- Асосӣ
- Раиси ноҳия
- Мақомоти иҷроия
- Мақомоти намояндагӣ
- Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
- Қонунҳо
- КОДЕКСИ МЕҲНАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОДЕКСИ ОДОБИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия
- Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ДАР БОРАИ ТАРТИБИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ СОХТИ МАРЗИВУ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи хизмати давлатӣ
- Қарорҳои маҷлиси вакилони халқ
- Қарорҳои раиси ноҳия
- Қонунҳо
- Муроҷиати шаҳрвандон
- STATEMENT Following the Meeting of the Special Services of Iran, Kazakhstan, China, Pakistan, Russia, Tajikistan and Uzbekistan
- Дастгоҳи раиси ноҳия
- Наимова Раҷамо модари Сангова Сумая духтаре, ки Кури Юнус фиребаш дод
- ПОЙТАХТИ ДАВЛАТ ВА ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛАТ
Наҳзатиҳоро террорист номидан иштибоҳ нест!
Чор, 07/18/2018 - 09:42
Ҳамагон шоҳид ҳастем, ки ТТЭ ҲНИТ баъди ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ кушиш кард, то бо роҳи зурӣ ва амалҳои ӯ ҳокимиятро ғасб намояд, вале хурсандона тираш хок хурдаву ба мақсад расида натавонист.
Чи тавре,ки аз саҳифаҳои таърих ба мо маълум аст дар давраи то Инқилоби Октябр дар Осиёи Маркази миллатҳои гуногун умр ба сар мебурданд, вале мутаассифона давлатҳои ба ибораи имрӯза миллӣ вуҷуд надошатнд. Баъди таъсиси Ҳокимияти Шӯравӣ давлатҳои гуногуни миллӣ таъсиси дода шуда ҳудуди ин давлатҳо аз рӯи таъриху фарҳанг, урфу одат ва забону миллият ҷудо карда шуда бошад, ҳам вале сарҳади давлатҳои Осиёи Марказӣ дуруст ва саҳеҳ муайян карда нашудааст. Сабаб ҳамин буд, ки пас аз соҳибистиқлол гардидани давлатҳо яке аз масъалаҳои ҳасос ва баҳсталаб дар байни онҳо масоили сарҳадӣ то имрӯз боқи мондааст. Ин масъалаи баҳсиро бархе аз давлатҳои абарқудрат дар мавридҳои барои онҳо зарур ҳамчун фишанг барои худ болои кишварҳои Осиёи Марказӣ метавонанд истифода намоянд. Ин манбае ҳаст, ки аз ҷониби баъзе давлатҳои абарқудрат ва қудратҳои минтақавӣ сар задани хатар дар Осиёи Марказӣ аз эҳтимол берун нест. Аз рӯи ақидаи сиёсатмадорон ва таҳлилгарони сиёсӣ масоили мубраме, ки ба сиёсати кишварҳои минтақа бештар хатар эҷод карданаш аз эҳтимол дур нест ин ҳизбу ҳаракатҳои исломии сиёсӣ мебошанд.
Баъд аз соҳибистиқлол гардидани кишварҳои Осиёи Марказӣ ғайр аз Тоҷикистон дигар давлатҳо фаъолияти исломии сиёсиро ба ҳукумат роҳ надоданд. Кишвари мо Тоҷикистон ба сифати як ҳизби сиёсӣ ҲНИТ-ро эътиоф намуд, ки ба ақидаи банда иштибоҳи хеле бузурге буд. Чи тавре, ки мо худ шоҳиди ҳол ҳастем ва имрӯз роҳгумзадагони ТТЭ ҲНИ иқрор шуда истодаанд, (манзурам баромади эшони Қиёмидин дар навори телевизионии “Решаҳои ноайён) дар ташкили ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон маҳз Ҳизби наҳзати исломӣ гунаҳкор буд ва бо қарори Суди Олии икшвар маън гардидани фаъолияти он ва ҳамчун ТТЭ ҲНИ баҳогузорӣ гардидани он амали дуруст ва саривақтӣ буд. Ба он нигоҳ накарда, ки баъди ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ Ҳукумати Тоҷикистон ҲНИ-ро боз аз нав ба қайд гирифтанд ва барои аъзоёни он дар парлумон ду ҷой доданд, аммо онҳо корҳои таблиғотии ифротгароёна ва фаъолияти пинҳонии террористии хешро пеш бурданд. Ҳамагон шоҳиди ҳол будем, ки ТТЭ ҲНИ кӯшиш кард то бо роҳи зӯрӣ ва амалҳои ӯ ҳокимиятро ғасб намояд.
Албатта, чунин ҳолат, яъне мавҷудияти ҳизби ифротии динӣ дар кишвар ба амният ва сулҳу суботи кишвар ва минтақа бетаъсир буда наметавонад. Зеро ҳар як ифротгаро, бунёдгаро ва таблиғгари исломи сиёсӣ ва гуруҳҳои террористӣ аз ҷумла ТТЭ ҲНИ метавонад ҷавонону наврасонро мағзшӯи намояд ва ин бараъло маълум аст, ки чунин ҳолат раванди ифротгаро ва бунёдгаро шудани ҷавонони кишвару маҳалро вусъат бахшад.
Банда пеш аз ҳама ба сарвари давлат, Пешвои муаззами миллат ва тарғибгару дар амал татбиқкунандаи сиёсати ҳамрӯзаи ӯ, мақомоти қудратии кишвар изҳору сипосу минатдории хешро баён намуда, ҷиҳати чораандешии саривақтӣ нисбати хоинони миллату кишвар ТТЭ ҲНИ, ки ғаразҳои нопок доранд барору комёбиҳо таманно дорам.
С.Лоиқов, мудири шуъбаи рушди
иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи
Дастгоҳи раиси ноҳия