- Асосӣ
- Раиси ноҳия
- Мақомоти иҷроия
- Мақомоти намояндагӣ
- Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
- Қонунҳо
- КОДЕКСИ МЕҲНАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОДЕКСИ ОДОБИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия
- Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ДАР БОРАИ ТАРТИБИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ СОХТИ МАРЗИВУ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи хизмати давлатӣ
- Қарорҳои маҷлиси вакилони халқ
- Қарорҳои раиси ноҳия
- Қонунҳо
- Муроҷиати шаҳрвандон
- STATEMENT Following the Meeting of the Special Services of Iran, Kazakhstan, China, Pakistan, Russia, Tajikistan and Uzbekistan
- Дастгоҳи раиси ноҳия
- Наимова Раҷамо модари Сангова Сумая духтаре, ки Кури Юнус фиребаш дод
- ПОЙТАХТИ ДАВЛАТ ВА ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛАТ
Таҷлили “Рӯзи модар” дар ноҳия
Сеш, 03/06/2018 - 11:12
Рӯзи 5 март дар Қасри фарҳанги ноҳия бо иштироки роҳбарияти ноҳия, масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, занону бонувони фаъоли ноҳия бахшида ба таҷлили “Рӯзи модар” ҷамъомади ботантана доир гардид. Дар назди иштирокчиёни чорабинӣ раиси ноҳия Оймаҳмадзода Рамазон Алихон бо Паёми табрикӣ баромад кард.
Ӯ аз ҷумла чунин иброз дошт:”Модар нахуст устоди башарият аст ва фарзанд каломи аввалинро аз ӯ меомӯзад. Ҳар модаре, ки соҳиби саводу дониш ва таҷрибаву ҷаҳонбинӣ мебошад, фарзанди ӯ ҳам босаводу хушахлоқ ба воя мерасад.Мақому манзалати волои модар, заҳмату шабзиндадориҳои ӯ ва рафтори неку пурмуҳаббаташ нисбат ба наслҳои башарият боис гардид, ки модарро ҳамчун бузургтарин ва муқаддастарин инсон ҳамеша дӯст доранд ва азиз шуморанд. Чунки мардон аз домани поку мубораки модар ба меъроҷ расидаанд ва ҳеҷ пайғамбаре бе модар ба дунё наомадааст. Аз ин рӯ пайғамбари бузурги ислом Ҳазрати Муҳаммад дар мавриди мақому манзалати модар дар яке аз ҳадисҳои шарифи худ чунин фармудааст: «Фазилату савоби некӣ ва эҳсону хизмат дар ҳаққи падару модар бештар аз намоз, закот, ҳаҷ, умра ва ҷиҳод дар роҳи Худои таолло аст».
Раиси ноҳия дар идомаи табрикоташ қайд намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири эҳёи анъанаҳои неки гузаштагонамон дар мамлакат доир ба Рӯзи модар фармон содир намуда, онро ба феҳристи ҷашнҳои расмии давлати соҳибистиқлоламон ворид намуд. Соли даҳум аст, ки ин санаи муборак дар Тоҷикистони азизамон бо шукуҳу самимияти хоса ҷашн гирифта мешавад.
Қайд намудан ба маврид аст, ки дар ноҳияи бостонии Шаҳритуз низ кам нестанд заноне, ки дар бунёдкориву созандагии замони шуравӣ ва даврони истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши арзанда гузоштаанд ва имрӯз низ дар ҳамаи ҷабҳаҳои зиндагӣ мавқеи шоистаи онҳо эҳсос мегардад. Имрўз дар ноҳия қариб дар ҳама мақомоти марбута аз ҳукумати маҳаллӣ то мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, маорифу тандурустӣ, бахусус кишоварзӣ занони мо бомуваффақият фаъолият намуда истодаанд. Айни замон мо кўшиш ба харҷ дода истодаем, ки дар ҳама ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ташкилоту муассисаҳо теъдоди кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занон бештар бошанд. Алҳол дар ноҳия як нафар раиси ҷамоат, ду нафар муовинони раисони ҷамоат аз ҳисоби занон мебошанд.
Р.Оймаҳмадзода аз неруи созандаю бунёдкор ва тарбиятгару роҳнамо будани занону модарони тоҷик бо эҳтирому ихлос ёдовар шуда, Паёми табрикиашро бо чунин суханони шоирона ҳусни анҷом бахшид:”Занон гулҳои осмониро дар ҳаёти замин мекоранд, ҷомаи дилпазиру зебои ишқро дар замири худ мебофанд ва эҳсосоти латифро дар пардаи покиву покдоманӣ мепарваранд. Итминони комил дорам, ки занону модарони иззатманд ва хоҳарону духтарони азизи мо ин рисолати азаливу таърихиро садсолаҳои дигар бо сарбаландӣ адо хоҳанд кард. Бо хамин ниятҳои нек, дар симои Шумо тамоми занону модарон ва кулли бонувони ноҳияи Шаҳритузро ба муносибати Рӯзи модар самимона табрик гуфта, бароятон умри дароз, саодати рӯзгор, хонаи обод, хотири ҷамъу осуда ва дар таълиму тарбияи фарзандони солеҳ, худогоҳу худшинос ва ватандӯсту меҳанпарвар комёбиҳо орзу менамоям».
Дар чорабинии идона мутахассиси пешбари бахши молия ва хоҷагидории Дастгоҳи раиси ноҳия Манучеҳр Анварӣ Амри раиси ноҳия «Дар бораи сарфароз гардонидани фаъолзанони ноҳияи Шаҳритуз бо Ифтихорнома ва туҳфаҳои идонаи раиси ноҳияи Шаҳритуз»-ро қироат кард. Р.Оймаҳмадзода ба як гуруҳ занону бонувони фаъоли ноҳия, намояндагони касбу кор ва вазифаҳои гуногун барои саҳми арзанда дар амалӣ намудани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди бемайлони соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар, инчунин иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ, баланд бардоштани мақоми зан ва солимгардонии наслҳои ояндаи миллат, болоравии нақши зан дар таҳкими пояҳои ахлоқиву маънавии ҷомеа, бахшида ба «Рӯзи модар» Ифтихорнома ва туҳфаҳои идонаи раиси ноҳияро дар вазъияти ботантана супорид.
Аз ҷониби роҳбарияти Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маорифи ноҳия низ як идда омӯзгорони фаъоли ноҳия бо Ифтихорномаю туҳфаҳои идона сарфароз гардиданд.
Сипас ҳунармандони Қасри фарҳанги ноҳия бо пешниҳоди суруду таронаҳои дилнишин ва саҳначаи ҷолиб табъу хотири иштирокчиёни тантанаро болида гардониданд.