- Асосӣ
- Раиси ноҳия
- Мақомоти иҷроия
- Мақомоти намояндагӣ
- Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
- Қонунҳо
- КОДЕКСИ МЕҲНАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОДЕКСИ ОДОБИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия
- Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ДАР БОРАИ ТАРТИБИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ СОХТИ МАРЗИВУ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи хизмати давлатӣ
- Қарорҳои маҷлиси вакилони халқ
- Қарорҳои раиси ноҳия
- Қонунҳо
- Муроҷиати шаҳрвандон
- STATEMENT Following the Meeting of the Special Services of Iran, Kazakhstan, China, Pakistan, Russia, Tajikistan and Uzbekistan
- Дастгоҳи раиси ноҳия
- Наимова Раҷамо модари Сангова Сумая духтаре, ки Кури Юнус фиребаш дод
- ПОЙТАХТИ ДАВЛАТ ВА ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛАТ
Таҷлили Рӯзи Модар дар ноҳия
Сеш, 03/10/2020 - 14:47
Санаи 7-уми март дар Қасри фарҳанги ноҳияи Шаҳритуз бахшида ба Рӯзи модар чорабинии сиёсиву фарҳангӣ доир гардид. Дар ҷамъомади ботантана иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия Ҷаббори Ғаффор зимни ироаи Паёми табрикӣ бахшида Рӯзи Модар чунин иброз дошт:
Дар оғози фасли баҳор фаро расидани Рӯзи модар – ин ҷашни барои ҳамаи мо бисёр азизро ба кулли сокинони диёрамон, бахусус ба модарону бонувони ноҳияамон самимона табрик гуфта ба ҳар яки Шумо саломативу хушбахтӣ ва хонаободиву сарбаландӣ орзу менамоям. Модар ин сарчашмаи ҳаёти инсон буда, бо фармудаи бузургон бо як даст гавҳора ва бо дасти дигарашон сайёраро меҷунбонад.
Ҷашни расмии давлатӣ эълон шудани Рӯзи модар дар Тоҷикистон гувоҳи равшани мақому манзалати баланди Шумо модарон ва хоҳарони азиз мебошад.
Мардуми мо аз қадимулайём ба қадру мартабаи волои модар арҷ мегузорад ва ба ҷо овардани ҳурмату эҳтироми ӯ то ба имрӯз яке аз суннатҳои миллии мо ба шумор меравад.Ниёгони мо ба қадру қимат ва эҳтироми модар ҳамчун офарандаи ҳаёт ва парварандаи арзишҳои умумибашарӣ, ба монанди муҳаббат ва дӯстӣ, адолатпешагиву ҳақталошӣ, сулҳу оромӣ дар оилаву ҷомеа, тарбиятгари инсони поксиришту накӯкор, далеру шуҷоъ ва ватандӯсту ватанпарвар мерасиданд ва ба ӯ саҷда менамуданд. Модар нахуст устоди башарият аст ва фарзанд каломи аввалинро аз ӯ меомӯзад. Ҳар модаре, ки соҳиби саводу дониш ва таҷрибаву ҷаҳонбинӣ мебошад, фарзанди ӯ ҳам босаводу хушахлоқ ба воя мерасад”.
Раиси ноҳия сипас ботафсил аз мақому манзалати волои модар, заҳмату шабзиндадориҳои ӯ ва рафтори неку пурмуҳаббаташ нисбат ба наслҳои башарият, таърихи қайди иди модар сухан ронд. Ҷаббори Ғаффор дар идомаи Паёмаш қайд намуд: “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таҳкиму тақвияти нақши занон дар ҷомеа ҳамеша эътибори махсус дода, ҳануз дар оғози соҳибистиқлолиямон иброз намуда буданд, ки: “зан тавлидгару мураббии инсон ва устоди беназири фарзандаст: нахустин мактаби инсон мактаби модар аст, ки ҳамаи мо таҳти парасторӣ ва навозиши ӯ ба камол расида сабақи одамият омӯхтаем” Мо бо занону модарони худ ифтихор мекунем. Зеро модари тоҷик тули садсолаҳои зиёд фарзандони фарзонаеро ба дунё овардаву ба камол расонидаст, ки онҳо бо ақлу заковат ва нури хиради хеш роҳи зиндагии аҳли башарро боз ҳам мунаввар сохтаанд. Заҳматҳои беназири зан-модар дар ҳаққи фарзанд, инчунин ба хотири ободиву оромии кишвар моро водор месозад, ки қадру қимат ва ҳурмату эҳтироми ӯро ҳамеша ба ҷо орем ва барои ӯ шароити мусоиде омода кунем, ки дар баробари фаъолияти созандааш фарзандони солиму соҳибмаърифатро тарбия намояд.” Ӯ инчинин боифтихор иброз дошт, ки имрўз дар ноҳия қариб дар ҳама мақомоти марбута аз ҳукумати маҳаллӣ то мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, маорифу тандурустӣ, бахусус кишоварзӣ занони мо бомуваффақият фаъолият намуда истодаанд.
Фақат дар ҳукумати ноҳия 14 фоизи кормандонро занон ташкил менамоянд. Дар соҳаи тандурустии ноҳия 70 фоиз, маориф 80 фоиз ва дар хоҷагии қишлоқ 90-фоизро занон ташкил менамоянд. Айни замон мо кўшиш ба харҷ дода истодаем, ки дар ҳама ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ташкилоту муассисаҳо теъдоди кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занон бештар бошанд.
Дар фароварди табрикоти хеш раиси ноҳия ба таври шоирона ба аҳли толор ва кулли модарони ноҳия чунин иброз намуд: “Занон гулҳои осмониро дар ҳаёти замин мекоранд, ҷомаи дилпазиру зебои ишқро дар замири худ мебофанд ва эҳсосоти латифро дар пардаи покиву покдоманӣ мепарваранд. Итминони комил дорам, ки занону модарони иззатманд ва хоҳарону духтарони азизи мо ин рисолати азаливу таърихиро садсолаҳои дигар бо сарбаландӣ адо хоҳанд кард”.
Сипас мудири шуъбаи бойгонии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Манучеҳр Анварӣ Амри иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияро дар хусуси қадршиноси намудани 26 нафар занони фаъоли ноҳия бо Сипосномаи раиси ноҳияву туҳфаҳои идонаи идонаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз қироат кард.. Иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия Ҷаббори Ғаффор дар вазъияти ботантана Сипосномаю туҳфаҳои идонаро ба бонувони фаъоли ноҳия супорид.
Дар фарҷоми ҳамоиши идона ҳунармандони Қасри фарҳанги ноҳия бо барномаи рангини ҳунарӣ табъи ҳозиринро болида гардониданд.
«Субҳи Шаҳритуз»