- Асосӣ
- Раиси ноҳия
- Мақомоти иҷроия
- Мақомоти намояндагӣ
- Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
- Қонунҳо
- КОДЕКСИ МЕҲНАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОДЕКСИ ОДОБИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия
- Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ДАР БОРАИ ТАРТИБИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ СОХТИ МАРЗИВУ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи хизмати давлатӣ
- Қарорҳои маҷлиси вакилони халқ
- Қарорҳои раиси ноҳия
- Қонунҳо
- Муроҷиати шаҳрвандон
- STATEMENT Following the Meeting of the Special Services of Iran, Kazakhstan, China, Pakistan, Russia, Tajikistan and Uzbekistan
- Дастгоҳи раиси ноҳия
- Наимова Раҷамо модари Сангова Сумая духтаре, ки Кури Юнус фиребаш дод
- ПОЙТАХТИ ДАВЛАТ ВА ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛАТ
Қабули сайёри шаҳрвандон Вохӯрии раиси вилоят бо сокинони ноҳияҳои Шаҳритузу Носири Хусрав ва Қубодиён
Душ, 09/24/2018 - 18:47
22 сентябр-рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар доираи рӯзҳои қабули шаҳрвандон ба ноҳияи Шаҳритуз сафар намуда, дар толори Қасри фарҳанги ноҳия бо гуруҳи шаҳрвандони ноҳияҳои Шаҳритузу Носири Хусрав ва Қубодиён вохӯрда, бо арзу дархостҳои онҳо аз наздик ошно шуд.Қобили қайд аст аст, ки дар қатори дигарон иддае аз шаҳрвандони ноҳияи Шаҳритуз ҳам ба дархосту пешниҳодоти хеш посухҳои мушаххас ва ҷавобҳои қаноатбахш гирифта, ба раиси вилоят самимона изҳори сипос намуданд.
Чунончи, Анора Шарипова, раиси маҳаллаи Бобоҷон Ғафурови ҷамоати шаҳраки Шаҳритуз дархост намуд, ки раиси вилоят мусоидат намояд, то мардуми ноҳияи Шаҳритуз, аз он ҷумла сокинони маркази ноҳия низ аз тамошои барномаҳои телевизиони вилояти Хатлон баҳравар шаванд. Сокини деҳаи «Қахрамон»-и ҷамоати деҳоти ба номи Х.Холматов, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳияи Шаҳритуз Насриддин Ғуломҳайдаров таваҷҷуҳи раиси вилоятро ба купрӯки болои дарёи Кофарниҳон, ки ноҳияҳои Шаҳритузу Носири Хусрав ва Ҷумҳурии Ӯзбекистонро бо ноҳияи Қубодиёну дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон пайвастаю аҳамияти стратегӣ дорад, ҷалб намуд.Ӯ қайд кард, ки купрӯки мазкур солҳои 50-уми асри гузашта сохта шуда, алҳол дар ҳолати садамавӣ қарор доштаю ба таъмири асосӣ ниёз дорад.
Сарвари хоҷагии деҳқонии «Идибек»-и ҷамоати деҳоти ба номи Т.Садриддинов Махфират Сайраҳмонова ба роҳбари вилоят арз кард, ки солҳои охир дар натиҷаи селу боронгариҳои баҳорӣ ва обхезии дарёи Кофарниҳои заминҳои дар соҳилҳои дарё дар қаламрави ҷамоатҳои деҳоти ба номи Т.Садриддинов ва Ҷ.Назаров ҷойгиршуда хароб гардида, чандин нафар шаҳрвандон аз қитъаҳои киштбоби хеш маҳрум шуда, хисороти зиёд мебинанд. Директори муассисаи зотпарварии хоҷагии ба номи Ю.Гагарини ҷамоати деҳоти Пахтаобод Ҳикмат Давлатов ба самъи раиси вилоят расонид, ки дар ҳисоби муассисаи мазкур беш аз 18 ҳазор сар чорвои хурд мавҷуд асту раиси вилоят дастгирию мусоидат намояд, то барои чаронидаи чорво дар майдони 66 гектар замини ноҳияи Шаҳритуз, ки алҳол дар тавозуни шаҳри Турсунзода қарор дорад, имконият пайдо намоянд.
Сокини деҳаи Асомуддин Муродови ҷамоати деҳоти ба номи Ҷ.Назаров Маҳмадшо Гадоев диққати раиси вилоятро ба симчӯбҳое ҷалб намуд, ки солҳои 60-уми асри гузашта насб шудаю дар ҳудуди ҷамоати мазкур то деҳаи Айвоҷ дар масофаи 23 км тӯл кашида, дар ҳолати садамавӣ қарор доштаю ба навсозӣ эҳтиёҷ доранд. Сокини шаҳраки Шаҳритуз, духтури собиқадори гӯшу гулӯю бинии Сохтори госпиталии ноҳия, номзади илми тиб Қамбар Авазов аз таҷҳизоти тиббии «Плюграфия» таъмин набудани ноҳия изҳори нигаронӣ намуда, аз раиси вилоят дархости дастгирию мадад намуд.
Раиси маҳаллаи деҳаи «Ватан»-и ҷамоати деҳоти «Обшорон» Малика Худойбердиева аз раиси вилоят дархост кард, ки ба сокинони маҳаллаи навбунёди деҳаи «Ватан»-и ҷамоати мазкур, ки 5 сол инҷониб аз хати барқу оби нӯшокӣ маҳруманд, дасти мадади худро дароз намояд, то ки аз азоби бебарқию беобӣ раҳо ёбанд. Сокини деҳаи «Чорбоғ»-и ҷамоати деҳоти «Пахтаобод», соҳабкори маъруф Олимҷон Қурбонов аз раиси вилоят хоҳиш намуд, ки барои таъмини осоишгоҳи хусусии бунёднамудааш дар деҳаи «Чорбоғ» бо мутахассисони соҳаи тиб мусоидат намуда, барои аз ноҳияи Ҷайҳун дастрас намудани мум ё худ асфалти гарм бо мақсади мумфарш кардани 5 км роҳи мошингарди ҷамоати деҳоти «Пахтаобод» кӯмаки амалиашро дареғ надорад.
Раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода баъди шунидани арзу дархости шаҳрвандон ва муваззаф кардани масъулони вилоятию ноҳиявӣ баҳри баррасию ҳаллу фасли онҳо дар доираи иммкониятҳои мавҷуда, таваҷҷуҳи ҳамагонро ба вазъи иқтисодию иҷтимоии ноҳияҳои минтақа аз он ҷумла ноҳияи Шаҳритуз, омодагиҳо барои созовор истиқбол гирифтани ҷашни умумимиллии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии ҷавонон аз шомил шудан ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ ва ғайра ҷалб намуд.
Дар баромади раиси вилоят қайд гардид, ки дар ноҳияи Шаҳритуз бо вуҷуди баъзе пешравию муваффақиятҳо камбудиҳои ҷиддӣ низ ҷой доранд. Чунончи дар самти таъмини буҷети ноҳия нақшаи андоз аз андозбандии иҷтимоӣ, истифодабарии роҳ ва андоз аз воситаҳои нақлиёт иҷро нагардидааст. Рафти пахтачинӣ ва суръати он дар ноҳия ба талаб ҷавобгӯ набуда, раисони ҷамоатҳои деҳот нисбати хоҷагиҳои деҳқонӣ бепарвоӣ зоҳир мекунанд.Иштироки пахтачинҳо дар се ноҳия дар ҷамъоварии ҳосили «тиллои сафед» ҳамгӣ 35-43 фоизро ташкил медиҳад. Дар ноҳия асосан аз ҷониби ташкилотҳои маблағгузории хурд ба мардум ба маблағи 44 миллион сомонӣ пул қарз дода шудааст, ки басанда нест. Ба таъкиди раиси вилоят фаъолияти блоки иқтисодии ноҳия низ қаноатбахш набуда, дар ин муддат аз ҷониби шуъбаи сармоягузорӣ ва амволи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҳамагӣ як Лоиҳа пешниҳод гардидааст, ки нисбат ба теъдоди пешниҳод намудаи Лоиҳаҳои ноҳияҳои дигари вилоят хеле ночиз мебошад.
Раиси вилоят аз он изҳори нигаронӣ кард, ки дар 8 моҳи сипарӣ шуда 34 ҳолати содир шудани ҷиноят аз тарафи ҷавонон, 23 адад ҳолати ҷиноят аз тарафи занон, 82 ҳолати бекор кардани ақди никоҳ (нисбат ба соли 2017 -17 адад зиёд) ба қайд гирифта шудааст. Д.Гулмаҳмадзода иброз дошт, ки соли ҷорӣ тариқи имтиҳонсупорӣ ба воситаи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ноҳияи Ёвон 90 фоизи хатмкунандагон ба мактаҳои олӣ ва муассисаҳои дигари таҳсилотии кишвар дохил шуда бошанд ҳам ин нишондод дар ноҳияи Шаҳритуз хеле паст аст. Аз ин лиҳоз кормандони соҳаи маорифи ноҳияро мебояд муносибату корбариро бо шогирдон ба таври ҷиддӣ роҳандозӣ намоянд.
Раиси вилоят зимни суханорниаш инчунин ба рушди туризм ва эҳёи ҳунарҳои мардуми, саноат,фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳамкорӣ бо ниҳоди мазкур, афзун намудани истеҳтесоли маҳсулоти кишоварзӣ ва ривоҷи содироти он ба дохилу хориҷи ҷумҳурӣ ва ғайра диқкати ҳозиринро ҷалб намуда, дар анҷом изҳори боварӣ кард, ки сокинони ноҳияҳои Шаҳритузу Носири Хусрав ва Қубодиён ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо камоли масъулият, эҳсоси баланди ватандорӣ ва бо дастовезҳои арзандаи меҳнатӣ истиқбол менамоянд.
Азизи Фаттоҳ