- Асосӣ
- Раиси ноҳия
- Мақомоти иҷроия
- Мақомоти намояндагӣ
- Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
- Қонунҳо
- КОДЕКСИ МЕҲНАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОДЕКСИ ОДОБИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия
- Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ДАР БОРАИ ТАРТИБИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ СОХТИ МАРЗИВУ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи хизмати давлатӣ
- Қарорҳои маҷлиси вакилони халқ
- Қарорҳои раиси ноҳия
- Қонунҳо
- Муроҷиати шаҳрвандон
- STATEMENT Following the Meeting of the Special Services of Iran, Kazakhstan, China, Pakistan, Russia, Tajikistan and Uzbekistan
- Дастгоҳи раиси ноҳия
- Наимова Раҷамо модари Сангова Сумая духтаре, ки Кури Юнус фиребаш дод
- ПОЙТАХТИ ДАВЛАТ ВА ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛАТ
КОНФРОНСИ САҲА – САҲНАИ НАЙРАНГБОЗИҲОИ ПМТ
Пан, 09/26/2019 - 10:32
Инак аз Конфронси ҳуқуқи башари САҲА, ки дар шаҳри Варшава идома дорад, бештар аз як ҳафта сипарӣ шуд. Давоми ин рӯзҳо гуфтугузорҳову вокунишҳо ва ҳатто моҷароҷӯиҳои зиёде миёни ҷонибҳо ва намояндагони Тоҷикистон сурат гирифтанд. Ҷараёни мубоҳисаҳо ва радду бадали андешаҳо бозтоби он аст, ки ҳанӯз фарҳанги сиёсии аҳзоб ва гурӯҳҳои ба ном мухолифи кишвари мо куллан ташаккул наёфтааст. Гузашта аз ин дар робита ба амалкарди намояндагони ин гурӯҳҳо метавон ба ин натиҷа расид, ки онҳо ҳатто барномаи мукаммали сиёсӣ ҳам надоранд.
Абдуллоҳи Раҳнамо – мушовири директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ин масъала андешаҳои худро баён дошта, сатҳи ташаккули афкори сиёсии мухолифони тоҷикро бисёр воқеъбинона баҳо додааст. Ҳамчунин ӯ нишасти расмии ҳамасолаи САҲА-ро оид ба ҳуқуқи башар “шабеҳи саҳнаи сиёсие” донистааст, ки “коргардонони он бо ҳимояти огоҳона ва намоишкорона аз ин ё он давлат ё гурӯҳ, мавқеъ ва манфиатҳои худро амалан ифода мекунанд. Ин ҷо на қароре қабул мешаваду на натиҷае ҳосил”. "Ба назари банда, ин нишаст на илмист ва на корӣ ва ҳадафи он низ зоҳиран дарку ҳалли масоили ҳуқуқи башар нест”. Аз ин рӯ, Абдуллоҳи Раҳнамо бисёр ҷиддӣ тасаввур кардан ва талаққӣ додани ин нишастро аз тарафи ҳукумати кишвар муҳим намешуморад.
Абдуллоҳи Раҳнамо суханрониҳои расмии намояндагони ПМТ, ТЭТ ҲНИ ва созмони ифротии Гуруҳи 24-ро дар ҷараёни ҷаласаҳо ва амалкардҳову вокунишҳои номуносибу бефарҳангонаи онҳоро дар долонҳои бинои САҲА мушоҳида карда дар тааҷҷуб афтодааст, ки чӣ гуна ин гурӯҳ бо ин зарфияти маҳдуд метавонад муддаии ба даст овардани қудрати сиёсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад.
Дар воқеъ ТЭТ ҲНИ аслан тавонмандии назарӣ ва амалии ширкат дар маъмурияти ҷомеа ва пешбурди умури иқтисодиву иҷтимоии кишварро надорад. Фаъолияти ин ҳизб фаротар аз сатҳи сиёсӣ ва идеологӣнабуду нест. Ин ҳизб бо вуҷуди ба даст овардани муҷаввизи фаъолияти расмӣ усулан натавонист ҷойгоҳи устувореро дар арсаи сиёсати кишвар касб намояд, аммо, мутаассифона, бо корбурди номи ислом ва сӯиистифода аз эътиқоди мардум то ҳанӯз саъю талошҳои тавтеаангез барои ҳусули ҳадафҳои сиёсии дастнораси худ мекунад.
