Main menu

ЯКДИЛУ ЯКТАН БОШЕМ

       -«Онҳое, ки исломро ба воситаи мубориза барои қудрат табдил медиҳанд ва даъвои ҳукумати ба номи Исломӣ доранд, бехабаранд, ки дар ин роҳ имон, эътиқод ва виҷдонашонро бо ғаразҳои нопок омехта мегардонанд ва манбаи тарбияи инсони комилро аз даст медиҳанд»

                                                                                                 Эмомалӣ Раҳмон

           Вале имрўз роҳбари ҳизби мамнуъшудаи ҲНИТ Мухиддин Кабирӣ аз минбарҳои баланди давлатҳои хориҷ  воизӣ намуда, зери ниқоби дини ислом суханронӣ карда, баҳри амалӣ гардонидани ниятҳои нопоки худ мафкураи мардуми гумроҳ ва ҷавононро заҳролуд намуда, муҳтавои дини исломро аз нигоҳи ғаразноки худашон шарҳ медиҳанд.

            Имрўз равияҳои «Ваҳҳобия», «Салафия», «»Ҳизб-ут- таҳрир» мафкураи насли наврасро вайрон карда, онҳоро барои даст задан ба куштор, хонумонсўзӣ ва дигар корҳои мудҳиш, ваҳшониятгарӣ ҳидоят мекунанд.

         Ҷавонон  бо сабаби надоштани таҷриба дар зиндагӣ  ва бехабарию камогоҳӣ аз таълимоти диниву илмҳои муосир ба зудӣ таҳти таъсири ақидаҳои ин гуна ҷараёну ҳаракатҳо метавонанд қарор гиранд.

          Қайд кардан зарур аст, Тоҷикистони офтобрўя, як мамлакати биҳиштосо, мардумаш осуда,  боигариаш зиёда, обҳояш шаффофу тоза ва ҳазорон мардумаш, ки «лаззати» ғарибиро чашидаанд, боз ба гуфтаҳои Кабирӣ ва атрофиёнаш бовар кунанд?

        Муҳиддин Кабирӣ дар Варшава боз тарафдорон пайдо карда номи ҳизбро аз ҲНИТ ба «Паймони миллӣ» табдил дода, боз чун решаи ноаён сар аз замин бароварда истодааст.

         Ҳама дарк мекунанд, ки дар мамлакати ҳамсояи мо Афғонистон гурўҳҳои мухолиф  даҳсолаҳо байни ҳам ҷангида истодаанд. Дар Сурияву Ироқ низ вазъ аз Афғонистон беҳтар нест.

         Магар мардуми огаҳ аз ғарибӣ, азобу уқубатҳои дар кишвари бегона кашида, фарзанду  падару  модар ва хешу  акрабояшонро аз даст дода боз мехоҳанд хонавайрон шаванд? Ҳаргиз, не!

         Чунон ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармудааст: «Танҳо иттиҳоду сарҷамъии халқи Тоҷикистон ва наслҳои имрўзу фардои он дар атрофи арзишҳои бунёдии давлатдории миллӣ ва ғояҳои созандаи давлат на танҳо халқи моро аз таъсири манфии офату иллатҳои маънавию сиёсии замона барои садсолаҳо ҳифз менамояд, балки инчунин тоҷиконро ба ҷаҳониён ҳамчун миллати воқеан бостонӣ ва соҳибмаърифату тамаддунсоз муаррифӣ мекунад”.

            Пас, бояд якдилу як тан шавему ба сар зада баромадани «Решаҳои ноаён» роҳ надиҳем.

 Ш. Сайдалиев мушовири шуъбаи маориф

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735180   ноҳияи  Шаҳритуз

кӯчаи И.Сомонӣ №51

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз