- Асосӣ
- Раиси ноҳия
- Мақомоти иҷроия
- Мақомоти намояндагӣ
- Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
- Қонунҳо
- КОДЕКСИ МЕҲНАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОДЕКСИ ОДОБИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия
- Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ДАР БОРАИ ТАРТИБИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ СОХТИ МАРЗИВУ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи хизмати давлатӣ
- Қарорҳои маҷлиси вакилони халқ
- Қарорҳои раиси ноҳия
- Қонунҳо
- Муроҷиати шаҳрвандон
- STATEMENT Following the Meeting of the Special Services of Iran, Kazakhstan, China, Pakistan, Russia, Tajikistan and Uzbekistan
- Дастгоҳи раиси ноҳия
- Наимова Раҷамо модари Сангова Сумая духтаре, ки Кури Юнус фиребаш дод
- ПОЙТАХТИ ДАВЛАТ ВА ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛАТ
ҲЭТ ҲНИ дар ҷомаи нав, вале бо мақсади пешина!
Пан, 09/20/2018 - 18:31
Ба номи Худованди бахшандаву меҳрубон, ки раҳмати худро барои кишвари маҳбубамон Тоҷикистон фуруд овард ва файзу баракату меҳру муҳаббатро барои мардуми Тоҷикистон фаровонӣ кард ва фарзанди фарзонаи оқилу доноеро барои мардум ато намуд то ватану миллати роҳгумзадаро аз нестшавию парокандагӣ раҳо намояд. Имрӯз мо мардуми шарафманди Тоҷикистон шукрона аз он мекунем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки баъди заҳматҳои шабонарӯзии зиёде кишвари маҳбуби моро аз нестшавӣ ва миллати тамадунофари моро аз парокандагӣ раҳо намуда Тоҷикистон ва миллати тоҷикро дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати дар ҳоли рушд нишон диҳад ва онро ба ҷаҳониён муарифӣ намояд. Ҳақиқиати ҳол аст, ки имрӯз Тоҷикистонро зиёда аз 180 давлати дунё ба расмият шинохтаву бо он равобити хуби сиёсӣ, иқтисдию иҷтимоӣ ва ҳамкорӣ доранд.
Вале мутаассифона имрӯз нафароне пайдо шудаанд, ки аз хориҷи кишвар истода мехоҳанд ба сари мардуми Тоҷикистон санги маломат ҳаво додаю ба сулҳу суботи кишвар халал ворид намоянд. Инҳо аз зумраи ашхосе мебошанд, ки миллату Ватан барои онҳо арзише надорад. Агар дурустар таҳлил кунем шояд онҳо аз ин ватану миллат низ набошанд. Таърих гувоҳ аст, ки ин нохалафон, манзурам нафароне, ки аз ниқоби ислом дар солҳои 90-уми асри гузашта истифода бурдаву зери роҳбарии ҲНИТ, миллату меҳанро ба хоку хун кашида ватанро ба нестӣ ва миллатро ба парокандагӣ бурданӣ буданд боз ба арсаи сиёсат баргаштаву мехоҳанд дуюмбора дар Тоҷикистон мақсадҳои нопоки хоҷагони хориҷии худро амалӣ гардонанд. Алҳақ онҳо аз хоҷагони хориҷии худ маблғҳои калони ҳангуфт гирифтаанд то хостаҳои онҳоро дар Тоҷикистон амалӣ гардонанд вале ба мақсад нарасиданд, имрӯз хоҷагони хориҷиашон аз онҳо ҷуброни ин маблағҳоро талаб када истодаанд. Роҳбари ҲЭТ ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ ва дигар ҳамаслаконаш, ки ин маблағҳои ҳангуфтро суйистифода намудаву мақсади нопоки худро дар Тоҷикистон амалӣ карда натавонистанд, акнун аз Тоҷикистон фирор кардаву аз тарси ҷон дари созмонҳои Ҳуқуқи башарро куфта истода худро ҳамчун солимфикрону озодандешон ва бо ном демократҳое, ки ҷонашон дар хатар аст муарифӣ намуда истодаанд. Вале ҳамаи ин бозиҳои пасипардагӣ фикр мекунем бефоида буда алакай ҳодисаҳои қарни гузаштаи солҳо 90-ум дар Тоҷикистон аз лиҳози таърих аз ҷониби рӯзноманигорон ва таҳлилгарони дохилию хориҷӣ баҳогузорӣ гардидаю кӣ будани ин тоифа ба ҷаҳониён маълум гардидааст.
Ба шумо гуфтанием, ки “Зурии беҳуда миён мешиканад”, ҳаммаслакони Шумо Саид Қиёмиддини Ғозӣ, Сатторов Айёмиддин аз ҳамкорӣ бо Шумо аз кардаи худ пушаймон гаштаву имрӯз ба Ватан баргашта аз миллату меҳан узрпурсӣ намуда дар хоки Ватан умр ба сар бурда истодаанд. Ҳоло ҳам дер нашудааст Шумо низ агар худро зодаи ҳамин ватану решапайванди миллат меҳисобед пас баргардед ба Ватан, Тоҷикистону миллати тоҷик бисёр пушаймонгаштаҳоро дидаст, онҳоро қабул намудааст ва ба ин васила нишон додааст, ки миллати тоҷик, миллати тамадунофар аст аз гуноҳи якдигар гузаштану якдигарро ба оғуш гирифтан ва дар роҳи дуруст ҳидоят намудан яке аз фазилатҳои ҳамидаи ин миллати таърихӣ бо сарвари оқилу донояш мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳидоятҳои Имоми Аъзаму мазҳаби ҳанафӣ мебошад, ки Худованд инро барои мову Шумо ҳадя намудааст.
Дар урфият барҳақ гуфтаанд “Ба умеди оши ҳамсоя турбтарошӣ кардан лозим нест” ҳар мақсадеро, ки Шумо дар дил доред агар аз рӯи фикри солим, боандешона, барои рушди мнбаъдаи кишвар зарур, тақвиятгари сулҳу суботи кишвар, ифодагари таъриху тамаддуни миллат бошанд танҳо дар ватани худ амалӣ карда метавонед. Дигарон танҳо метавонанд дар байни мо тафриқа андозанд моро ба ҳамдигар душман кунанд ё ба ибораи дигар обро лой намуда моҳӣ доранд.
Боқӣ дар охир даст ба дуо мебардорем, Худованди бузург роҳгумзадагони моро ба роҳи рост ҳидоят гардонӣ, душманони миллати моро хору залил, Роҳбари давлати мо ва роҳбари тамоми тоҷикони рӯи оламро, ки барои тоҷикону тоҷикистониён чунин як кишвари тенҷу осоишта ва барои мардумаш зиндагии шоистаро бо хости Шумо таъсис додааст дар паноҳи исмати хеш нигоҳбонаш бошӣ.
Ҳ. Муродов сархатиби масҷиди
марказии ноҳия