- Асосӣ
- Раиси ноҳия
- Мақомоти иҷроия
- Мақомоти намояндагӣ
- Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
- Қонунҳо
- КОДЕКСИ МЕҲНАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОДЕКСИ ОДОБИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия
- Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ДАР БОРАИ ТАРТИБИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ СОХТИ МАРЗИВУ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи хизмати давлатӣ
- Қарорҳои маҷлиси вакилони халқ
- Қарорҳои раиси ноҳия
- Қонунҳо
- Муроҷиати шаҳрвандон
- STATEMENT Following the Meeting of the Special Services of Iran, Kazakhstan, China, Pakistan, Russia, Tajikistan and Uzbekistan
- Дастгоҳи раиси ноҳия
- Наимова Раҷамо модари Сангова Сумая духтаре, ки Кури Юнус фиребаш дод
- ПОЙТАХТИ ДАВЛАТ ВА ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛАТ
Хатари мазҳабфурӯшон барои сулҳу суботи Тоҷикистон
Чор, 09/19/2018 - 09:01
Ба номи Худованди меҳрубоне, ки раҳмати худро барои Тоҷикистон фуруд овард ва файзу баракату меҳру муҳаббатро барои мардуми Тоҷикистон зиёд кард ва ҷавонмарди оқилу доноеро барои мардум ихтиёр кард то ватану миллати роҳгумзадаро аз нест шудан бираҳонад. Сулҳу салоҳ амну субот барои инсон неъмати бузургест, ки бидуни он ҳаёти хешро бо роҳи саодатмандию хушбахтии дунёву охират наметавон гузаронид. Ба бахти мардуми мо иҷлосияи 16-ум, даъвати дувоздаҳум Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карданд. Дар симои ин шахси бузург нафареро медиданд, ки Тоҷикистонро маҳз ӯ метавонад аз нестшавӣ ва миллатро аз парокандагӣ раҳо диҳад. Ӯ аз аз рӯзҳои аввали масъулияти роҳбарии кишварро ба души худ гирифтан ба мардуми шарифи Тоҷикистон ваъда дода буд, ки “Ман барои Шумо сулҳ меоварам” ва ҳақиқатан ҳам ӯ ба ваъдааш содиқона вафо кард.
Мавриди зикр аст, ки мо мардуми шарифи Тоҷикистон ба хотири пойдоӣ, устуворӣ ва пешрафти тараққиёти ватанамон аз низом ва роҳбари давлат ҷонибдлорӣ кунем, Худованд дар Қуръони покаш дар сураи Бақара ояи 126-ум мефармояд: “Ва он гоҳ, ки Иброҳим гуфт эй парвардигори ман ин маконро шаҳри боамн бисоз ва аз сокинонаш касеро, ки ба Худо рӯзи қиёмат имон оварад аз меваҳо рӯзи деҳ”
Бубинед, ки паёмбари Худо аввал барои амну амонии маконаш дуо ба даргоҳи Худованд кард баъд барои ризқу рӯзиашон, чунки амну амонӣ, сулҳу субот ин неъмати худовандӣ аст. Роҳбари роҳгумзадаи ТЭТ ҲНИТ, Кабирӣ ва пайравонаш ба ҷои он ки даст ба дуо бардорранд то ин сулҳу субот поянда бошад ва онҳо низ ба гуноҳи худ иқрор гаштаву мисли дигарон ба монанди Саид Қиёмиддини Ғозӣ ва Сатторов Аёмиддин аз мардуми кишвар барои гуноҳи содиркардаашон узр пурсанд ва ба ватан баргарданд, баръакс ин ватанфурӯшони мазҳабфурӯш имрӯз аз хориҷи кишвар истода ба сари миллату ватан санги маломат зада истодаанд, ки ин гуноҳест ба ҳеҷ ваҷҳ нобахшиданӣ. Муҳиддин Кабирӣ имрӯз дар Варшава (Лаҳистон) ҳизбро номгузории нав намуда бо номи “Паймони миллӣ”ва онро ба қайд гирифта мехоҳад ба ин восита амалҳои нопоки хешро амалӣ созад, вале ин амалҳо ба ҷузъ аҳамқӣ дигар суде надоранд. Як замоне роҳбари роҳгумзадаи ТЭТ ҲНИТ, Кабирӣ ва пайравонаш аз ҲНИТ ҷонибдорӣ менамуданд, вале ҳодисаҳои нангину хунини солҳои охир собит сохтанд, ки онҳо исломи ҳақиқиро ҳамчун ниқоб истифода мекардаанду худ мазҳабфурӯш ё ба ибораи дигар шиамазҳаб будаанд. Дар амалиётҳои худ танҳо барои ба даст овардани қудрату сарват ҷонкоҳӣ намуда парвои миллату халқ надоштаанд.
“Паёмбари гиромии Ислом фармудаанд, Агар Шумо як қавме ҳастед, ки байни Шумо сулҳу суботу амн аст, аммо як шахсе мехоҳад, ки ин сулҳу суботи Шуморо бар ҳам занад, байни Шумо тафриқа андозад ин шахсро бо шамшер гарданашро занед ё ба дор овезед то ин хатар аз Шумо дур шавад ва сулҳу суботи Шумо пойдор бимонад.”
Роҳбари роҳгумзадаи ТЭТ ҲНИТ, Кабирӣ ва пайравонаш як бор ватану миллатро ба хоку хун кашиданд, мардуми овораю сарсону саргадони тоҷик аз Тоҷикистон то Афғонистон чи қадар қабристонҳо ташкил намудаву мурдагони хешро дар он қабристонҳо ҷой доданд ва ҳоло аз он қабристонҳо қариб нишонае ҳам намондааст, фарзандоне, ки падару модар гум кардаанд ё падару модаре, ки ҷигаргӯшаҳояшонро аз даст доданнд имконияти ба сари гури онҳо рафтану як каф дуо хонданро надоранд. Ба ин ҳама роҳбарони ТЭТ ҲНИТ бо сарварии Муҳиддин Кабирӣ гунаҳкоранд, амалу кирдори ин мазҳабфурӯшонро на халқ мебахшаду на ватан.
Имрӯз ин ватанфурӯшону мазҳабфурӯшон боз мақсад доранд ба ТЭТ ҲНИТ ҷомаи нав пушонида ба арсаи сиёсат бозгарданд, вале ин таҷрибаро роҳбари давлати Тоҷикистон ва мардуми шарафмандаш на якбору дубор дидааст. Баъди ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ бо иттиҳодияи мухолифин мо худ шоҳид будем, ки онҳо чиҳо ваъда дода буданд. Ҳатто роҳбари давлат барои онҳо имконият пеш овард то ки онҳо ҲНИТ-ро аз сари нав ба қайд гиранд вале билохира дар либоси дустӣ кори душман карданд. Ин таҷриба мо ходимони динро ҳушёр медиҳад, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, фарзандонро дар рӯҳияи ватандустӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ тарбия намоем то ин ки дар оянда ҳодисаҳои нангину хунине, ки шуда гузашт боз такрор наёбанд.
Моро ҳам фарзу ҳам суннат аст, ки ёру дӯстон, хешу ақрабо минҷумла тамоми ҳамватанонро аз дасисаҳои гурҳҳои террористӣ, ҳизбу ҳаракатҳои ба ном исломӣ ва хоинони миллат огоҳ созем. Бигузор тамоми мардум ва миллат донад, ки ин ҳизбиён ҳамон касоне мебошанд, ки як бор ватану миллатро ба хоку хун кашиданд, зиёда 150 ҳзор мардуми бегуноҳро ба қатл расониданд даҳҳоҳазор кудаконро зинда ятитм намуданд, зиёда аз 2 миллион нафар бехонумон, дарбадару фирорӣ гаштанд. Дигар ҳоҷҷат ба муарифии ин мазҳабфурӯшон намондааст халқ худ онҳоро хуб мешиносад, агар сад ҷомаи нав ба бар кунанду ниқоб дигар ин бефоида аст. Нотинҷию норомиҳои кишварҳои дигар барои мардуми Тоҷикистон сабақи зиндагист.ва худ шоҳиди ин ҳолатҳо буданд. Мо ходимони дин дар байни мардум ҳастем ва мунтазам барои мардум мефаҳмонем, ки ҳазорон шукргузорӣ аз тинҷию сулҳу суботи кишвар ва роҳбари оқилу донои тақдимнамудаи Худованд кунанд, ки чунин давлати тинҷу осоиштаро ба ном Тоҷикистон барои мову Шумо насиб гардонидааст.
Мо ҳамеша дуогӯи он ҳастем, ки Худованд сулҳу субот ва амнияти ватани азизамонро абадулдаҳр пойдор бимонад, роҳбари кишвари маҳбубамон, Пешвои муаззами миллат, Сарвари тоҷикони ҷаҳон, Эмомалӣ раҳмонро аз тамоми балоҳои заминию осмонӣ дар паноҳи исмати хеш нигоҳбон бошад, фарзандони моро меросбари диёри маҳбуб сохта душманони моро хору залил гардонад
М.Гадоев Имомхатиби масҷиди ҷомеаи
ба номи Ҳазрати “Алӣ”
Ҷамоати деҳоти ба номи Ҷ.Назаров