Main menu

Барои мардум аз ҳама муҳимтар суботи иҷтимоӣ ва сулҳу оромӣ мебошад

              Яке аз олимони бузурги Юнон Плутарх гуфтааст: «Хоинон пеш аз ҳама худашонро мефурўшанд». Ин мақол, ки як дунё маънӣ дорад, бешак дар мавриди он нафароне, ки солҳо боз ба худфурўшиву ватанфурўшӣ ва хиёнат ба миллат машғуланд, хеле созгор аст. Аз замони табаддулоти нофарҷоми ТТЭ ҲНИ инак соли саввум сипарӣ мешавад. Ин гурӯҳи терористии хиёнатпеша, ки аз роҳҳои қонунӣ ба даст овардани қудрати сиёсиро натавонист ва дар интихоботи парлумонии соли 2015 ду курсии дар парлумондоштаро аз даст дод, шеваҳои дигари фаъолиятро истифода кард. Роҳбарони ТТЭ ҲНИ бо роҳи мағзшўӣ ва истифода аз силоҳ хостанд дубора кишварро бо хуну хок барангезанд. Саркардагони ин ҳизб, ки дар дарозои замони мавҷудияти хеш кореро ба ҷуз аз хиёнат ба миллат анҷом надода буданд ва ҳамеша аъмоли онҳо зидди озодӣ ва истиқлоли миллӣ буд, бори дигар хиёнат намуданд. Воқеан, дар нафари беҳувият ва дастнишондодаи хориҷиён ҳеҷ вақт озодӣ ва хештаншиносии миллӣ мавҷуд нест, барояш ҳеч арзише илло арзиши иҷроиши дастури сармоягузоронаш вуҷуд надорад. Ҳамин аст, ки ин нафарон ҳатто дарк накарда буданд, ки он замон мардуми кишвар дар марҳилаи омодагӣ ба ҷашни муҳими миллӣ   24-солагии Истиқлолияти давлатӣ қарор дошт. Ба ин нигоҳ накарда наҳзатиҳо дар арафаи ҳамин ҷашни муқаддас даст ба куштору хунрезӣ ва табадуллоти давлатӣ заданд. Саркардагони ин ташкилоти террористӣ гумон мекарданд, ки аз ҷониби мардум дастгирӣ меёбанд ва аъмоли касифонаи солҳои 90-ум содирнамудаи худро такрор мекунанд.  Хушбахтона мардуми шарифи Тоҷикистон бар зидди ин нияти бади наҳзатиҳо бархостанд, зеро ҷиноятҳои зиддиинсонӣ ва зиддимиллии ин ташкилоти террористиро, ки сабаби ҷанги шаҳрвандӣ гардида боиси марги 150 ҳазор сокинони кишвар шуд, ҳеҷ гоҳ фаромўш накардаанд. 

             Ин ташкилоти террористӣ пас аз ба имзо расидани созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ ҳам аз ғаразу ҷамоатҳои хеш даст накашида ба тарзи мудавом ба террори ваҳдатӣ машғул шуд ва аз озодиву имконҳое, ки дар заминаи ин созишнома ба даст оварда буданд, истифода карда, кӯшид то ҷомеаро сахт мазҳабиву хурофотӣ ва таассубзада намояд. Афкори пучу бемояи ин ҳизб зеҳни ҳазорон ҷавононро мағзшӯи намуда, сабаби ба гурӯҳҳои террористӣ пайваст шудани онҳо гардид. Қудратталабиву ғасби ҳокимияти  сиёсӣ бо мақсади бунёди ҷомеаи демократӣ аз ҷониби кишварҳои муайяни хориҷӣ барои саркардагони ин ташаккула ҳамчун ҳадафи асосӣ қарор гирифта буд.

            Аз тарафи дигар барои ин нафарон худи шинохти миллат дар дидгоҳи танг ва маҳдуд дақиқ дар шакли маҳалгароӣ ва дину мазҳаб фаҳмида мешуд. Саркардагони ҷиноятпешаи ин ташкилоти террористӣ, ки дар хориҷи кишвар паноҳ мебаранд, ҳокимияти феълиро ба нағзи созишномаи  сулҳ ва ризоияти миллӣ иттиқом мезананд. Ҳол он ки аксари қонуншиканиҳо ва ноором сохтанхои вазъи ҷомеа аз ҷониби аъзо ва раёсати ТТЭ ҲНИ коргардонӣ шудааст. Аз ин рӯ, дар поймол кардани принсипҳои созишномаи сулҳ низ иттиқоми асосӣ ба худи ТТЭ ҲНИ бармегардад ва равшантарин далели он Абдуҳалим Назарзода аст, ки  бо дастури ТТЭ ҲНИ даст ба силоҳ бурд ва боиси куштору хунрезӣ гардид.  Аҳли ҷомеа ва мардуми шарифи Тоҷикистон дигар ба афсонаҳои ТТЭ ҲНИ бовар надорад. Барои мардум аз ҳама муҳимтар суботи иҷтимоӣ ва сулҳу оромӣ  мебошад. Ба ҳама маълум гардидааст, ки даъвату гӯишҳои раёсати ин ҳизб на роҳнамоикунанда, балки гумроҳкунандаанд.

          Дар 27 соли Истиқлол низ мо борҳо шоҳиди хиёнат гардидем, ки аз тарафи наҳзатиҳо сар задаанд.  Имрўз ҳар фарди миллатро зарур аст, ки чунин амали ноҷавонмардонаро маҳкум намояд ва ҳамагӣ дастаҷамъона ин арзишҳои олии сиёсӣ, яъне Истиқлолияти давлатӣ ва Вҳдати миллиро ҳифз намоем ва пояҳои онҳоро таҳким бахшем. Ҳанўз дар бомдоди Истиқлолият душманону бадхоҳҳони миллат, яъне наҳзатиҳо барои аз байн бурдани давлати тозаистиқлоли тоҷикон саъю талош карданд ва давлату миллатро дар вартаи нобудӣ қарор доданд. Бо кўшишу заҳматҳои фарзандони бедордилу ватандўст пас аз панҷ соли нобасомониҳо мо дубора ба сулҳу истиқлол расидем. Ин ҷанги бемаънии бародаркуш боиси марги садҳо ҳазор гардид ва камари  иқтисодии ҷомеаро шикаст. Ҳанўз ҳам ашки модарони фарзандгумкарда ва ғуссаи фарзандони падару модар гумкарда  поён наёфтааст. Табиати ҷанг ҳамеша вайронӣ ва қатлу куштор аст.

             Хушбахтона, аз солҳои 2000-ум мардуми Тоҷикистон  дар фазои сулҳу оромӣ ба сар мебаранд ва зина ба зина иқтисоди кишвар рушд мекунад ва масъалаҳои иҷтимоӣ ҳалли худро пайдо мекунанд. Ҳамаи мушкилотро мо танҳо дар сулҳу осоиштагӣ бароварда карда метавонем. Аз ин рӯ, ҳар фарди миллатро зарур аст масъулиятшиносона ва содиқона вазифаи хешро анҷом диҳад. Сулҳу суботи кишварро чун гаҳвараки чашм ҳимоя намояд ва бар зидди душманони миллат – роҳбарони ТТЭ ҲНИ, муттаҳид бошанд.

У. Сафарова, мушовири шуъбаи маориф

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735180   ноҳияи  Шаҳритуз

кӯчаи И.Сомонӣ №51

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз