Main menu

Натиҷаҳои солонаи рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия

         Дар санаи 8 январи  соли ҷорӣ дар толори Қасри фарҳанги  ноҳия бо иштироки кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, директорони муассисаҳои таълимӣ,  раисони маҳаллаҳо, имомони масҷидҳои панҷвақтаю ҷомеъ, роҳбарони ташкилоти ҷамъиятии қаламрави ноҳия ва намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеаи ноҳия  ҷаласа «Оиди натиҷаҳои  рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Шаҳритуз дар соли 2019 ва вазифаҳои навбатӣ дар соли 2020» баргузор гардид.

         Пас аз ифтитоҳи ҷаласа аз ҷониби раиси ноҳияи Шаҳритуз Ҷаббори  Ғаффор  муовини раиси ноҳия Меҳринисо Раҷабзода    дар назди ҳозирон бо ҳисобот баромад кард.

        Қайд гардид, натиҷаҳои чашмраси рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ноҳия дар соли 2019 ин бевосита  ба татбиқи нақшаи чорабиниҳо  ва амалигардии барномаҳои давлатӣ алоқаманд буда, ин раванд имконият фароҳам овард, ки маҷмӯи маҳсулоти дохилии ноҳия  108,8 фоиз афзуда, ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ 107,4 %, саноатӣ 115,4%, гардиши савдои чакана 147%, хизматрасонии пулакӣ 110,9%, сохтмон 100,5 %-ро ташкил намояд.

         Ҳаҷми умумии даромади буҷет бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ дар 12 моҳи соли 2019 ба андозаи 97 фоиз иҷро гардида, ба ҷои 32 миллиону 606 ҳазору 917 сомонӣ, 31 миллиону 627 ҳазору 701 сомонӣ ба қисми даромади буҷети ноҳия ворид гардида аст. Ҳаҷми умумии даромади андози ғайрибуҷетӣ низ зиёд гардида, ба ҷои 10 млн 21 ҳазору 864 сомонии пешбинишуда дар асл 11 млн 140 ҳазору 213 сомонӣ ворид гардидааст,ки  ин нишондод  111, 2 фоизи нақшаро дар бар мегирад ва нисбат ба нақша 1млн 118 ҳазору 349 сомонӣ зиёд мебошад. Муовини раиси ноҳия зикр намуд, маблағгузории моддаҳои хароҷотӣ, аз ҷумла фонди музди меҳнат пурра таъмин гардида, напардохтани қарздории музди меҳнати ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ дида намешавад.

          Зимни  ироаи ҳисобот  қайд  гардид,  ки  ноҳияи Шаҳритуз ноҳияи  аграрӣ  буда,   соҳаи  кишоварзӣ   яке аз омилҳои асосии таъминкунандаи амнияти озуқавории мамлакат, манбаи таъмини коркарди корхонаҳои саноатӣ бо ашёи хоми ватанӣ, бахши ташаккулдиҳандаи иқтидори содиротии ноҳия ба мамлакатҳои хориҷи кишвар ва муҳимтар аз ҳама заминаи ташкили ҷойҳои нави корӣ ба ҳисоб меравад.  Ҷиҳати рушди соҳаи кишоварзӣ то анҷоми соли 2019 дар ноҳия тибқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба маблағи беш аз 2 млн 677 ҳазор доллари амрикоӣ амалӣ гардида, қарзҳои имтиёзнок аз ҳисоби бонкҳои ноҳия ба маблағи 73 млн 184 ҳазору 836 сомонӣ ба хоҷагиҳои деҳқонӣ-фермерӣ ва соҳибкорони маҳаллӣ дода шудааст.

       IMG_3251 (2).JPG Дар соли 2019 ба миқдори 12 ҳазору 003 тонна тиллои сафед ҷамъоварӣ карда шудааст, ки ин ба 100,4 фоизи нақшаи солона  баробар буда, нисбати соли 2018 -3 ҳазору 781 тонна зиёд мебошад. Ҳамзамон дар миқёси ноҳия аз 1910 гектар замини ғалладонагиҳо  кишт карда шуда, 296 ҳазору 927 тонна ғалладона ҷамъоварӣ карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,4 фоиз зиёд мебошад. Дурнамои кишти такрорӣ дар бахши хоҷагиҳои деҳқонӣ 1700 гектар буда,  иҷрои он 2 ҳазору 924 гектарро  ташкил намуда, ба 172 фоизи нақшаи солона баробар аст.

         Зимни ироаи ҳисобот рушди соҳаи маориф заминаи асосии баланд гардидани сатҳи маърифати ҷавонону наврасон арзёбӣ гардида, қайд карда шуд, ки  баҳри амалӣ намудани сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маорифчиёни ноҳия  пайваста дар талош мебошанд.  Дар 54 муассисаи таълимии ноҳия 28 ҳазору 43 хонанда ба таҳсил фаро гирифта шуданд, ки ба онҳо 1642 омӯзгор, аз ҷумла 1 ҳазору 85 нафар зан таълим медиҳанд. Аз ин миқдор 888 нафар бо маълумоти олӣ, 221 нафар олии нопурра, 442 нафар бо маълумоти миёнаи махсус, 93 нафар бо маълумоти миёнаи умумӣ фаъолият доранд. Аз 1 ҳазору 786 нафар хатмкунандаи муассисаҳои таълимии ноҳия 858 нафар ба муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар дохил шуданд, ки ин рақам 49 фоизи шумораи умумии хатмкунандагони ноҳияро ташкил медиҳад.

      Дар ҳисоботи ироа намудаи муовини раиси ноҳия натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ҳама соҳаҳои ноҳия қайд гардида, ҳамзамон камбудию норасоиҳои ҷойдоштаи аксар соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия низ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.

        Пас аз шунидани ҳисобот роҳбарони   кумитаи замини ноҳия, Идораи давлатии  беҳдошти замин ва обёрии зерҳавзаи дарёи  Кофарниҳони поён дар  ноҳия, бахши  ҳифзи муҳити зисти  ноҳия, Раёсати кишоварзии ноҳия, нозироти андозу  раёсати молияи ноҳия, Сохтори госпиталию КАТС-и ноҳия, шуъбаи маорифи ноҳия, шуъбаи фарҳанги ноҳия,  бахши кор бо занон ва оилаи  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия  ва дигарон ба  пурсишҳои раиси ноҳия Ҷаббори Ғаффор посухҳои мушаххас ироа намуданд.

        Дар  ҷаласаи мазкур намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин Саид ва сардори раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  вилояти Хатлон Диловаршо Исозода    иштирок  намуданд.

         Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  зимни суханрониаш дар баробари зикри муваффақиятҳои ноҳия аз он изҳори нигаронӣ кард, ки дар ноҳияи Шаҳритуз то ҳол дар муассисаҳои таълимӣ  нақшаи компютеркунонӣ иҷро нагардида, сатҳи ҷинояткорӣ дар миқёси ноҳия нисбат ба соли 2018 4 адад афзудааст. Сатҳи дониши хонандагони ноҳия низ аз ҳисоби миёнаи вилоят  пасттар мебошад. Дар ноҳия аз сабаби нарасидани  мутахассисони фанни забони давлатӣ дар  таълимгоҳҳои ғайритоҷикӣ  омӯзиши фанни мазкур таъби дил ба роҳ монда нашудааст. Соҳаи  тандурустии ноҳия ҳам ба кадрҳои соҳибмаълумот эҳтиёҷ дорад. Бо таъкиди Нуриддин Саид таъсиси корхонаҳои саноатӣ ва рушди соҳаи сайёҳӣ дар ноҳия ба талаботи замон ҷавобгӯ набуда, ба масъулин лозим меояд ба  соҳаҳои мазкур таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд. Ҳамзамон Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуданд, масъулони зинаҳои гуногун ва аҳли ҷомеаи ноҳияро мебояд камари ҳимматро маҳкам баста, корҳои ободонию бунёдкориро вусъати тоза бахшида, 363 иншооти ҷашниро сари вақт ва бо сифати баланд мавриди истифодаю баҳрабардорӣ қарор дода, ҷашни  30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро   бо дастовезҳои арзандаи меҳнатӣ истиқбол гиранд.

         Дар охир бо дарназардошти таклифу пешниҳодҳои ироагардида қарори дахдор қабул карда шуд.

     IMG_3306.JPG Дар фароварди ҷаласаи солонаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия гуруҳи калони масъулони зинаҳои гуногуни ноҳия “барои фаъолияти пурмаҳсулу самарабахш, иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ” бо мукофотҳои ҳукуматӣ сарфароз гардонида шуданд. Раиси ноҳия Ҷаббори Ғаффор ва Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин Саид ба 5 нафар нишони Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба 5 нафар нишони Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба 8 нафар Сипосномаи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба 5 нафар Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба 5 нафар Ифтихорномаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба 10 нафар Сипосномаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба 8 нафар Ифтихорномаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба 3 нафар Ифтихорномаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар вазъияти ботантана супурданд

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735180   ноҳияи  Шаҳритуз

кӯчаи И.Сомонӣ №51

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз