- Асосӣ
- Раиси ноҳия
- Мақомоти иҷроия
- Мақомоти намояндагӣ
- Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
- Қонунҳо
- КОДЕКСИ МЕҲНАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОДЕКСИ ОДОБИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия
- Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ДАР БОРАИ ТАРТИБИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ СОХТИ МАРЗИВУ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи хизмати давлатӣ
- Қарорҳои маҷлиси вакилони халқ
- Қарорҳои раиси ноҳия
- Қонунҳо
- Муроҷиати шаҳрвандон
- STATEMENT Following the Meeting of the Special Services of Iran, Kazakhstan, China, Pakistan, Russia, Tajikistan and Uzbekistan
- Дастгоҳи раиси ноҳия
- Наимова Раҷамо модари Сангова Сумая духтаре, ки Кури Юнус фиребаш дод
- ПОЙТАХТИ ДАВЛАТ ВА ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛАТ
Гузашта, имрӯз ва фардои боғи марказии ноҳия
Ҷум, 07/13/2018 - 18:13
Боғи фарҳангию фароғатии ноҳия баъд аз истиқлолият ба даст овардани Ҷумҳурии Тоҷикистони азизамон ба номи Худойназар Саидов номгузорӣ карда шуд. Сокинони ноҳия аз даврони гузашта то имрӯз дар боғи мазкур сайру гашт мекунанду мутаассифона аксари онҳо таърихи таъсисёбии онро намедонанд. Воқеан аксари онҳое, ки аз бунёду гузаштаи ин боғ маълумоти кофӣ доштанд, имрӯз дар қайди ҳаёт нестанд. Аз роҳбарону фаъолони гузаштаи ноҳия якчанд нафар дар зиндаю саломатанд, ки камина яке аз онҳо мебошам. Ман, ки аз таърихи ноҳия ва бахусус бунёди боғи марказии фарҳангию фароғатии ноҳия огоҳии комил дорам, мехоҳам дар бораи таъсиси он, инчунин зиндагиномаи Худойназар Саидов, ки боғ ба исми ӯ номгузорӣ шудааст, ба хонандагон маълумоти саҳеҳ ироа намоям.
Нахуст қайд карданиам, ки моҳи декабри соли 1971 собиқ котиби аввали Ҳизби коммунисти ноҳияи Шаҳритуз шодравон Усмон Қосимов раиси комиҷроияи вилояти Ленинобод (ҳоло вилояти Суғд) интихоб шуда, ба ҷояш шодравон Муҳаммадиев Ҷалолиддин Муҳамедович роҳбари ноҳия интихоб гардид. Он солҳо ман дар вазифаи котиби Ҳизби коммунисти ноҳия кор мекардам. Рӯзе дар қабулгоҳи роҳбари ноҳия Худойназар Саидовро дидам. Баъди салому алейк ӯ изҳор дошт, ки то ҳол дар вазифаҳои директори заводи пахтаи Уялӣ ва муовини директори корхонаи ғаллаи шаҳри Душанбе адои фаъолият мекарду акнун ӯро ба зодгоҳаш ноҳияи Шаҳритуз барои кор фиристодаанд. Ӯ баъдан то нафасҳои охири ҳаёташ ба ҳайси мудири хоҷагии Кумитаи Ҳизби коммунисти ноҳияи Шаҳритуз фаъолият намуд.
Шодравон Худойназар Саидов моҳи июни соли 1916 дар деҳаи Айвоҷ дар оилаи деҳқони камбағал таваллуд шудааст.Ӯ баъди синфи ҳафтум дар корҳои рӯзгор ба падараш ёрӣ мерасонидааст. Дар ин давом Х.Саидов бо сарҳадбонон алоқа барқарор намуда, бо онҳо ҳамкории судманд кардаю ҳамзамон дар робита бо ҳомиёни Ватан забони русиро ҳам хеле хуб омӯхта, аз худ намудаст. Маҳз забондониаш сабаб шуду сардори қисми сарҳадии №2241-и Айвоҷ , ӯро соли 1938 ба ҳайси сарбоз-тарҷумон ба кору хизмат даъват кард. Ӯ дар давраи Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 дар қисми ҳарбии зикршуда вазифаи тарҷумони командири қисми сарҳадии №2241-и Айвоҷ-ро ба уҳда дошт.
Х.Саидов дар давоми се соли хизмат якҷоя бо сарҳадчиён дар якчанд задухӯрдҳои шадид бо босмачиёни сарҳадшикан фаъолона иштирок намудааст. Баъда адои хизмат ӯ ба курси 6-моҳаи баланд бардоштани сатҳу савияи саводнокӣ ба шаҳри Душанбе фиристода мешавад.
Х.Саидов 16 марти соли 1947 раиси Кумитаи иҷроияи ноҳияи Шаҳритуз интихоб гардид. Ӯ аз рӯзҳои аввали фаъолияташ дар вазифаи баланди давлатӣ корро аз ободонии маркази ноҳия шуруъ намуд. Бо иқдоми номбурда дар як муддати кутоҳ ҳамаи ҷӯю кӯчаҳо, аз он ҷумла кӯчаҳои собиқ Советӣ, Комсомол, Будённий, Киров, Ворошилов, Ғалаба ва ғайра бо сифати баланд тоза карда шуданд. Солҳои баъди ҷангӣ, ки кишвари азизамон аз мумфаршкунонии кӯчаҳо танқисӣ мекашид, боз ҳам бо иқдоми Х.Саидов ба кучаҳои Ленин, Сталин, Свердлов, Калинин, Киров, Пушкин, Очилдиев, Будённий , Советӣ ва ғайра реги дарёӣ рехта шуд.
Х.Саидов ба шаҳри Сталинобод (ҳоло Душанбе) рафта, тариқи бастани шартнома ба ноҳия 3500 бех ниҳолҳои сояафкан меоварад. Ӯ масъалаи бунёди боғи марказии фарҳангӣ-фароғатиро ба миён мегузорад. Баъди баҳсҳои зиёд мавзеи ҳозираи боғи мазкур тарафдорони бисёр пайдо намуда, ба бунёди он шуруъ менамоянд. Баҳори соли 1947 техникаҳои нави баъдиҷангӣ ба арсаи корзор ворид гашта, ҳамзамон тариқи ҳашари умумихалқӣ 3500 ниҳолҳои сояафкан бо тартиби муайян шинонда мешавад.
Баъди муҳокимаву баррасӣ масъалаи об ҳам роҳи ҳалли хешро пайдо менамояд. Тариқи ҳашари умумихалқӣ нахуст аз маҳаллаи «Қумшох»(фурӯдгоҳи ноҳия)-и колхози ба номи Ленин то маркази шаҳраки Шаҳритуз шохоби васеъ кофта мешавад. Ҳамин гуна шохоб аз маҳаллаи «Париж-Коммуна» то шаҳраки Шаҳритуз низ канда шуд. Акнун боғи марказии фарҳангӣ-фароғатии ноҳия аз ду ҷониб зимистону тобистон бо об таъмин буд. Сонитар дар ҳудуди боғи мазкур кинотеатрҳои зимистонаю тобистона, ошхона, тарабхона, чойхона бо маблағҳои ҷамъияти матлуботи ноҳия қомат афрохтанд.
Алҳол дар қаламрави боғи марказии фарҳангӣ-фароғатии ноҳия ҳайкали «доҳии меҳнаткашони дунё» В.И.Ленин, лавҳаҳои ёдгории Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ В.И. Бояркин, муборизи роҳи озодӣ, ки соли 1931 аз дасти босмачиён кушта шудааст, Ҷӯра Очилдиев, арзи ҳастӣ доранд. Гарчанде бештари дарахтони бо умед шинондаи Х.Саидов сабзида, бузургу сояафкан шуда бошанд, дар солҳои баъдӣ аз сабаби хунукназарию беназоратии масъулини мавзеи мазкур қисме аз онҳо хушкида, як қисмати муайяни он буридаву ба яғмо бурда шудаанд.
Ногуфта намонад дар тӯли70 соли мавҷудияти ин боғ дар дохили он тағйироту дигаргуниҳои чашмрас ба вуҷуд омадааст. Чунончи, аз дохили боғи марказии фарҳангӣ-фароғатии ноҳия биноҳои ошхона, чойхона аз миён бардошта шуданд. Муҷассамаи В.И.Ленин лавҳаҳои ёдгории В.И.Бояркин, Ҷ.Очилдиев дар ҳолати таъмиру рангуборкунӣ қарор доранд. Ҳолати ногувору бадтаринаш ин аст, ки сокинони кӯчаи Ю.А. Гагарин ахлоту партовҳои худро беинсофона бурда дохили боғ дар гирду атрофи кинотеатри тобистона, мағозаи лимоноду яхмосфурӯшӣ мепартоянд, ки хилофи талаботи санитарӣ-беҳдоштӣ буда, бӯйи ғализ он табъу руҳияи фароғаткунандагонро хира месозад.
Пӯшида нест, ки раиси ноҳияамон муҳтарам Оймаҳмадзода Рамазон Алихон аз рӯзҳои аввали ба ин мақом таъин шуданашон ба ободу зебо гардонидани ноҳия ва бахусус боғи марказии фарҳангӣ-фароғатии ноҳия эътибори ҷиддӣ зоҳир менамояд.Ӯ боре дар як мулоқоташ чунин иброз дошта буд: «Он корҳоеро,ки барои ободии ноҳия кардааму мекунам ва ободкориҳое, ки аз ман боқӣ мемонад, бо худ намебарам, ҳамаи он ба мардуми Шаҳритуз мемонад!»
Бо ташаббуси раиси ноҳия собиқ кинотеатри тобистонаи ноҳия барои истифодабарӣ ба бахши ҷавонони ноҳия тақдим гардида, дар соли ҷорӣ тибқи нақшаи раиси ноҳия дар боғи марказӣ 4 корусели мавҷуда аз таъмир бароварда, як корусели нав, як майдончаи варзишии кӯдакона ва фаввора ба истифода дода хоҳад шуд.Худи ҳамин сол заминҳои дар ҳудуди боғи марказии фарҳангӣ-фароғатии ноҳия шудгор ва барои дар соли оянда шинондани ниҳолҳои сояафкану гулҳои гуногун омода карда мешавад.
Раиси ноҳия азми қавӣ дорад, ки дар давоми ду сол боғи фарҳангӣ-фароғатии ноҳияро чун боғҳои Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Садриддин Айнӣ, «Дӯстии Халқҳо», «Ҷавонон»-и пойтахти мамлакат ободу зебо ва ба шароити замон мувофиқ навсозӣ менамояд.
Ман дар навбати худ чун як собиқадори меҳнати ноҳия ба сокинони шаҳрак ва мардуми шарифи ноҳияи Шаҳритуз муроҷиат намуда гуфтаниям, ки дар атрофи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид шуда, баҳри гул-гулшукуфии Тоҷикистони офтобрӯяамон аз тамоми неруву қувва ва имкониятҳо истифода баред.
Мусулмонқул Ҷӯрақулов, шаҳраки Шаҳритуз