- Асосӣ
- Раиси ноҳия
- Мақомоти иҷроия
- Мақомоти намояндагӣ
- Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
- Қонунҳо
- КОДЕКСИ МЕҲНАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОДЕКСИ ОДОБИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия
- Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ДАР БОРАИ ТАРТИБИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ СОХТИ МАРЗИВУ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи хизмати давлатӣ
- Қарорҳои маҷлиси вакилони халқ
- Қарорҳои раиси ноҳия
- Қонунҳо
- Муроҷиати шаҳрвандон
- STATEMENT Following the Meeting of the Special Services of Iran, Kazakhstan, China, Pakistan, Russia, Tajikistan and Uzbekistan
- Дастгоҳи раиси ноҳия
- Наимова Раҷамо модари Сангова Сумая духтаре, ки Кури Юнус фиребаш дод
- ПОЙТАХТИ ДАВЛАТ ВА ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛАТ
Ё чаро ҷамъомади наҳзатиён дар Дортмунд шикаст хӯрд?
Сеш, 07/24/2018 - 15:53
Ҳафтаи гузашта дар шаҳри Дортмунди Олмон ҷамъомади боқимондаҳои ташкилоти экстремистию террористии Ҳизби наҳзати исломӣ баргузоршуд. Дар он раиси гурезаи наҳзат М.Кабирӣ як гурӯҳи хурди шахсони беному нишон ва мазҳабфурӯшро ҷамъ карда, бори дигар кӯшиш кард, ки дар атрофи худ як эътилофи қувваҳои зиддимиллӣ ва зиддидавлатиро ташкил кунад. Аммо ин нақшаи ӯ ва хоҷагонаш бори дигар шикаст хӯрд.
Идомаи чунин талошҳо маънои онро дорад, ки мутаассифона, наҳзатиён ва пуштибонони онҳо иштибоҳоти фоҳиши худро, ки солҳои навадум боиси 150 ҳазор кушта, як миллион гуреза ва даҳҳо ҳазор ятиму бепарастор дар Тоҷикистон шуда буд, дарк накарда, дар пайи ислоҳи он нестанд. Баръакси ин, се соли ахир М.Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш, бо истифода аз пуштибонии сиёсӣ, идеологӣ, молиявӣ ва ҳуқуқии кишвари барои ҳама маълум ҷамъомадҳо доир карда, талош доранд, ки миёни ҷомеа ҷойгоҳ касб намоянд. Ҷамъомади навбатии ТТЭ ҲНИ дар Дортмунди Олмон низ аз ҷумлаи талошҳои ҷон бахшидан ба ин ҷасади мурда буд, ки нобарор анҷомид. Барои шарҳи он шикасти наҳзатиҳо, чанд андешаи мушаххасро дар бораи ин нишаст баён медорем:
1. Сомонаҳои наҳзатӣ аз ҳузури 300 нафар дар ҷамъомади Дормунд ҷормезананд, дар ҳолеки дар он ҳамагӣ то 60 нафар ҳузур доштанд, ки аксаран, наздикону пайвандон ва хешону ақрабои роҳбари наҳзатиҳо мебошанд. Аз ин лиҳоз, изҳори назари ин гурӯҳи кучакро наметавон “ҳамоиш” номида, дар атрофи он ҳангомасозӣ кард.
2. Ҷонибдорону ҳаммаслакони М.Кабирӣ, хусусан нафароне, ки тоҷик нестандва дар Тоҷикистон истиқомат накардаанд, вазъияти ҷумҳуриро дуруст арзёбӣ карда наметавонанд. Суботу осудагию амнияте, ки дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳукмфармост, дар даркам давлатҳои ҷаҳонӣ ба назар мерасад. Аммо гурӯҳҳои дар хориҷ мустақар буда ва мин ҷумла, «коршиносонихудӣ»-и онҳо ба ояндаи неки давлати мо бо назари манфӣ менигаранд. Оё ҳамин аст оини ватандорӣ ва рисолати шаҳрвандии онҳо? Ватанро баҷои обод кардан ба вайрона табдилдоданд ва боиси марги ҳазорон ҳазор мардуми бегуноҳ шуданд. Магар тақозои дини мубини ислом ҳамин аст? Не, албатта не! Ин тақозои дили чанд мазҳабфурӯши наҳзатист!
3.Ҷамъомади Дормунд, ки онро метавон «маҳфили хонаводагӣ» номид, ба ҳадафи асосӣ - ташкили ИНОТ-2 ва дар раъси он қарор гирифтани ТТЭ ҲНИ нарасид. Тири наҳзатиҳо ва хоҷагонашон хокхӯрд. ТТЭ ҲНИ бо ирсоли даъватномаҳои бешумор хеле талош карда буд, ки дар нишасти мазкур теъдоди ҳарчӣ бештари тоҷикистониёни бурунмарзӣ ва намояндагони тамоми ниҳодҳои мухолифи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзанд, аммо бархилофи ин саъйу талошҳои чандин моҳаи онҳо, бархе аз афроду ниҳодҳои мухолифандеши тоҷик на фақат дар ин ҳамоиш иштирок накарданд, балки расман мухолифати худро нисбат ба баргузории он ва ҳамчунин таъсиси дигар бораи ИНОТ изҳор доштанд.
Дар ин нишаст, аз ҷумла муҳоҷирони корӣ, баъзе созмонҳои дигари тоҷикӣ, мисли намояндагони "Гурӯҳи 24” ва Анҷумани нируҳои созанда иштирок надоштанд. Зиёиёни тоҷикистонии муқими Аврупо, аз ҷумла Исфандиёр Назар, Бахтиёр Аминӣ, Ҳафиз Бобоёр, Темур Варқӣ, Равшан Темуриён, Алим Шерзамонов, Додоҷони Атовулло ва амсоли инҳо, бо он ки ба ҳамоиш даъватӣ буданд, дар он ширкат наварзиданд. Чанд нафаре аз онҳо дар 25-километрии Дормунд гирдомада, нишасти худро шӯхиомез «Боғ» унвон карданд ва зери чатри наҳзат нарафтани худро ҷасурона, бо аксҳо нишон доданд.
Зиёиён хатои пешгузаштагонро такрор накарданд. Зеро ба хубӣ дарк кардаанд, ки ТТЭ ҲНИ як гурӯҳи террористон асту бас. Террористоне, ки ғайри наҳзатӣ барояшон танҳо “атеист” асту “зардуштӣ”. Дар кӯчактарин лаҳзаҳои ростомада, ҳар як наҳзатӣ, аз ҷумла худи Кабирӣ омодааст онҳоро сангсор намояд. Чуноне, ки як дафъа дар солҳои 90-ум баъзе зиёиён бо онҳо дар майдон буданд. Ва чун наҳзатиҳо худро ҳокими даврону замон эҳсос карданд, ҳамон лаҳза нони зиёиёни дар қабаташон нишастаро ҳаром ва худашонро “кофир” ҳукм карданд. Ширкат варзидан дар ҳамоиши наҳзатиҳо бешак маънои террорист шудану бо террористон пайвастанро дорад.
4. Боқимондаҳои ТТЭ ҲНИ то ҳол собиткарданӣ мешаванд, ки террорист нестанд. Дар ҳолеки ин ҳақиқат барои тамоми мардуми Тоҷикистон маълум буда, созмонҳои бонуфузи сиёсӣ, иқтисодӣ ва интизомие аз қабили Созмони Ҳамкориҳои Шанхай, Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД-ОДКБ) ва ИДМ бо беш аз 3,5 миллиард аҳолӣ, онҳоро чунташкилоти террористию экстремистӣ эълон намудаанд.
Ин ташкилоти террористӣ на фақат бар хилофи манофеи миллии мо амал мекунад, балки ҳамзамон дар сатҳи минтақа низ бо шабакаҳои маъруфи террористии бунёдгаро ҳамкорӣ карда, боиси идома ёфтани даҳшат парокании ҷангҷӯёни Давлати исломӣ мегардад. Мутобиқи омори расмӣ аксари шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз гумроҳӣ ба сафи ҷангҷӯёни Давлати Исломӣ пайвастанд, аслан ё аъзои ТТЭ ҲНИ буданд, ё зери таъсири он мондаанд.
Ташкили ин ҳамоиш, роҳбарии корҳои тадорукотии он, аз ҷумла пардохти хароҷоти раву ои иштирокдорони он аз кишварҳои гуногун нишондиҳандаи идомаи сармоягузории фаъолияти ҲНИ аз тарафикишвари маълум ва дастгирии ин кишвар аз терроризми байналхалқӣ мебошад.
Мутаассифона, созмону ташкилотҳои урупоие ҳастанд, ки ба хотири бозиҳои геополитикӣ ва манофеи сиёсию иқтисодӣ наҳзатро ба сифати бозича ва фишанги таъсиррасонӣ мавриди истифода қарор медиҳанд. Ин ҳолатро раҳбарияти наҳзатӣ хубмедонад, вале онҳо, ки сарнавишти худро ба пайсаи хоҷагонашон фурӯхтаанд, танҳо як роҳ доранд: то ҷон дар рамақ доранд, бо хоҷагони худ ҳамкорӣ карда, дар расонаҳо ҳангомасозӣ ва иғвогарӣме намоянд.
5. Стратегияи асосии наҳзат ба даст овардани қудрат ва барпо намудани давлати исломӣ дар Тоҷикистонбуда, ин барномаро тавассути дарёфти маблағ, эҷоди тавтеа, иғвогари иматбуотӣ, ноором сохтани авзоъ дар минтақа ва ғайра роҳандозӣ менамояд. Аммо дар ҷамъомади Дормунд Кабирӣ боҳиллаи навбатӣ баромад карда, вожаи калидии «ислом»-ро аз барномаи худ ҳазф кард. Ӯ расман эълон кард, ки ҲНИ аз мақсади асосии худ, яъне сохтани давлати исломӣ дар Тоҷикистон даст мекашад ва ба ҳамсафонаш намоишкорона дастур дод, ки дигар ин мақсади ҳизбро ошкоро эълон накунанд. Вай бо ин макри навбатӣ мехост ба ду ҳадаф бирасад: Якум, мехост ташкилоти оилавию террористии худро дар назди хоҷагони аврупоияш ҳамчун як созмони дунявию демократӣ нишон диҳад. Дуюм, мехост бо ин доми навбатии худ муҳоҷирони меҳнатӣ ва зиёиёни муҳоҷирро ба зери нуфӯзи наҳзат дароварда, бо онҳо “эътилоф” сохта, боз аз онҳо истифода намояд.
Аммо ҷамъомади Дортмунд нишон дод, ки ин тактикаи наҳзатӣ натиҷа надод ва касе ба ҳиллаи навбатии Кабирӣ бовар накард. Ӯ натавонист ин дафъа муҳоҷирони тоҷик ва зиёиёни миллии муқими Аврупоро ба доми худ дарорад. Зеро ҳама аз таърих медонанд, ки маҳз ҳамин ҳилларо охундҳо дар инқилоби соли 1979 истифода карда буданду роҳбарони наҳзатӣ дар вақтисохтани ИНОТ дар соли 1993. Онҳо аз нерӯҳои демокртӣ ва рӯшанфикрони миллӣ барои расидан ба мақсади худ истифо данамуда, сипсас, ҳамаи онҳоро на танҳо “кидат” карданд, балки бо тамғаҳои “атеист”-у “зардуштӣ”-ю “мунофиқ” онҳоро аз байн бурданд. Кабириҳам дар Дортмунд ҳамин домро густарда буд.
Ҳамин тавр, бо вуҷуди тарҳу ҳиллаи нав ва бо вуҷуди ба хотири сиёсат ва қудрат расман даст кашидан аз ислом, М.Кабирӣ аз ҷамъомади Дортмунд бо дасти холӣ баргашту маблағҳои охунд-спонсорҳо ҳамагӣ ба бод рафтанд. Бешубҳа, ин нокомӣ на танҳо шикасти наҳзатиҳо, балки шикасти фоҳиши тарроҳон ва хоҷагони онҳо низ мебошад.
Фаридун Ориёӣ