- Асосӣ
- Раиси ноҳия
- Мақомоти иҷроия
- Мақомоти намояндагӣ
- Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
- Қонунҳо
- КОДЕКСИ МЕҲНАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОДЕКСИ ОДОБИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия
- Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ДАР БОРАИ ТАРТИБИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ СОХТИ МАРЗИВУ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи хизмати давлатӣ
- Қарорҳои маҷлиси вакилони халқ
- Қарорҳои раиси ноҳия
- Қонунҳо
- Муроҷиати шаҳрвандон
- STATEMENT Following the Meeting of the Special Services of Iran, Kazakhstan, China, Pakistan, Russia, Tajikistan and Uzbekistan
- Дастгоҳи раиси ноҳия
- Наимова Раҷамо модари Сангова Сумая духтаре, ки Кури Юнус фиребаш дод
- ПОЙТАХТИ ДАВЛАТ ВА ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛАТ
Таҷлили ҷашни солгарди Артиши миллӣ
Шан, 02/22/2020 - 17:16
Рўзи 22 феврал дар Қасри фарҳанги ноҳия бахшида ба 27- умин солгарди Артиши Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади ботантана баргузор гардид. Дар ин чорабинии бошукуҳ роҳбарият ва масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, намояндагони афсарону сарбозони қисмҳои низомии ҳудуди ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳия, собиқ сарбозони башардўсти ноҳия ширкат варзиданд.
Дар назди ҳозирин иҷрокунандаи вазифаи раиси раиси ноҳияи Шаҳритуз, Ҷаббори Ғаффор ба муносибати 27- умин солгарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Паёми табрикӣ баромад кард.Ўзимни суханрониаш қайд намуд, Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рукнҳои асосӣ ва устувору қавии давлати ҳуқуқбунёди Тоҷикистон буда, баробари соҳибистиқлол гардидани давлати тозабунёди миллии мо бо мақсади ҳимояи марзу бум, шарафу номус ва музаффариятҳои Тоҷикистони соҳибихтиёр ташкил гардида, дар зарфи 27 сол роҳеро тай кардааст, ки пур аз саҳифаҳои шуҷоат, далерӣ ва қаҳрамонӣ аст.
Роҳбари ноҳия таъкид дошт, ки Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ сарфи назар аз мавҷуд набудани заминаҳои моддию техникӣ, нарасидани кадрҳои касбии ҳарбӣ ба хотири пешгирии хатари аз байн рафтани миллат ва давлати навташкил аз ҳисоби имконоти маҳдуди дохилӣ ташкил ёфт. Ягона чизе, ки давлату миллат ба он эътимоду боварӣ дошт, ин ҳисси ватанпарварӣ ва омодагии ҷавонмардони шуҷои ватан барои ҳифзи халқу ватан буд. Яъне метавон гуфт, ки Артиши миллии мо фаъолияти худро бо таҷрибаи ночиз, вале масъулияти ниҳоят баланд оғоз намуда, хушбахтона бо таваҷҷуҳ, ибтикор ва азми ватансозии Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар зарфи зиёда аз ду даҳсолаи охир ба мактаби тарбияи ватандӯстиву ватандорӣ ва матонату мардонагӣ табдил ёфтааст. Имрӯз дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи кишвари мо ҷавонони содиқу қавиирода, ватандўсту ватанпараст бешумор буда, қодиранд, ки амнияти давлату миллат ва ҳифзи марзу буми ватанамонро пурра таъмин намуда, қудрату тавоноӣ ва омодагии ҳарбии худро дар ҳимоя, пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҳар гуна хавфу хатар ва таҳдидҳо ҳам дар амал ва ҳам дар машқҳои низомӣ борҳо собит намоянд.
Ҷаббори Ғаффор дар идомаи ироаи Паёми табрикиаш аз ҷумла чунин иброз дошт: “Ноҳияи Шаҳритуз, ки ҳамсарҳад ба ду давлатҳои ҳамсоя - Афғонистон ва Ўзбекистон аст, хизматчиёни ҳарбии қисмҳои низомии мо вазифадоранд, ки пеш аз ҳама дар ҳифзи сарҳади давлатӣ, риояи қонун ва тартибот, сатҳи маҳорат ва омодагии ҷангӣ намунаи ибрат бошанд. Афсарони қисмҳои низомии мо набояд аз комёбиҳои бадастомада қаноатманд шуда, ба хотирҷаъмӣ роҳ диҳанд. Баръакс, ҳамеша аз пайи ҷустуҷӯи роҳу усулҳои азбар намудани тактика ва стратегияи ҳарбӣ шуда, дониши худро ҳамеша такмил диҳанд ва истифодаи техникаи нави муҳорибавиро дар сатҳи меъёрҳои муосир азхуд кунанд. Вобаста бо ин мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз бо мақсади баланд бардоштани муҳаббати ватандории афсарону сарбозон диққати махсус зоҳир намуда, дар қисмҳои низомӣ чорабиниҳои гуногуни маърифатию тарбиявӣ ва фарҳангию варзиширо пайваста доир намуда, ба ин васила ифтихори миллии онҳоро бедор менамояд...
Лозим ба ёдоварист, ки ҳар сол моҳи феврал ҳамчун рӯзи ҳомиёни содиқи марзу буми Ватан ва мардони далеру шуҷоъ ҷанговарони башардуст, иштирокчиёни воқеаҳои Афғонистон бо самимият ва шукуҳи хоса таҷлил мегардад. Дар давоми солҳои 1979-1989 даҳҳо нафар ҷавонписарони ноҳияи Шаҳритуз дар қатори дигар ҷавонони ҷумҳурӣ бо амри тақдир ба ҳайси сарбозони башардўст дар амалиётҳои ҷангӣ дар марзи Давлати исломии Афғонистон иштирок намуданд...
Итминони комил дорем, Шурои собиқадорони башардусти ноҳия ва он ҷавонмардоне, ки дар ин ниҳод шомиланд, ҳам бо сухан ва ҳам дар амал баҳри пешбурди ҷомеа ва ба роҳи рост ҳидоят намудани ҷавонон донишу таҷрибаи бойи ҳаётии хешро дареғ намедоред. Дар ин ҷода ба Шумо саломатӣ, сарбаландӣ ва саодати рузгору барори кор орзу менамоям”.
Дар анҷом иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Шаҳритуз Ҷаббори Ғаффор бо камоли эҳтиром ҳама афсарону низомиёни қавииродаро бо ин санаи бузурги таърихӣ 27-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин мардони далеру шуҷоъ, ҷанговарони башардуст, иштирокчиёни воқеаҳои Афғонистонро низ табрику таҳният гуфта, барояшон саломатӣ, сарбаландӣ ва саодати рӯзгору барори кор орзу намуд.
Сипас мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз Нурулло Раҳматов Амри раиси ноҳияро дар бораи сарафроз гардидани афсарон ва сарбозони қисмҳои низомии ноҳия ва ҷанговаронибашардўст бо ифтихорнома ва сипосносаҳои раиси ноҳияи Шаҳритуз қироат намуд.
Дар асоси амри мазкур барои хизматҳои арзанда дар таъмини сулҳу суботи кишвар ва содиқ будан ба савганди ҳарбӣ ва ба халқу Ватани хеш, ба ифтихори 27- умин солгарди Артиши Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон майор, сардори отряди панҷуми сарҳадии Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии Амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қисми ҳарби 0305 Шарипов Самариддин Рустамович, подполковник, командири қисми ҳарбии 02214–и Вазорати Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шокирзода Собир Султон бо Ифтихорномаи раиси ноҳия, афсарони қисми ҳарбии 02214 Муродов Муҳаммадфарид Асламхонович, Азимзода Салоҳиддин, инчунин афсари дидбонгоҳи сеюми сарҳадии Айвоҷ Холбоев Абдумалик Қамчинхонович, сарбози қатории дидбонгоҳи мазкур Эрҷонов Эҳсон Эрҷонович ва ҷанговари башардўст Ғафуров Амраҷон Саидбекович бо Сипосномаи раиси ноҳия сарафроз гардиданд. Иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Шаҳритуз Ҷаббори Ғаффор Ифтихорномаю Сипосномаҳоро ба онҳо дар вазъияти тантанавӣ супорид.
Ҳамзамон раиси собиқадорони интернатсионалисти ноҳия Сулаймон Чориев аз номи собиқ ҳамсангарони худ ҳамагонро бо таҷлили ҷашни солгарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона шодбош гуфта, ба иҷрокунандаи вазифаи раиси раиси ноҳияи Шаҳритуз, Ҷаббори Ғаффор ва мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи раиси ноҳияи Шаҳритуз Саймуддин Лоиқов барои саҳмгузориашон дар таҳкими корҳои ватандўстию меҳанпарастии аҳли ҷомеа бахусус ҷавонони ноҳия аз номи раиси иттиҳоди интернатсионалистони собиқадори Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш.Мирзоев медали “За помощ и содействие ветеранскому движению”-ро супорид.
Дар фароварди чорабинии идона ҳунармандони Қасри фарҳанги ноҳия саҳначаю барномаи рангини консертиро ба иштирокчиёни ҷашн пешкаш намуданд.
Иловаи муаллифон:
Субҳи рӯзи 22 феврали соли ҷорӣ бо мусоидати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия собиқадорони интернатсионалисти ноҳия дар майдони Исмоили Сомонӣ ҷамъ омада, дар якҷоягӣ бо масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷониби Литсейи касбии техники ноҳия роҳ пеш гирифтанд. Онҳо дар ин муассиса дар назди Лавҳаи ёдгории интернатсионалисти шаҳид- дастпарвари омӯзишгоҳи мазкур Шамсулло Одинаев гулчанбари тару тоза гузошта, хотираи ӯ ва собиқ ҳамсангарони собиқашонро ки ҳангоми адои хизмат дар амалиётҳои ҷангӣ дар Давлати исломии Афғонистон қаҳрамонона ҳалок шудаанд, пос доштанд.
Сипас эшон дар даст шиору навиштаҷоти идона ҷониби Қасри фарҳанги ноҳия раҳсипор шуда, дар ҷамъомади ботантана .бахшида ба муносибати 27- умин солгарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзиданд.
“Субҳи Шаҳритуз”