Main menu

«Фатҳи қуллаҳо»

             Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати навбунёду ҷавонест, ки дар роҳи эъмори ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ қадамҳои  нахустин, вале устувор мегузорад.

               Мардуми тоҷик дар давраи муосири рушду нумӯи миллии худ ҳамагӣ 27 сол аст, ки  шаҳди истиқлол мечашанд,  вале таърих гувоҳ аст, ки  ниёгони мо барои наслҳои  имрўзу фардо анъанаҳои шўҳратманди  давлатдориро  ба мерос мондаанд. Барои расидан ба имрӯзи хушбахтона  халқи тоҷик чӣ қадар душвориҳоро паси сар намуд.

                Дар охири асри ХХ солҳои 90-ум пас аз барҳам хўрдани Иттиҳоди абарқудрати Шўравӣ  (08.12.1991) мардуми тоҷикро тақдир  боз ба як хатари ҷиддии нобудшавӣ рў ба рў овард. Душманони дохилӣ бо роҳбарии Ҳизби навтаъсиси  Наҳзати Исломи Тоҷикистон бо дастгирии хоҷагони хориҷии худ халқи тоҷикро дар як муддати кўтоҳ ба ду ҷабҳа  тақсим намуда, сабабгори сар задани ҷанги шаҳрвандӣ гардиданд.

             Дар ин айёми вазнину пурмасъулият рисолати таърихии ниёгонро абармарди баору номус ва идомадиҳандаи  ойини шўҳратманди аҷдодӣ  Эмомалӣ Раҳмон ба даст гирифт.

              Сарвару  пешвои адолатпеша бо фидокорӣ ва ҷони худро зери хатар гузаштанҳо тавонист, ки тамоми нерӯҳои солими ҷомеаро дар атрофи худ ҷамъ оварда, Тоҷикистони навинро аз вартаи нобудшавӣ раҳо кунад. Вақте ки Эмомалӣ Раҳмон 19 ноябри соли 1992 Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбари давлат интихоб гардид, буҷети  ҷумҳурӣ ба сифр баробар буд. Хазинаҳои бонки миллӣ,  Вазорати молия ва дигар муассисаҳои  бонкию молиявӣ ба яғмо рафта буданд.

              Ба вуҷуди ин, хислати волои инсондўстӣ ва раиятпарвариаш  Эмомалӣ Раҳмонро водор намуд, ки мардумро ба сулҳу созиш, ҳамдигарбахшӣ ва аз нав обод кардани ватани азизи худ ҳидоят намояд.

              Аз ин рўзҳо татбиқи рисолати созандагӣ ва ободгарии сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон оғоз ёфт. Нахустин лоиҳаҳои бузурги сохтмонӣ, ки татбиқи амалиашон дар он солҳои барои иқтисодиёту иҷтимоиёти Тоҷикистон басо мушкилу сангин оғоз ёфт, бунёди роҳи оҳани Қурғонтеппа-Кулоб, нерўгоҳҳои Сангтўда-1 ва Помир-1,  қитъаҳои Шоҳон-Зиғару Шкев-Зиғар ва  Мурғоб- Кулма – Қаросӯи шоҳроҳи Душанбе-Кўлоб, Қалъаи Хум-Хоруғ-Мурғоб- сарҳади Чин ва нақби мошингарди Истиқлол (Анзоб) буд.

              Агар солҳои роҳбарии сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро гирифта ба чор давра тақсим намоем, солҳои 1992-1997-ро  даврони «Наҷоти давлату миллат аз вартаи фано», 1998-2000-ро даврони «Таҳкими сулҳу субот» ва 2001-2006-ро «Оғози бунёдкорию созандагӣ» номем, пас солҳои 2007 минбаъдаро «Оғози фатҳи қуллаҳо» номгузорӣ бояд кард.

              Мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд, ки дар як муддати кўтоҳ бо заҳмату меҳнати шабонарўзии худ бо дастгирии тоҷикону тоҷикистониён Тоҷикистони моро ба як кишвари тараққиёфта, тинҷу осоишта табдил дода, истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ ва раҳо намудани кишварро аз бунбасти коммуникатсионӣ сарбаландона таъмин намуданд. Имрўз пойтахти кишвари мо шаҳри Душанбе ба таври шинохтанашаванда ободу зебо мегардад, ки ҳамаи ин аз заҳмату меҳнати шабонарўзии Асосгузори сулҳу ваҳдат -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дарак медиҳад.

             Мутаассифона дар ҷомеа имрўз чунин ашхосе ба чашм мерасанд, ки ин пешравиҳои Ватани моро нодида гирифта, ба ҳама ободию шукуфоии кишварамон аз паси айнаки сиёҳ менигаранд. Як идда шаҳрвандони мо - аъзои ҲЭТ Назҳати Ислом бо роҳбарии Кабирӣ ва роҳнамоии  хоҷагони  хориҷии худ тариқи сомонаҳои интернетӣ аз хориҷи кишвар истода нисбати роҳбарияту мардуми Тоҷикистони азизи мо таҳқиру туҳмат ва иғвоангезӣ мекунанд. Душманони ватани мо мақсад доранд, ки  Тоҷикистони ободу зебо ва тинҷу осоиштаи моро мисли солҳои 90-уми қарни гузашта ноором намуда  мардуми моро  боз ба хокухун кашанд.

           Лекин онҳо ҳеҷвақт ин ҳадафҳои нопоки худро пиёда карда наметавонанд зеро мардуми тоҷик аз саҳифаҳои гузаштаи таърихи худ сабақи ҳаётӣ гирифта ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст нахоҳанд дод.

          Мо мардуми бедору бонангу ори Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яктану якдил шуда, барои боз ҳам ободу зебо гардонидани кишвари азизамон саъю кўшиш намуда дар ҳама ҳолат бо душманони дохилию беруна зарбаи марговар мезанем.

Ҳ. Ганҷалиев омўзгори МТМУ № 9

Ҳеҷ овозе нест
 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735180   ноҳияи  Шаҳритуз

кӯчаи И.Сомонӣ №51

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз