- Асосӣ
- Раиси ноҳия
- Мақомоти иҷроия
- Мақомоти намояндагӣ
- Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
- Қонунҳо
- КОДЕКСИ МЕҲНАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОДЕКСИ ОДОБИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия
- Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ДАР БОРАИ ТАРТИБИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ СОХТИ МАРЗИВУ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи хизмати давлатӣ
- Қарорҳои маҷлиси вакилони халқ
- Қарорҳои раиси ноҳия
- Қонунҳо
- Муроҷиати шаҳрвандон
- STATEMENT Following the Meeting of the Special Services of Iran, Kazakhstan, China, Pakistan, Russia, Tajikistan and Uzbekistan
- Дастгоҳи раиси ноҳия
- Наимова Раҷамо модари Сангова Сумая духтаре, ки Кури Юнус фиребаш дод
- ПОЙТАХТИ ДАВЛАТ ВА ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛАТ
«Муроҷиати ҲНИТ тафриқаандозӣ ва иғвогарии навбатист»
Сеш, 07/24/2018 - 15:50
Иттиҳодияҳои сиёсию ҷамъиятӣ ва ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон муроҷиати раёсати олии Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистонро ба Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳову давлатҳои кафили сулҳи тоҷикон беасосу ҳангомасоз номида, мегӯянд, ки ҲНИТ ҳаргиз як ҷониби сулҳ набуд, балки он танҳо яке аз ҳаракатҳои шомили Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсиюни тоҷик (ИНОТ) буд.
Ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои дигари узви ИНОТ бо пахши муроҷиатномаҳои ҷавобӣ таъкид кардаанд, ки ҲНИТ ҳақ надорад аз номи ИНОТ баромад кунад.
Маркази исломии Тоҷикистон ҳамчун мақоми масъули дину диндорӣ дар Тоҷикистон аз изҳороти Раёсати Олии ҲНИТ ва муроҷиати он ба дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳоди Аврупо, Созмони ҳамкориҳои исломӣ, роҳбарони кишварҳои кафил ва узви Гурӯҳи Тамос барои татбиқи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон - Федератсияи Русия, Эрон, Афғонистон, Қазоқистон, Покистон ва Туркманистону Қирғизистон ҷиҳати халалдор шудани Созишномаи сулҳ ва пешомади хатар ба суботи минтақа шадидан нигарон мебошад ва ин амалкарди раҳбарияти ҳизбро дар шароите, ки мардуми шарифи Тоҷикистон 18-умин солгарди Ваҳдати миллиро дар фазои сулҳи сартосарӣ ва оромишу субот чанде қабл таҷлил намуданд, ба ҷуз иғвои навбатӣ ва дасисаи ниҳоят муғризона чизи дигаре эътироф намекунад.
Агар ин иқдом, як ё ду сол баъди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон роҳандозӣ мешуд, муаллифонро фаҳмидан мумкин буд: ибтидои ҳар амали бузург баъзан ноҳамвориҳое дорад, ки онҳоро тавассути муколамаву музокирот ҳал кардан имконпазир аст. Аммо ин муроҷиати ҲНИТ баъди 18 соли татбиқи Созишномаи сулҳ садо медиҳад ва дар ҳоле, ки пиру барно ва фақиру дорои Тоҷикистон аз тинҷиву амонӣ ва осудагиву субот ифтихор мекунанд, муддаиёни ҲНИТ изҳори ташвиш доранд, ки сарнавишти сулҳ дучори хатар аст.
Тӯли 18 соли баъди имзои Созишномаи сулҳ Тоҷикистон аз як кишвари шабеҳ ба як деҳкадаи вайрону валангор, ба як мамлакати нерӯманд аз нигоҳи иқтисоду фарҳанг ва илму ҳунар табдил ёфт, ба таври расмӣ дар сатҳи созмонҳои ҷаҳонии молиявӣ ҳамчун кишвари рӯ ба тараққӣ эътироф шуд, ба узвияти Созмони ҷаҳонии тиҷорат пазируфта гардид. Омори зиёде овардан мумкин аст, ки вазъи воқеии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҳоли кунунӣ муаррифӣ кунад, аммо тавре ки дар урфият мегӯянд: «Он чи ки аён аст, чӣ ҳоҷат ба баён»…
Муаллифони муроҷиат ба СММ ва як идда созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ва кишварҳои кафили сулҳи тоҷикон аз он бонги хатар задаанд, ки имрӯз дар аҳдномаи сулҳ ихтилоф шуда, суботи кишвар ва ҳатто минтақа зери хавф қарор гирифтааст. Онҳо як ҷониби музокироти сулҳ буданашонро на як бору ду бор, балки ҳамасола таъкид мекунанд ва аз нақзи ҳуқуқашон дар ин бобат хотирнишон месозанд. Ин даъвӣ, комилан, нодуруст ва ҳатто ғайримантиқӣ менамояд, чун агар ба таври сарсарӣ ҳам бо асноди Созишномаи сулҳ ошно шавем, хоҳем дарёфт, ки сулҳи тоҷикон натиҷаи 21 музокирот дар тӯли чаҳор сол бо созмоне таҳти унвони ИНОТ буд ва агар онро шарҳ диҳем, Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсиюни тоҷик хоҳад буд. Дар ин созмони мухолифи Ҳукумат чандин ҳаракату гурӯҳҳо ва ҷунбишҳову иттиҳодияҳое буданд, ки ҲНИТ ба таркиби он шомил буд. Яъне, мантиқан ҲНИТ ҳамчун як ҳизби дорои характери динӣ ба таркиби ИНОТ дохил буд ва музокирот бо ИНОТ сурат мегирифт, на фақат бо ҲНИТ… Аз ин рӯ, худро як ҷониби, комилан, мустақили Созишномаи сулҳ пиндоштани муаллифони изҳорот иштибоҳи бузургест…
Магар қатъ шудани ҷангу хунрезӣ ва муттаҳид шудани миллат самараи сулҳ нест? Магар аз 85 фисад то ба 32 фоиз паст шудани сатҳи камбизоатӣ нишондиҳандаи беҳ шудани зиндагии омма нест? Муаллифони изҳорот зери ибораи «иҷро нашудани Созишномаи сулҳ» чиро дар назар доранд, номаълум аст ва маҳз ҳамин умумигӯӣ боиси шармсории онҳо назди ҷомеаи ҷаҳонӣ хоҳад гашт.
Дар муроҷиатномаи Маркази исломии Тоҷикистон ҳамчунин омадааст, ки Шӯрои уламо даҳҳо далели шаръӣ дар хусуси ноҷоиз будани ҳизби исломиро дорад ва ҷомеаи муслимини кишвар аз онҳо огоҳанд.
Муроҷиатномаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон шӯрои сиёсиии Ҳизби Демократи Тоҷикистонро низ нороҳат сохт. Дар қисми аввали муроҷиатнома дар бораи «вазъи номуносиби бавуҷудомада…амалҳои ғайриқонунӣ, ғайриахлоқӣ ва саркӯбгароёнаи Ҳукумати ҶТ нисбати шахсиятҳо, ҳизбҳо ва гурӯҳҳои сиёсиву мазҳабии мухолиф…» ҳамчун далели аслии муроҷиатномаи номбурда баён шудааст.
Дар изҳороти ҲХТ аз ҷумла омадааст: «ҲДТ чун узви ИНОТ-и пешин низ яке аз ҳамшарикон ва ниҳоди калидии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ аст, аммо роҳбарони ин ҳизб чаро бо ҳамсафони пешинашон боре ин масъаларо дар миён нагузошта, якбора бо ин шӯру ҳаяҷон қазияро ба саҳнаи байналмилалӣ кашидаанд? Аъзои ҲДТ низ дар гирудорҳои сиёсиву низомии Тоҷикистон дар солҳои 1992-97 гирифтори мушкилот, таъқибу фишор шуда, баъзе аз аъзои он куштаву нобуд ва қисме ҳам бандиву зиндон шуданд. Вале ҳаргиз умед ва такя ба нерӯҳои сиёсии беруна накард, агарчи, аввалин қувваи сиёсии оппозитсионӣ дар фазои сиёсии Тоҷикистон буд.
Бояд қайд кард, ки Ҳукумати Тоҷикистон Созишномаи истиқрори сулҳро на бо ҲНИТ, балки бо ИНОТ имзо кардааст, ки он аз гурӯҳҳо ва ниҳодҳои сиёсии гуногун иборат буд. Вале имрӯз ҲНИТ танҳо худро саҳмгузор ва меросхӯри истиқрори сулҳ медонад ва саҳму ширкати дигар гурӯҳҳои сиёсии шомили ИНОТ-и пешинро нодида мегирад. Бояд иқрор шуд, ки ИНОТ моҳият ва вазифаҳои худро иҷро кард. Дар натиҷа ҳизбҳои сиёсӣ дар интихоботҳо ҳар кадом вобаста ба мавқеъ ва саҳмаш, дар ҷомеа соҳиби раъйи интихобкунандагон гардиданд, аз ҷумла, ҲНИТ дар чор даъват соҳиби курсиҳо дар парлумон буд. Он замон аз фишору ба ном ноадолатиҳои Ҳукумат нисбаташон ин гуна эътироз надоштанд. Имрӯз ҲНИТ бояд ба интихоби мардум арҷ ва эҳтиром гузорад, зеро ин интихоби онҳо ва воқеият аст… Ҳеҷ кас ва ҳеч як гурӯҳи сиёсӣ ҳақ надорад, ки барои ҳалли мушкилиҳои худаш такя ба нерӯҳои сиёсии беруна гузорад ва бо ин роҳ дубора оромӣ ва суботи ҷомеаро халалдор созад. Мисолҳои “кумаку дастгирӣ”-и хориҷиёнро мо дар чанд соли охир дар Украина ва кишварҳои араб баръало мушоҳида намуда истодаем. Сулҳу Ваҳдати Тоҷикистон намунаи беназири бунёдкорӣ, осудагӣ ва пешрафт аст, ки дар таҳкими он танҳо ниҳоди сиёсии солим ва соҳиби боварии аксарияти мардум метавонад саҳмгузор бошад.
Раёсати Кумитаи марказии Ҳизби коммунистии Тоҷикистон низ дар робита ба муроҷиати раёсати олии Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон изҳороте пахш намуда, гуфтааст, ки ин муроҷиати ғайричашмдошт ба тамоми ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла ба ҳамаи ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон бевосита дахл дошта, нигаронии ҷиддиро дар ҷомеа ба вуҷуд овардааст. «Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон изҳор менамояд, ки таъмини сулҳу субот, ягонагию якпорчагӣ ва ҷудоинопазирии Тоҷикистони азиз аз фаъолияти густурдаи ҳизбҳои сиёсӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ дар хамбастагӣ бо Ҳукумати Тоҷикистон вобастагӣ дорад. Бояд дар маркази фаъолияти онҳо риояи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хотири сарҷамъии халқу кишвар қарор дода шуда, ҳаллу фасли баъзе ихтилофҳои тарафайн аз тариқи муколамаи сиёсӣ бидуни дахолати дасти хориҷ (хоҷагони хориҷӣ) анҷом дода шавад. Аз ин рӯ, мантиқи муроҷиати раёсати олии Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон аз тафриқаандозӣ ва иғвогарии навбатӣ беш буда наметавонад», - омадааст дар изҳороти коммунистҳо.
Ҳайати кормандон ва устодони Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа низ ба номаи баҳсталаби ҲНИТ посух гуфтаанд. Дар матни муроҷиатномаи онҳо, аз ҷумла, зикр мешавад: «Пешкаш намудани арзу додҳо ба муназзамаҳои бонуфузи оламӣ хилофи фармуда ва таълимоти Қуръону суннат мебошад. Танҳо Худованд (ҷ.) медонад, ки бурду бохти шахс ба нафъ ё зарари он анҷом меёбад. Шикояту гила кардан, бахусус, дар назди бегонагон, кори писандида ва оқилона нест. Ҳазорҳо фазлу фазилатҳо пушти сар истодаанд ва ҳамеша мақому манзалати афзал боло меистад. Амнияту осоиштагӣ, осудахотирӣ, истиқлолияти давлатӣ, фазои солиму ором ва ғайра аз ҷумлаи афзалиятҳое мебошанд, ки мебоист ба хотири онҳо сабру таҳаммулро пеша кард…
Масъалаи дигар ин аст, ки гӯё Ҳукумат аъзои ҳизби мазкурро бе ҳеҷ ҷурму ҷиноят таъқиб намуда, бо баҳонаҳои гуногун ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ва маъмурӣ мекашад. Дар урфият гуфтаанд: «То шамол набошад, барги дарахт наҷунбад». «Баҳонатарошиҳо»-и Ҳукуматро намедонем, вале баъзе аз саркардагони ин ҳизб «ситораи филмҳои фаҳш» дар интернет шуданду ҷиноятҳои аҷибу ғариб, аз савдои замин сар карда, то доштани яроқҳои ғайриқонунӣ бо эътирофи худашон барояшон ошкор карда шуд. Агар волоияти қонунро талаб доред, бояд шумо ҳам онро риоят мекардед, то гирифтори ҷазоҳои қонунӣ намешудед…
Ду мушкили асосӣ дар ҳизбҳои динӣ вуҷуд дорад, ки хатарнок ва нокоромад будани онҳоро дар ҷомеаи мусулмоннишин ошкор мекунад. Якум ин ки, бо ташкили чунин ҳизб дар ҷомеаи мусулмоннишин дудастагӣ ва чанддастагиву фитнаву тафриқа эҷод мешавад. Зеро мусулмонон ба ҳизбӣ ва ғайриҳизбӣ ҷудо мешаванд. Ин хилофи ҳадафи дини Ислом ва дастуроти Қуръони карим аст, ки фитнаву тафриқаандозиро аз куштор ҳам бадтар медонад (сураи «Бақара», оятҳои 191, 217).
Дуюм ин ки, пайравони ҳизбҳои динӣ фақат худро мусулмон дониста, дигаронро диндор намеҳисобанд. Агар дар аввали ташкили чунин ҳизбҳо эҷоди дудастагии фикрӣ мешуд, ин кор боиси мухолифати физикии мусулмонон бо ҳамдигар мегардид. Аз ин ҷо ба баъд ошӯбу даргириҳо байни пайравони ин ҳизбҳо ва ё байни ҳизбиҳову ғайриҳизбиҳо оғоз меёбад. Ҳамаи бадбахтиҳои кишварҳои ҳамсоя, ки дар боло зикр шуданд, маҳз ба ҳамин сабаб аст».
Дар ҳамин ҳол, Худобердӣ Холиқназар, роҳбари Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон, низ гуфтааст, ки ҳар ҳизби сиёсие, ки дар кишвар даст ба қонуншиканӣ мезанад, бояд баста шавад. «Ҳамарӯза тариқи расонаҳо аз қонуншиканиҳои аъзои ин ҳизб хабар дода мешавад ва мо ҷонибдори онем, ки чунин ҳизбҳо дар ҷояшон «шинонда» шаванд, - зикр кард ӯ.