- Асосӣ
- Раиси ноҳия
- Мақомоти иҷроия
- Мақомоти намояндагӣ
- Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
- Қонунҳо
- КОДЕКСИ МЕҲНАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОДЕКСИ ОДОБИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия
- Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ДАР БОРАИ ТАРТИБИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ СОХТИ МАРЗИВУ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи хизмати давлатӣ
- Қарорҳои маҷлиси вакилони халқ
- Қарорҳои раиси ноҳия
- Қонунҳо
- Муроҷиати шаҳрвандон
- STATEMENT Following the Meeting of the Special Services of Iran, Kazakhstan, China, Pakistan, Russia, Tajikistan and Uzbekistan
- Дастгоҳи раиси ноҳия
- Наимова Раҷамо модари Сангова Сумая духтаре, ки Кури Юнус фиребаш дод
- ПОЙТАХТИ ДАВЛАТ ВА ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛАТ
Паёми табрикии раиси нохияи Шаҳритуз Оймаҳмадзода Рамазон Алихон ба муносибати 74-солагии Рӯзи ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945.
Шан, 05/11/2019 - 15:56
Ҳамдиёрони азиз! Собиқадорони Ҷангу меҳнат!
Бунёд намудани давлати миллӣ, фароҳам овардани шароити арзанда ва зиндагии саодатмандона ба мардуми мамлакат аз ҳадафҳои асосии роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар арзёбӣ карда мешавад. Ин мақсадҳои наҷибу созанда дар Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар қайд карда шуд, ки “Дар шароити мураккаби таҳаввулоти сиёсӣ ва вазъи печидаи ҷаҳони муосир фаъолияти давлату Ҳукумати мамлакат ба он равона карда мешавад, ки ба ҳар шаҳрванди кишвар шароити арзандаи зиндагӣ таъмин карда шавад”.
Табиист, ки дар солҳои соҳибистиклолии мамлакат Тоҷикистон ба дастовардҳои бузургу беназир соҳиб гардид. Рушди бемайлони иқтисодию иҷтимоӣ, зина ба зина амалӣ гардидани ҳадафҳои стратегии кишвар ва дар ин замина таъмини босуботи зиндагии арзандаву шоиста ба мардуми мамлакат далели возеҳ ба ин аст.
Ҳамин аст, ки имрӯз кишвари тозабунёди мо ба маҷрои пуртуғёни сиёсии давлатҳои ҷаҳон ба сифати як давлати соҳибистиқлоли дунявӣ ворид шуда, дастоварду арзишҳои миллии худро барои наслҳои оянда поягузорӣ менамояд. Аз ин ру ҳар яки мо вазифадорем, ки тамоми азму ирода ва неруву имкониятҳои худро барои хизмат ба халқу Ватани маҳбубамон сафарбар намуда, эътимоди мардуми кишварро сазовор бошем.
Ҷанги дуюми ҷаҳон, ки солҳои 1941-1945 ба вуқуъ пайваст, дар таърихи башарият яке аз фоҷиаҳои бузургтарин ба шумор рафта, дар асоси сарчашмаҳои таърихӣ дар он солҳои мудҳиш зиёда аз 50 млн нафар одамон қурбон шудаанд. Дар набардҳои хунину тақдирсоз садҳо нафар Тоҷикистониён ва сокинони хештаншиноси ноҳияи Шаҳритуз низ иштирок намуда, барои озодии Ватан ва ҳифзи марзу буми кишвар ҷонбозиҳо кардаанд.
Аз ноҳияи Шаҳритуз 1486 нафар фарзандони миллатҳои гуногун дар набардҳо иштирок намуда, 856 нафарашон содиқона дар майдони ҷанг ба ҳалокат расидаанд. Диловарию матонати 1 нафар фарзандони баору номус ва сокинони ноҳия бо унвони олии Қаҳрамони Иттифоқи советӣ, 1 нафар бо ордени Ленин, 6 нафар бо ордени Шӯҳрат, 38 нафар бо ордени Жуков сарфароз гардонида шуда, шуҷоату мардонагии онҳо ҳамчун намунаи ибрати насли ҷавон ёд мешаванд. Имрӯз метавон номи фарзандони матину диловари ноҳия Хуҷаназар Саидов, Саидқул Саидов, Нарзи Ғуломов, Турсун Ҷурақулов, Ғуломрасул Нарзиев, Мамазамон Эшмирзоев, Маманазар Тағоев, Амин Мингазов, Ҳасанов Тошмат, Норбутаев Исмат, Климен Николай, Василенко Алексей, Султонов Менгмурод, Пираков Саймуҳидин, Ҷураев Тура ва бисёр дигаронро бо ифтихор ба забон овард, ки барои ҳифзи марзу буми ватани худ ҷонфидоӣ намудаанд. Даҳҳо ҳазор нафар дар ақибгоҳ низ қаҳрамониҳои бемисл нишон дода, дар таъмини Ғалаба ҳиссаи бузург гузоштаанд.
Номи Исмоил Куганов, Ашӯралӣ Сафаров, Карим Худоёров, Хадича Насриддинова, Маҳмадӣ Раҳматов, Маҳмуд Баротов ва Акбар Тураев, ки дар ақибгоҳ дар баробари иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ заҳматҳои зиёд кашида, қаҳрамонӣ нишон додаанд, имрӯз бо ифтихор қайд карда мешавад.
Дар ин замина мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия низ дар арафаи ҳар ҷашнҳои миллии ифтихорӣ аз шароити зист, меҳнату фароғат ва вазъи саломатии иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ пурсон шуда, эҳтиёҷоту ниёзмандии онҳоро ба инобат мегирад ва ба ивази родмардию ҷонфидоии онҳо дар солҳои мудҳиши Ҷанги Бузурги Ватанӣ пайваста кумак мерасонад. Яъне давлату хукумати кишвар бобати таъмини зиндагии арзандаи собиқадорони ҷангу меҳнат аз тамоми сарчашма, захира ва имкониятҳои мавҷуда босамар истифода бурда, корнамоӣ ва заҳматҳои беназири онҳоро ҳамчун мактаби мардонагӣ ва намунаи олии ватандустӣ ба наслҳои оянда тарғиб менамояд.
Имсол низ дар асоси ҳидоят ва ғамхориҳои Сарвари давлат мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба ҳар иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ кӯмаки моддӣ намуда, ҷонибдории худро нисбат ба дастгирии дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат ифода хоҳад кард.
Имруз насли ҷавону созанда аз қаҳрамонии падарону бобоёни худ боифтихор ҳарф мезананд, ба қадри хизматҳои арзандаи онҳо мерасанд ва бо кору пайкори шоиста номбардори аҷдодони некноми худ мешаванд. Дар ин робита ҷавонон низ бояд хуб дарк кунанд, ки идомадиҳандаи миллати соҳибтамаддун ва бофарҳанг, насли бонангу ор, қавииродаю устувор ва худогоҳу хештаншинос буда, вазифаи асосии онҳо нигоҳ доштани иродаи комили ватндустии насли калонсол, оини давлату давлатдории миллӣ, боз ҳам устувортар намудани истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварамон ба шумор меравад.
Имсол дар саросари кишвар 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланди сиёсию фарҳанги ҷашн гирифта мешавад. Ноҳияи Шаҳритуз низ аз пешрафт ва таҳавулоте, ки ҳамасола дар миқёси мамлакат ба вуқуъ мепайвандад, дар канор набуда, бо азму иродаи комили сокинони ноҳия ба нишондодҳои меҳнатӣ ва дастовардҳои арзанда дар ҳама самтҳо муваффақ мегардад. Имрӯз ҳифзи содиқонаи манфиатҳои милливу давлатӣ, аз тамоми манфиатҳои дигар афзал донистани манфиати давлату миллат, саъю талоши пайваста ба хотири мустаҳкам намудани пояҳои давлатдории миллӣ, ҳифзи соҳибистиқлолии ватан, амнияти давлат ва пойдории ваҳдати миллӣ масъулияти фарзандии ҳар яки мову Шумо аст. Мо бояд ватани худро сидқан дӯст дорем, шукронаи неъмати бузургтарини инсонӣ, яъне соҳибдавлатӣ кунем, барои ҳимояи марзу буми аҷдодӣ ҳамеша омода бошем ва ба хотири пешрафту ободии давлати соҳибистиқлоламон шабу рӯз заҳмат кашем.
Бо чунин орзуву ниятҳои нек ҳамаи собиқадорони ҷангу меҳнат ва Шумо сокинони ноҳияро ба муносибати Рӯзи ғалаба табрику муборакбод намуда, бароятон тансиҳатӣ, хонаободӣ ва рузгори хушу осоиштаро таманно менамоям.