Main menu

Даъвои беасоси мухолифини тоҷик

         Рӯзҳои 16-26-уми сентябри соли ҷорӣ дар пойтахти Полша шаҳри Варшава машварати солонаи Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо  баргузор гардид, ки бо иштироки 60 кишвари узви ин созмон ҳудуди 2 ҳазор намояндагони мухолифин, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳукумат иштирок намуда, озодиҳои сиёсӣ ва ҳуқуқи башарро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.

        Аз инъикоси ҳамоиши мазкур тавассути ВАО  маълум шуд, ки ҳайати давлати Тоҷикистон таҳти роҳбарии ёвари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода иштироку суханронӣ намуданд. Аз он ҷумла ёвари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни баромадаш дар оғози ҳамоиш қайд намуд, ки Тоҷикистон ҳамаи уҳдадориҳои байналмилалии худро иҷро карда,барои риояи ҳуқуқи инсон  корҳои зиёдеро анҷом додааст. Ва дар идомаи суханрониаш Зариф Ализода чунин таъкид намудааст: «ҳамкориҳои Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо бо Тоҷикистон на аз тариқи интиқоди яктарафа аз вазъияти ҳуқуқи башар сурат бигирад, балки кишварҳои ин созмон дар заминаи риояи ҳуқуқи инсон ва таҳкими он  ба Тоҷикистон мусоидат кунанд.»

      Мутаассифона  мухолифини дар хориҷа паноҳ ёфтаи  Тоҷикистон,  алоқамандону балегӯёни  собиқ ҳизби манъшудаи наҳзат аз қабили намояндагони Анҷумани озодандешони  Тоҷикистон  Маҳмудҷон Файзраҳмон, Темур Варқӣ, инчунин хабарнигори тоҷик Ҳумайрои Бахтиёр (Муминова), ки дар Аврупо зиндагӣ мекунад,    зимни суханрониашон дар машварати  солонаи Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо иттилооти Зариф Ализодаро ғайривоқеъбинона хондаанд. Ба андешаи Маҳмудҷон Файзраҳмон дар Тоҷикистон гӯё барои изҳори ақида ва ҳатто барои «лайк»гузоштан  дар матолиби шабакаҳои иҷтимоӣ  шаҳрвандонро ҷазо медиҳанд. Бо иддаои Темур Варқӣ, намояндаи дигари мухолифи давлати Тоҷикистон  гӯё дар ҷумҳурии мо озодии баён нигаронкунанда буда, дастрасӣ ба шабакаи Интернет ва саҳифаҳои хабарӣ душвор будааст. Ҳумайрои Бахтиёр, хабарнигори тоҷик,  зимни баромад ва муроҷиаташ ба Ҳарлем Дезир, масъули Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо барои озодии баён иброз доштааст, ки сиёсате, ки мақомоти Тоҷикистон пеш гирифтаанд, сабаби аз фаъолият мондани расонаҳои зиёд ва шиддат ёфтани худсонсурӣ шудааст.

        Дар навбати худ намояндагони  ҳайати давлати Тоҷикистон  –Музаффар Ашуриён, Вафо Ниятбекзода даъвою  андешаҳои иброздоштаи  мухолифини  тоҷикро дуруғу  бепоя хонда, таъкид намуданд, ки «дар Тоҷикистон тамоми шароит барои хабарнигорон ва рушди озодии сухан фароҳам оварда шудааст  ва ҳеҷ гуна монеаву маҳдудият барои фаъолияти  матбуот вуҷуд надорад».

        Воқеан мо дар боло аз мухолифини тоҷики дар Ҳамоиши сентябрии Варшава иштироку суханронӣ намуда  «алоқамандону балегӯёни  собиқ ҳизби манъшудаи наҳзат» ном бурдем, ки беасос нест.  Онҳо, ки бо пуштибонони  хориҷию роҳбарии  собиқ раиси ТЭТ ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ  Паймони миллӣ ё созмони дигар ташкил намуда, худро ҷонибдорони давлати демократию ҳуқуқбунёд ҷилва медиҳанд, ангуштшумор буда, барои ҷомеа  ҳарфу идеяю барномаи муайян надоранд. Онҳо бо роҳи туҳмату таҳқир, сиёҳ намудани мақомоти давлатӣ , ҳамдиёрони худ тариқи расонаю шабакаҳои гуногун мехоҳанд таваҷҷуҳи аҳли ҷомеаро ба худ ҷалб намуда, «исбот» намоянд, ки ҷонибдору ҳомии ҳуқуқи баша р ва озодии баёнанд.

      Аммо ба андешаи мухолифини тоҷик  бо ин ҷор заданҳои беҳуда ва роҳу равиши пешгирифтаашон дар ҷумҳурӣ  ҳаргиз таъсиргузор буда, ҷонибдор пайдо карда наметавонанд. Ҳамзамон яқин аст, ки  шумораи ҳамфикронашон низ  коҳиш меёбад.  Ба ин мисол шуда метавонад Додоҷон Атовулло, собиқ сармуҳаррири рӯзномаи «Чароғи рӯз». Ӯ, ки яке аз сарсахттарин мухолифони ҳукумати кунунӣ буду қаблан аз Кабирию ҳаммаслаконаш пуштибонӣ мекард, имрӯз саду анд фоиз аз онҳо пушт гардонида, дар матлабҳои вақтҳои охир  дар сомонаҳои интернетӣ дарҷ  карда истодааш, ба наҳзатиён санги маломат партофта, бунёдкорию созандагии халқи тоҷик бо роҳбарии Пешвои муаззам Эмомали Раҳмонро васфу ситоиш менамояд.

     Шояд  аксар шаҳрвандон силсиламатлаби журналисти тоҷики муқими Қазоқистон Саломиддин Мирзораҳматов «Тасвири симои Муҳиддин Кабирӣ», «Портрети Муҳиддин Кабирӣ»-ро, ки дар расонаҳо, аниқтараш дар рӯзномаи «СССР», (№№№ 36,,38, 05.09-19.09.с.2019) дарҷ шудааст, мутолиа намудаанд. Дар   матлабҳои ба нашр расида тасвири Саидюнуси Истаравшанӣ, Равшани Темуриён, Темури Варқӣ, Алим Шерзамонов, Мавҷуда Соҳибназарова, Ҳумайрои Бахтиёр (Муминова), Шабнам Худойдова  бо ҳама паҳлуҳояш пешкаши хонандагон гардидааст.  Мо итминони комил дорем, ҳар нафари бо ин тасвиру портретҳо шинос шуда, муносибат, назар ва диди худро нисбати мухолифини дар хориҷа қарордоштаи ба ном «исломию демократу ҳомии ҳуқуқи башар» тоҷик муайян мекунад. Сардори Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷӣ дар Вазорати умури хориҷии  Тоҷикистон Вафо Ниятбекзода зимни баромадаш дар машварати солонаи Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо дар Варшава расонаҳои байналмилалиро ба он муттаҳам кард, ки гӯё аз фаъолияти харобкорона ва ифротии нерӯҳои вайронгар ва террористӣ ҳимоят мекунанд. Ӯ гуфт, ки онҳо, яъне иддае аз расонаҳои байналмилалӣ ба ҳизби ҳоло дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ва «Гуруҳи 24» минбар медиҳанд, ки «мухолиф ба қонунҳои дохилӣ ва меъёрҳои байналмилалӣ аст».

      Саволе ба миён меояд, ки   оё ин қабил ашхос, ки дар ин диёр таваллуд шуда ба воя расида аз обу нон ва гулу гиёҳи ин кишвар баҳра бурдаанд ба ҷуз туҳмату дуруғбофӣ ва дар назди аҳли ҷомеаи ҷаҳон паст задани ҳамватанони хеш чи хизмате ба ин халқу ин меҳан кардаанд.

        Эшон бояд хуб фаҳмида бошанд, ки ин мардум он мардуми соддаву гумрохи солҳои 90-уми асри гузашта набуда, дустро аз душман сафедро аз сиёҳ, некро аз бад ба хубӣ дарк мекунанд ва ҳаргиз ба сухан ва ваъдаҳои пучу беасосу фиребандаи  ҳамдиёрони раҳгумзадаашон бовар намекунанд.

Азизи Фаттоҳ, рӯзноманигор

Ҳеҷ овозе нест
 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735180   ноҳияи  Шаҳритуз

кӯчаи И.Сомонӣ №51

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз