- Асосӣ
- Раиси ноҳия
- Мақомоти иҷроия
- Мақомоти намояндагӣ
- Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
- Қонунҳо
- КОДЕКСИ МЕҲНАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОДЕКСИ ОДОБИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия
- Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ДАР БОРАИ ТАРТИБИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ СОХТИ МАРЗИВУ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи хизмати давлатӣ
- Қарорҳои маҷлиси вакилони халқ
- Қарорҳои раиси ноҳия
- Қонунҳо
- Муроҷиати шаҳрвандон
- STATEMENT Following the Meeting of the Special Services of Iran, Kazakhstan, China, Pakistan, Russia, Tajikistan and Uzbekistan
- Дастгоҳи раиси ноҳия
- Наимова Раҷамо модари Сангова Сумая духтаре, ки Кури Юнус фиребаш дод
- ПОЙТАХТИ ДАВЛАТ ВА ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛАТ
Модарон, бонувон ва хоҳарони азиз! Ҳозирини гиромӣ!
Сеш, 03/06/2018 - 16:25
Дар оғози фасли баҳор фаро расидани Рӯзи модар – ин ҷашни барои ҳамаи мо бисёр азизро ба кулли сокинони диёрамон, бахусус ба модарону бонувони ноҳияамон самимона табрик гуфта ба ҳар яки Шумо саломативу хушбахтӣ ва хонаободиву сарбаландӣ орзу менамоям. Модар ин сарчашмаи ҳаёти инсон буда, бо фармудаи бузургон бо як даст гавҳора ва бо дасти дигарашон сайёраро меҷунбонад.
Ҷашни расмии давлатӣ эълон шудани Рӯзи модар дар Тоҷикистон гувоҳи равшани мақому манзалати баланди Шумо модарон ва хоҳарони азиз мебошад.
Мардуми мо аз қадимулайём ба қадру мартабаи волои модар арҷ мегузорад ва ба ҷо овардани ҳурмату эҳтироми ӯ то ба имрӯз яке аз суннатҳои миллии мо ба шумор меравад.
Ниёгони мо ба қадру қимат ва эҳтироми модар ҳамчун офарандаи ҳаёт ва парварандаи арзишҳои умумибашарӣ, ба монанди муҳаббат ва дӯстӣ, адолатпешагиву ҳақталошӣ, сулҳу оромӣ дар оилаву ҷомеа, тарбиятгари инсони поксиришту накӯкор, далеру шуҷоъ ва ватандӯсту ватанпарвар мерасиданд ва ба ӯ саҷда менамуданд.
Модар нахуст устоди башарият аст ва фарзанд каломи аввалинро аз ӯ меомӯзад. Ҳар модаре, ки соҳиби саводу дониш ва таҷрибаву ҷаҳонбинӣ мебошад, фарзанди ӯ ҳам босаводу хушахлоқ ба воя мерасад.
Мо аз саҳифаҳои таърихи миллатамон хуб медонем, ки дар давраҳои гуногун занону модарон дар қатори мардон ба муқобили аҷнабиён муборизаи беамон бурда, дар таъмини озодиву истиқлолият ва оромиву суботи сарзамини аҷдодӣ саҳми арзишманд гузоштаанд.
Маҳз ба ҳамин хотир барои мо мафҳумҳои Модар ва Ватан ҳаммаъно ва бисёр азизу муқаддас мебошанд. Мақому манзалати волои модар, заҳмату шабзиндадориҳои ӯ ва рафтори неку пурмуҳаббаташ нисбат ба наслҳои башарият боис гардид, ки модарро ҳамчун бузургтарин ва муқаддастарин инсон ҳамеша дӯст доранд ва азиз шуморанд.
Чунки мардон аз домани поку мубораки модар ба меъроҷ расидаанд ва ҳеҷ пайғамбаре бе модар ба дунё наомадааст. Аз ин рӯ пайғамбари бузурги ислом Ҳазрати Муҳаммад дар мавриди мақому манзалати модар дар яке аз ҳадисҳои шарифи худ чунин фармудааст: «Фазилату савоби некӣ ва эҳсону хизмат дар ҳаққи падару модар бештар аз намоз, закот, ҳаҷ, умра ва ҷиҳод дар роҳи Худои таолло аст».
Бо мақсади эҳтиром гузоштан ба модар - сарчашмаи бузурги зиндагӣ ҳанӯз дар гузаштаҳои дур аҷдоди мо ҳар сол рӯзи муайянеро ба поси заҳматҳои беинтиҳои ӯ ҳамчун иди модар ҷашн мегирифтанд.
Чунонки Абӯрайҳони Берунӣ менависад, дар байни ҷашну маросимхои мардуми тоҷик ҳанӯз аз замонҳои қадим анъанаи ҷашнгирии иди модар воҷиб будааст.
Тибқи гуфтаҳои ӯ ин ид дар сарзамини тоҷикон дар моҳи сеюми зимистон, ки Исфандормаз ном дошт, яъне мутобиқ ба моҳҳои феврал-март ҳамчун иди иффату зебоӣ ва бузургдошти зан-модар васеъ ҷашн гирифта мешудааст. Ҳарчанд, ки бо мурури замон ин иди бошукӯҳи таърихии аҷдоди мо фаромӯш гардида буд, вале ба шарофати Истиқлолияти давлатии кишварамон аз нав зинда гардид ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири эҳёи анъанаҳои неки гузаштагонамон дар мамлакат доир ба Рӯзи модар фармон содир намуда, онро ба феҳристи ҷашнҳои расмии давлати соҳибистиқлоламон ворид намуд.
Соли даҳум аст, ки ин санаи муборак дар Тоҷикистони азизамон бо шукуҳу самимияти хоса ҷашн гирифта мешавад. Дар ин рӯзи муборак фарзандон, хешону наздикон ва дӯстон бо либосҳои зебову озода, чеҳраҳои хандону пурмеҳри худ модаронро табрик менамоянд ва дуои пурбаракати онҳоро мегиранд, зеро муқаддастарин ва воҷибтарин дуо барои инсон дуои Модар аст. Дар қалби бузурги модар ҷаҳон ҷой мегирад. Модар ҳар як нияту иқдом, ҳар як рафтору кирдори фарзандашро эҳсос менамояд ва мекӯшад, ки ӯро ба сӯи зиндагии шоиставу пурсаодат роҳнамо созад. Беҳуда дар васфи модар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нагуфтаанд “Ягона доваре, ки гуноҳи моро ҳарчӣ бошад мебахшад, модар аст”.
Бо итминони комил гуфта метавонем, ки дар даврони истиқлолият бо дастгирии бевоситаи Пешвои муазами миллат мавқеи зан , қадру манзалат ва мавқеи зани тоҷик хеле боло рафта, бо вуҷуди ҳамаи ташвиши рузгор онҳо ҳамчун сиёсматадор, омӯзгору бунёдкор , офарандаи неъматҳои моддиву қаҳрамони меҳнат , дар баробари мардон дар рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ободонии Тоҷикистон саҳми арзанда гушоштаанд. Қайд намудан ба маврид аст, ки дар ноҳияи бостонии Шаҳритуз низ кам нестанд заноне, ки дар бунёдкориву созандагии замони шуравӣ ва даврони истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши арзанда гузоштаанд ва имрӯз низ дар ҳамаи ҷабҳаҳои зиндагӣ мавқеи шоистаи онҳо эҳсос мегардад. Албатта барои ҳар як миллат ва ҳар шахси бонангу номус , ҳар рӯз рӯзи Модар аст. Дар осори бузургони ҷаҳон нақши занони диловару қаҳрамон , ватандусту озодихоҳ, соҳибиродаву рисолатшинос ҷойгоҳи арзанда ва хоса дорад. Мисол овардани сифатҳои неки қаҳрамонҳои “Шоҳнома”-и безаволи ҳаким Фирдавсӣ, амсоли Таҳмина ва Гурдофарид, ҳамчун меҳанпарастиву фидокории садҳо нафар шахсиятҳои таърихии миллати бостонии мо далели равшани эҳтиром ва арҷгузории гузаштаамон нисбат ба зан-Модар мебошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таҳкиму тақвияти нақши занон дар ҷомеа ҳамеша эътибори махсус дода, ҳануз дар оғози соҳибистиқлолиямон иброз намуда буданд, ки: “зан тавлидгару мураббии инсон ва устоди беназири фарзандаст: нахустин мактаби инсон , мактаби модар аст, ки ҳамаи мо таҳти парсторӣ ва навозиши ӯ ба камол расида сабақи одамият омӯхтаем” Мо бо занону модарони худ ифтихор мекунем. Зеро модари тоҷик тули садсолаҳои зиёд фарзандони фарзонаеро ба дунё овардаву ба камол расонидаст, ки онҳо бо ақлу заковат ва нури хиради хеш роҳи зиндагии аҳли башарро боз ҳам мунаввар сохтаанд. Заҳматҳои беназири зан- модар дар ҳаққи фарзанд, инчунин ба хотири ободиву оромии кишвар моро водор месозад, ки қадру қимат ва ҳурмату эҳтироми ӯро ҳамеша ба ҷо орем ва барои ӯ шароити мусоиде омода кунем, ки дар баробари фаъолияти созандааш фарзандони солиму соҳибмаърифатро тарбия намояд.
Имрўз дар ноҳия қариб дар ҳама мақомоти марбута аз ҳукумати маҳаллӣ то мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, маорифу тандурустӣ, бахусус кишоварзӣ занони мо бомуваффақият фаъолият намуда истодаанд. Фақат дар ҳукумати ноҳия 13 фоизи кормандонро занон ташкил менамоянд. Дар соҳаи тандурустии ноҳия 70 фоиз, маориф 80 фоиз ва дар хоҷагии қишлоқ 90-фоизро занон ташкил менамоянд. Айни замон мо кўшиш ба харҷ дода истодаем, ки дар ҳама ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ташкилоту муассисаҳо теъдоди кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занон бештар бошанд. Алҳол дар ноҳия як нафар раиси ҷамоат, ду нафар муовинони раисони ҷамоат аз ҳисоби занон мебошанд.
Занону модарони мо дар татбиқи амалии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзиму анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва риояи қонунҳои қабулшуда бояд намунаи ибрат бошанд. Зеро татбиқи сиёсати давлат дар самти танзиму расму оинҳои мардумӣ низ яке аз вазифаҳои асосии занону модарон ба ҳисоб мераванд. Имрӯз беш аз пеш аён мегардад, ки пешрафти давлат ва тавоноии ҷомеа пеш аз ҳама ба ҳифзи арзишҳои олии ахлоқиву маънавӣ вобаста мебошад, ки бе таълиму тарбияи дуруст зуҳур кардан ва натиҷа бахшидани онҳо амри маҳол аст. Занону модарони мо метавонанд дар ин раванд низ яке аз қувваҳҳои пешбарандаи ҷомеа бошанд. Занону модарони мо инчунин метавонанд дар таҳкими ваҳдати миллӣ, ҳифзи сулҳу субботи сиёсӣ ва пешбурди сиёсати пешгирфтаи давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон нақши бузург бозанд.
Занону модарони тоҷик дар тули таърихӣ чандинҳазорсолаи халқамон ҳамеша чароғи пурфурӯғи хонавода, манбаи адонашавандаи меҳр, маҳзари ишқу зебоӣ, намоишгари покӣ, намунаи олии меҳрубонӣ ва чашмаи иноят будаанд. Бузургони илму адаб занро шоҳкорӣ табиат ва тоҷи офариниш донистанд. Меҳру муҳаббати занони тоҷик аз қаъри асрҳо сарчашма гирифта, бо тору пуди ҷашни бузурги миллиамон Наврӯз омӯзиш ёфта, ба гулҳои ҳамешабаҳори Тоҷикистон мубаддал гардидаанд. Зеро зан ва гул ҷаҳонро зебоӣ мебахшанд.
Занон гулҳои осмониро дар ҳаёти замин мекоранд, ҷомаи дилпазиру зебои ишқро дар замири худ мебофанд ва эҳсосоти латифро дар пардаи покиву покдоманӣ мепарваранд. Итминони комил дорам, ки занону модарони иззатманд ва хоҳарону духтарони азизи мо ин рисолати азаливу таърихиро садсолаҳои дигар бо сарбаландӣ адо хоҳанд кард.
Бо хамин ниятҳои нек, бори дигар ҳамаи Шумо ва дар симои Шумо тамоми занону модарон ва кулли бонувони ноҳияи Шаҳритузро ба муносибати Рӯзи модар самимона табрик гуфта, бароятон умри дароз, саодати рӯзгор, хонаи обод, хотири ҷамъу осуда ва дар таълиму тарбияи фарзандони солеҳ, худогоҳу худшинос ва ватандӯсту меҳанпарвар комёбиҳо орзу менамоям.
Идатон муборак бошад, Модарону хоҳарони азиз!