- Асосӣ
- Раиси ноҳия
- Мақомоти иҷроия
- Мақомоти намояндагӣ
- Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
- Қонунҳо
- КОДЕКСИ МЕҲНАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОДЕКСИ ОДОБИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия
- Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ДАР БОРАИ ТАРТИБИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ СОХТИ МАРЗИВУ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи хизмати давлатӣ
- Қарорҳои маҷлиси вакилони халқ
- Қарорҳои раиси ноҳия
- Қонунҳо
- Муроҷиати шаҳрвандон
- STATEMENT Following the Meeting of the Special Services of Iran, Kazakhstan, China, Pakistan, Russia, Tajikistan and Uzbekistan
- Дастгоҳи раиси ноҳия
- Наимова Раҷамо модари Сангова Сумая духтаре, ки Кури Юнус фиребаш дод
- ПОЙТАХТИ ДАВЛАТ ВА ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛАТ
АНҶУМАНИ «ОЗОДАНДЕШОН»-И ҲОШИЯВӢ
Пан, 02/15/2018 - 11:31
Расонаи ифротии наҳзатӣ матлаби иғвоангезонае, дақиқтараш, баёнияи гурӯҳе аз ба ном фаъолони сиёсии тоҷикро, ки дар хориҷ аз кишвар паноҳ бурдаанд, таҳти унвони «Таъсиси Анҷумани озодандешони тоҷик» интишор додааст. Вобаста ба ин, таъкиди чанд нукта ба ин «озодандешон» муносиби ҳол аст:
Якум. Дар Утриш (Австрия) таъсис ёфтани «Анҷумани озодандешони тоҷик» ҷойи воҳимаю ҳангома нест, зеро ки ҳамарӯза дар манотиқи гуногуни Урупо ҳазорон-ҳазор анҷуману созмонҳои сиёсию иҷтимоӣ, илмию фарҳангӣ ва иқтисодию молиявӣ таъсис меёбанду фаъолият мекунанд. Давлат ва мақомоти марбутаи кишварҳо ба кори онҳо халал намерасонанд, вале таҳти назар қарор медиҳанд, то аз меъёр фарохтар қадам назананд. Баъзан таъсиси гурӯҳу созмонҳо, маҳфилу нишастҳои сиёсӣ ба манофеи созмонҳои байналмилалӣ ва мақомоти дахлдори мамлакатҳои урупоӣ созгор меафтанд ва онҳо ин гуна маҳофилу анҷуманҳоро ба хотири ниёзмандиҳои сиёсӣ, мафкуравӣ ва иқтисодию молиявӣ ҷонибдорӣ мекунанд. Аз ин рӯ, ҳангомасозиҳои расонаҳои наҳзатӣ кореро ҳатто дар сатҳи ба вуҷуд овардани фазои солими муколимоти дохилиҳизбӣ карда наметавонанд, чӣ расад ба ҳалли мушкилоти сатҳи минтақавӣ.
Дуюм. Шигифтовар он аст, ки ба ном «Анҷуман» мафҳуми фалсафии «озодандешӣ»-ро, ки боиси таҳаввулоти фикрӣ, сиёсӣ, эҷодӣ, маданӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар саросари мамолики урупоӣ гардидааст, андаруни худ ҷой додааст. Фикр мекунам, ин барои рекламаи «Анҷуман» асту бас, чаро ки муассисони он – Алим Шерзамонов, Темур Варқӣ, Равшан Темуриён, Саидюнуси Истаравшанӣ, Ҳаким Раббимпур ва Аюб Эгамов на танҳо шахсиятҳои шинохта нестанд, балки онҳоро ҳатто дар ҳудуди хонаводаашон эътироф намекунанд. Ба як таъбир: инҳо мардони ҳошиявианд. Аз онҳо имиҷ сохтан танҳо ба манфиати наҳзат ва доираҳои ба он марбут мебошад. Тасаввур кунед: ашхоси мазкурро кӣ дар қаламрави Тоҷикистон мешиносад ва онҳо чӣ рисолати инсониро анҷом медиҳанд? Ҳама медонад, ки ин тоифа, бар асари бадбинию танофури шахсию инфиродӣ, ки ҳеҷ гоҳ махсуси давлатмардону озодандешон набуда ва нест, алайҳи миллати тоҷик қад алам мекунанд ва ба ин васила эътирозоти кучаки худро рӯйи сафаҳоти расонаҳои наҳзатӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ мерезанд. Дигар чӣ аз дасташон меояд. Аламовар ин аст, ки ин ашхоси ба ном «шинохта» аз вожа ва мафҳуми ифтихорманди «озодандеш» (ва бадтар аз ин, пасванди «он»-ро ҳамроҳ карда, худро бидуни шарму ҳаё «озодандеш» воменамоёнанд) сӯйистифода мекунанд ва сари ҷомеаи мадании урупоиро гаранг месозанд. Бехабар аз он ки ҷомеаи мадании урупоӣ тайи таърихи тӯлонӣ фиреби ин гуна «озодандешон»-ро зиёд хӯрда, дар ин масир таҷрибаи кофӣ андӯхтааст. Бинобар ин, «анҷуманороён» заҳмати беҳуда мекашанд. Аллакай давлатҳо ва ҷомеаҳои урупоӣ онҳоро хуб шинохта, аз тақаллубҳои онон огаҳӣ пайдо кардаанд. Инро метавон аз мусоҳибаи ахири «пир»-и ин «озодандешон»-и наҳзатӣ Кабирӣ дар яке аз расонаҳои русизабони немисӣ ба хубӣ дарёфт.
Сеюм. Сари ду симои наҳзатмаоб – Темур Варқӣ ва Саидюнуси Истаравшанӣ таваққуф мекунем. Бар ҳар ду исми «озодандеш» ҳаргиз ҷур намеояд, зеро дуи онҳо хурофотӣ ва мазҳабзадаанд. Махсусан, Истаравшанӣ дар ҳама падидаҳо ранги исломи сиёсиро мебинад ва музахрафоти мафкуравиашро ба сари демокросии урупоӣ ва мардумсолорӣ таҳмил мекунад. Куҷои ӯ озодандеш аст? Ин ду аз озодандешӣ ва дигарандешӣ фарсахҳо дуранд, агар не, чаро солҳо мафкураи бегонаро ба сифати марҷаи инсонӣ таблиғ месозанд ва аз ҳеҷӣ чиз меофаранд. Гузашта аз ин, дар пушти ҳарфҳои болохонадори «демокросӣ», «ҷомеаи шаҳрвандӣ», «ҳифзи чеҳраи дунявият», «ҷомеаи инсонмеҳвар», «худшиносӣ ва бозёбии шахсияти миллӣ» ва амсоли инҳо пинҳон шуда, ормони мазҳабӣ ва хурофотиашонро мешикананд. Кай ва дар куҷо ин қабил пуштибони демократия, озодандешӣ, дигарандешӣ, дунявият будаанд? Бо он ки дар пушти диёнати исломӣ пинҳон мешаванд, боз аз «худшиносӣ ва бозёбии шахсияти миллӣ» сухан ба миён меоваранд. Ин чӣ мантиқ аст? Бо ин шева чӣ кор кардан мехоҳанд? Яқин бо шеваи ба гардиши забонӣ даровардани ҳарфҳои ширин мардум ва ҷомеаи тоҷикро гул мезананд ва дар иваз, фазилат ва маърифати худро, ки дар доираи хурофоти асримиёнагӣ чарх мезанад ва мутаассифона, бар манфиати миллат ва давлати Тоҷикистон нест, ба намоиш мегузоранд. Ин амалкарди номуваффақро ба истилоҳи сиёсӣ «демонстративный подход» мегӯянд.
Нафари дигари инҳо Алим Шерзамонов мебошад. Шахсе, ки ҳатто дар Бадахшон чеҳраи он қадар ошно нест, зеро нишонаю зарфиятҳои шахсиятро надорад. Аниқтараш ӯро мешиносанд, танҳо чанд бонке, ки аз онҳо қарз гирифтаву ғайб задааст ва чанди корманди мақомот, ки ӯро барои парвандаи ҷиноятиаш ҷустуҷӯ доранд. Алим Шерзамонов ҳатто дар доираи авлоди хеш нуфузу обрӯ надорад, суханаш то сари паскӯчаи ҷойи иқоматаш таъсир надорад, чӣ расад фаротари он. Ӯро ҳатто аз ҳизби сотсиал-демократӣ барои бозиҳояш бо наҳзати террористӣ пеш карданд. Акнун ин ҳама дар гирди наҳзат ҷамъ омадаву «Анҷуман» сохтанианд.
«Озодандеш»-и дигарашон худро Равшани Темуриён меномад, ки дар замони шуравӣ исму насабаш Темиров Равшан Гаданбоевич буд. Зодаи шаҳри Уротеппа (Истаравшани имрӯза). Чоплусӣ, дурӯғгӯӣ ва хислати хоси авантюристӣ дар вуҷудаш аз ҷавонӣ реша давонида буданд. Бо чарбзабонӣ метавонад каси барояш заруриро ба худаш моил созад ва дар они воҳид зери он шахс об резад. Аз он тоифаест, ки аз рӯ шона ва аз пушт фона мезананд. Барои ҳамин хислатҳояш ва инчунин монандии зоҳириаш ба яке аз миллатҳои ҳушёру айёр, аксарият ӯро аз нутфаи ҳамин миллат тавлидшуда медонанд. Ҳанӯз баъди хатми донишгоҳ тавонист, ки дар сохторҳои ҳукумати Маҳкамовӣ-Набиевӣ роҳ ёбад ва то дараҷаи сухангӯи ин ҳукумат низ расид. Вале дар лаҳзаҳои вазнини давлатдории ин ду нафар пайваста ба пагонивазкунӣ машғул буд ва гоҳе бо онҳо буду гоҳе бо мухолифони онҳо. Дар қулайтарин лаҳза, худро аз ҷумҳурӣ берун кашид ва ба Узбекистони ҳамсоя паноҳ бурд. Он роҳи сафари хориҷро интихоб кард, ки соири ватанфурӯшони тоҷик истифода карда буданд. Тавассути бофтани воқеаҳои нимафантастикӣ дар бораи саргузашти худаш то даргоҳи радиои «Озодӣ» роҳ ёфт. Ҳама ҷо нақл мекард, ки чӣ гуна ӯро аз даромадгоҳи бинои Ҳукумати ҶТ ҷангиёни «Ҷабҳаи халқӣ» бо танк пеш карданд. Вале дар доираҳои ба Ҳукумати кунунӣ наздик ҳамеша шукргузорӣ аз он мекунад, ки «дар ҳаводиси он солҳо мавқеи «нейтрал» интихоб кардаву бо чизеву бо коре дахолат накард. Ба ҳар ҳол дар радиои «Озодӣ» дер напоист, дақиқтараш чун аз наздиктар ӯро донистанд, кафшҳояшро пеш гузоштанд. «Хизмат»-и ягонае, ки барои миллати тоҷик дар ин давра анҷом дод, расонаӣ кардани овози полковники меҳанфурӯш Маҳмуд Худойбердиев буд. Номбурдаро қаҳрамони миллат ва юриши аҷнабиёнаашро ба шимоли Тоҷикистон ҳаракати миллӣ-озодихоҳӣ тафсир кард. Аз Прага ба ИМА рафт. Ҳама ҷо аз «корнома»-ҳои аҷибу ғариби ҳамкориҳояш бо ГРУ (разведкаи низомии Русия) ва СРУ (Раёсати марказии разведкаи ИМА) нақл мекунад. Ростӣ ин ҳама барои мо ҳамсабақҳои огоҳаш аз ҳамон ҷилди афсонаҳои «Ҳазору як шаб»-аш буду ҳаст, вале онҳое низ ки ба ӯ бовар мекунанд кам нестанд.
Дар бораи Ҳаким Раббимпур ва Аюб Эгамов маълумоте надорам. Ин ашхос шояд аз фиребхӯрдагоне бошанд, ки ба умеди луқмаи ноне пушти «ёрон»-и нави Кабирӣ медаванд
Чорум. Баёнияи «Анҷумани озодандешони тоҷик», чуноне ки қаблан тазаккур додем, бо ҳарфҳои фиребо пероста шудааст, дар ҳоле ки ин васила ё абзори бозии сиёсӣ аллакай кӯҳнаю фарсуда ба назар мерасад ва бо ин шеваи сиёсӣ «озодандешони тоҷик», аслан ба ҷое намерасанд, чунки худи онҳо, ба иллати камбинӣ, камандешӣ ва муҳимтар аз ҳама, яксӯянигарӣ, ки билкул хилофи арзишҳои дунявӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ аст, нуқтаҳои «Баёния»-и худро иҷро карда наметавонанд. Бар илова, ягон нафари боақл ва бофаросат ин тоифаро, ки на ҳувияти миллӣ, балки ҳувияти ҷаълӣ (сохта ва сатҳӣ) доранд, ҷонибдорӣ намекунад ва мисли дигар анҷуманҳои нокоромад аз миён меравад ва ба ҳошия ронда мешавад. Зеро ҳама медонанд, ки ин «Анҷуман» талоши навбатии ҲНИТ аст барои иваз кардани пӯст. ҲНИТ-е ки террористӣ эълон шуд. Ва чун ҲНИТ дастпарвар ва дастнигари Эрон буд, ин “Анҷуман”-и дурӯғин низ лоиҳаи ҷадиди хадамоти махсуси “охундӣ” мебошад.
Боқӣ қазоват аз Шумост хонандагони арҷманд!
Хуршеди Назар