Main menu

Роҳи ягонаи таъмини оромӣ- муттаҳидист.

Аз гуфтаҳои шоҳидони рӯзҳои муташшаниҷ Ҳаким Қаландаров, яке аз симоҳои калидии ҷангҷӯи ИНОТ, ки дар самти ҷанг зиёд ширкат варзидааст ва ҳамчун шахси наздики роҳбари иттифоқи мухолифини тоҷик бо Сайид Абдуллои  Нурӣ ошноии наздик доштааст, бармеояд, ки дар машварати дар хонаи  Тӯраҷонзода дар Эрон сухан аз болои  4 миллион доллори амрикоии дар Покистон дар «Оборот»  буда меравад.

         Ин маблағ ба наҳзатиҳо аз ҷониби хадамоти махсуси хориҷӣ таҳия карда шуда буд.  Ин 4 миллион доллар барои беҳбуд бахшидани вазъи молӣ, идорӣ, низомӣ ва сиёсати ТЭТ, ҲНИТ пешбинӣ шуда буд. Наҳзатиён ин маблағро барои кайфу сафои худ сарфа карда «бизнес» кушода будаанд. Ҳатто аз хисоби гурезагони бадбахт низ истифода бурда, барои худ бизнес ташкил дода, маблағҳои бо ҳар роҳ бадастомадаро ба ҷайбҳои худ заданд.

         Инчунин қайд мегардад, ки барои роҳнамоӣ намудани тарҳҳои гуногун ба ТЭТ ва ҲНИТ маблағҳои зиёда ворид мегардид, ки тавассути ин маблағҳо лоиҳаи нооромиҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҷоҳуми наҳзатӣ ба нуқтаҳои мавриди назар тарҳрезӣ мегардидааст. Аз гуфтаҳои шоҳидон бармеояд, ки дар хориҷ аз мамлакат ТЭТ ва ҲНИТ худро яке пешсафони ИНОТ муаррифӣ карда, бо ҳар восита маблағи  бузурги пулӣ ба даст оварда, барои роҳандозӣ кардани амалиёти низомӣ дар Тоҷикистон, ғасби ҳокимият ва барҳам додани сохти Конститутсионӣ  талош меварзидааст.

         Чӣ хеле, ки мегӯянд, аз бунёдгузорӣ то харобкорӣ ва аз некӣ то бадӣ як қадам роҳ аст. Шахсони  ҳақиқие, ки ватандӯст ҳастанд, аз  доми фиреб раҳоӣ ёфта, ба ободониву бунёдкорӣ, барои оромию осудагӣ камар бастаанд.

          Хатар ҳамеша мавҷуд аст. Аммо сиёсати имрӯзаи кишвар, ки сарвараш як шахси бофарҳангу сиёсатмадор аст, дигар такрор нахоҳад шуд. Тоҷикистон сиёсати дурустро пай гирифтааст. Мардум моҳияти равияи салафиро дарк карданд, ба мубориза мехезанд, роҳ намедиҳанд, ки як  Афғонистони дигар шавад.

         Мақсади ДИИШ на танҳо Тоҷикистон, балки Ӯзбекистон, Қириғизистон, Туркманистон, Қазоқистон, ҳатто Россия аст.

         Онҳо мехоҳанд нооромиҳо аз сарҳадҳо гузашта ба дигар давлатҳои осоишта равад.

         Ҳанӯз дар сарзамини Афғонистону Покистон ва Эрону дигар давлатҳои араб муҷоҳидони тоҷику ӯзбек ҳастанд, ки ҳар лаҳза аз суст шудани зиракии сиёсӣ истифода бурда,  сар мебардоранд. Барои пешгирии сар задани нооромиҳо мо бояд бо давлатҳои ҳамсоя дӯстии мустаҳкам дошта бошем, ки ин роҳи ягонаи таъмини оромиро ҳам дар дохил, ҳам дар хориҷ роҳандозӣ мекунад.

Мушовири шуъбаи маориф:                            Ш.Сайдалиев.

Ҳеҷ овозе нест
 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735180   ноҳияи  Шаҳритуз

кӯчаи И.Сомонӣ №51

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз