- Асосӣ
- Раиси ноҳия
- Мақомоти иҷроия
- Мақомоти намояндагӣ
- Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
- Қонунҳо
- КОДЕКСИ МЕҲНАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОДЕКСИ ОДОБИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия
- Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ДАР БОРАИ ТАРТИБИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ СОХТИ МАРЗИВУ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи хизмати давлатӣ
- Қарорҳои маҷлиси вакилони халқ
- Қарорҳои раиси ноҳия
- Қонунҳо
- Муроҷиати шаҳрвандон
- STATEMENT Following the Meeting of the Special Services of Iran, Kazakhstan, China, Pakistan, Russia, Tajikistan and Uzbekistan
- Дастгоҳи раиси ноҳия
- Наимова Раҷамо модари Сангова Сумая духтаре, ки Кури Юнус фиребаш дод
- ПОЙТАХТИ ДАВЛАТ ВА ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛАТ
Мулло Абдураҳим вазири гумруки наҳзат набуд? Ҳазрато! Гар ба дил шавқе надорӣ думбаҷунбонӣ чӣ суд?
Пан, 09/26/2019 - 10:36
Чанд рӯзест, ки русихонии мулло Абдураҳим Каримов дар ҷаласаи САҲА мавриди хандаву истеҳзо қарор дорад. Ба хонандагони ҷавон, ки аз қазия хабар надорад, бояд расонда шавад, ки мулло Абдураҳим ин ҳамон шахсест, ки дар хуни миллат ба курсии вазири гумрук нишаста, дар саҳми 30% мухолифони ҷангҷӯ шарик буд. Бо ҳамин сатҳи саводу дониш бо дунбаҷунбонии оппозитсион ӯ ба мансаби олии як кишвар вазирӣ расид. Ана сатҳу савияи дониши як наҳзатӣ. Ин ҳамон сатҳест, ки мулло Абдураҳим дар суханрониҳояш нишон медиҳад. Оё Мирзо Ҷагаву М.Искандаров донишгоҳи Оксфорду Кембриҷ хатм карда буданд? Оё мулло Абдураҳим доктори иқтисод буд, ки дар сатҳи баланди мансабӣ таъйин гашт? Ва бинед, ки дар ҳолате ки раиси гумрук таъйин шуд, маълумоти олӣ ҳам надошт.
Ба ҳар сурат мулло Абдураҳим ба масири миллӣ баргашт, тавба кард ва ба сафи ватандӯстдорон пайваст, ки ин қобили қабули ҳар тоҷик аст.
Вале вақте ки писари як гӯсола… гуфтаи худро ба сифати ҳақиқати мутлақ мепиндорад ва марди 70 соларо насиҳат мекунад, ин худ як бадахлоқии наҳзатист. Номи ин писар, ки борҳо ӯро таъкид кардем: Муҳаммадиқболи Садриддин мебошад. Муҳаммадиқбол! Қиблагоҳат ҳарчанд моҳи беайб набуд, вале як дурандешии инсонӣ дар вуҷудаш дошт. Медонист, ки кашмакашиҳои сиёсӣ имрӯз ва ё пагоҳ анҷом мепазиранду лозим меояд бо рақибҳоихуд дар ба девор дар шаҳри Қурғон-теппа зиндагӣ кунад. Барои равшантар кардани ҳусни баён як мисол меорам, то бифаҳмӣ, ки чӣ қадар кори хатарнокро мепаймоӣ. Рӯзебинобар алоқамандиҳои хешутаборӣ ба ноҳияи Ҷайҳун (Қумсангир) рафта будам. Ба мушоҳида расид, ки баёнияҳои бемасъулонаи ту баринҳо дар байни мардуми ин ноҳия, ки баромадашон аз ноҳияҳои гуногун, аз ҷумла Рашт ҳам ҳаст, тафриқа андохтааст. Ту бе дарки масъулияти шаҳрвандӣ заминаи ҷанги навро дар зершуури мардум бедор кардаӣ. Ал-амон аз ин тавтиаҷуӣ. Шаттаи ин ёвасароиро солҳои гузашта хуб кашида будем,бас аст. Муҳаммадиқбол! Инсони оқил коре намекунад, ки оқибат пушаймонӣ орад. Тоҷик дар минтақаи Осиёи Марказӣ халқи танҳост, ки аз ҳар сӯ душманҳоиошкору пинҳонаш дар хунаш ташнаанд. Вақте ки рафтори туро ба риштаи таҳлилмегирем, мебинем, ки набзи ҷомеаро аз даст додаӣ. Охир шумо наҳзатиҳо бояд дарк кунед, ки мардуми мусулмони ҷумҳурӣ ба ҳизб зарурат надорад, барои адои маносики тақво, билети партиявӣ аслан лозим нест. Агар дар дилатон хостори давлати исломӣҳастед, ин хаёлҳои хомро аз сар дур кунед. Таърихро мутолиа кунед. Дарси ибрати хуб медиҳад. Ёд доред, Иброҳимбеги галу соли 1931 ба қасди сохтани давлати исломӣва рондани «куффор» ба Точиикстон юриш кард, ин вақте буд, ки соли 1921 ӯ ин минтақаро тарк карда буд. Ана ачобати корро бинед, худи хешутабораш дар хонаҳояшон ӯро бо босмачиҳои ғаддораш ҷой надоданд ва пайомадаш ба ҳама фаҳмост. Ба ту точик, тақдири Иброҳимбег ғоя ва идеал шудааст. Ин чӣ гап аст, зеру рӯ шудани арзишҳои миллӣ ва уфти башиддати номуси миллӣ дар байни фирориҳои иқтисодӣва ё аз Сомониву Темурмалику Восеъ фаромӯш карданҳо?
Бале, адолат ҳамчун меъёри рӯъёии инсонҳо ҳеҷ вақт ҳукми мутлақ надорад. Дар олами Ғарб, ки улгуи риояи муносибатҳои иҷтимоии идеалист, мушкилоти вофири инсонӣ мавҷуданд ва бурунрафт аз ин масъала мисле ки дида намешавад.
Марзбон Комрон, таҳлилгар