 1992 дар қисмати ҷанубии ҷумҳурӣ бахусус ноҳияи Шаҳритуз вазъият хатарзо буд. Барои таъмини амнияти фарзандону аҳли хонавода як қисми мардум ҷониби давлати ҳамсоя –Афғонистон рӯ ба гурез ниҳоданд. Дар авҷи даргириҳо дар сарҳад фирориён зери тирборон монданд ва иддае аз онҳо, ки асосан занону кӯдакон буданд, ҷони хешро аз даст доданд.
Боқимондаҳо аз чархи мошин (баллон) ва тахта ба қавле киштичаҳо сохта, болои онҳо нишаста, дарёи Омуро ба қасди гузаштан ба марзи Давлати исломии Афғонистон убур карданд. Ҳангоми иҷрои ин амал нафарони зиёде дар об ғарқ шуданд ё худ аз партоби тирҳои рӯйи дарё ба ҳалокат расиданд. Аз ҷумла ман Ҳанонавӣ Неъматова, ҳангоми савор шудан ба «сала» ё худ қаиқ, вақте ки писарчаи дусолаамро ба писари тағоиям доданӣ шудам, ба об ғарқ шудам.Хайрият атрофиён ба ёрӣ расида, моро наҷот доданд. Воқеан аз дарёи пурталотум гузаштан кори осон набуд.
Азбаски ҳаво сард буд, дар соҳили муқобил мардум барои аз хунукӣ раҳоӣ ёфтан гулхан афрӯхта, тану бадани ларзону либосҳои намгирифтаашонро гарму хушк мекарданд.
Мо бо аҳли байт ва дигар ҳамқисматон дар байни дарёву шохоби он каме таваққуф намуда, бо убури шохоб ҷониби соҳили муқобил ҳаракат кардем. Баъдан якчанд рӯз дар деҳаҳои Тарбузгузар ва Кулухак маскун шудем. Тирборон ҳануз идома дошт. Мардуми дар марзи Тоҷикистон ҷамъомада тариқи илтиҷову зорӣ ё худ пешниҳоди ягон колое аз афғонҳо хоҳиш мекарданд, ки оҷилан онҳо ва аҳли байташонро ба марзи Давлати исломии Афғонистон интиқол диҳанд.
Пас аз чанд рӯз ба мо тариқи чархбол кӯмаки башардӯстона аз қабили шири хушк, нон, пӯшока ва ғайра расонида шуд. Мардум, ки гурусна буданд, талвоса мекарданд, ки ба чизе соҳиб шаванд. Ҳамагон дар он лаҳза шоҳид гардиданд, ки мӯйсафеде хост худро таҳти чархбол гирифта, аз хӯрока ё маводи дигар башардӯстона баҳравар гардад, мутаассифона сараш ба чархи чархбол бархӯрда, дар они воҳид сар аз тани пиракӣ ҷудо гардид. Аз дидани ин ҳолати даҳшатнок мардум як андоза ба худ омада, каме аз талвоса худдорӣ мекардагӣ шуданд.
Ҳамин тавр якчанд ҳафта дар масҷиду хонаҳои мардуми афғон сукунат ихтиёр намудему пасон моро тариқи нақлиёт сӯйи шаҳру минтақаҳои Қундузу Тахор ва Мазори Шариф раҳсипор намуданд. Қисмате аз фирориён раҳгум зада, ба ҳар ҷое ки рост меомад, мерафтанд. Ва худи афғонҳо онҳоро пайдо карда, сарҷамъ менамуданд.
Дар он рӯзҳои пуризтироб ва ошуфтаавзо ба ғами фирориён ғами дигар изофа мегардид. Чунончи, бисёр кӯдакони фирориён гул (қазамуқ) бароварда, аксарашон ба ҳалокат мерасиданд ва раҳораҳ дар ҳар ҷое, ки рост меомад, кӯдакони вафот кардаро гӯронида, ба роҳамон идома медодем.
Шоҳиди он гардидем, ки як Камази пур аз фирориён ба садама дучор шуда, нафарони зиёде ба ҳалокат расиданд. Мо савори тележка дар роҳ мерафтем. Трактори пур аз одами мо баногоҳ ба мошини боркаше бархӯрда, чандин фирории дар болои он қарор дошта, захмию ярадор шуданд, ки қатори онҳо шавҳари ман Абдулманон низ буд. Ҳамроҳи бародаронам шавҳарамро, ки сахт осеб дидаю беҳушу беёд буд, бардошта, дар тракторе бор карда, як рӯзи дароз роҳ паймуда, билохир ба Қундуз расидем.
Дар синфхонаҳои мактаби ба номи Шерхан моро ҷо карданд. Ростӣ сокинони он ҷо нисбати гурезаҳои тоҷикистонӣ бисёр илтифоту меҳрубонӣ зоҳир намуда, онҳоро дар баробари рахти хоб, бо пӯшокаю хӯрока, сатилу собун, асбобҳои рӯзгор ва ғайра таъмин карданд, ки аз эшон бениҳоят сипосгузорем. Ногуфта намонад, дар ғурбат аз хурду хӯрок танқисӣ надоштем, бо вуҷуди ин бе Ватан ва марзу буми поки он худро басо ҳақиру бечора ҳис мекардем.
Ба бахти мо, фирориёни иҷборӣ, Сарвари Давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонов ҳамаи гурезаҳоро сарҷамъ карда, ба Ватан ба хонаву ҷойи худ баргардонида, барои барқароркунии хонаву ҷояшон ҳамаҷониба дасти кӯмак дароз карда, ба ин васила барои миллату диёри хеш хизмати бузурге кард, ки таърих назирашро ёд надорад. Мо соли 1988 тариқи гузагоҳи собиқ ноҳияи Қумсангир(ҳоло н.Ҷайҳун) ба хоки поки диёр по гузошта, пасон ба ноҳияи Шаҳритуз роҳ пеш гирифта, вайронаҳои баъди ҷангиамонро соҳиб шуда, то имрӯз дар ҳамдастию якдилӣ бо пиру барнои кишвар барои ободию шукуфоии мамлакати азизамон ҷидду ҷаҳд карда истодаем. Аз ин лиҳоз ба Пешвои миллат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сидқан изҳори сипос намуда, бо забони шоир гуфтанием:
Ҷамъ овардӣ аз рӯйи ҷаҳон,
Тухми парешони тоҷикон.
Кардӣ аз нав зинда ҷони мо,
Эмомалӣ Раҳмони мо.
Ҳанонавӣ Неъматова, сокини шаҳраки Шаҳритуз, омӯзгори МТМУ-и №8