- Асосӣ
- Раиси ноҳия
- Мақомоти иҷроия
- Мақомоти намояндагӣ
- Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
- Қонунҳо
- КОДЕКСИ МЕҲНАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОДЕКСИ ОДОБИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия
- Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ДАР БОРАИ ТАРТИБИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ СОХТИ МАРЗИВУ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи хизмати давлатӣ
- Қарорҳои маҷлиси вакилони халқ
- Қарорҳои раиси ноҳия
- Қонунҳо
- Муроҷиати шаҳрвандон
- STATEMENT Following the Meeting of the Special Services of Iran, Kazakhstan, China, Pakistan, Russia, Tajikistan and Uzbekistan
- Дастгоҳи раиси ноҳия
- Наимова Раҷамо модари Сангова Сумая духтаре, ки Кури Юнус фиребаш дод
- ПОЙТАХТИ ДАВЛАТ ВА ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛАТ
Сайри таърихии ёдгориҳои фарҳангии ноҳияи Шаҳритуз Хоҷа Машҳад нишонае аз ниёгони тамаддунофари тоҷикон
Шан, 03/03/2018 - 15:33
Асрҳои 9-10 даврони тиллоии тамаддуну фарҳанги миллати мо ба ҳисоб меравад.Таърих гувоҳ аст, ки маҳз ба шарофати сулолаи Сомониён бахусус бо роҳбарии марди ботадбиру шуҷоатпешаю бохирад Шоҳ Исмоили Сомонӣ давлати паҳновару муқтадири тоҷикон арзи ҳастӣ намуда, баробари инкишофи иқтисодиёту ривоҷи савдо бо мамолики хориҷӣ барои илму фарҳанги тоҷик низ заминаи мусоид муҳайё гардид.
Дар он айём мадрасаҳо аз бузургтарин макони илм ба ҳисоб рафта, барои табияву таълим ва ба ҳадди камолот расонидани гузаштагони мо мусоидат менамуданд.Тибқи нишондоди китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров ва сарчашмаҳои дигари таърихӣ меъморону бинокорони асрҳои 9-11 санъати меъмории суғдиҳо ва бохтариҳоро бо санъати меъмории марказҳои хилофат омезиш дода, биноҳои бошукуҳ месохтанд. Ба шаҳодати муаррих Наршахӣ нахустин мадраса дар Бухоро пайдо шуда, дар солҳои 937-938 аз сўхтор нобуд шудааст. Дар аҳди Сомониён дар Самарқанд 17 мадраса амал мекардааст.
Мадрасаҳо дар асрҳои 9-10 ва қарнҳои минбаъда маркази воқеию асосии таълим ба ҳисоб рафта, баробари таълими илмҳои динӣ, мантиқ, калом, баён, забони арабӣ, таърих,илми тиб, ҳикмат, риёзиёт(математика), ситорашиносӣ табииёту фалсафа ҳам омўзонида мешуданд.
Аз мутолиаи маъхазҳои мавҷуда бармеояд, ки мадрасаю ёдгориҳои меъморӣ дар шаҳракҳои музофот низ сохтаю мавриди истифода қарор дода мешуданд.Дар сохтмони ин гуна биноҳо ҳунармандону деҳқонон бе музд маҷбурӣ кор фармуда мешуданд.Чунончи, дар вилояти Хутталиён, ки марказаш Ҳулбук буд, 20 мадраса мавҷуд будааст.
Тибқи маълумоти ЭСТ(ҷ.4)ва ЭАСТ(ҷ.2) алҳол ёдгориҳои меъмории асрҳои 11-12 бештар дар шаҳру ноҳияҳои Турсунзодаву Исфара, Шаҳритузу Ашт мавҷуд буда, ҳифзу нигоҳдории онҳоро Вазорати фарҳанги Чумҳурии Тоҷикистон ба уҳда дорад.Онҳо ёдгории зиндаю нишони гўёи халқи фарҳангофару тамаддунсози тоҷиканд.
Мадрасаи Хоҷа Машҳад ва сайри таърихии он
Хоҷа Машҳад аз ниёгон ёдгори ҷовидон,
Шуҳрату шон, номи неку обрўйи тоҷикон.
«Мадрасаи Хоҷа Машҳад ҳамчун мадрасаи калонтарини Осиёи Миёна аҳамияти таърихӣ дорад ва аз маркази илму маданият будани Қубодиёни қадим шаҳодат медиҳад».- нигоштааст шарқшинос, муаррих ва бостоншиноси маъруфи рус Алесандр Маркович Беленитский дар «Мавзолей у селения Саят» ном матлабаш. Дар воқеъ чун ба мадрасаи Хоҷа Машҳад аз наздик ошноӣ пайдо мекунед, аз ҳунари волои ниёгони гулдасту мумтозамон дар дил эҳсоси ифтихор менамоед. Бино ба қайду таъкиди муҳаққиқон доир ба ин ёдгории беназири таърихӣ то асри 19 ягон маъхази хаттӣ пайдо нашудааст.
Нахустин маротиба соли 1894 узви Ситод ё худ Штаби генералии Россияи подшоҳӣ , афсари рус Лиментак дар ёддоштҳо ё худ ҳисоботи иктишофиаш нисбати бекигариҳои Бухоро қайд намудааст, ки дар деҳаи Сайёд ёдгории қадимии хуштарҳе мавҷуд аст, ки барои сокинони атрофаш ҳамчун оромгоҳ ва масҷид хизмат мекунад.
Ёдгории таърихии Хоҷа Машҳад аз нимаи дуюми асри гузашта, аниқтараш аз он айёме, ки фарзанди фарзонаи миллат Бобоҷон Ғафуров ҳамчу роҳбари ҷумҳурӣ ба фаъолият шуруъ кард, мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор гирифт. Соли 1947 аз ҷониби Академияи илмҳои кишвар Экспедитсияи бостоншиносии Суғду Тоҷикистон таҳти роҳбарии академик А.Ю.Якубовский ба деҳаи Сайёди ноҳияи Шаҳритуз фиристода шуд, то мадрасаи Хоҷа Машҳадро мавриди омўзиш қарор диҳад.Дар ҳайати гуруҳ қатори дигарон муарриху бостоншиноси маъруф А.М..Беленитсий ҳам шомил буд. Ў, дере нагузаша, дар матлабаш таҳти унвони «Мавзолей у селения Саят» бори аввал қайд мекунад, ки навиштаҷоти пешгоҳи бинои мадрасаи Хоҷа Машҳад дертар баъд аз бунёди он ҳаккокӣ шудааст.
Солҳои 1948-1950 низ гуруҳҳои кории бостоншиносони ватанӣ ва соли 1959 як ҳайати вижа бо роҳбарии мудири сектори бостоншиносӣ ва нумизматикаи Институти таърихи ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Тоҷикистон Б.А.Литвинский барои таҳқиқу омўзиши ёдгории нотакрору арзишманди миллат – мадрасаи Хоҷа Машҳад ташриф оварданд.
Соли 1965 бо дархости Вазорати фарҳанги Чумҳурии Тоҷикистон барои ташкилу гузаронидани корҳои таъмирӣ –омўзишӣ дар мадрасаи мазкур аз шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Ўзбекистон як гуруҳи нави корӣ ба шаҳри Душанбе омада, бо роҳнамоии бостоншиноси тоҷикистонӣ Н.Б.Немтсова озими ноҳияи Шаҳритуз гардиданд. Онҳо дар мадрасаи Хоҷа Машҳад ковишҳои бостоншиносӣ гузаронида, бо андозагирии ёдгории меъморӣ машғул шуданд.
Дар соли 1972 бо сарварии муарриху бостоншиноси рус С.Г.Хмелнитский як гуруҳ донишҷўёни шуъбаи меъмории Донишкадаи политехникии Тоҷикистон ва дар соли 1978 як гуруҳи кории бонуфуз аз ҷониби Вазорати фарҳанги кишвар ба мадрасаи Хоҷа Машҳад қадам ранҷа намуда, тўли якчанд ҳафта ба корҳои ҳафриёту таҳқиқот шуғл варзиданд.
Мадрасаи мазкур дар асрҳо 9-12 сохта шуда, ҳоло аз ин ёдгории таърихӣ ду бинои гунбазу равоқдори аз хишти пухта ба ҳам пайваста боқӣ мондааст. Бинои тарафи рост қисми қадимтарини ёдгорӣ буда, сохти гунбазу равоқҳо ва нижвонҳоро, ки аз хищти моил чидашуда бино ёфтаанд,хоси меъмории ҳамон давра меҳисобанд. Ба андешаи А.Л.Литвинский дертар аз тарафи ғарбии бинои дуюм равоқи пештоқдори мунаққаше илова гардидааст.Дар ду гўшаи биноҳо гулдастаҳои на чандон калон сохтаанд.Дар тарафи муқобил ё худ самти шимолии он низ аз хишти хом ва пухта ду бинои гунбаздори на он қадар калон пўшида шуда будааст, ки ба бинои қисми ҷанубӣ ва асосии ансамбл шабоҳат доштааст. Бинои мазкур дар тўли асрҳо вайрону валангор гардида, аз байн рафтааст. Чунин андеша ҳам роиҷ аст, ки шоир ва мутафаккири маъруфи тоҷик Носири Хусрави Қубодиёнӣ таълимоти ибтидоии диниашро дар ҳамин мадраса гирифта будааст.
Аз омўзишу шиносоӣ бо таҳқиқоти дар иртибот бо мадрасаи Хоҷа Машҳад гузаронида шуда маълум мегардад, ки аз ҷониби муҳаққиқону муаррихони ватанию хориҷӣ корҳои муайян ба сомон расонида шудааст. Онҳо дар муайян намудани паҳлуҳои норавшани таърихи пайдоиш, бунёду сохтмони ин ёдгории фарҳангӣ ва муаррифии он ба ҷаҳониён саҳми арзандаю босазо гузоштаанд.
Дар ин миён месазад аз хизматҳои арзишманди муарриху бостоншиноси маъруф Сергей Григоревич Хмелнитский, ки беш аз 40 сол гуруҳҳои махсуси ҳафриётию бостоншиносиро роҳбарӣ карда, дар мадрасаи Хоҷа Машҳад корҳои зиёди илмию тадқиқотӣ бурдааст, ёдовар шавем.
-Мо, собиқ хонандагони мактаби миёнаи №7 – и ноҳияи Шаҳритуз, тобистони соли 1965 ҳангоми таътили тобистона таҳти роҳбарии Хмелнитский Сергей Григоревич дар мадрасаи Хоҷа Машҳад бо корҳои ҳафриёти машғул будем, - гуфта буд ячанд сол қабл зимни сўҳбат собиқ сармутахассиси шуъбаи фарҳанги ноҳияи Шаҳритуз шодравон Тошпўлод Норов ва афзуда буд: -Бо фармоиши Хмелнитский ҳангоми ҳафриёт як роҳи зеризаминӣ пайдо карда, то масофаи муайян роҳрави онро таз хок тоза намудем. Бостоншиноси варзида зимни муоинаю омўзиши он чунин хулосабарорӣ карда буд:
- Аҷаб не аз роҳрави мазкур ба гўшаҳои дигари шаҳр роҳи рафтуомад ё худ баромадгоҳу даромадгоҳи махфӣ мавҷуд будааст. Бо ибрози Б.Норов Хмелнитский барои ҳар рўзи кории толибилмон ба маблағи 3 сумӣ дастмузд медодааст.
Маҳз таҳти роҳбари бевоситаи ин олиму муҳаққиқи варзида дар ибтидои солҳои 60-уми асри гузашта корҳои ҳафриётию бостоншиносӣ равнақи тоза касб карда, ба бисёр масъалаҳо равшанӣ андохта шуд.Қабл аз ҳама исбот гардид, ки биноҳои ёдгории зикргардида дар як вақт не, балки дар асрҳои гуногун бо ҳам пайваст шудаанд. Ҳамзамон муайян гардид, ки 54 гўри дар дохили ҳар ду бинои ёдгории мазкур мавҷуд буда, дар асрҳои 9-12 не, балки баъдтар ҳангоми истилои Осиёи Миёна аз ҷониби чингизиён пайдо шудаанд. Дар рафти ковишҳои археологӣ аз замини зери бино ва атрофии он зарфҳои гуногуни сафолӣ , шамъдонҳою маснуоти дигари қадима пайдо шудааст, ки алҳол бахше аз онҳо дар пешдолони байни ҳар ду бино ба маърази тамошо гузошта шудааст.
Дар дохили бинои дуюм 13 адад хишти даври гунбаз ба назар намерасад. Мутавалӣ ё худ масъули мадрасаи Хоҷа Машҳад, дастпарвари факултаи филологияи тоҷики ДМТ Маҳмадюсуф Азимов зимни сўҳбат иброз дошт, ки хиштҳои кандашуда гўё бо навиштаҷоти арабиасоси зарҳалонидашуда будаанду дар даврони Шўравии собиқ бо тавсияи С.Г.Хмелнитский барои таҳқиқу омўзиш ба Осорхонаи шаҳри Ленингарад (Санкт-Петербурги имрўза)-и Федератсияи Россия интиқол дода шудаанд ва сабаби то ҳол барнагардонидани онҳо барояш муаммост.
Мавриди зикр аст, ки С.Т.Хмелнитский доир ба мадрасаи Хоҷа Машҳад ва таърихи бунёди он матлабҳои зиёди илмию тадқиқотӣ навишта ба ҳамватанони мо ва ҷаҳониён манзур намудааст. Тақрибан 4-5 сол қабл тавассути як инсони соҳибмаърифат асари бунёдии бостоншиносу муаррихи варзида С.Т.Хмелнитский таҳти унвони «Ходжа Машад»(нашри Олмон-Рига,соли 2001) ба дастам афтод. Муаллиф онро бо соядаст ба ҷонишини директори муассисаи ҷумҳуриявии илмӣ-истеҳсолӣ оид ба таъмиру тармими ёдгориҳои таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиё Ҳасанов тақдим кардааст. Асари мазкур дар зери таҳрири Муҳаммад-ар-Рашид сурат гирифта, он аз 233 саҳифа иборат буда, бо сифати баланд ба табъ расидааст.
Ба андешаи инҷониб дарёфту мутолиаи он барои ҳар як фарди фарҳангпарвару ватандўст аз манфиат холӣ нест.
Имрўзу фардои мадрасаи Хоҷа Машҳад
Давлатмардони кишвар бо фарорасии сулҳу суббот дар кишвар аз сари нав ба соҳаи фарҳанг таваҷуҳи хоса зоҳир намуданд.Нахуст чорабиниҳои бузурги фарҳангию илмию адабиро ба нақша гирифта, барои баргузори онҳо дар қатори ҳамватанони соҳибном шахсиятҳои шинохтаю маъруф ва масъулони давлату созмонҳон бонуфузу ҳамсудро ҳам ҷалб карданд. Чунончи дар тантанаи ҷашни 1000-солагии шоир ва мутафаккири бузурги халқи тоҷик Носири Хусрави Қубодиёнӣ аз Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳайати вижае ширкат варзида, ҳамзамон аз ҷониби сафорати ҶИЭ дар Тоҷикистон барои таъмиру тармими мадрасаи Хоҷа Машҳад ба маблағи 5 ҳазор доллар маблағи грантӣ пешкаш гардид.
Сафорати ИМА дар Тоҷикистон аз соли 2005 то соли 2009 дар асоси ду лоиҳа барои таъмиру ободонии мадрасаи Хоҷа Машҳад 116370 доллари амрикоӣ маблағ ҷудо кардааст. Маблағи мазкур барои тоза кардани 5 км заҳбури обпарто ҷиҳати паст кардани обҳои зеризаминии атрофи мақбара, бо таҳпояи бетонӣ мустаҳкам кардани таҳкурсии мадраса, кўчонидани қабрҳои баъдина аз масҷиди мадраса ба бинои шафати он , ҷалби устоҳо ва сохтани хумдонҳои хиштпазӣ,харидории маводи сўхт,истеҳсоли хишти қадима, тармими пурраи мадраса бо он хиштҳо ва амсоли ин масраф шудааст.Сафири вақти ИМА дар ЧумҳурииТоҷикистон 15 июли соли 2010 зимни қабули ботантанаи ёдгории таърихии Хоҷа Машҳад изҳор доштааст, ки минбаъд ҳам ҷиҳати тармиму эҳёи осори ниёгон ба ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаҷониба кўмак мерасонад..
Бешубҳа, ободу маъмур ва ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ сохтани чунин ёдгории фарҳангӣ имкон медиҳад, ки нафарони зиёд шуғли доимӣ пайдо карда, барои тарғибу муаррифии мероси нодири ниёгон саҳми боарзиш гузоранд. Илова ба ин амали мазкур ба рушди соҳаи саёҳату туризм дар минтақа ва ҷумҳурӣ мусоидат намуда, буҷаи ноҳия ғанӣ гардида, бешак шароити зиндагию рўзгори ҳамдиёрон рў ба беҳбудӣ меорад.
Мақбараи Хоҷа Дурбод
Мақбараи Хоҷа Дурбод дар ҳудуди деҳаи Хоҷа Дурбоди ҷамоати деҳоти ба номи Т.Садриддинови ноҳияи Шаҳритуз ҷойгир аст. Иморати он аз хишти пухта сохта шудааст. Асоси иморат мураббаъ буда, намоҳои на чандон баланди он бо усули тоқдартоқ ва нижвон зинат ёфтааст. Ин тарзи ороиш (аз хиштҳои майдаи 22х22 сантиметрӣ чида шуда), намунаи нодир аст.Дар болои асос ҳашттарки се тарафаш даричадор устувор аст, ки хиштҳояш андармиён ба таври амудиву уфуқӣ чида шудаанд. Бандубасташ ғайриоддист. Бо вуҷуди аз берун мураббаъ будани асосаш девори дохили он ҳаштпаҳлуст ва ин шакл дар санъати меъмории Осиёи Миёна ҳамто надорад.
Дар девори дигар паҳлуҳо(ба ғайр аз он ки даромадгоҳ гузоштаанд) тоқчаҳои росткунҷаи на чандон чуқур ҷой дода шудаанд, ки заминашон бо ранги сурх гулпарто гардидааст.
Мақбараи Хоҷа Дурбод аз дигар ёдгориҳо ба шарафаҳои ғайриодии худ фарқ мекунад. Аз тарафи шимол пештоқи калоне гузоштанд, ки қисми зиёди наморо ишғол кардааст. Бурҷҳои он бо тоқчаҳои ороишӣ зинат ёфтаанд. Як қисми гунбазаш хароб шудааст. Мақбараи Хоҷа Дурбод хеле зебост.
Истифодаи усулҳои меъмории ғайриоддӣ, ки хусусиятҳои хоси санъати бинокории маҳаллиро инъикос кардааст, қимати таърихиву бадеии онро зиёд намудааст.
Мақбараи Хоҷа Сарбоз
Мақбараи Хоҷа Сарбоз ёдгории меъмории асрҳои 11-12 деҳаи Лолазори ҷамоати деҳоти ба номи Т.Садриддинови ноҳияи Шаҳритуз ҷойгир аст. Ба типи мақбараҳои мутамарказ мансуб аст. Асоси Мақбараи Хоҷа Сарбоз мураккаб буда, пойдевораш похсагӣ мебошад ва худаш аз хишти хом сохта шудааст.Байни намоҳои он бо тоқҳои росткунҷаи на чандон чуқур оро ёфтаанд. Дар болои асос ҳашттарки ҳар паҳлуяш даричадор барқарор аст.
Гунбази мақбара хароб гаштааст. Диаметри он 7,5 м. яке аз калонтарин гунбазҳои аз хишти хом сохташудаи Осиёи Миёна мебошад.Аз тарафи шимол даромадгоҳи оддӣ джорад.Дохили бино аз ҳисоби равоқтоқҳои хурд васеъ шудааст.Қисми болоии токҳо бо шакли ғайриоддии зинамонанд, ки дар боло торафт тангтар мешавад, фарқ мекунад.
Мақбараи Хоҷа Сарбоз бо вуҷуди пурра маҳфуз намонданаш ганҷинаи нодири таърихӣ ва бадеии санъати меъморӣ ба шумор меравад. Уме даст, ки дар ояндаи наздик он дар шакли аввалааш барқарор мешавад.
Мақбараи Тилло Ҳаллоҷӣ
Мақбараи Тилло Ҳаллоҷӣ ёдгории меъмории асрҳои 11-12 дар деҳаи Айвоҷи ноҳияи Шаҳритуз мебошад.Аз хищти хом сохта шудааст. Андозааш аз берун 10,5 метр, аз дурун 6,9 метр мебошад. Мақбараи Тилло Ҳаллоҷӣ аз рӯи сохт маъбадҳои оташпарастони пешазисломии Осиёи Миёна – «Чортоқ»-ро ба хотир меорад.Фарқаш дар ҳамин аст, ки Мақбараи Тилло Ҳаллоҷӣ танҳо аз се тараф даромадгоҳ дорад ва тарафи чорум (шимолӣ) гарчанде дар шакли даромадгоҳ бошад ҳам, дар асл маҳкам аст.
Сохти даромадгоҳҳо хеле ҷолиб буда, мувофиқи усули меъмории асрҳои 11-12 сохта шудаанд: тоқҳои пайконии зебо дар тоқҳои росткунҷаи чуқур ҷойгир шудаанд.(бо усули тоқ дар тоқ).
Асоси бино чоркунҷа буда, дар болои ҳашттарк (чор тарки дигар аз ҳисоби чор тоқи болои кунҷҳои девори асосӣ ба вуҷуд омадаанд) барқарор аст. Гунбази мақбара хароб гаштааст. Мақбараи Тилло Ҳаллоҷӣ аз намунаҳои нодири бинои қадимаи аз хишти хом сохта шуда аст.