- Асосӣ
- Раиси ноҳия
- Мақомоти иҷроия
- Мақомоти намояндагӣ
- Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
- Қонунҳо
- КОДЕКСИ МЕҲНАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОДЕКСИ ОДОБИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия
- Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ДАР БОРАИ ТАРТИБИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ СОХТИ МАРЗИВУ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи хизмати давлатӣ
- Қарорҳои маҷлиси вакилони халқ
- Қарорҳои раиси ноҳия
- Қонунҳо
- Муроҷиати шаҳрвандон
- STATEMENT Following the Meeting of the Special Services of Iran, Kazakhstan, China, Pakistan, Russia, Tajikistan and Uzbekistan
- Дастгоҳи раиси ноҳия
- Наимова Раҷамо модари Сангова Сумая духтаре, ки Кури Юнус фиребаш дод
- ПОЙТАХТИ ДАВЛАТ ВА ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛАТ
Ваҳдат оинаи башоратҳост
Шан, 09/01/2018 - 10:09
Ваҳдат мисли як сарчашмаест, поку зулолу шодобу фараҳбахш. Ҳамон сарчашмаест, ки аз он ҷӯйбору рӯдҳои зиёде оғоз мегиранд, ҷорӣ мешаванд, ҳам ташнагии моро мешикананд, ҳам зиндаги моро шодоб месозанд. Аз шукуҳу таровати онҳо ҳама ҷо сарсабзу шукуфон, ҳама ҷо борвару пурфайз. Ҳамин сарчашма аст, ки зиндагии моро низ сабзу хурраму шукуфон медорад. Аслан шарофати зиндагии мо, ҳосили дарахтони мо, ҳосили зироатҳои мо, покиву озодагии мо, тани сиҳату сари баланди мо, аз ҳамин сарчашмаи зиндагиофар аст. Оре ваҳдати милии моро метавон ба ҳамин сарчашма шабоҳад дод.
Моро душманони миллат ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашиданд ва соддалавҳонаву зудбоварона инро қабул кардем, ба доми иғвои душманони миллат афтодем. Бубинед ҷанги бародаркуш чи даҳшатҳое ба сари мо овард. Бори дигар ин санадҳоро ба ёд меорему худро, насли навинро ҳушдор медиҳем. Дар ҷанги таҳмили шаҳрвандии солҳои 1992-1997 беш аз сад ҳазор одам ҷони худро аз даст дод, қариб 25 ҳазор зан бе шавҳар ва қариб 55 ҳазор кӯдак ятим монд. Зарари молиявии кишвар қариб 10 миллиард доллари ИМА-ро ташкил дод. Суханҳое, ки чун барқ дар он рӯзгори тира дурахшиданду моро умедвор намуданд, инҳо буданд: “Ман кори худро аз сулҳ оғоз хоҳам кард;” “Ба хонадони ҳар яки Шумо сулҳ меорам!”, “То як тоҷик берун аз Ватан қарор дорад,ман худро ором ҳис карда наметавонам.” Ин суханҳои босамимияти баланди ватандӯстона гуфтаи Сарвари давлати тоҷикон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзишашон дар он буд, ки дар паси онҳо амалҳои содиқонаву ватандӯстона меистоданд. Агар мо хоҳем, муҷассамае барои ваҳдати худ гузорем, гумон мекунам, ин муҷассама дар симову шахсияти пешвои миллатамон Эмомаӣи Раҳмон кайҳо зуҳур кардааст.Чеҳраи пешвои мо худ чеҳраи ваҳдат аст, дасту бозуву ҷисму ҷони ӯ бо обу хоки ваҳдати Ватан сиришта шудааст.
Сулҳу ваҳдат дар таълимоти дини мубини мо низ болотар аз ҳама чиз, ҳатто рӯзаву намозу садақа гузошта шудааст. Расули акрам “С” гуфт: Бигӯям шуморо, чист, ки аз намозу рӯзаву садақа фозилтар аст?, Гуфтанд бигуй!, Гуфт:Сулҳ афкандан миёни мусулмонон.” Оре ваҳдати миллӣ , ин дастоварди хуҷаста барои миллати мо ба осонӣ ба даст наомадааст. Мо хуб медонем, ки талошҳову ҷонисориҳое аз ҷониби фарзандони наҷиби миллати мо, хусусан пешвои миллатамон ба амал бароварда шудаанд, то ки мо ба ин дастоварди беназири таърихӣ ноил гардем ва имрӯз 21- солагии онро тантана намоем. Имрӯз мо бояд андеша дар сари он кунем, ки чигуна ин дастоварди беназири таърихии халқамон - ваҳдати миллиро на танҳо маҳфуз дорем, балки тақвият бахшем, комилу пойдор ва бегазанд гардонем? Омили аввалине, ки метавонад миллатро ба ҳам орад, ҳадафи бузург ва тақдирсози миллист. Дуюм ваҳдат ҳамон вақт пойдор хоҳад буд, ки бар адолати иҷтимоӣ ва аслан бар адолат асос ёфта бошад ва ин яке аз омилҳои тақдирсози ваҳдат аст.. Сеюм, бе худшиносии миллӣ, ифтихори миллӣ, шинохти ҳувияти миллӣ, дарки рисолати миллӣ, ба даст овардани ваҳдати миллӣ номумкин аст. Чаҳорум, таҳким ва риояи қонуният дар кишвар, иҷрои бечуну чарои он. Панҷум, раҳнамои худ намудани хирад ва сабақҳои таърих, ки дар собиқаи миллии мо кам нестанд. Шашум, ва аз ҳама ҳалкунанда -ҳадафи асосии худ қарор додани ташаккули шуури миллӣ, манфиятҳои умумии миллист. Зеро ваҳдат кафили асосии рушди давлату миллатамон хоҳад буд. Хушбахтона , имрӯз Тоҷикистони азизи мо соҳиби пешвоест, ки омилҳои номбурдаро сармашқи кори худ намудааст ва он фирӯзиҳое, ки халқи мо дар бунёди ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ба даст овардааст, маҳз бо риоя ва амалӣ намудани ин омилҳои тақдирсоз таҳти сарварии ӯ ба вуқуъ пайвастааст.
Бовар дорам, халқи хирадпешаи тоҷик таҳти сарварӣ ва раҳнамоии Пешвои миллат ин дастоварди беназири таърихии худ-Истиқлолияти давлатиро на танҳо пуштибонӣ мекунад, балки ҷоннисорона онро таҳким мебахшад ва дар ин ҷода нерӯ, раҳнамо ва кафили онҳо ваҳдати миллии халқамон хоҳад буд.
Нурулло Таваров, мудири бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии ноҳия