- Асосӣ
- Раиси ноҳия
- Мақомоти иҷроия
- Мақомоти намояндагӣ
- Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
- Қонунҳо
- КОДЕКСИ МЕҲНАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОДЕКСИ ОДОБИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия
- Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ДАР БОРАИ ТАРТИБИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ СОХТИ МАРЗИВУ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи хизмати давлатӣ
- Қарорҳои маҷлиси вакилони халқ
- Қарорҳои раиси ноҳия
- Қонунҳо
- Муроҷиати шаҳрвандон
- STATEMENT Following the Meeting of the Special Services of Iran, Kazakhstan, China, Pakistan, Russia, Tajikistan and Uzbekistan
- Дастгоҳи раиси ноҳия
- Наимова Раҷамо модари Сангова Сумая духтаре, ки Кури Юнус фиребаш дод
- ПОЙТАХТИ ДАВЛАТ ВА ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛАТ
Мулоқоти гуруҳи корӣ бо аҳли ҷомеа
Душ, 11/26/2018 - 12:29
Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳо ва расонидани мазмуну муҳтавои суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумњурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо зиёиёни кишвар рузи 12 майи соли ҷорӣ, инчунин дар доираи нақша чорабиниҳои Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020 баргузор гардида буд, гуруҳи корӣ бо иштироки муовини раиси ноҳияи Шаҳритуз М. Раҷабзода, котиби илмии маркази исломшиносии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маромбеков Маромбек, мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии вилояти Хатлон Шарифзода Сафар Бозор, ёрдамчии прокурори ноҳияи Шаҳритуз Абдуллозода Аҳмадулло Убайдулло, Одинаев котиби шурои мутобиқсозӣ оид ба тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон дар маҷлисгоҳи ҷамоати деҳоти ба номи Х. Холматов деҳаи Қаҳрамон бо эмомхатибони масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақта, омузгорон, соҳибкорон, ҷавонон ва дигар қишри ҷомеа суҳбату вохурӣ доир намуданд.
Вохуриро муовини раиси ноҳияи Шаҳритуз М. Раҷабзода оғоз намуда, ҳозиринро бо ҷашнвораҳои миллию сиёсӣ Рузи Президент Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба истифода додани чархаи аввали Неругоҳи Барқӣ Обии Роғун инчунин бо фарорасии Рузи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуд.
Сипас риштаи суханро Маромбеков Маромбек, котиби илмии маркази исломшиносии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст гирифта, қайд намуд, ки ин ҳама саодате, ки мо мардуми шарафманди Тоҷикистон имруз соҳиб гаштаем ин бо заҳмату талош ва пешбариҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Бояд ёдовар шавем, ки як ҷузъи офариниши Худованд бандагони худро ин созандагӣ аст, на сузандагӣ. Ин нуқта чандин маротиба дар оёти китоби осмонии мо Қуръони азимушшаън оварда шудааст. Мо имруз набояд, ки бо фикру ақидаи худ касеро мусалмон ва касеро кофар эълон кунем. Ин танҳо дар ҳарими Худованд аст. Танҳо Ӯ медонад ки кадоме аз бандгони Ӯ ба Ӯ наздиктар аст. Дини ки росттар асту қалби ки софтар аст. Тамоми он ҳизбҳое ки хориҷиҳо дар давлатҳои мусалмон ба миён меоран ин танҳо ба хотири миёншикан кардани мардуми ҳамон давлату миллат мебошад. Вагарна аҳли иcлом хуб медонанд, ки дар дини мубини ислом ҳизб қабул нест, ислом ҳизбро намешиносад. Инро ҳамон душманони ислом ба миён овардаанд.
Мақсад аз тамоми ин ҳарфу ҳадисҳо он аст, ки мо мардуми баруманди Тоҷикистон имруз набояд дил ба ҳавои бегона кунем, ба ҳарфи нокасону душманон фирефта шуда модарону хоҳарон, занону духтаронамонро дар миёни алангаи оташ гузорем. Таърих оқибати бегонапарстиву саҳлангориро солҳои 1991-1992 ба мо собит кардааст. Дар ин росто аллома Иқбол чи хуб гуфтаанд, ки:
Худо он миллатеро сарварӣ дод,
Ки тақдираш ба дасти хеш бинвишт,
Ба он миллат сару коре надорад,
Ки деҳқонаш барои дигарон кошт.
Аз ин ҷост ки мо бояд ҳар чи ҳаст нест бояд сараввал барои ободии миллату давлатӣ хеш талош варзем
Баъдан мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии вилояти Хатлон Шарифзода Сафар Бозор, суханронӣ намуда, баён намуд, ки дини мубини Ислом зидди тамоми хушунатҳост, ҳеҷ гоҳ ёвари қатл нест, хунрези нест, золимӣ нест. Имруз бархе аз ҷавонони мо ба мардуме ки авлоди гузаштаашон аз асосгузори дини мубини ислом дар Осиёи миёна аз ҷумла Тоҷикистони мо ҳастанд дарси ислом меомузанд. Дар ҳоле ки худ аз қоидаҳои оддитарини таҳорату намоз бехабаранд. Дар ин маврид баъзе аз падару модарон низ бетараф нестанд. Имруз ба ҳама маълум аст, ки аксарияти ҳамон ҷавононе, ки ба ҳизбҳои террористиву эктремисти шомил гардидаанд, тариқи давлати Руссия аз муҳоҷирати меҳнатӣ буд. Вале ба ҳамаи ин нигоҳ накарда боз барои фиристонидани фарзандони худ ба Руссия мусоидат кардаанд. Тасаввур кунед қудрати ҳирсу тамаъ то ба дараҷае расидааст, ки аз ҷони фарзанди худ ҷигаргушаи худ хавф намебаранд. Аз фиреб хурдану кушта шуданашон наметарсанд. Танҳо як калима “Бачам пул равон кун”. Дар ҳоле вазифаи асосии ҳамаи волидайн дуруст тарбият намудани фарзанд илм омузонидани он мебошад, на бори зиндагияшро ба души ӯ партофтан, ки ӯ дар охир қурбони ҳирсу тамаъ ва фирефтаи душманони мо шавад.
Дигар дунёи ислом эҳтиёҷ ба ҷангро надорад. Дар ин росто дар Қуръони карим Сураи Бақара ояи 256 низ гуфта шудааст “ Барои дин ҷабр кардан раво нест, зеро ки роҳёбӣ аз гумроҳӣ ошкор шудааст”.
Имруз мо бояд дар пайи омузиши тарзи дурусти зиндагӣ, ободсозии давлати худ бошем. Чунки Расули Худо фармудаанд “Дӯст доштани Ватан аз гушаи эмон аст”
Тамоми саъю талоши роҳбари давлат Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои гулгулшукуфии ватани маҳбубамон мебошад. Мо мардуми бо нангу ори Тоҷикистон дар пайрави аз Пешвои муаззами худ ин Ватанро аз ин ҳам ободу зебо мегардонем.
Сипас Одинаев котиби шурои мутобиқсозӣ оид ба тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон баромад намуда оиди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” суханронӣ намуд.
Дар фарҷоми мулоқот аҳли толор бо меҳмонон пурсишу посух ва суҳбати озод доир намуда роҷеъ ба масъалаи баррасигардида фикрҳои худро иброз доштанд.
“Субҳи Шаҳритуз”