Main menu

Иштирок дар интихобот – ҳуқуқи конститутсионӣ ва қарзи шаҳрвандист

           То 11  октябри  соли равон,  ки  он рўз Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, рўзҳои ба шумор мондааст. Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки пайи бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд, таъмини некуаҳволии мардум ва таҳкими қонуният қадамҳои устувор мегузорад, боз як чорабинии муҳими сиёсӣ интизор аст.

      Ҳуқуқи интихоботӣ яке аз ҳуқуқҳои асосии сиёсии шаҳрвандон буда, он дар моддаҳои 6 ва27 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи  25 Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, ки бо қатъномаи 2200 А (ХХI)-и Маҷмаи умумии СММ аз 16 декабри соли 1966 қабул шуда,  ба он Ҷумҳурии Тоҷикистон 13 ноябри соли 1998 ҳамроҳ шудааст, инчунин дигар қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ пешбинӣ гардидааст.

          Ҳуқуқи  интихоб  шудан  ва  интихоб гардидан яке аз институтҳои муҳими ҳуқуқии давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд буда, моҳияти онро ифода менамояд. Барои соҳиб шудан ба ҳуқуқи интихоботӣ инсоният асрҳо талош намудааст. Замоне буд, ки дар Аврупо маҳрум кардан аз ҳуқуқи интихоботӣ чун чораи ҷазои ҷиноятӣ татбиқ карда мешуд.

           Омўзиши   афкори  умум  гувоҳи  он аст,  ки аҳолӣ  оид ба ҷузъиёти  интихобот, аз ҷумла интихоботи Президенти кишвар маълумоти умумӣ ва ҳатто баъзан сатҳӣ доранд. Аз ин рў, мо тасмим гирифтем, ки ба тариқи умумӣ оид ба ҳуқуқи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти зарурӣ манзур намоем.

          Ташкил ва баргузории интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конститутсияи кишвар ва Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 21 июли соли 1994 пешбинӣ шудааст.

         Мутобиқи Қонуни конститутсионии мавсуф шахсе ба номзадии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад, синни ў аз 30 кам набуда, дорои таҳсилоти олӣ бошад, забони давлатиро донад ва дар ҳудуди ҷумҳурӣ накамтар аз 10 соли охир истиқомат доштабошад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ҳуқуқи интихоботии умумӣ, баробар ва мустақим бо овоздиҳии пинҳонӣ интихоб мешавад.

            Дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсоне ҳуқуқи иштирок карданро доранд, ки синнашон ба 18 расидааст. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки то рӯзи интихобот ба синни 18 расидаанд, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молумулк ҳуқуқи дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карданро доранд.        

            Дар  шарҳи ин мавзўъ  мебояд   зикр намуд,   ки ба синни 18-солагӣ расидани   шаҳрванд   на рўзи зодрўзаш, балки соати 00-и рўзи дигари баъд аз зодрўзаш фаро мерасад. Аз ин рў, агар шахс рўзи 11 октябр ҷашни зодрўзи 18-солагиашро таҷлил намояд, ў ҳанўз ба синни 18-солагӣ нарасида, ҳуқуқи иштирок дар интихоботро надорад ва ин ҳуқуқро танҳо 12 октябр соҳиб мешавад.

           Инчунин шаҳрвандоне, ки аз тарафи суд ғайри қобили амал дониста шудаанд ва ё мувофиқи ҳукми суд ҷазои маҳрум сохтан аз озодиро адо мекунанд, ҳуқуқи дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карданро надоранд.

         Таъкиди дигар-иштирок дар интихобот бевосита аст, яъне нафаре ба ҷои нафари дигар овоз дода наметавонадв а худи шахс бояд иродаи худро бевосита ифода намояд.

          Инчунин ҳеҷ нафаре ҳуқуқ надорад, ки барои нафари дигар ҷиҳати иштироки ў дар интихобот монеа эҷод намояд. Яъне, ҳатто падару модар ба фарзанди худ, ё шавҳар баҳамсари худ, ё шахси дигар наметавонад ҷиҳати иштирок  дар интихобот монеъ гардад.

          Мутобиқи моддаи 150 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои монеъ шудан ба шаҳрванд ҷиҳати татбиқи ҳуқуқҳои интихоботиаш ё ҳуқуқии штирок дар райъпурсӣ ба муҳлати то се сол ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ пешбинӣ шудааст.

            Ҳамзамон ҳамагуна амалҳои  ғайриқонунӣ, ки ҷиҳати монеъ шудан ба фаъолияти комиссияҳои интихоботӣ ё комиссияҳо оид ба гузаронидани райъпурсӣ, инчунин сохтакории ҳуҷҷатҳои интихоботӣ, ҳуҷҷатҳои раъйпурсӣ ё ҳисоби нодурусти овоз равона шудаанд, бо моддаҳои 150 ва 151 Кодекси ҷиноятӣ муҷиби ҷавобгарии ҷиноятӣ ва ҷазо мегарданд. 

           Яке аз  принсипҳои гузаронидани  интихоботи   Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон пинҳонӣ будани овоздиҳӣ буда, назорат ба изҳори иродаи шаҳрвандон мумкин нест. Шаҳрванд дар утоқи алоҳида, бе дахолати нафари дигар овоз медиҳад. Интихобкунандае, ки наметавонад мустақилона бюллетенро пур кунад, ҳуқуқ дорад ба ҳуҷра ё хонаи овоздиҳӣ шахси дигарро мувофиқи салоҳдиди худ даъват намояд. Вале даъвати аъзои комиссияи интихоботӣ, шахсони бо эътимод, мушоҳидони миллию байналмилалӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма барои расонидани кумак дар пуркардани бюллетен қатъиян ман ъаст.

         Рӯйхати интихобкунандагон дар  участкаҳои   интихоботӣ,   ки аз   рӯи маҳалли   истиқомат тартиб дода шудааст, 15 рӯз пешаз овоздиҳӣ, дар дигар участкаҳои интихоботӣ, ки дар назди намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатҳои хориҷӣ, санаторияҳо, хонаҳои истироҳат, беморхона ва табобатгоҳҳои дигари доимӣ, маҳалҳои дурдасту душворгузар ташкил гардидаанд, ду рӯз пеш аз овоздиҳӣ барои шиносоии умумӣ пешниҳод карда мешавад.

           Ба   шаҳрвандон   имконият   муҳайё   карда мешавад,   ки дар бинои комиссияҳои участкавии интихоботи дахлдор бо рӯйхати интихобкунандагон шинос шаванд, инчунин дурустии маълумотҳои дар бораи интихобкунандагони ба рӯйхат дохил кардашударо тафтиш намоянд.

            Шаҳрванд инчунин ҳуқуқ дорад дар хусуси ба рӯйхат дохил нашудан,  нодуруст ба рӯйхат дохил шудан ё аз рӯйхат баровардан, инчунин саҳву хатои маълумот оид ба интихобкунанда шикоят кунад. Ариза дар бораи зарурати даровардани ислоҳ ба рӯйхат аз тарафи комиссияи участкавии интихобот дар муддати на дертар аз се рӯз ва дар арафа ва рӯзи овоздиҳӣ фавран мавриди баррасӣ қарор дода мешавад. Дар сурати рад кардани ариза комиссияи участкавии интихобот фавран ба аризадиҳанда нусхаи қарори асоснокро дар бораи рад карда шудани аризааш медиҳад. Нисбати қарор ба комиссияҳои интихоботии болоӣ ё ба суд шикоят кардан мумкин аст, ки он дар давоми се рӯз, дар арафа ва рӯзи интихобот фавран баррасӣ намуда, қарори қатъӣ қабул мекунад. Дар су­рате, ки барои аризадиҳанда қарори мусбат қабул карда шавад. Комиссияи участкавии интихобот фавран ба рӯйхати интихобкунандагон ислоҳ медарорад.

         Мебояд  зикр намуд, ки  овоздиҳӣ   дар   рӯзи интихобот аз соати 6.00 то 20.00 вақти маҳаллӣ гузаронида мешавад. Дар бораи вақт ва ҷои овоздиҳӣ комиссияи участкавии интихобо­т на дертар аз панҷ рӯз то интихобот ба ҳар як интихобкунанда хабарнома мефиристад. Овоздиҳӣ дар биноҳои махсус ҷудо карда шуда, ки дар онҳо бояд барои овоздиҳии пинҳонӣ ба миқдори кофӣ ҳуҷраҳо ё хонаҳо таҷҳизонида, ҷойҳои додани бюллетенҳои интихоботӣ  муайян карда, қуттиҳои интихоботӣ гузошта шуда бошанд, гузаронида мешавад. Қуттиҳои инти­хоботӣ тавре гузошта мешаванд, ки овоздиҳандагон дар вақти рафтан ба назди онҳо ҳатман аз ҳуҷра ё хона барои овоздиҳии пинҳонӣ гузаранд.

       Бюллетенҳои интихобот аз тарафи комиссияи участкавии интихобот дар асоси рӯйхати интихобкунандагони участкаи интихоботӣ бо пешниҳоди шиносномаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсият, ки номгӯи онҳоро Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ муайян мекунад, дода мешаванд. Ҳар интихобкунанда барои гирифтани бюллетени интихоботӣ дар рӯйхати интихобкунандагон дар муқобили насаб, ном ва номи падари худ имзо мегузорад.

           Интихобкунандае, ки наметавонад дар рӯзи интихобот дар маҳалли истиқомати худ бошад, метавонад аз комиссияи участкавии интихоботи маҳалли истиқомати худ варақаҳои интихоботро талаб кунад, нисбати номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул кунад ва варақаҳои пуркардашудаи интихоботро дар лифофаи баста дар комиссияи участкавии интихобо­т монад. Интихобкунанда дар бораи гирифтани варақаи ин­тихобот дар рӯйхати интихобкунандагон имзомекунад.

      Дар мавридҳое, ки баъзе интихобкунандагон ба сабаби вазъи саломатӣ ё сабабҳои дигар наметавонанд ба ҷои овоздиҳӣ ҳозир шаванд, комиссияи участкавии интихобот бо хоҳиши онҳо метавонад камаш ба, ду нафар аъзои комиссия супориш диҳад, ки овоздиҳиро дар ҷои будубоши он интихобкунандагон ташкил диҳанд. Интихобкунандагоне, ки бо ягон сабаб ба рӯйхати интихобкунанда­гон дохил карда нашудаанд, дар асоси ҳуҷҷате, ки шахсият ва маҳалли истиқоматашонро тасдиқ мекунад, ба замимаи руйхати интихобкунан­дагон дохил карда мешаванд.

          Ҳангоми   овоздиҳӣ    овоздиҳанда   дар квадрати  холи   бюллетени   интихобот   дар   муқобили   насаб,   ном   ва   номи    падари   номзаде,  ки ба тарафдориаш овоз медиҳад, аломати ҷамъ «+» мегузорад. Дар сурати зидди ҳамаи номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон овоз додан, овоздиҳанда дар бюллетени интихобот дар квадрати холи сатри «муқобили ҳамаи номзадҳо» аломати ҷамъ «+» мегузорад. Бюллетени пур кардашударо овоздиҳанда ба қуттии интихобот мепартояд.

          Ин аст маълумоти мухтасар оид ба маҷмўи ҳуқуқҳои шаҳрвандон, ки дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок менамоянд.

          Дар фароварди сухан мебояд зикр намуд, ки овоздиҳӣ дар интихобот шараф аст.

        Иштирок дар интихобот на танҳо ҳуқуқи конститутсионии ҳар шаҳрванд, балки қарзи шаҳрвандии  ў  буда, ҳар шахс бо иштироки худ дар ин чорабинии муҳими сиёсӣ дар сохтмони давлати ҳуқуқбунёд ва демократӣ хишти тозае мегузорад.  

Прокурори ноҳияи Шаҳритуз, мушовири адлияи дараҷаи 1

Фаррух Рауфов

Ҳеҷ овозе нест
 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735180   ноҳияи  Шаҳритуз

кӯчаи И.Сомонӣ №51

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз