- Асосӣ
- Раиси ноҳия
- Мақомоти иҷроия
- Мақомоти намояндагӣ
- Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
- Қонунҳо
- КОДЕКСИ МЕҲНАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОДЕКСИ ОДОБИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия
- Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ДАР БОРАИ ТАРТИБИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ СОХТИ МАРЗИВУ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи хизмати давлатӣ
- Қарорҳои маҷлиси вакилони халқ
- Қарорҳои раиси ноҳия
- Қонунҳо
- Муроҷиати шаҳрвандон
- STATEMENT Following the Meeting of the Special Services of Iran, Kazakhstan, China, Pakistan, Russia, Tajikistan and Uzbekistan
- Дастгоҳи раиси ноҳия
- Наимова Раҷамо модари Сангова Сумая духтаре, ки Кури Юнус фиребаш дод
- ПОЙТАХТИ ДАВЛАТ ВА ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛАТ
Неъмате беҳтар зи истиқлол нест.
Душ, 09/17/2018 - 15:59
Оре, дар таърихи давлатдории тоҷикон, ки он зиёда аз ҳазор сол пеш арзи ҳастӣ намуда буд, сулҳу осоиштагӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ барои нишонии поягузории он заминаи боэътимод фароҳам оварда буд.
Ин санаи тақдирсоз ва муқадас, яъне Истиқлолият барои мардуми тоҷик 9 - сентябри соли 1991 насиб гашт ва он зуд дар харитаи сиёсии ҷаҳон ҳамчун давлати соҳибистиқлол мавқеи худро намоён кард.
Мутаассифона дар як муддати кӯтоҳи таърихи душманони дохиливу хориҷӣ зери шиорҳои ҳангомаҷӯёнаи «озодандешӣ, адолат ва демократия» аҳолии кишварро бо ҳам дар ду сангар гузошта бо истифода аз эътироз, ташкили террор ва дигар амалҳои номатлуб нақшаи таҳмилии хешро амалӣ намуда ба ин васила фазои осудаи Ватанамон Тоҷикистони навниҳолро ноором сохта ба ибораи дигар ҷанги бародаркӯшро дар кишвари маҳбубамон оғоз намуданд. Дар солҳои 1991 - 1992 чандин мардуми бегуноҳ куштаву бесарпаноҳ монданд. Садҳо ҳазор мардуми тоҷик фирорӣ гашта ба давлати ба мо ҳамсарҳад ва ҳамсоя Ҷумҳурии исломии Афғонистон муҳоҷир шуданд. Ҳангоми убури сарҳад ва расидан то вилояти Қундуз ва шаҳри Мазори Шариф чандин қабристонҳои фирориён ба қайд гирифта шуд, ки бо ҳасрат дар фикру ёди ватан аз хурд то калон дар ғарибӣ ин дунёро падрӯд гуфтанд. Чӣ тавре, ки таърих нишон медиҳад ҷанг қонунҳои нонавиштаи хешро дорад, пеш аз ҳама одамони бегуноҳ мемиранд, ҷойҳои обод ба харобазор табдил меёбанд, иқтисодиёт фалаҷ гардида тартиботи ҷамъиятӣ ва идоракунии давлат аз байн меравад, хулас яроқу яроқбадаст ҳокими мутлақ мегардад.
Дар чунин вазъияти ниҳоят вазнину ногуворе, ки аз байн рафтани давлату миллат ба мушоҳида мерасид оҳу фиғони миллати ғурбатзадаи тоҷикро Яздони пок қабул намудаву фарзанди баруманду ҷоннисори миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои гирифтани пеши роҳи хунрезӣ ва ҳарчӣ зудтар хотима бахшидан ба ҷанги бемаънии бародаркӯш ба ҳайси роҳбари давлат ба мардум ҳадя намуд. Дар он шароит зимоми давлатдориро ба ӯҳда гирифтану давлату миллатро аз парокандагӣ наҷот додан кори саҳл набуд, вале фарзанди фарзонаи миллат ин масъулиятро ба он нигоҳ накарда, ки хатарҳои зиёде ӯро таҳдид менамуданд ба душӣ худ гирифт ва масъулияташро дар такя бо мардуми шарифи Тоҷикистон сарбаландона ва қаҳрамонона иҷро намуда вазъи сиёсиро дар кишвари маҳбубамон ба эътидол оварда миллату давлатро дар минбарҳои баланди Созмони Миллали Муттаҳид ба ҷаҳониёш муарифӣ намуда ба қавли худ мардонавор вафо намуд. Чӣ тавре, ки ҳангоми аз минбари иҷлосияи ғайринавбатии 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри бостонии Хуҷанд ҳангоми ба ҳайси раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиоб гардиданаш ваъда дода буд, ки “Тоҷикистонро дар якҷоягӣ тенҷ мекунем, обод мекунем, то охирин тоҷики фирориро ба Ватан барнагардонам ман худамро ором намеҳисобам”.
Чунончи, мо имсол 27 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистони маҳбубамонро бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил намудем, ва инак дастовардҳои даврони Истиқлолро, ки Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намудаву зиёда аз 160 давлати дунё кишвари маҳбубамонро ба расмият шинохтаанд сарбаландона ёдовар мешавем:
__ пеш аз ҳама, пеши роҳи қатлу куштор ва аз харитаи сиёсии ҷаҳон ҳамчун давлати соҳибистиқлол нест шудани Тоҷикистон гирифта шуд;
__ сохта ба истифода додани роҳи оҳани Қурғонтеппа, Кӯлоб нақбҳои Анзоб ва Истиқлол, шоҳроҳи мошингарди Кӯлоб – Хоруғ- Кулма - Қайроқум;
__ таҷлили ҷашнҳои 1100 -солагии давлати Сомониён, 2500 – солагии шаҳри Истаравшан, 2700 –солагии Кӯлоби бостонй, 1150 - солагии Ҷалолиддин Балхӣ, 1310 -солагии Имоми Аъзам;
Илова бар ин, мавриди зикр аст, ки ба ҳамаи ин тинҷиву осудагиҳо нигоҳ накарда ҳастанд шахсоне, ки сӯистифода аз ниқоби ислом, ки аслан ҷомеа онҳоро ҳамчун мазҳабфурӯш манзурам роҳбарони ҲЭТ ҲНИ мебошад дар байни мардум муарифӣ намудааст имрӯз мехоҳанд кишвари моро ба хоку хун кашанд, вале мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон, ки будану чӣ мақсад доштани онҳоро алакай фаҳмидааст беҳуда дар мақоли халқӣ наомадааст “Кӯр як бор дар чоҳ меафтад”. Ба Шумо курнамакон, ки ватан гумкардаед ва дар фироқи он шабу рӯз месӯзед гуфтаниям, шумоёнро дигар касе бовар надорад “бо ҳалво гуфтан даҳон ширин намешавад” ҳоло ҳам вақт доред, аз байни Шумо нафароне, ки аз кардаи худ пушаймон гаштаву ихтиёран ба Ватан баргаштаанд ба монанди Саид Қиёмиддини Ғозӣ, Айёмиддин Сатторов дар ватанашон зиндагӣ ихтиёр намудаву аз ҳавои ватан озодона нафас мегиранд. Касе ба онҳо кор надорад, шумоён низ фурсат доред аз ин фурсат бо виҷдону имони пок истифода намоед, фардо дер мешавад, санги маломати беватанӣ Шумо ва аҳлу байти Шуморо берун аз ватан ҳамеша таҳдид менамояд. Ақалан фикри фарзандони худро дошта бошед, ҳеҷ кас дар ин дунё абадӣ намондааст, баъди сари Шумо фаразандони Шумо беватан намонанд ва шумоёнро бо бадӣ ба ёд наоранд, ки сабабгори беватании мо ва дур аз ватан дар ғарибӣ мондану маломати ғарибиро кашидан маҳз ин гуноҳи волидайни онҳо будааст.
Мо худ аз аввал мардуми бофарҳанг ва тамаддунофар эътироф гардидаем, бояд ин арзишҳои миллиро ҳифз намоем ва ба қадри Истиқлолияти кишвари маҳбубамон бирасем. Дар хотимаи сухани хеш мехоҳам мисраҳои зерини шоири халқии Тоҷикистон Камол Насруллоро ба хотир орам:
Мо туро бо хуни ҷони хештан парвардаем,
Бо номи ашки ниҳони хештан парвардаем.
Мо ба ёди ту ба садҳо ҷабри даврон зистем,
Бо хаёлат дардҳо дар зери дандон зистем.
Ин туӣ, к-аз пайкари пайкари мо рӯидаӣ,
Ин тӯй, к-аз дидаи бедори мо рӯидаӣ…
Ҳамватан! Субҳат ба хайр! Ин субҳи Истиқлоли мост,
Ин муҳаббат, ин саодат, ин шараф шаҳюоли мост.
И. Тўраев, директори муассисаи № 54: