- Асосӣ
- Раиси ноҳия
- Мақомоти иҷроия
- Мақомоти намояндагӣ
- Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
- Қонунҳо
- КОДЕКСИ МЕҲНАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОДЕКСИ ОДОБИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия
- Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ДАР БОРАИ ТАРТИБИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ СОХТИ МАРЗИВУ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи хизмати давлатӣ
- Қарорҳои маҷлиси вакилони халқ
- Қарорҳои раиси ноҳия
- Қонунҳо
- Муроҷиати шаҳрвандон
- STATEMENT Following the Meeting of the Special Services of Iran, Kazakhstan, China, Pakistan, Russia, Tajikistan and Uzbekistan
- Дастгоҳи раиси ноҳия
- Наимова Раҷамо модари Сангова Сумая духтаре, ки Кури Юнус фиребаш дод
- ПОЙТАХТИ ДАВЛАТ ВА ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛАТ
Ҷамъбасти семоҳаи аввали соли 2020
Сеш, 04/21/2020 - 17:46
Дар санаи 20 апрели соли ҷорӣ дар толори Қасри фарҳанги ноҳия бо иштироки кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, намояндагони мақомомоти ҳифзи ҳуқуқ, директорони муассисаҳои таълимӣ, раисони маҳаллаҳо, имомони масҷидҳо, соҳибкорон, роҳбарони ташкилоти ҷамъиятии қаламрави ноҳия, намояндагони васоити ахбори омма ҷаласа «Дар бораи натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Шаҳритуз дар 3- моҳаи аввали соли 2020 ва вазифаҳо дар семоҳаи дуюми соли 2020» баргузор гардид.
Пас аз ифтитоҳи ҷаласа аз ҷониби раиси ноҳияи Шаҳритуз Ҷаббори Ғаффор муовини аввали раиси ноҳия Усмонов Қаҳор Бобоевич, муовинони раиси ноҳия Фаридун Сафарбекзода ва Меҳринисо Раҷабзода дар назди ҳозирон бо ҳисобот баромад карданд.
Зимни ироаи ҳисобот қайд гардид, дар давоми 3 моҳи соли ҷорӣ дар ноҳия корҳои муайян ба ҷо оварда шудаанд. Чунончи, дар семоҳаи аввали соли 2020 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти умумии кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия ба 22 млн.19 ҳазору 100 сомонӣ расидааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 13, 7 фоиз зиёд мебошад.
Тибқи дурнамо ба ҳолати 1 апрели соли ҷорӣ дар майдони 1695 га ғалладонагиҳо, аз он ҷумла 1411 га гандум, 140 га ҷав, 128 га маккаи дон, 16 га лўбиёгиҳо, 822 га сабзавот аз он ҷумла 561 га пиёз, 110 га сабзӣ, 50 га карам, 39 га помидор, 29 га бодиринг, 33 га дигар сабзавот, дар майдони 3540 гектар зироатҳои техникӣ, аз он ҷумла 3510 га пахта, дар майдони 180 га картошка, 277 га полезӣ ва дар майдони 175 га зироати хўроки чорво кишт намуданд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад.
Тибқи ироаи ҳисоботи семоҳаи муовини аввали раиси ноҳия пахтакорони ноҳия то 1 апрел дар майдони 3510 га чигит кишт намуда, иҷрои дурнамои кишти чигитро 65, 5 фоиз таъмин намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 28 га зиёд мебошад.
Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии зерҳавзаи дарёи Кофарниҳон дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ бо панҷ шабакаи магистралӣ дар майдони 11,1 ҳазор гектар замин хизмат мерасонад. Ин муассиса бо 10 адад Асотсиатсияи истифодабарандагони об, 360 адад хоҷагиҳои деҳқонии инфиродӣ, 5 адад ҷамоатҳои деҳот, ки истифодабарандагони об мебошанд, шартнома баста, ба онҳо барои таъмини об мусоидат менамояд. Мутаассифона аз сабаби аз ҷониби Асотсиатсияҳои истифодабарандагони об ва дигар шахсони масъул сари вақт напардохтани ҳақки химатрасонии об қарзи ҳақки химатрасонии онҳо дар назди Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии зерҳавзаи дарёи Кофарниҳон дар ноҳияи Шаҳритуз ба ҳолати 1 апрели соли ҷорӣ 2млн 037 ҳазору 166 сомониро ташкил медиҳад.
Нақшаи умумии даромади буҷети ноҳия дар семоҳаи соли 2020 ба андозаи 101,6 фоиз таъмин гардида, ба ҷои 8 миллиону 921 ҳазору 553 сомонӣ, 9 миллиону 62 ҳазору 671 сомонӣ ба қисми даромади буҷети ноҳия ворид шудааст, ки нисбат ба нақша 141ҳазору 418 сомонӣ зиёд бошад ҳам, вале ин рақам вобаста ба сарчашмаи иловагии андоз дар ноҳия қаноаткунанда намебошад.Аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ ба буҷети ноҳия маблағҳои мақсаднок (субвенсия) ба андозаи 3 млн 703 ҳазору 270 сомонӣ ворид гардида, нисбати нақша 181 ҳазору 730 сомонӣ кам буда, 95 фоизи нақшаро дар бар мегирад.
Ҳаҷми умумии даромади андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ низ зиёд гардида, ба ҷои 2 млну 672 ҳазору 178 сомонии пешбинишуда дар асл 3 млн 80 ҳазору 863 сомонӣ ворид гардидааст, ки ин ба 115 фоизи нақша баробар аст. Маблағгузории моддаҳои хароҷотӣ, аз ҷумла, фонди музди меҳнат пурра таъмин гардида, напардохтани қарздории музди меҳнати ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ дида намешавад. Бо афзоиши ҳаҷми умумии даромади буҷет ва фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маблағгузории соҳаи маориф 114 фоиз, соҳаи тандурустӣ 129,6 фоиз афзудааст.
Дар ҷаласа қайд гардид, ки бо мақсади омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия 365 адад иншоотҳои таъинотигуногун ба нақша гирифта шудаанд, ки дар айни замон аз инҳо 227 ададашон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, дар 138 адад иншоотҳои боқимонда корҳои банду басти сохтмонӣ бо маром идома дошта, дар маҷмуъ корҳои иҷрошуда 62 фоизро ташкил медиҳад. Вобаста ба иҷроиши корҳои сохтмонӣ дар ноҳия дар семоҳаи аввали соли 2020, 15 млн 577 ҳазору 300 сомонӣ сарф гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10 млн 626 ҳазору 400 сомонӣ ё ба андозаи 314,6 фоиз зиёд мебошад.
Дар ҷаласаи мазкур дар мисоли соҳаҳои маорифу тандурустӣ, бахши ҷавонон ва варзиш, бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, бахшҳои фарҳангу сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳия ва ғайра қайд гардид, дар соҳаи иҷтимоӣ низ корҳои муайян ба сомон расонида шудааст. Дар баробари ин таъкид шуд, ки дар аксар соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия ҳануз камбудиҳои зиёд ҷой доранд ва мебояд масъулини соҳаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии ноҳия вобаста ба бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта то ҷамъбасти семоҳаи дуюм тадбирҳои амалӣ андешида, ҷиҳати иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, супоришҳои раиси вилояти Хатлон ва раиси ноҳияи Шаҳритуз чораю тадбирҳои мушаххас андешида, иҷрои онҳоро сари вақт таъмин намоянд.
Дар фароварди ҳар як ҳисоботи ироа шуда раиси ноҳия Ҷаббори Ғаффор аз муовини аввали раиси ноҳия Усмонов Қаҳор Бобоевич, муовинони раиси ноҳия Фаридун Сафарбекзода, Меҳринисо Раҷабзода ва масъулони зинаҳои гуногуни ноҳия, мудирони бахшу шуъбаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия доир ба самтҳои гуногуни фаъолияташон дар семоҳаи аввали соли 2020 пурсиш намуд.
Дар ҷаласаи мазкур намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин Саид ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, сардори раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон Шодӣ Мўсозода иштирок ва суханронӣ намуда, барои рафъу бартарафсозии камбудию норасоиҳои ҷойдошта тавсияву дастурҳои мушаххас ироа карданд.
Дар анҷом сардори раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон Шодӣ Мўсозода эълон дошт, ки боғи фарҳангию истироҳатии марказии ноҳияи Шаҳритуз дар доираи озмуни ҷумҳуриявии Гулҳо 2019-2021 бо номи “Сайри гули лола” сазовори Дипломи дараҷаи 2 ва вимпели мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон гардидааст. Ш.Мўсозода дар вазъияти ботантана ба раиси ноҳияи Шаҳритуз Ҷаббори Ғаффор Диплом ва вимпели мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлонро супорид.
Дар фароварди ҷаласа бо дарназардошти таклифу пешниҳодҳои ироагардида қарори дахдор қабул карда шуд.