- Асосӣ
- Раиси ноҳия
- Мақомоти иҷроия
- Мақомоти намояндагӣ
- Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
- Қонунҳо
- КОДЕКСИ МЕҲНАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОДЕКСИ ОДОБИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия
- Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ДАР БОРАИ ТАРТИБИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ СОХТИ МАРЗИВУ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи хизмати давлатӣ
- Қарорҳои маҷлиси вакилони халқ
- Қарорҳои раиси ноҳия
- Қонунҳо
- Муроҷиати шаҳрвандон
- STATEMENT Following the Meeting of the Special Services of Iran, Kazakhstan, China, Pakistan, Russia, Tajikistan and Uzbekistan
- Дастгоҳи раиси ноҳия
- Наимова Раҷамо модари Сангова Сумая духтаре, ки Кури Юнус фиребаш дод
- ПОЙТАХТИ ДАВЛАТ ВА ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛАТ
Ҷавонон ба тарбияи дуруст эҳтиёҷ доранд
Пан, 01/16/2020 - 08:29
Файласуфи Юнони қадим Арасту дар бораи таълиму тарбияи ҷавонон чунин фармудааст: « Агар чӣ шудани ояндаи ягон империяро донистан хоҳӣ, бубин, ки насли ҷавонаш чӣ гуна тарбия мегирад».
Дар воқеъ таълиму тарбияи дуруст омили муҳимтарини амнияти ҷомеа ва давлат ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ зарур аст, ки ҳамаи самтҳои он баробар рушд ёбанд. Алалхусус дар ҷаҳони муосир, ки дар раванди ҷамъият буҳрони иҷтимоӣ торафт вусъат мегирад, масъалаҳои тарбия ва инкишофи ҳамаҷонибаи инсон беш аз пеш аҳамияти калон пайдо мекунад. Муаллим машъалафрӯзи ҷаҳони маънавӣ ва нурбахши зиндагӣ маҳсуб мешавад. Ин рисолат ӯро дар ҷомеа сазовори обрӯ ва эҳтироми хоса гардонидааст. Бинобар ин вазифаи омӯзгор дар баробари омӯзонидани илму дониш, адаб, ҳидояту роҳнамоии ҷавонон ба роҳи рост мебошад. Ӯро дар ин роҳ рисолати оила, падару модар кӯмакрасони асосӣ ба ҳисоб меравад.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати тарбияи ҷавонон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда аз ҷумла қайд намуданд, ки «Дар рӯҳияи ҳисси баланди миллӣ, садоқат ба давлату миллат, таҳаммулгароӣ, ватандӯстиву хештаншиносӣ ва пос доштани арзишҳои миллӣ тарбия намудани ҷавонон вазифаи муҳимтарини ҳамаи сохтору мақомот ва аҳли ҷомеа мебошад.»
Мутаассифона имрӯз дар ҷомеа баъзе падару модароне ҳастанд, ки ба таълиму тарбияи фарзандони хеш эътибори даркорӣ намедиҳанд. Бо баҳонаи сахтии рӯзгору вазнинии кор, гаронии хӯрондану пӯшонидани оилаи калон имкон намеёбанд, ки ба саводомӯзии фарзандон назорат намоянд ва тақдири фарзандони худро ба муаллим ҳавола мекунанд.
Омӯзиш ва таҳлилҳо аз таҷрибаи зиндагии имрӯза нишон медиҳанд, ки аз беаҳамиятии баъзе падару модарон ва омӯзгорон истифода карда, ҷараёнҳои тундраву ифротгароӣ ҷавонону наврасони ноогоҳро ба доми худ мекашанд. Ҷавонон ва наврасон набояд фирефтаи дасисаҳои гуруҳҳои ифротгаро шуда, ҳаёти худро қурбони нақшаҳои хунини онҳо гардонанд.
Маориф соҳаи шахсиятсоз аст. Итминони комил дорем, агар ҷомеа дар ҳамбастагӣ бо аҳли маориф, волидон ва масъулони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба таълиму тарбияву камолоти маънавию нерӯи ҷисмонии наврасону ҷавонон эътибори зарурӣ зоҳир намоянд, дар оянда дар ҳама соҳа кадрҳое рӯи кор меоянд, ки ҳамагон аз эшон чун ояндасозони давлату ҷомеа ба некӣ ёдовар мешаванд.
Муътабар Ҳайдарова, мушовири шуъбаи маорифи ноҳия