Бо назардошти арзёбии фаъолияти пешинаву кунунии сиёсии ТЭТ ҲНИ ҳамчун ҳизбе, ки ба он қаблан вобаста ба вазъи сиёсии дар кишвари мо бавуҷудомада фурсату имконияти фаъолияти сиёсӣ дода шуда буд ва ҳамчунин дар робита ба омилҳои дохилии кишвар метавон қотеъона натиҷагирӣкард, ки ин ҳизб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аслан имконият ва қудрати ба даст овардани ҳокимияти сиёсиро ҳаргиз надошт, надорад ва низ нахоҳад дошт. Барои ба чунин хулоса омадан далелҳо ва мадракҳои муайяне мавҷуданд. Дар ин росто аз ҷумла бояд таъкид кард, ки ҳизби мазкур аз диди омодагии сифатӣва миқдории кадрӣдар сатҳи идории як давлат иқтидори ҷобаҷогузории кадриро ҳаргиз надошт. Ин вазъи норасоии кадрӣ ва бесаводии намояндагони ТЭТ ҲНИ ба вижа ҳангоми бастани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣдар соли 1997 ва дар асоси он ба ҷиноҳи мухолифин додани имконият барои пешниҳоди кадрҳо ба миқдори 30%-и теъдоди умумии курсиҳои мансабӣдар сатҳи давлатӣба таври бисёр равшан аён гардида буд. Он замон на фақат ТЭТ ҲНИ, балки дар маҷмӯъ тамоми ҷиноҳи мухолифини сиёсии кишвари мо натавониста буданд ҳатто барои пур кардани ҳамин миқдор курсиҳои мансаби давлатӣ кадрҳои ихтисосманду соҳибтаҷрибаи худро пешниҳод намоянд. Ин вазъи норасоии кадрии ТЭТ ҲНИ бозтоби равшани бесаводии намояндагон ва аъзои ин ҳизби тундгарое буд, ки даъвои ба даст овардани зимоми маъмурияти як давлати соҳибистиқлолро дошт. ТЭТ ҲНИ на фақат дар он замон, балки дар тӯли қариб 18 соли фаъолияти бевосита ва расмии сиёсӣ доштани худ низ ин нуқсони ҷиддӣва бунёдии хешро натавонист ислоҳ намояд. Айни замон низ пояи кадрӣва сатҳи тахассусии ин ҳизб ва намояндагони фазлфурӯшу бесаводи он дар ҳамон ҳоли пешин қарор дорад. Дар ин бора А. Раҳнамо мегӯяд: “Бар хилофи таблиғи расонаӣ, ҷамъи суханрониҳое, ки аз сӯи ин ташкилот... дар конфронс пешкаш шуданд, бори дигар нишон доданд, ки дар ҳақиқат, дар он зарфияти ҷиддие нест... Ман то имрӯз чунин тасаввури амалӣ надоштам, ки байни афроду гурӯҳҳое, ки мо аз дохил ба таври яклухт «мухолифон» мепиндорем, ин қадар ихтилофу парокандагӣ ҷой доштааст. Аксар ба ҳамдигар салом намекарданд, дар аввалин фурсат ҳамдигарро дашном медоданд, ҳама ҳамдигарро бо лақабҳое, ки ман инҷо навишта наметавонам, ном мебурданд, ҳама худро ҳаққу дигарро ноҳақ медонистанд...”
Роҳбарони ин ҳизби мамнуъшуда, ки ҳама фазлфурӯшу саводи кофии сиёсӣ надоранд, бо корбурди амалњои сабукфикрона ва хушбоваронаи тактикї умедворанд, ки аз созмонњои байналхалќї тавассути гадойї маблаѓ дарёфт ва љамъоварӣ намуда, баъдан бо истифода аз он барои густариши фаъолиятҳои ғайриқонуниву тавсеа додани нуфузи худ, тавтеаву дасисаангезӣ, тира кардани фазои ақидатӣ, барангехтани ихтилофоти мазњабї, иѓвогариҳо тавассути матбуот ва шабакаҳои интернетӣ авзоъи сиёсиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муташанниҷ намоянд. А. Раҳнамо дар ҷараёни конфронс халои маънавиро дар сатҳи ПМТ ва ТЭТ ҲНИ мушоҳида карда дар ин бора мегӯяд: “Хулоса, ҳафтаи аввали нишаст нишон дод, ки ин чорчӯби сунъӣ, яъне Паймони миллии Тоҷикистон, ки ҳамчун рӯкаши миллию аврупоӣ барои ҳизби наҳзат сохта шудааст, ҳеҷ короӣ ва паёми наве надоштааст. Ин ташкилот, ки даъвои роҳбарии иттиҳоди мухолифин ва фарогирии гурӯҳҳои гуногуни мухолифи давлатро дорад, дар асл аз чанд нафар аъзои собиқи ҳизби наҳзат ва чанд нафар шахсияти ориятӣ иборат буда, на зарфияте дораду на барномаеву на дурнамое”.
Аљиб аст, ки феълан рањбарияти ТЭТ ЊНИ бо вуҷуди ин ҳама тангназариву ҷаҳолати худ ва пайравони хештанбохтаи худ риёкорона љонибдории хешро аз арзишњои демократї ва љомеаи мардумсолор вонамуд мекунад. Ин ба љуз замонасозї ва бозии сиёсї чизи дигаре нест. Њадафи ТЭТ ЊНИ аз ин гуна мавќеъгирии риёї танњо он аст, ки нињодњои њифзи њуќуќи башар ва љомеаи љањониро ба сўи худ мутаваљљењ созад. Маҳз аз ин сабаб беш аз 60 нафар мухолифони тоҷик, ки аксарияти онҳо ба даъват ва кумаки ТЭТ ҲНИ ба шаҳри Варшава омадаанд, Конфронси ҳуқуқи башари САҲА-ро ба саҳнаи найрангбозиҳои бешармонаи худ табдил дода, мехоҳанд, ки ба ин васила ҷалби таваҷҷуҳ кунанд. Абдуллоҳи Раҳнамо ин ҳама найрангбозиҳову дасисакориҳои “оппозитсионерҳои тоҷик”-ро дида, фазои конфронсро чунин тасвир мекунад: “Муҳит пур аз сиёҳӣ буд. То ба ҷое хиҷалатбор буд, ки мухолифи кӯҳанкору собиқадор, роҳбари ҳаракати сиёсии "Ватандор” Додоҷон Атовуллоев дар саҳифаи худ чунин ҷумлаи пур аз дарду ишораву маъно навишт: "Аввалин бор аз оппозитсия будани худ шарм кардам!” Бо ин ҷумла ҳама чиз гуфта шуда буд”.
ПМТ ва зерсохторҳои он ва ба вижа ядрои он ТЭТ ЊНИ ҳама ниҳодҳои манфиатҷӯву тафриќаандозанд ва зидди истиќлоли давлативу низоми дунявї дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қад алам кардаанд. Њадафи онҳо тафриќаандозї ва ѓасби њокимият дар ҶТ буду ҳаст. Чандчењрагї сифати ҳамешагии роњбарияти ин гурӯҳҳо буда, онњо њар замон чењраи худро иваз менамоянд. Роњбарияти ТЭТ ЊНИ њар рўз дурӯѓи нав мегўянд ва бо шиорњои фиребову зебо мардумро гумроҳ кардан мехоҳанд. Бо фазлфурӯшӣ мехоњанд нишон дињанд, ки гўё онњо њама чизро мефањманд ва мушкилкушои њамаи муаммоњоянд. Аммо дигар мардуми шарифи Тоҷикистон фиреби ин фазлфурӯшонро нахоҳад хурд.
Хусрави Шерзод
24.09.2019