Main menu

Хатари сиёсатмадорону мазҳабфурӯшон барои пойдории сулҳу субот дар Тоҷикистон

       Мардуми шарафманду сарбаланди кишвари маҳбубамон Тоҷикистон ба хусус сокинони ноҳияи Шаҳритузи бостонӣ шукронаи онро доранд, ки Худованди меҳрубон  раҳмати худро барои ин кишвари биҳиштосо фуруд оварда ба ин васила файзу баракат, меҳру муҳаббатро барои мардуми Тоҷикистон зиёд намуда ҷавонмарди оқилу доноеро барои мардум ихтиёр кард то ватану миллати роҳгумзадаро аз нест шудан бираҳонад. Сулҳу салоҳ амну субот барои инсон неъмати бузургест, ки бидуни он ҳаёти хешро бо роҳи саодатмандию хушбахтии дунё наметавон гузаронид. Ба бахти мардуми мо иҷлосияи 16-ум, даъвати дувоздаҳум Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карданд. Дар симои ин шахси бузург нафареро медиданд, ки Тоҷикистонро маҳз ӯ метавонад аз нестшавӣ ва миллатро аз парокандагӣ раҳо диҳад. Ӯ аз  рӯзҳои аввали масъулияти роҳбарии кишварро ба души худ гирифтан ба мардуми шарифи Тоҷикистон ваъда дода буд, ки “Ман барои Шумо сулҳ меоварам” ва ҳақиқатан ҳам  ӯ ба ваъдааш содиқона вафо кард.

       Бояд тазаккур дод, ки дар бораи хизматҳои ин абармарди миллату Ватани маҳбубамон соатҳои зиёд гап занем ҳам камӣ мекунад. 

     Аз рӯзҳои оғози саҳифаҳои таърихи давлатдории навини тоҷикон хуб дар ёд дорем, ки баҳри бунёд кардану азми ватандорӣ  Пешвои муаззами миллат ба монеаҳои зиёде рӯ ба рӯ гашт, вале руҳафтодагию хастагиро напазируфта ба қавлаш устуворона мубориза бурд ва ба ин рӯзи саид расидем. Имрӯз шукронаи онро дорем, ки хурду бузурги кишвари маҳбубамон бо роҳбаладии Пешвои муаззами милат, Сарвари раъиятпарвар  ба пеш барои фатҳи қуллаҳои аз ин ҳам бузург баҳри рушди кишвари маҳбубамон устуворона қадам зада истодаем. Хизматҳои шабонарӯзии Сардори давлатро на танҳо мардуми шарифи Тоҷикистон, балки тамоми дунё баҳогузорӣ намудаву аз таҷрибаи сулҳи тоҷикон, ки дарси ибрат, барои кишварҳои ҷангзада аз ҷониби созмонҳои байналмилалию ҳуқуқи башар пешниҳод гардидааст, истифода намуда истодаанд.

     Мутаассифона имрӯз баъзе аз роҳбарони роҳгумзадаи ТЭТ ҲНИ Кабирӣ, ва роҳбари Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон Раҳматулло Зоиров, ки дар хориҷ ва дохили кишвар иқомат доранд дар ҳамбастагӣ бо пайравонашон ба ҷои он ки даст ба дуо бардоранд, то ин сулҳу субот поянда бошад ва онҳо низ ба гуноҳи худ иқрор гаштаву мисли дигарон ба монанди марҳум Саид Қиёмиддини Ғозӣ ва Сатторов Аёмиддин аз мардуми кишвар барои гуноҳи содиркардаашон узр пурсанд ва ба ватан баргарданд, баръакс ин ватанфурӯшону мазҳабфурӯшон имрӯз аз дохилу хориҷи кишвар истода ба сари миллату ватан санги маломат зада истодаанд, ки ин гуноҳест ба ҳеҷ ваҷҳ нобахшиданӣ.

      Азбаски аксари мухолифини идеологии мо ашхоси таҳсилнодида ва дар сиёсат ноозмӯдаанд, роҳи муборизаҳои сиёсии пешгирифтаи онҳо низ ба ибораи халқи ба “ҷанҷолҳои занҳои бозорӣ” шабоҳат дорад. Бархе аз онҳо, ки имрӯз дар хориҷи кишвар аз меҳану миллат дуранд ба худ иҷозат медиҳанд, ки ҳар чӣ ба даҳонашон меояд, бе он ки дар доираи ахлоқ, маърифат, дин , сиёсат ва одамгарӣ будани онро дақиқ бисозанд, эҳсос намоянд, дар фазои бесоҳиби маҷозӣ-интернет онро пахш мекунанд. Аз суханронии онҳо шахси солимфикр дар тааҷуб афтодаву худ ба худ савол медиҳад, ки чаро онҳо ба бехудоии хос аз номи Худо ё ба ҷои ислом ва шариат чанд нафараке ҳукм мекунанд. Нафрат,  кина, таҳқир таҳдид, таассуб ва ҳар чи ки дар ботинӣ онҳост  чун ҳақиқат ба мардум пешниҳод мекунанд. Шояд онҳо мутмаин бошанд, ки аксари аҳолӣ бесавод ва каммутолиа буда, чун солҳои қадим сухани мулло барояшон ҳукм аст. Вале сахт иштибоҳ мекунанд. Имрӯз ҷомеаи мо дигар ниёзманд ба панду амри маъруфи ин худобехабарони мардумозор нестанд. Онҳо худ хуб огаҳанд, ки Тоҷиикстонро зери сиёсати хирадмандонаю бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллаташ зиёда аз 180 давлати дунё ҳамчун давлати воҳид ба расмият шинохтаву бо он шартномаҳои иқтисодиву сиёсӣ ва тиҷоратӣ ба имзо рсонидаанд. Таъриху тамаддуни миллат ва кишвари маҳбубамонро Сарвари раъиятпарвараш борҳо аз минбарҳои баланди созмонҳои байналмилалӣ ба ҷаҳониён муаррифӣ намудаву зери таваҷҷуҳи онҳо қарор додааст. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сиёсатмадори варзида ва дурандеш шинохта шудаву дар қабули қонунҳое, ки ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошанд эътироф гардидааст.

     Ба он нигоҳ накарда , ки ин бехабарон имрӯз аз хориҷ ва дохили кишвар дар бораи маъракаи сиёсие, ки дар Тоҷикистон “Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” санаи 11-уми октябри соли 2020 гузаронида мешавад  сару садоҳо баланд карда истодаанд, инихоботҳои қаблиро низ ношафофу ғайридемокартӣ баҳогузорӣ намуда мехоҳанд ба ин восита мақсадҳои нопоки худ ва хоҷагони хориҷии худро амалӣ гардонанд вале тирашон ба ҳадаф намерасад. Ба ҳамагон маълум аст ва худи онҳо низ хуб медонанд, ки ҳар интихоботе ки дар Тоҷикистон сурат гирифтааст аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ ва нозирони онҳо, ки дар интихоботҳои қаблӣ эътироф гардидаву ширкат варзидаанд дар гузоришҳояшон бо истиснои баъзе камбудиҳои ислоҳшаванда, ки ин камбудиҳо дар тамоми мамолики рӯи дунё дар баргузории ин маърака ба назар мерасанду дар оянда ислоҳ мешаванд ҳамчун интихоботи шафофу демократӣ ва ба талаботҳои стандартии ҷаҳонӣ мувофиқ баҳогузорӣ гардидаанд ва ҷомеаи ҷаҳонӣ онро эътироф намудааст.

       Мухолифине, ки имрӯз сару садоҳо баланд намуда истодаанд худ қазоват баранд, даст болои дил гузошта фикр кунанд, дилашон гувоҳ аст, ки мардуми шарифи Тоҷикистон алакай пеш аз маъракаи сиёсӣ, манзурам Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари кишварашонро худашон интихоб намудаанд, роҳбареро, ки онҳоро аз парокандагӣ ва ватанро аз вартаи нестшавӣ раҳо дода буд, роҳбареро, ки тамоми ҳастияшро барои меҳану миллаташ бахшидааст, роҳбареро, ки худоду раъиятпарвар аст, роҳбареро, ки баҳри зиндагии шоистаи мардумаш шабу рӯз заҳмат кашида истодааст, инро мо бояд сидқану имонан қабул дошта бошем ва гуфтаҳои бузургонро пос дорем, ки барҳақ фармудаанд: Ба худододагон ситеза макун, ки худододагонро худо додааст.

        Дар охир ба мардуми шарифи Тоҷикистон бахусус ноҳияи бостонии Шаҳритуз, расониданиям, ки  мо ҳама одамони худодем ба он хотир, ки ин меҳану ин роҳбаро ба мо арзонӣ донистааст. Имрӯз ин ватанфурӯшону мазҳабфурӯшон боз мақсад доранд ба ТЭТ ҲНИ  ҷомаи нав пушонида ба арсаи сиёсат бозгарданд, вале ин таҷрибаро роҳбари давлати Тоҷикистон ва мардуми шарафмандаш на якбору дубор дидааст. Баъди ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ  бо иттиҳодияи мухолифин мо худ шоҳид будем, ки онҳо чиҳо ваъда дода буданд. Ҳатто роҳбари давлат барои онҳо имконият пеш овард то ки онҳо ҲНИ -ро аз сари нав ба қайд гиранд вале билохира дар либоси дустӣ кори душман карданд. Ин таҷриба моро ҳушёр медиҳад, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, фарзандонро дар рӯҳияи ватандустӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ тарбия намоем то ин ки дар оянда ҳодисаҳои нангину хунине, ки шуда гузашта буд боз такрор наёбанд.

       Моро ҳам фарзу ҳам суннат аст, ки ёру дӯстон, хешу ақрабо минҷумла тамоми ҳамватанонро аз дасисаҳои гурҳҳои террористӣ, ҳизбу ҳаракатҳои ба ном исломӣ ва хоинони миллат огоҳ созем. Бигузор тамоми мардум ва миллат донад, ки ин наҳзатиён ҳамон касоне мебошанд, ки як бор ватану миллатро ба хоку хун кашиданд, зиёда 150 ҳазор нафар мардуми бегуноҳро ба қатл расониданд даҳҳоҳазор кудаконро зинда ятитм намуданд, зиёда аз 2 миллион нафар бехонумон, дарбадару фирорӣ гаштанд. Дигар ҳоҷҷат ба муарифии ин мазҳабфурӯшон намондааст халқ худ онҳоро хуб мешиносад, агар сад ҷомаи нав ба бар кунанду ниқоб дигар ин бефоида аст. Нотинҷию норомиҳои кишварҳои дигар барои мардуми Тоҷикистон сабақи зиндагист ва худ шоҳиди ин ҳолатҳо буданд. Мо дар ҳамбастагӣ бо мақомотҳои қудратии кишвар дар байни мардум ҳастем ва мунтазам барои мардум мефаҳмонем, ки ҳазорон шукргузорӣ аз тинҷию сулҳу суботи кишвар ва роҳбари оқилу донои тақдимнамудаи Худованд кунанд, ки чунин давлати тинҷу осоиштаро ба ном Тоҷикистон барои мову Шумо  насиб гардонидааст.

         Мо ҳамеша дуогӯи он ҳастем, ки Худованд сулҳу субот ва амнияти ватани азизамонро абадулдаҳр пойдор бимонад, роҳбари кишвари маҳбубамон, Пешвои муаззами миллат, Сарвари тоҷикони ҷаҳон,  Эмомалӣ Раҳмонро аз чашми бади ҳасудон дар паноҳи исмати хеш нигоҳбон бошад, фарзандони моро меросбари диёри маҳбуб сохта душманони моро хору залил гардонад.

             С. Лоиқов  Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо

                 ҷомеаи Дастгоҳи раиси ноҳия                           

Ҳеҷ овозе нест
 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735180   ноҳияи  Шаҳритуз

кӯчаи И.Сомонӣ №51

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз