Main menu

Кўри Юнус – хизматгори наҳзатиҳоитерророрист

Ҳамагон медонанд, ки Бурҳонов Юнус Аббосович бо тахаллуси Саидюнуси Истаравшанї дар қаламрави Ҷумҳурии Исломии Эрон қарор дорад ва пайваста тавассути маводи иғвоангезона бар сари мардуму миллати хеш борони туҳмату буҳтон мерезад. Махсусан рӯзҳои охир вай хеле фаъол гардида, рафти иштироки террористони наҳзатиро дар ҷаласаи САҲА дар Варшава тибқи хоҳиши онҳо инъикос мекунад. Сайидюнус дар матлаби охиринаш бо номи “Боистаҳои ПМТ дар баробари насли севум” низ кӯшидааст, ки наҳзатиҳо ва Паймони миллии (дар асл эътилофи ҷинояткорони наҳзатӣ) таъсисдодаи онҳоро васф кунад ва ҳамчун як ташкилоти сиёсии мухолиф ҷилва диҳад. Аммо ба ҳама маълум аст, ки дар асл ин иттҳоди ҷинояткоронаи наҳзатиҳост ва онҳо бо ин усул мехоҳанд мардумро гумроҳ кунанду ба мақсадҳои нопоки худ бирасанд.

Сайиюнус имрӯз худро мусичаи бегуноҳ нишон дода, аз арзишҳои баланди инсонӣ ҳарф мезанад. Вале мардуми Тољикистон њељ гоњ фаромўш намекунанд, ки Сайидюнуси мазҳабфуруш ҳангоми дар Тоҷикистон будан, ба тиҷорати маводи мухаддир машғул шуда, бо ҳазор найранг хешу таборашро ҳам ба ин кор сафарбар намудааст. Ба хотири пулу сарват бародараш Бурҳонов Юсуф Аббосовичро ба қочоқи маводи мухаддир ҷалб кард ва охирин беш аз 5 сол пушти панҷараи зиндон қарор дошт. Бародари дигараш - Бурҳонов Мансур Аббосовичро барои таҳсил ба Мозандарони Эрон фиристод, ки соли 2002 бо ҷурми дастдорӣ дар ҷиноятҳои бо экстремизм алоқаманд, ба муддати 12 сол аз озодӣ маҳрум гашт.

Тавре мебинем, Сайидюнуси Истаравшанӣ на онест, ки худро дар шабакаҳои интернетӣ аз Эрон ҷилва медиҳад. Ӯонест, ки Ҳофиз гуфта:

Воизон, к-ин ҷилва дар меҳробу минбар мекунанд,

Чун ба хилват мераванд, он кори дигар мекунанд.

Чеҳраи Сайидюнус Бурҳоновро, ки чун сутури аз гала мондаи аз охури бегона ба серӣалафхӯрда, аз ҷониби соҳиби охур ба майдони шабакаҳои интернетӣ ба «ҳарбу зарб» андохта шудааст, мешиносанд.

Аммо ў имрўз кўшиш намуда истодааст, ки ТТЭ ЊНИ-ро сафед кунад. Ин њам дар њолест, ки ба ҳеҷ ваҷҳкасе наметавонад инкор кунад, ки ҲНИТ собиқаи ҷангҷӯӣ, террористӣ ва экстремистӣ надорад. Ҳоҷати исботи ин масъала вуҷуд надорад. Кофист ёдовар шавем, ки дар давоми тамоми ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон аз соли 1992 то 1997 ТТЭ ҲНИ яке аз гуруҳҳои мусаллаҳ ва як тарафи ҷанг буд, ки дар муқобили ҳукумати қонунӣ ва конститутсионӣ меҷангид. Ҳадаф ва шиораш ҳам рӯшан буд: Бунёди давлати исломӣ. Зимни амалӣ намудани барномаҳои худ ТТЭ ҲНИ аз худ характерҳои террористӣ ва ифротагроиро ба намоиш мегузошт.

Яъне бояд гуфт, ки бидуни шак ТТЭ ҲНИ гузашта ва таърихчаи террористӣ ва экстремистӣ дорад ва он инкорнопазир аст. Худи муқовимат дар муқобили неруҳои давлатӣ, ҷанги давомдор, варйонсозии зербинои хоҷагии халқ, аз миён бурдани моликияти давлат ва ҷамъият, куштану гарвагон гирифтани ҳазорон сарбоз ва мардуми осоишта худ навъи терроризм ва хушунати гӯшношунид аст. ТТЭ ҲНИ барои пинҳон крадани чеҳраи даҳшатафкан ва хушунатбори мазҳабии худ дар давоми ҷанги дохилӣ, чун дид, ки мавриди қабули мардум ва ҷомиеаи байналмилалӣ қарор намегирад, бо ҳамроҳ кардани чанд нафар аз ҷумлаи равшанфикрон ва дигар неруҳо номи худро ба Иттиҳоди Неруҳои Мухолифин Тоҷикистон (ИНОТ) табдил намуд. Аммо дар асл ин иттиҳод аз ТТЭ ҲНИ иборат буд ва ҳамаи маъсаларо дар ин иттиҳод танҳо роҳбарони ин ташкилот ҳал мекарданд. Бархе аз чеҳраҳои мухолифин, ки аз барномаҳои ин ҳизб огоҳ буданд ва бо сиёсати ТТЭ ҲНИ ҳамсу набуданд, барои он ки шарики ҷурмҳои онҳо нашванд аз қабули ин иттиҳод ва ворид шудан ба он худдорӣ намуданд.

Роҳбари наҳзат бо Кури Юнус барои ба мақсад расидан оммаро бо шиорҳои динӣ, мазҳабӣ, сиёсӣ, зиддимиллӣ фиреб медиҳанд ва бо ин роҳ ниёзҳои иқтисодӣ, молӣ ва иҷтимоии худро бароварда сохтан мехоҳанд.

Кури Юнус бо фиребу найранг сӯистифода аз Ислом карда ва худро диндору ҳақиқатпараст нишон дода вонамуд месозад, ки росткор ҳасту ҳақиқатпараст. Дар асл ӯ хурофот ва динрову ақидаҳои атеистиашро бо ҳам хеле наздик карда миллати тоҷикро фиреб додан мехоҳад.

Акнун дар мавриди “хоҷагони хориҷӣ”. Бидуни шак муҳимтарин ташаккули сиёсие, ки дар дохили Тоҷикистон аз ибтидои ташкилшавӣ робитаи хориҷӣ ва хоҷаи хориҷӣ дошт, ТТЭ ҲНИ буд. Муборизаҳои неруҳои мардумӣ ва рушанфикрон умдатан ба таври худҷӯш ё схоластикӣ ва бисёри вақт бидуни барнома пеш мерафтанд. Агар кумаки хоҷагони хориҷии ТТЭ ҲНИ намебуд, ҳаргиз ёрои муқовимат ва роҳандозии ҷангу хушунатро намедошт. Чаро маҳз ТТЭ ҲНИ мавриди таваҷҷуҳи хоҷагони хориҷӣ қарор дорад, на неруҳои дигар? Ин ҷо маҳз ҳамон характери ифротӣ ва бунёдгароии ин неру ба ҳисоб гирифта мешавад. Истифодаи абзорӣ аз неруи ангезаи мазҳабӣдошта ба назари “хоҷагони хориҷӣ” муассир ва арзон тамом мешавад. Ин неру барои расидан ба ҳадафҳои ҷоҳталбонаи худ барои анҷоми ҳар коре қодир аст. Ҳамин ҳоло низ унсурҳои ТТЭ ҲНИ мазҳ бо кумаки хориҷиҳо тавонистаанд таблиғот ва душманиро бар алайҳи Тоҷикистон ба роҳ биандозанд. Намунаи боризи чунин хоҷадорон худи ҳамин ба истилоҳ “момо-ҷавобак”-и С. Истаравшанӣ мебошад.

Ёралии Набӣ

Ҳеҷ овозе нест
 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735180   ноҳияи  Шаҳритуз

кӯчаи И.Сомонӣ №51

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз