Main menu

Санги моро бар сари мо мезананд

               Ҳар шахс дар дунё ба умеди фардои нек кореро ба сомон мерасонад.  Яке фарзанди накӯном тарбия менамояд, дигаре боғе бунёд менамояд, сеюми танҳо амалҳои нек анҷом медиҳанд.

           Аммо мутассифона дар ҷомеаи имрӯза ҳастанд ашхосе, ки ба ҷузъ кори бад, каҷравию бадрафтори кори дигареро накардаанд. Баъзан шахсан ман соатҳо аз паи пайдо кардани ҷавобе ба мисраъҳои зерин: 

               Ҳарчанд бадӣ кардӣ раҳми ту ноёмад,

               Некӣ чӣ бадӣ дошт, ки як бор накардӣ           

паи хаёл мегардам.

          Ҳар як фарди солимақли  кишвар имрӯзҳо  бояд таърихи  даврони  Истиқлолияти  кишварамонро   дар ду давра  бояд  таҳлилу баррасӣ намояд. То чунин таҳлилҳо набошад кас ба қадру қимати тинҷию амонӣ, сулҳу ваҳдат, ободию гулгулшукуфиҳои ватани биҳиштосои худ намерасанд. Ба қавли Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “То гузаштаи худро надонем, ояндаи худро бунёд карда наметавонем”

          Аввал аз соли 1991 то соли 2000- ум ин даврони чи гуна ба истиқлолият соҳиб гардидани Тоҷикистон, гирифтории миллати тоҷик ба ҷанги шаҳрвандӣ, соҳиб шудан ба сулҳу ваҳдати миллӣ ва ғайраҳо.

           Дуюм аз соли 2000 то имрӯз – даврони оғози рушди иҷтимоию иқтисодӣ то гулгулшукуфиҳои ҳозираи босуръати Тоҷикистон.

         Шахсан худи ман дар давраи донишҷӯиям воқеаҳои мудҳиши солҳои 1990-1992-ро бо чашми сар дида, нашъаи муборизаҳои мафкуравиро чашидаам. Дар он давра имконияти аз хона баромада озодона гаштугузор намудан вуҷуд надошт. Хавфи нобудшавии худро ҳар лаҳза эҳсос менамудем. Соҳиби хонае, ки мо донишҷӯён иҷоравӣ зиндагӣ менамудем ҳар лаҳза таъкид мекард, ки аз хона бароем, барои шумоён шуда ба сари худ мушкилиҳои зиёде ба бор овардан намехоҳам. Ба амнияти  шумоён кафолат дода наметавонам. Ҳақ бар ҷониби он соҳибхоназан буд, зеро дар он вақт на танҳо шахсони алоҳида, ҳатто мақомоти қудратӣ ҳуқуқу озодиҳои моро кафолат додаю ҳимоя карда наметавонист. Билохира дар моҳи октябри соли 1992 тавассути қатораи Душанбе –Москва то шаҳри Термизи Ӯзбекистон  омада ҳамагӣ дар зарфи се шабонарӯз ба деҳаи худ расидем.

          Имрӯзҳо мо бояд шукрона кунему болу пар кушода дар фазои фаррох фахр аз он намоем, ки дар кишвари офтобруя озодона парвоз менамоем. Ин ҳама тинҷию сулҳ худ  ба худ насиб нагардидааст. Ин ҳама ба ивази ҷонбозию талоши шабонарузии Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мо насиб гардидааст. Мардуми тоҷик бояд ҳамаи дастовардҳои замони Истиқлолиятро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоянд.

           Вале мутассифона бархе аз кӯрдилони миллат худро ба тавре қаҳрамон эҳсос намуда намоиш дода, бо рафторҳои ноҷавонмардонаи худ ба музаффариятҳои намоёни Тоҷикистон монеъ гардида, ба сулҳу субот, муттаҳидии халқҳои кишвар халал ворид менамоянд. Аз кундзеҳнию паст будани сатҳи ҷаҳонбинии намояндагони табақаҳои гуногуни ҷомеа, аз ҷумла зиёиён, донишҷӯён, шахсони воқеию ҳуқуқӣ истифода намуда мехоҳанд мақсадҳои нопоки худро амалӣ намоянд. Агар чунин ашхоси носипос барои қонеъ гардонии нафси нопокашон  халқи худ, Ватани худ, падару модари худ, хешу ақрабои худро ҳурмату эҳтиром накарда, бо бадхоҳони миллати худ, ҳамфикру ҳаммаслак гардидаанд, пас барои чӣ мо онҳоро ҳурмат намуда, онҳоро бахшишҳо намоем.

       Не! Бояд бо онҳо муборизаи оштинопазир барем, то насли имрӯзу ояндаи мо хушбахт бимонанд.   Онҳо ба қавле дар байни ҷавонони мо ба “мағзшӯию тарбияи исломӣ” машғул шуда,  аз номи дини мубини ислом мардумро гумроҳ кардаву ғояҳои тундгаро ва ҷудоиандозиро ташвиқ намуда, ба ивази маблағҳои зиёд ва ваъдаҳои хаёлӣ ҷавононро аз хонаю дари худ дур намуда, ҷавонмарг мекунанд. Ба истилоҳи мардумӣ “санги моро бар сари мо мезананд”, яъне фарзандони худамонро бар зидди худи мо ба мафкураю ақидаҳо ва мақсадҳои дигар мефиристонанд.

      Ба қавли Пешвои муаззами миллат, “террорист дин, мазҳаб ва миллат надорад” Бояд ҳар як фарди Тоҷикистони соҳибистиқлол, аз ҷумла ҷавонон ҳамеша амру супоришҳои Сарвари давлатро сармашқи кори худ намуда барои пешгирӣ намудани зуҳуроти номатлуб саҳми худро гузоранд.                

        Қ. Назаров Директори литсейи хонандагони болаёқати ноҳия   

Ҳеҷ овозе нест
 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735180   ноҳияи  Шаҳритуз

кӯчаи И.Сомонӣ №51

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз