- Асосӣ
- Раиси ноҳия
- Мақомоти иҷроия
- Мақомоти намояндагӣ
- Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
- Қонунҳо
- КОДЕКСИ МЕҲНАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОДЕКСИ ОДОБИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия
- Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ДАР БОРАИ ТАРТИБИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ СОХТИ МАРЗИВУ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи хизмати давлатӣ
- Қарорҳои маҷлиси вакилони халқ
- Қарорҳои раиси ноҳия
- Қонунҳо
- Муроҷиати шаҳрвандон
- STATEMENT Following the Meeting of the Special Services of Iran, Kazakhstan, China, Pakistan, Russia, Tajikistan and Uzbekistan
- Дастгоҳи раиси ноҳия
- Наимова Раҷамо модари Сангова Сумая духтаре, ки Кури Юнус фиребаш дод
- ПОЙТАХТИ ДАВЛАТ ВА ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛАТ
Лўхтакони ҷондори кўрдил
Пан, 01/24/2019 - 08:49
Нависандаи бузурги қарни ХХ, барандаи ҷоизаи Нобел Эрнест Хеменгуэй чунин гуфтаҳо дорад. «Одам метавон кушт, мағлуб натавон кард».
Воқеан, на як инсон, балки гурўҳи одамон роҳи минбаъдаи рушди Ватани хешро, ки ба фардои саодату шукуфоӣ мебарад, якдилона интихоб мекунанд шикастнопазир аст. Барои шикастани руҳияи чунин гурўҳи одамони ҳамақидаву ҳамдил, ватандўсту сулҳпарвар, ки халқ ном дорад, ба фикрам фақат касони ноқисулақл саҳм мегиранд. Чун сухан дар боби Тоҷикистони азиз, ки босуръат ва устувор рушд мекунад, ҳамасола иншоотҳои бузурги саноати бунёд мегардад, сатҳи зиндагии мардум боло меравад ва мардумонаш дар муҳити сулҳу осоиш, дўстиву рафоқат зиндагӣ мекунад, ҳарзагўиҳои ҳизби терористии Ҳ.Н.И бо роҳбарии Муҳиддин Кабириро, ки ҳазорҳо фарсахҳо дур аз Тоҷикистон, аз дигар қитьаи олам ба ҳаққи зодгоҳи хеш бо роҳнамоии хоҷагони хориҷии худ буҳтон мезанад, ҳарчанд пажмурдаву ночиз ҳам бошад онро сарфи назар кардан лозим нест.
Шайх Саъдӣ фармудааст:
Саъдиё, таълим мадеҳ нокаси бадбунёдро,
Чун худ агар «Устод» шавад таъна занад устодро.
М.Кабирӣ зодаи Тоҷикистон, ки аз ҳавояш нафас гирифта, обашро нўши ҷон карда, аз хони ў нон хўрда, аз мардумаш таълим гирифта, ба воя расиду «Кабирӣ» шуд ва ҳамчун хоини Ватан нисбати хону намакдон, хоку мардумони ўро парварида ба мисли адуи қаттол рафтор мекунад. Бадбунёдиву нокасӣ аз ин зиёд нахоҳад шуд. Хонандагони ин сатрҳо, агар синнашон аз чил боло бошад, хуб дар хотир доранд, ки дар ибтидои соли 1990 аз ҷоҳталабии ин гурўҳи ифротӣ (Ҳ.Н.И) зиёда аз миллион нафар ҳамватанони мо фирорӣ шуданд, даҳҳо ҳазор одамон ҷон бохтанд, хонаҳои обод сўхта хокистар шуданд, хуллас Ватани миллати фарҳангофару тамаддунсоз оғуштаи хун шуда буд. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда Ҳукумати навтаъсиси халқпарвари Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри истиқрори сулҳу асоиш, ки асоси рушди ҷомеа мебошад ба аъзои Ҳ.Н.И имконият дод, ки ба идори давлат ширкат намояд. Вале сад афсусу дареғо, табиати каҷдум неш задан аст ва то даме, ки ў зинда аст аз неш задан боз намемонад. Хусусан мағзи ҷавононеро, ки аз аъмоли ваҳшатангези онҳо дар солҳои 90-и қарни гузашта он қадар маълумот надоранд, заҳролуд намуда, бо дасти онҳо мақсадҳои нопоки худро амалӣ мекунанд.
Биноан ҳар як волидайн пеш аз он, ки фарзанди худро ба мактабҳои динии кишварҳои хориҷӣ равон кардани мешаванд. Бояд андеша намоянд, ки фарзандашон тўъмаи мафкуравии он нохалифон намешавад.
Куштори сайёҳони хориҷӣ дар Тоҷикистон, ки дар соли рушди сайёҳӣ эълон шуда буд маҳз бо дасти ҷавонони раҳгумзадаи аз неши каждумони Ҳ.Н.И.Т заҳролудшуда амалӣ шуда, мақсад паст кардани нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмиллалӣ буд. Чомеаи ҷаҳонӣ, ки Тоҷикистон узви комилҳуқуқи он мебошад, ба аъмоли ноҷавонмардонаи ҳизби террористӣ баҳои сазовор дод. Имрўз низ ҳизби террористии Ҳ.Н.И тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ сару садо баланд мекунад. Худашон солҳост, ки дар хоки Тоҷикистон нестанд ва намебошанд, ки имрўз Тоҷикистон чӣ гуна осоишта, мардумонаш ҳама хушбахт, рўз то рўз ободу зебо мегардад, маълум мегардад, ки ҳама гуфтаи онҳо сирф бофтану бўҳтон аст. Ба беасосии суханони онҳо нигоҳ накарда мо набояд хомўширо ихтиёр кунем. Ба ҳар як баромади пучи онҳо бояд посухи сазовор гардонд. «Сукут аломати ризост» мегўянд дар халқ. Мо бо овардани делалҳои қотеъ чеҳраи зишти онҳоро назди ҷаҳониён бикшоем. Дар чунин даврон бетарафиро ихтиёр кардан маънои тарафдори душманбуданро дорад. Бо роҳи пурзўр намудани робитаи ҷомеаи шаҳрвандӣ бо мақомотҳои давлатӣ аз ҳама гуна падидаҳою андешаҳои ғалати ҳизбҳои мамнуъро пешгирӣ намоем.
М.Кабирӣ ва пайравони ў дастнигари хоҷагони хориҷии ифротҷои худ буда, аслан лухтакони ҷондорӣ онҳост. Ба гуфтаи шоире:
Хоҷа аз ваҷҳи дил сар афканда пеш аз фикру худ.
Садр аз баҳри тамаъ биншаста чашме бар дар аст.
Воизу томеъ гадои нон бувад фарқаш кам аст.
Ин ба зери минбар омад, он фарози минбар аст.
Садри Ҳ.Н.И.Т М.Кабирӣ баҳри тамаъ аз ҳомиёни офарандаи нуқтаҳои даргир, бахусус дар олами Ислом, мардумро ба табадулотҳои хунин даъват мекунад, мехоҳад дар асри ХХ1 Тоҷикистонро ба асри миёна, ба ғуломдорӣ ба маркази одамфурўшӣ, ба макони ҷаҳолат табдил диҳад. Ин ҳама далолат аз хаёли хом асту бас. Марудми маърифатпарвари мо ҳеҷ гоҳ фирефтаи ҷоҳилон намешавад. Ба ҳар хол мардумони мо фурўтан ҳастанд. Тавба кардан дерӣ надорад. Агар созанда набошӣ вайронкорӣ ҳам макун. Ин ҳам як навъи тавба аст.
Қобилов Т. мушовири шуъбаи маориф