Main menu

Ҳадфҳои ғаразноки Ҳизби наҳзати исломӣ нисбати Тоҷикистон

Ҳадфҳои ғаразноки Ҳизби наҳзати исломӣ нисбати Тоҷикистон

Чаро шумо вориди Паймони миллӣ намешавед?

Ҳампешаи азиз, хоҳиш мекунам, ки сухани манро то охир гӯш кунед ва ҳар замон қайчӣ назанед.

Ин ҷо ду масъала аст.

Якум, то омадани наҳзатиён ва фирори наҳзатиён ва ба Аврупо расиданашон, ман ташнаи эътилоф будам, ба хотири он ки ман гумон мекардам, ки гузашта ба инҳо сабақ шуд. Инҳо аз ин додугирифтҳо, аз ин савдоҳо, аз ин перевалҳо хаста шуданд ва шояд дарк карданд, ки зиндагӣ дигар шуд ва мо ба як иттиҳод ниёз дорем. Аммо, баробари қадами инҳо расидан ба Аврупо, аввалин коре, ки инҳо карданд, мубориза барои аз саҳна рондан, барои бадном кардани Додоҷони Атовулло ва дигар рушанфикрони тоҷик буд.

Як чизи дигар, бигзор ки ман масалан, он чуноне ки инҳо мегӯянд, бад ҳастам, ин ҳастам, ун ҳастам, ҷосус ҳастам, фурухта шудам бало батари зиёди дигар, аммо гуноҳи Ҳафиз Бобоёров, Сайидмуҳиддини Дӯстмуҳаммидиён, Бахтиёри Аминӣ, Хаёрулло Мирсаидов, Абдуазими Абдуваҳҳоб, Исфандиёри Назар, Ганҷина Ганҷова, Ҳарамгули Қодир ва даҳҳо нафари дигар, ки дар Аврупо ҳастанд, чаро ба Паймон напайвастанд? Ва ҳатто он ду нафаре аз рушанфикрон, ки ба Паймон пайваста буданд, чанд рӯз пеш расман эълон карданд (оғоён Равшани Темуриён ва Ҳакими Раббимпур), ки мо дигар бо Паймон нестем. Яъне, ин нишон медиҳад, ки гуноҳ дар гардани кист ва бори ин нанг бар души кист?

Гап дар бораи ман нест, гап дар бораи аслан шахс нест, гап дар бораи ақида ва роҳ аст. Масалан, шахсан ман ё ёрони ман, мо наметавонем ба як ҳизбе ҳамроҳ шавем, ки аз номи миллат, аз номи Паймон, гӯйё, ки бо миллат паймон бастааст ва намояндагӣ аз миллат мекунад, мардумро аз рӯйи он баҳо медиҳад, ки ин қарлуқ ҳасту, ин чеҳрааш туркӣ ҳасту, ин чеҳрааш лақаю балову бадтар. Мо наметавонем бо ҳизбе ё гурӯҳе ҳамроҳӣ кунем, ки дастнишондоди хоҷагони хориҷӣ бошад. Мо намехоҳем бо ҳизбе ҳамроҳ бошем, ки дар сухан як чиз мегӯяд ва дар амал дигар кор мекунад. Мо намехоҳем ҳамроҳи ҳизбе бошем, ки хуҷаинаш Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон бошад...

Ҳеҷ овозе нест
 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735180   ноҳияи  Шаҳритуз

кӯчаи И.Сомонӣ №51

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз