Main menu

Эроду дастур ва маслиҳати гуруҳи корӣ

        21 июни соли ҷорӣ гуруҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон таҳти сарварии муовини раиси вилояти Хатлон Умед Зоҳирзода   бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷаласаи ғайринавбатии Ҳукумати мамлакат ва иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  рўзҳои 16-17 апрели соли 2020 баён доштанд, инчунин Амри раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ҷиҳати дар муҳлатҳои хуби агротехникӣ ба анҷом расонидани кишти зироатҳои баҳорӣ, такрорӣ, парвариш ва риояи агротехникаи зироатҳо, таъмини саривақтӣ бо оби полезӣ,  назорати нишондиҳандаҳои соҳаи кишоварзӣ, иҷрои нақшаи кишти такрории  зироатҳо аз ҳисоби ғалладонагиҳо, лубиёгиҳо ва ҷуворимакка, вусъати корҳои ободонию бунёдкорӣ  бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешгирии бемориҳои сироятӣ, бахусус коронавирус, тозаю озода нигоҳ доштани муҳити зист дар мамлакат, ба ноҳияи Шаҳритуз  ташриф овард.

      IMG_2078.JPG Онҳо дар якҷоягӣ бо гуруҳи кории ноҳиявӣ ба ҷамоати  шаҳраки Шаҳритуз ва ҷамоатҳои деҳоти ба номи Т.Садриддинов, ба номи Х.Холматов, ба номи Ҷ.Назаров  «Пахтаобод»ва Обшорон  сафар намуда, бо вазъи кор дар саҳро, парваришу нигоҳубини пахтазор ва зироатҳои дигари хоҷагии қишлоқ, рафти корҳои ободонию бунёдкорӣ аз наздик шинос шуданд.

        Пас аз зуҳри ҳамон рўз гуруҳҳои  корӣ дар толори  Қасри фарҳанги ноҳия бо  иштироки раиси ноҳия, муовинони раиси ноҳия, мудирони бахшу шуъбаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти, як қатор роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, иддае аз роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия, кормандони соҳаи саноат, ҳифзи иҷтимоӣ, маориф, тандурустӣ ва ғайра   сафари кориашонро натиҷагирӣ карданд.

       Ҷамъомадро раиси   ноҳия Ҷаббори  Ғаффор ифтитоҳ  ва   меҳмононро муаррифӣ   намуд. Сипас роҳбарони гуруҳҳо, М. Сироҷов, Ф. Ҳурматзода,  Ш.Раҳимзода, А.Қличев ва дигарон баромад карда,  дар баробари  зикри муваффақиятҳо аз камбудиҳои ҷиддии ҷойдошта низ ёдовар шуданд.

       Қайд гардид, ки дар ҷамоати деҳоти ба номи Х.Холматов дар 2597 гектар ҳама намуди кишт пурра анҷом дода шудааст. Дар хоҷагиҳои деҳқонии ҷамоати деҳоти мазкур парвариши ниҳолҳои пахта  хуб роҳандозӣ гардида, ҳар ниҳол камаш 7-8 курак дорад. Касалӣ дар зироатҳо кам буда, атрофи пахтазор низ тоза карда шудааст.  Масъулони хоҷагиҳои деҳқонию роҳбарони ҷамоати мазкурро мебояд барои дар муҳлати муқаррар гардида кишт намудани қитъаҳои шолӣ, инчунин вусъати корҳои созандагию бунёдкорӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бештар таваҷҷуҳ зоҳир намоянд.

      Дар ҷамоати деҳоти Пахтаобод нақшаи содирот 101 фоиз иҷро гардида, ягонаи ниҳолҳои пахтаи хоҷагиҳо ва озукаи якуми пахтазор ҳам таъмин гардидаст.  Дар ҷамоати мазкур фаъолияти саҳмдорону роҳбари  хоҷагии деҳқонии «Шоҳзамонбобо» дар бобати истифодаи босамари агротехникаи муосир, таъмини  нашъунамои муътадили ниҳолҳои пахта ибратомўз буда, ба андешаи роҳбари гуруҳи кории вилоятӣ А.Қличев  бо иштироки роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонии самти пахтакории ноҳия дар хоҷагии  мазкур баргузор намудани семинар – машварат аз фоида холӣ нест.

      Роҳбари гуруҳи корӣ Ш.Раҳимзода  камбудии асосии кишоварзони ҷамоати деҳоти ба номи Ҷ.Назаровро дар суст ба роҳ мондани култиватсияи байни қаторҳои пахтакорони хоҷагиҳои деҳқонии  ҷамоати мазкур ва аз мадди назар дур мондани кадрҳои  соҳибтахассусу варзидаи  ин минтақа арзёбӣ кард. Дар ҳудуди ин ҷамоат кишти шолӣ дар миқёси 145 га ба нақша гирифта шуда, вале  то рўзи 21 июн иҷрои нақшаи кишти шолӣ дар ҷамоати деҳоти ба номи Ҷ.Назаров  ҳамагӣ 35 фоиз иҷро гардидааст. Чунин камбудиҳоро роҳбарони гуруҳҳои корӣ дар ҷамоаатҳои деҳоти ба номи Т.Садриддинов, ва Обшорон низ таъкид намуданд.

         IMG_2082.JPGНамояндаи сарраёсати рушди иқтисоди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон низ зимни баромади таҳлилиаш аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки дар давоми 5 моҳи сипаришуда нақшаи иҷрои андози ноҳия 61, 2 фоиз таъмин шуда, 8 намуди андоз ноиҷро модааст. Инчунин бақияпулӣ дар миқёси ноҳия 3 миллону 487 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Дар ноҳия 9127 нафар нафақахур ба қайд гирифта шуда, иҷрои таъмини нафақапулии онҳо  79, 5 фоизро дар бар гирифтааст. Аз сабаби суст фаъолият кардан ва аз фаъолият бозмондани иддае аз корхонаҳои саноатии ноҳия дар давоми панҷ моҳи соли ҷорӣ истеҳсоли маҳсулот дар ноҳия  коҳиш ёфтааст.

        Дар соҳаи маорифи ноҳия низ камбудию норасоиҳо ҷой дорад. Чунончи, дар муассисаҳои таълимии рақамҳои 11, 14, 15, 18, 26, 34, 44, 47, 54-и ноҳия норасоии ҷойи нишаст ба мушоҳида расида, мактаб-интернати ноҳия ба навсозӣ эҳтиёҷ дорад. Дар соли 2020 ягон нафар мутахассисони соҳаи маорифи ноҳия бо қитъаи наздиҳавлигӣ таъмин нагардиданд.

        Тавре намояндаи вилоят иброз дошт, соҳаи тандурустии ноҳия аз нарасидани кадрҳои маълумоти олидори тиббӣ  танқисӣ кашида,  фаъолияти баъзе марказҳои тиббӣ аз он ҷумла Маркази назорати давлатии санитарӣ  эпидемиологии ноҳия ба талаби рўз ҷавобгў набуда, ҳамзамон таъмири бинои беморхонаи  сеошёнаи  маркази ноҳия то ҳол оғоз нагардидааст. Ҳамин тариқ дар соҳаҳои ҷавонон ва варзиш, сайёҳӣ,  шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва ғайра  ба ҷои пешравию натиҷаҳои назаррас  камбудию норасоиҳои ҷиддӣ  ба мушоҳида мерасад, ки чунин ҳолат ташвишовару нигаронкунада арзёбӣ мегардад.

      Муовини раиси вилояти Хатлон Умед Зоҳирзода низ зимни баромадаш дар баробари зикри корҳои назарраси ноҳия дар самти ободонию бунёдкорӣ аз камбудиҳои ҷиддии дар аксар соҳаҳои ноҳия ҷой дошта ёдовар шуда, аз шахсони масъул роҳбарони зинаҳои гуногуни ноҳия пурсиш намуда, барои рафъу бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дастуру супоришҳои қатъӣ  ироа намуд.

       Дар анҷом раиси ноҳия Ҷаббори Ғаффор ба гуруҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон  барои эроду маслиҳатҳои пурқиматашон  изҳори сипос намуда, онҳоро бовар кунонд, ки роҳбарони  ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва дигар ашхоси масъули ноҳия камбудию нуқсонҳои ҷойдоштаро  дар кутоҳтарин муҳлат бартараф карда, аз натиҷааш ба роҳбарияти вилоят ҳисоботи хаттӣ ирсол менамоянд.

Ҳеҷ овозе нест
 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735180   ноҳияи  Шаҳритуз

кӯчаи И.Сомонӣ №51

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз