- Асосӣ
- Раиси ноҳия
- Мақомоти иҷроия
- Мақомоти намояндагӣ
- Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
- Қонунҳо
- КОДЕКСИ МЕҲНАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОДЕКСИ ОДОБИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия
- Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ДАР БОРАИ ТАРТИБИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ СОХТИ МАРЗИВУ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи хизмати давлатӣ
- Қарорҳои маҷлиси вакилони халқ
- Қарорҳои раиси ноҳия
- Қонунҳо
- Муроҷиати шаҳрвандон
- STATEMENT Following the Meeting of the Special Services of Iran, Kazakhstan, China, Pakistan, Russia, Tajikistan and Uzbekistan
- Дастгоҳи раиси ноҳия
- Наимова Раҷамо модари Сангова Сумая духтаре, ки Кури Юнус фиребаш дод
- ПОЙТАХТИ ДАВЛАТ ВА ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛАТ
Рӯйи сурхи тоҷикон ва ранги паридаи ифротиёни бемиллат
Пан, 09/26/2019 - 10:34
Баъди шикасти худ дар нишасти САҲА, аъзои ТЭТ ҲНИ дигар даст ба дурӯғбофӣ мезананд. Акнун Муҳиддин Кабирӣ, на танҳо гумроҳони атрофаш, балки аҳли оилаи худро низ, ба дурӯғбофиҳо ҷалб кардааст. Ба таври мисол домодаш Амруллои Низом дар саҳифаи фейсбукии худ навиштаеро бо номи “Ду шикасти тими ҳукумат дар Варшава” гузошта, кушиш кардааст ба хонанда шикасти тими Тоҷикистонро дар ин нишаст воқеӣ нишон диҳад.
Вай иддао мекунад, ки ҳайати ҳукуматии Тоҷикистон дар нишасти имсолаи САҲА ду бохти қабеҳ дошт. Даъвои якумаш ин аст, ки намояндагони Тоҷикистон гӯё натавонистанд диққати ҷомеаи байналмилалӣ ва расонаиро ба худ ҷалб кунанд. Мегӯяд онҳо коре карда натавонистанд, ки касе онҳоро таҳсин гӯяд ва ё суханҳояшонро ба чолиш бикашанд. Бехабар аз он, ки ҳайати Тоҷикистон ба Варшава ба ин гуна мақсадҳои сода ва орзуҳои кӯдакона нарафтааст. Онҳо воқеиятро гуфтанд ва воқеият ягон сенсатсия буда наметавонад. Тоҷикистон “сиёсати дарҳои боз”-ро ба роҳ мондааст. Бинобар ин, ҳарчӣ дар кишвари мо мегузарад, тамоми ҷаҳон аз он бохабаранд. Ҳайати Тоҷикистон низ дар нишаст ҳамон воқеияти ҳолро гуфтанд, ки ҳама медонад.
Дар фарқият аз ҳайати Тоҷикистон, ифротиёни ТЭТ ҲНИ чизе барои гуфтан надоранд ва дар давоми сол ҳеҷ коре накардаанд, ки дар назари ҷомеаи ҷаҳонӣ намоён гардад. Аз ҳамин сабаб, мақсад аз рафтанашон ба нишасти САҲА бо дурӯғу туҳмат сохтани сенсатсия ва ҷалби диққати расонаҳо ва созмонҳои хориҷӣ аст. Онҳо бо ин ҷаҳонбинии пасти худ, кори шоистае ҳатто дар доираи як конфронс наметавонанд бикунанд. Аз матлаби домоди Кабирӣ Амруллои Низом бармеояд, ки онҳо ҳатто дарк карда наметавонанд, ки касе дар он нишаст дунболи манфиати шахсӣ нагашта, танҳо ватанашро муаррифӣ мекунад. Аз ҳайати Тоҷикистон ҳам шояд интизор доштанд, ки ба монанди онҳо дунболи манфиати шахсӣ ва сенсатсия мегарданд.
Амруллои Низом бохти дуюми ҳайати Тоҷикистон гуфта, идао мекунад, ки онҳо дар ҷанги иттилоотӣ дар расонаҳои дохилӣ ҳам кори назаррасе накарданд ва кушиш мекунад чопи мақолаҳои худҷуши шаҳрвандони бонангу номуси Тоҷикистонро беасар нишон диҳад. Даъво мекунад, ки чунин мақолотро гӯё мақомоти махсус менависта бошанд ва гӯё онҳо ба манфиати ТЭТ ҲНИ бошанд ва таъкид ҳам кардааст, ки ин гуруҳи террористиро “ба мардум шиносонид". Бехабар аз он, ки мардуми шарафманди Тоҷикистон кайҳо боз ТЭТ ҲНИ-ро шинохтааст ва ҳама он мақолоти вокунишӣ ҳарфи дили мардум буда, чеҳраи воқеии онҳоро дар чашми тоҷикон инъикос менамояд. Дигар ин даъвои Амруллои Низом, ки мегӯяд ҳукумат дар ин набард ҳолати дифоиро ихтиёр карда буд ва оқибат бохт, ягон асоси воқеӣ надорад. Баръакс худи ТЭТ ҲНИ шикаст худааст ва шакасташ ҳам дар ҳамин аст, ки мардум чеҳраи ифротӣ-террористии онро шинохтааст ва ҳар рӯз он чеҳраи манфурро тариқи мақолаҳо ба намоиш мегузоранд. Насли нав ҳам бо ин роҳ огоҳ мегардад ва ТЭТ ҲНИ дигар наметавонад касеро ба доми худ афтонад ва қурбони манфиатҳои худ созад.
Даъвои дигари Амруллои Низом ин аст, ки бо вуҷуди навиштани мақолаҳои зиёд мардуми тоҷик натавонистааст гуруҳи ифротии наҳзатиро “дар арсаи байналмилалӣ дар инзиво қарор диҳад”. Мегӯяд нисбати як соли пеш ҷойгоҳи наҳзатиҳои ифротӣ дар ҷомеа қавитар шудааст ва ҷойгоҳи ҳукумат “мутазалзилтар”. Ин иддаои беасосро танҳо бешармтарин инсонҳо карда метавонанд. Якум, ин ки ТЭТ ҲНИ ё номи ҷаълии наваш ПМТ дар арсаи байналмиллалӣ кай мақоми шоиста дошт, ки мардум ва ҳукумати Тоҷикистонро нигарон кунад. Онҳо бо он тафаккури асримиёнагии худ ҳамеша дар инзиво қарор доштанд. На танҳо худ, балки аҳли оилаҳояшон ҳам зери сиёсати ифротгароёна дар инзивои пурра қарор гирифтаанд. Ҳатто кудакони хурдсолашонро бо либосҳои асримиёнагӣ зиндабагур кардаанд. Дар дили Аврупои озод, аз озодӣ маҳрум шудаанд.
Дуюм, аксари мардум аллакай фаромуш кардааст, ки ҳизбе бо номи ҲНИ вуҷуд дошт. Касе дар хаёли бозгашти он ифротиён нест. Ҳама тадқиқотҳои сотсиологӣ ҳамин воқеиятро нишон медиҳанд. Иддаои Амруллои Низом ба ғайр аз хаёли хом ва хоби парешони худи ӯ чизи дигаре нест. ТЭТ ҲНИ дигар номе дар Тоҷикистон надорад, чи расад ба мақом. Мақоми набуда наметавонад қавӣ гардад. Аммо созандагии ҳукумати Тоҷикистон рӯз аз рӯз ризоияти аҳли ҷомеаро зиёд гардонида, боварии онҳоро ба ояндаи дурахшон зиёд карда истодааст. Руйи сурхи ҳайати Тоҷикистон дар нишасти САҲА аз ҳамин бовариву эътимод ба сухани худ аст. Ранги паридаи наҳзатиёни бемиллат бошад аз тарси он аст, ки дер ё зуд дурӯғҳояшон ошкор мегардад ва ҷомеаи Ғарб чеҳраи воқеии онҳоро хоҳад шинохт. Он гоҳ аҳволашон аз ин ҳам бадтар мешавад.
Хуршеди Мурод