Main menu

Паёми табрикотии раиси ноҳияи Шаҳритуз мўҳтарам Ҷаббори Ғаффор бахшида 23-юмин солгарди ҷашни Ваҳдати миллӣ

          IMG_6897.JPG  Имрўз мову Шумо дар арафаи таҷлили 23-юмин солгарди Рўзи Ваҳдати миллӣ, санаи таърихию сарнавиштсоз қарор дорем.      Рӯзи Ваҳдат  ҷашни муқаддаси миллӣ буда баъди ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дуюмин ҷашни аҳамияти сиёсӣ дошта ба ҳисоб меравад.

           Аз фурсати муносиб истифода бурда ҳамаи Шумоён ва дар симои Шумо кулли мардуми баору номус ва меҳнатқарини ноҳияи азизамонро ба фарорасии ин ҷашни муқаддаси миллӣ табрику таҳният гуфта  беҳтарин хушиҳои зиндагиро бароятон таманно дорам.

        Сулҳу суботи  Тоҷикистон бо тамоми маънӣ ба фаъолияти сиёсии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобастагии қавӣ дорад.

         Ҳанўз дар Иҷлосияи тақдирсози  16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ў қатъиян  изҳор намуда буд: «Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор намудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам».

         Мо  бо итминони комил гуфта метавонем, ки ҳамаи ободиву осудагӣ ва сулҳу суботи ватани маҳбубамон Тоҷикистон меваҳои шаҳдбори истиқлолият ва ваҳдати миллӣ мебошанд. Бинобар ин ҳар як сокини ноҳия бояд бо шукронаи сулҳу суббот ва оромию осудагии кишвар ҳамеша барои таҳкими ваҳдати миллӣ, тақвияти пояҳои давлатдории миллӣ ва вусъати раванди бунёдкориву созандагӣ саъю талош намоянд.

         Имрўз бояд махсусан таъкид намуд, ки муваффақ шудан ба ризоияти миллӣ ва сулҳу ваҳдат идомаи мантиқии сиёсати Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талошҳои бомақсаду пайгиронаи  Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин роҳ аст. Роҳбарии хирадмандона, самимияти беназири инсонӣ,  рӯҳияи ватанпарастӣ, ҳамкории пурсамару судманд, фазои ҳамдигарфаҳмӣ, ташкил намудани фаъолияти судманди рукнҳои ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ғайриҳукуматию ҳаракатҳои мардумӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ, эътиқоду эътимоди мардуми  диёр, аз ҷумла гурўҳҳои мухталифи сиёсӣ нисбат ба Сарвари давлат аз омилҳое буданд, ки ба амалӣ гардидани нақшаҳои асосӣ мусоидат намуданд.

         Кўшишҳои Пешвои миллат ва ҳамчунин заковати мардуми бономусу бофарҳангамон натиҷаҳои дилхоҳ доданд ва ниҳоят 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид.

          Асосан  то 27 июни соли 1997, яъне то расидан ба Ваҳдати миллӣ ва суханронии таърихӣ бахшида ба муносибати ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Роҳбари давлат ва пешвои миллат зиёда аз 80 маротиба муроҷиатнома, суханрониҳои расмӣ намуда дар ҳамаи онҳо бевосита аз ризоияти миллӣ, дўстӣ ва Ваҳдат сўҳбат карда, муноқишаю ҷангро маҳкум сохта, кўшиши муттаҳид кардани миллатро пайваста пайгирӣ намудааст.

         Пешвои тоҷикон бо шердилию ҷасорати худ пурарзишии ин  ваҳдатро ба оламиён нишон дод. Ҳарчанд душманони берунаи кишвар  намехостанд, дар Ҷумҳурии мо Сулҳ, Ваҳдати миллӣ пойдор бошад, бо кӯшишу ғайрати пайвастаи Ҳукумати Тоҷикистон, бо  сарварии Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд тамоми тоҷиконро муттаҳид  сохта, гурезагоне, ки  зиёда аз як миллион буданд, ба Ватан баргардонанд.  Аз рўи маълумотҳо аз 60 ҳазори дар Давлати Исломии Афғонистон гурезашудагон зиёда аз 17 ҳазор аз ноҳияи Шаҳритуз  буданд, баргашта имрўзҳо дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия хизмат намуда истодаанд.

         Дар дастгирию амалисозии сиёсати хирадмандонаю сарҷамъ намудани мардуми ноҳияи Шаҳритуз, кам набуданд пирони коре, ки ҳамроҳи Пешвои муаззами миллат устуворона қадам гузошта ин мувафақиятҳоро соҳиб гардиданд. Ба инҳо мисол шуда метавонанд  Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, шодравон Талбак Садриддинов, раисони ноҳияи Шаҳритуз, шодравонҳо Равшан Ҳазратқулов, Эргаш Бобоқулов, инчунин собиқ раисони ноҳия, ки имрӯз ҳамроҳи мо дар ин ҷашнвораи фархунда иштирок доранд Тиркаш Қарабоев, Эшбурӣ Исонқулов, Холмурод Зардов, пирони барнодил Одилов Каримҷон Наврӯзович, Баҳромов Сиҷоиддин, Гулмирзоев Кабуд, Умаров Бегиҷон, Баротов А, Ғуломҳайдаров Насриддин, Ҷураев Нарзулло, Ҷурақулов Мусулмонқул, Ҷураев Ёқуб, Ғиёсов Каримхон ва амсоли инҳо. 

        Танҳо ҳамин дастовордҳои Ҷаноби Олӣ шоҳид аст, ки ба ў ҳамчун як қаҳрамон ва наҷотбахши миллату давлат арзи эҳтиром гузошта, мақоми ўро ба мисли «Пешвои ваҳдати миллӣ»  ба ҷо орем. Пешвои Ваҳдати миллии тоҷикон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар воқеъ барои миллати тоҷик ва давлатдории навини мо хизматҳои арзанда кардааст. Хизматҳое, ки ў дар ҳаққи миллати бостонию тамадунофари тоҷик дар замони нав анҷом додаст, бешубҳа, ўро дар қатори сиёсатмадорони бузурги ҷаҳонӣ ворид менамояд.

         Аз ин рў, ҳар тоҷики худогоҳу  бофарҳанг, махсусан  сокинони ноҳияи Шаҳритуз ки  маркази даргириҳо буд,  бояд хизматҳои шабонарӯзии бемислу монанди  Пешвои миллат, Президенти мамлакат,   мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки дар мамлакат  сулҳу амниятро барқарор кард,  қадр намоянд. Чунки маҳз бо саъю кўшиш  ва талошҳои  пайвастаи роҳбари давлат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон комиссияи оштии миллӣ созмон дода шуд, ки   ба он намояндагони ҳукумат ва иттиҳоди мухолифини тоҷик шомил шуда, масъалаҳои  мубрамро давра ба давра баррасӣ  ва ҳал намуданд.

        Таҷриба ва амалияи ба даст овардаи сулҳи миёни тоҷикон натанҳо аҳамияти миллӣ, балки аҳамияти ҷаҳонӣ дорад. Зеро амсоли хуби ҳалли фасли низоъҳои миллӣ ва дохилидавлатии минтақаҳои гуногун шуда метавонад. «Беҳуда нест, ки таҷрибаи мо дар ин ҷоддаи таъмини сулҳ, ба Ватан ва ба макони зист баргардонидани қариб як миллион  гурезаҳо ва ташкили ҳамгироии иҷтимоии онҳо аз тарафи ташкилоту созмонҳои бонуфуз, аз ҷумла Созмони Милали  Мутаҳид, Созмони амият ва ҳамкорӣ дар Аврупо воқеъбинона арзёбӣ шуда,  ҳамчун модели нодири сулҳофарӣ эътироф гардид».               

         Имрўз сохторҳои давлатдории мо  зина ба зина ташаккул ёфта  кишвари соҳибихтиёр ва давлати мустақили миллиамон ба сўи бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ  қадамҳои устувор мегузорад.   

