Main menu

Наҳзатиёни ватанфуруш дар беҳаёӣ пурпуст шудаанд!

http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/25507634_141906309861956_1583910016124330271_n%20-%20%D0%BA%D0%BE%D0%BF%D0%B8%D1%8F.jpg?itok=DcwHUpsV

Шукри Истиқлолияти Ватани азизамон, ки мо имрӯзҳо дар фазои сулҳу Ваҳдату оромӣ зиндагии шоиста ба сар мебарем. Аммо мутаасифона ашхосе ҳастанд, ки мехоҳанд ин давлати рушд ёфта истодаи моро боз ба солҳои 1992-юм баргар донанд. Ин ашхос аслан наҳзатиёнанд, ки имрӯзҳо сар ба сад дари хоҷагони хориҷиашон зада, мехоҳанд монеи пешравии Тоҷикистон гарданд. Чанд рӯз пеш дар Дортмунди Олмон чунин як нишасти иғвобарангез барпо карда, бо дуруғу туҳмат ва таҳқирҳои беохири худ нисбати давлату миллати тоҷик худашонро дигар бора шармандаву беобрӯ намуданд. Вале ин тоифаи хоин дигар на шармро медонанду на ҳаёро, онҳо ба қавли мардум “пурпуст” шудаанд.

Чанде пеш дар Васоити ахбори омма дар бораи ҚиёмиддинҒозев - яке аз пешвоёни дин сиёсат бозони Тоҷикистон барнома пахшгардида, оид ба фаъолияти хоинонаи у маълумоти мухтасар доир гардид. Ҳарчанде Ғозиев аз кардаи худ пушаймон шуда, аз мардуми Тоҷикистон узр пурсида бошад ҳам, фарзандони қурбонгаштаи тоҷикро баргардонда намешавад. Ҳоло ҳам бошад ҳастанд хоиноне, ки байни мардум иғво меандозанд. Ин ҳам бошад 3-4 нафар наҳзатии лаънатӣ, ки дар Олмон чанд ҷавони хориҷии дигарро гирди худ ҷамъ карда гӯиё ҳамоиш карда бошад.

Онҳо чун солҳои навадум худро “ҷонфидо”-и адолат муаррифӣ намуда, кӯшиши худ сафедкунӣ намуда истодаанд. Акнун, ки ниятҳои ифлосу ҷинояткоронаи роҳбарияти наҳзатиҳо, ки бо маблағгузорӣ хоҷагони хориҷиашон роҳандозӣ шуда буд, ошкор шудаву, амалӣ нагардид ва муносибатҳои зичи роҳбарияти ТЭТ ҲНИ бо охундҳои Эрон аён шуду амалҳои хиёнаткоронаи онҳо нисбати мардуми осоиштаи Ватанамон ошкор шуд, онҳо мехоҳанд худро сафед кунанд.

Ба пули пуч намеарзад он баромадҳову ваъдаҳои дуруғи Кабирӣ, ки солиёни дароз дар назди ҳамҳизбону интихобкунандагони худаш «вазъ» мекард. Дар барномаҳои пеш аз интихоботии худ, ваъда мекард, ки «…ҷамъияту миллатро ба худиву бегона» ҷудо накунанд. Аммо аъзоёни ТЭТ ҲНИ ва тарафдоронаш он халқро ба худӣ ва бегона ҷудо карда, дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба нобудкунии тоҷику тоҷикистониён машғул буданд. Дар интихоботҳо таҳти унвони «Мо барои Тоҷикистон ва Тоҷикистон барои ҳама» иштирок мекард, аммо байни қишрҳои гуногуни ҷомеа, фақат як номи ҲНИ дар тафакури мардум мисли ҷиҳод, ҷангу харобазор ҷойгирифтааст. Аз ин лиҳоз дар интихоботҳо овоз намегирифт. Кабирӣ даъват ба он мекард, ки гуё манфиатҳои миллӣ, волотар аз манфиатҳои шахсӣ бошад. Ин гуфтаҳо амалӣ намешуданд, чунки Кабирӣ дар сафарҳои зиёди хориҷиаш, фақат манфиатҳои худ, нақшаҳои тиҷоратии худро ҳалмекарду омодагӣ ба табадулоти давлатӣ медид.

Аъзои ТЭТ ҲНИ ба мардум хизмат карда наметавонистанд, чунки аксарияти онҳо ба манфиати шахсии худ кор мекарданд, аз қафои тиҷорату ширкатҳои хусусии худ саргардон буданд. Як гурӯҳи дигари наҳзатӣ бошад, ба ном «ним чамулло»-ҳо ҷавононро бо усулҳои асримиёнагӣ, пинҳонӣ сабақ медоданд. Роҳбарони ҳизб (раис, муовинон, мушовирони раис ва фаъолоне, ки ягон функсияи муайян надоштанд) бошанд, ба расмият парастони кор озмуда табдилёфта, ҳамчун ҳашарот аз меҳнати ҷамъиятӣ озод буданд.

Наҳзатиҳо аз одамони хирадманду олимон дар ҳарос буданд, ки мабодо ниятҳои ифлоси онҳо ошкор нашавад. Маҳз бо фармони ТЭТ ҲНИ солҳои 90-ум хазинаи тиллоии зиёиён; арбобони сиёсӣ, нависандагон, олимон, духтурон, рӯзноманигорон ва ҳуқуқшиносон ба қатл расонида мешуданд. Баҳри амалӣ намудани ниятҳои нопоки худ, наҳзатиҳо дар худ шахсони бемаълумот ва таассубкорони диниро ҷалб мекарданд, маблағи асоси иохундҳо додаро аслан роҳбарон барои қаноат кардани нафси худ истифода мебурданд.

Вақтҳои охири фаъолияти ҳизб як қатор ҷиноятҳояшон ошкор гардид, ки маънавиёт, иқтисодиёт ва саломатии одамон зарари ҷиддӣ расонид. Аммо вақте, ки аз ҷониби наҳзатиҳо ҷиноятҳои содиркардаашон ошкор мешуд, онҳо дар тамоми ВАО шуру ғавғо меандохтанд, ки гуё ба ном исломиҳо зери фишори Ҳукумат қарор дошта бошанд. Ин ҳолат то ҳол давом дорад.

Имрӯзҳо мардуми шарафманди Тоҷикистони азизамон аз ҳамаи он хиёнату мардум фиребии наҳзатиҳо огоҳ буда, дигар роҳ намедиҳанд наҳзатиҳои ифротӣ мардумро фирефта созанд.

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735180   ноҳияи  Шаҳритуз

кӯчаи И.Сомонӣ №51

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз