- Асосӣ
- Раиси ноҳия
- Мақомоти иҷроия
- Мақомоти намояндагӣ
- Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
- Қонунҳо
- КОДЕКСИ МЕҲНАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОДЕКСИ ОДОБИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия
- Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ДАР БОРАИ ТАРТИБИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ СОХТИ МАРЗИВУ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи хизмати давлатӣ
- Қарорҳои маҷлиси вакилони халқ
- Қарорҳои раиси ноҳия
- Қонунҳо
- Муроҷиати шаҳрвандон
- STATEMENT Following the Meeting of the Special Services of Iran, Kazakhstan, China, Pakistan, Russia, Tajikistan and Uzbekistan
- Дастгоҳи раиси ноҳия
- Наимова Раҷамо модари Сангова Сумая духтаре, ки Кури Юнус фиребаш дод
- ПОЙТАХТИ ДАВЛАТ ВА ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛАТ
Халқ роҳнамо дорад.
Чор, 09/19/2018 - 08:51
Иҷлосияи 16 Шӯрои Олӣ ба бахти сокинони Тоҷикистон фарзанди фарзонаи халқи тоҷик, Асосгузори сулҳу ваҳдатӣ миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳайси Сарвари давлат интихоб намуд,ки роҳбарони пуртаҷрибаи он вақта вазъи он рӯзҳоро ба эътидол оварда натавонистанд. Аввалин коре,ки Пешвои муаззами мо шурӯъ карданд, ба ватан баргардонидани гурезаҳо, ба сулҳу ваҳдат ва оштӣ даъват намудани мухолифин, авфи гуноҳҳо буд. Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ шоҳиди ба муваффақиятҳо, дастовардҳои беназир ноил шудани ватани азизи мо мебошанд. Чӣ қадар роҳҳои байналмиллалӣ, нақбҳо, нерӯгоҳҳои барқӣ, сохтмони хатҳои пуршиддати барқӣ, мактабу муассисаҳои фарҳангӣ сохта шуданд. Ободу зебо гаштани ҳар гӯшаю канори Тоҷикистон натиҷаи хизматҳои шабонарӯзии Пешвои муаззами мо ва халқи тоҷик мебошад.
Аммо ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, боз баъзе сокинони кӯрнамаки ин ватан аз дуриҳои дур ба хизматҳои шоёни ин марди Худодод шукр накарда, суханони бардурӯғ бофта, обрӯи халқи Тоҷикистонро дар арсаи байналхалқӣ паст задан мехоханд. Онҳо ба нияти нопоки худ намерасанд, чунки дар инҷо онҳоро аллакай ҳамчун террорист, иғвогар, исёнкор медонанду мешиносанд. Ҳақ ба ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки мегӯяд: “Терроризм ва экстеремизм, аз як ҷониб чун вабои аср хатари глобалии чиддӣ буда, аз чониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст ”.
Мо бояд шукрона кунем, ки бо ҷонфидоии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар натиҷаи кӯшишҳои зиёд санаи 27 июни соли 1997 дар таърихи кишвари мо санади ҳаётан муҳим ба имзо расид, ки ин ҳама пешравиҳои имрӯза меваи он аст. Пешвои муаззами миллат он рӯзҳо ба хотири сулҳу субот дар кишвар ба ҳама талабу шартҳои мухолифин , тақсимоти мансабҳои давлатӣ ба мисоли 30 фоиз ҷой доштани онҳо дар ҳайати Ҳукумат ризо шуд, ки дар Тоҷикистон бинои сулҳу ваҳдат гузошта шавад. Бо гузашти солҳо мо боз шоҳиди иғвоангезии гурӯҳҳои ҷудоихоҳ ки бори дигар мехоҳанд, ки кишвари моро бо дасисабозиҳои худ нотинҷу ноором кунанд, гардидем. Дигар мардуми тоҷик фирефтаи суханони бардурӯғи онҳо намешаванд. Ташкилоти террористии Ҳ.Н.И.Т пас аз мағлубият дар интихоботи парлумони соли 2015 маротибаи дуюм ба барангехтани низоъ ва ноором кардани фазои сиёсии Тоҷикистон даст зад. Аъзои ин созмони террористӣ диданд, ки ин навбат ҳам аз боварӣ ва эътиқоди мардум берун рафтанд, ба барангехтани кинаву адоват ва ба дасисабозиҳои навбатӣ сар кардаанд. Имрӯз халқи Тоҷикистон хуб медонанд, ки паси ин дасисабозиҳо ниятҳои нопоки шахсони ғараздор ниҳон аст .
Имрӯзҳо баъди намоишҳои телевизионӣ мардум ба ҳайрат мемонанд, ки бозиҳои паси пардагии онҳо бо кадом мақсад будаанд, онҳо ба қатлу куштори одамони бегуноҳ, ҳатто ҳодимони барӯманди илмию сиёсӣ ва фарҳангӣ даст доштаанду имрӯз худро “мусичаи бегуноҳ” медонанду боз даъвои ба асос менамоянд. Баёнияе, ки онҳо дар шаҳри Варшова (Лаҳистон ) қабул карданд, комилан нодуруст, бардурӯғ, иғвоангез ва туҳмат нок мебошад. Онҳо дар ибтидои ин баёния худро шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ кардаанд, вале дар асл душманони ин миллат ва муқобили арзишҳои миллии моянд. Модари тоҷик дар тӯли таърих фарзандони ватандӯсту ватанпавар ба дунё овардаанд, на иғвогару дасисабоз, онҳо худро ҳуқуқи маънавии фарзанди тоҷик гуфтан надоранд. Бо боварии комил гуфта метавонем, ки мо мардуми Тоҷикистон фирефтаи ягон шахсони иғвогар намешавем, сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллатро пурра ҷонибдорӣ намуда дар атрофи ӯ муттаҳид мешавем.
Ҷ. Раҳимов директори МТМУ №31