          Агар мо ба таърихи пурғанобату қадимаи  худ бо дидаю назари хирадмандона нигоҳ кунем, ба чунин хулоса мерасем: Агар Абўабдулло Рўдакӣ адабиёти форсу тоҷикро поя гузошта, баъд аз араб зинда карда бошад, Исмоили Сомонӣ давлатдории миллии тоҷиконро бунёд намуда, устод Садриддин Айнӣ пас аз ҳазор соли фаромўшии забон ва адабиёти ғановатманди тоҷикро боз ба тахт шинонда, аллома Бобоҷон Ғафуров бо офаридани шоҳасари «Тоҷикон» нақши қаҳрамононаи халқи тоҷикро аз саҳифаҳои таърихи гумшудаю тороҷшуда ҷамъоварӣ намуда, роҳи пуршебу фарози таърихии халқро ба илми таърихи ҷаҳонӣ ворид кард, Пешвои миллат  мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллатро аз марг ва давлатро аз парокандагӣ наҷот дода, кохи мўҳташами сулҳи тоҷиконро эъмор сохта, низоми давлатдории муосири халқро асос гузошта, қобилияти ҳуқуқии давлатдории халқро эҳё намуда, дар заминаи ин кўшишҳо ҳаққи таърихии миллатро ба давлати мустақил эълом ва татбиқ сохта, тоҷиконро ҳамчун миллати дорои забон, фарҳанг ва таърихи қадима ба ҷаҳониён муарифӣ ва дар навбати худ, давлати Тоҷикистонро ҳамчун давлати мустақил, дунявӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва ягона байни халқу миллатҳои соҳибдавлат ҳамроҳ намуда, ҳама корҳои неку писандидаи гузаштагонро бо диди нав ва дар шароити муосир ҷамбаст сохт.

           Тавре, ки бузургони мо фармудаанд, тавоноӣ ва некбахтии ҳар як миллат ба иттиҳоду ваҳдати афроди он вобаста мебошад. Иттиҳоди миллӣ ҳамеша ба ҷангу ҷидол ва нифоқу ҷудоӣ пирўз мегардад. Аз ин  рў вазифаи ҷонӣ ва қарзи имониву рисолати инсонии ҳар як фарди бонангу номус, худогоҳу худшинос ва ватандўсту ватанпарасти миллати мо таҳкими дўстиву бародарӣ, сулҳу созиш, тақвияти ваҳдати миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои истиқлолият мебошад. Мо бояд Ватани худро самимона ва аз таҳти дил дўст дорем ва барои ободониву шукуфоии он пайваста талош варзем. Дар ин сурат мо метавонем эътимоду эътиқоди мардумро ба ғояи Ваҳдати миллӣ, истиқлолият ва давлатдории миллӣ қавитар гардонем ва нақшаҳои азими созандаро пайгирона татбиқ созем. 

          Фазои имрўзаи сиёсии минтақа ва ҷаҳон моро водор месозад, ки тамоми нерўҳои созандаи ҷомеаро барои дастовардҳои истиқлолият, таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу суббот ва рушди ҳамаҷонибаи иқтисодиву иҷтимоии ноҳия равона созем. Дар ин амри хайр ҷавонони ноҳия ҳамчун нерўи пешрав ва бунёдкори ҷомеа бояд нақши арзанда дошта бошанд.  Зеро ояндаи ҳар як миллат ба ҷавонон вобаста мебошад.  Ин нуқта дар нисбати ҷавонони ноҳияи Шаҳритуз маънии хоса дорад, чунки аксарияти аҳолии ноҳияи моро ҷавонон ташкил медиҳанд. Пешвои муаззами миллат дар Паёми навбатии хеш қайд намуданд, ки «Ҷавонон ҳамчун давомдиҳандагони татбиқи ҳадафҳои олии мо имрўзҳо бо азму иродаи қавӣ ба хотири пешрафти ояндаи Ватани маҳбубамон саъю талош варзида, дар пешрафти соҳаҳо ба дастовардҳои назаррас ноил гардида истодаанд.

         Бинобар ин мо ҷавононро дар татбиқи сиёсати давлатӣ такягоҳи асосӣ медонем. Дар навбати  худ тамоми мардуми ноҳия, махсусан ҷавонон бояд ҳамеша дар хотир дошта бошанд, ки Ваҳдати миллӣ дар баробари дигар ҷашнҳои миллӣ, муқаддасу бебаҳои ҷомеаи мо ба ҳисоб меравад ва пешрафти ҳамаҷонибаи тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии мардум ободонии ватан ва ояндаи давлати соҳибистиқлол ва давлатдории миллиамон бевосита ба ваҳдату ягонагии халқи Тоҷикистон ва сулҳу суббот вобастагии қавӣ дорад. Аз ин лиҳоз густариши пайвастаи худогоҳиву худшиносӣ  ва таблиғи аҳамияти ваҳдати миллӣ дар шуури наврасону ҷавонон бояд яке аз самтҳои муҳимтарини кор ва меъёри асосии таълиму тарбия бошад.

         Ваҳдати миллӣ асоси оромиву осудагии халқ, кафолати инкишофи давлат ва муҳимтарин омили рушди ҷомеа мебошад. Аз ин рў бояд ҳар як фарди бо нангу номус, худогоҳу худшинос ва ватандўсту ватанпараст дар қалбу шуури худ эҳсоси наҷиби ваҳдатро парвариш диҳад ва барои таҳкиму тақвияти он ҳамчун арзиши нодири милливу дастоварди бебаҳои замони истиқлолият талош намояд.    

        Мардуми ноҳияи Шаҳритуз даҳшати ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, рўзҳои сахту сангин ва хисороти гарони онро фаромўш накардаанд.  Аз ин хотир  ҳамаи мо бояд беш аз ҳар вақта ҳушёру зирак бошем, шукронаи давлати соҳибистиқлол ва Ватани озоду соҳибхтиёрро ҳамеша ба ҷо орем, соҳиби Ватан буданро аз ҳар чизи дигар авлотар донем.

       Маҳз дар ҳамин сурат ваҳдату иттиҳод, ҳамрайъиву ҳамбастагӣ ва ҳамдиливу якдигарфаҳмӣ барои ташаккул ва рушди андешаи фарогири ваҳдати миллӣ замина хоҳад гузошт ва ин андеша мардумро ба пирўзиҳои минбаъда  раҳнамоӣ хоҳад кард. Зеро хиради азалии миллати соҳибтамаддуни мо маҳз дар заминаи ҳувияти миллӣ, фарҳангсолорӣ, донишандўзиву муҳаббат ба миллату Ватан ба вуҷуд омада, барои соҳибистиқлолии кишвари мо заминаи мусоидро фароҳам оварданд, ки самараи онро мо имрўз дар таҷлили ин ҷашни бузурги баҳамоиву якдигарфаҳмӣ, сулҳу субот ва ҳамбастагиву ҳамраъйии миллӣ мебинем.

       Бори дигар ҳамаи Шумо азизонро бо ҷашни 23-юмин солгарди хуҷаставу муқаддаси Ваҳдати миллӣ самимона табрик гуфта, ба ҳар як  хонадони шаҳрвандони ноҳияамон оромиву хушбахтӣ ва рўзгори ободу осуда орзу менамоям.

      Бигзор Ваҳдати миллӣ ҳамеша пойдору устувор ва ҷовидон бошад.

      Бигзор дар сарзамини кўҳанбунёди мо сулҳ абадӣ  ҳукмфармо гардад!

     Бигзор Парчами Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар ҷаҳон   доимо парафшон бошад.

     Ҳамеша саломату сарбаланд бошед, ҳамдиёрони азиз!

Ҳеҷ овозе нест
 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735180   ноҳияи  Шаҳритуз

кӯчаи И.Сомонӣ №51

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз