- Асосӣ
- Раиси ноҳия
- Мақомоти иҷроия
- Мақомоти намояндагӣ
- Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
- Қонунҳо
- КОДЕКСИ МЕҲНАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОДЕКСИ ОДОБИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия
- Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ДАР БОРАИ ТАРТИБИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ СОХТИ МАРЗИВУ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи хизмати давлатӣ
- Қарорҳои маҷлиси вакилони халқ
- Қарорҳои раиси ноҳия
- Қонунҳо
- Муроҷиати шаҳрвандон
- STATEMENT Following the Meeting of the Special Services of Iran, Kazakhstan, China, Pakistan, Russia, Tajikistan and Uzbekistan
- Дастгоҳи раиси ноҳия
- Наимова Раҷамо модари Сангова Сумая духтаре, ки Кури Юнус фиребаш дод
- ПОЙТАХТИ ДАВЛАТ ВА ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛАТ
Суҳбат оиди Қонунгузории амалкунандаи зиддикоррупсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ
Душ, 02/21/2022 - 15:57
Рӯзи 21 феврал дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритус вохӯрии сарнозири Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, майори адлия Парвиз Одинамаҳмадзода ва муфаттиши Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, майори адлия Хушнуд Сафарализода бо масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритус, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии ноҳия баргузор гардид.
Нахуст мулоқотро раиси ноҳияи Шаҳритус Ҷаббори Ғаффор ифтитоҳ намуда, меҳмононро муаррифӣ кард.
Сипас сарнозири Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, майори адлия Парвиз Одинамаҳмадзода оиди “Қонунгузории амалкунандаи зиддикоррупсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, инчунин нуқтаҳои асосии Паёми ироанамудаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаҳояшро иброз дошт.
Мавсуф қайд кард, ки коррупсия дар ҷаҳони муосир дар роҳи рушди иқтисодию иҷтимоии кишварҳо ва риояи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз ҷумлаи монеаҳои ҷиддӣ маҳсуб меёбад. Аз рўзҳои аввали ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ масъалаи муқовимат ба коррупсия дар меҳвари сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
Дар идомаи суханрониаш Парвиз Одинамаҳмадзода гуфт, ки баъди ба тасвиб расонидани «Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия», яъне шурўъ аз 25 сентябри соли 2006 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати имрўза зиёда аз 20 санади меъёрии ҳуқуқие, ки асосҳои ташкиливу ҳуқуқии самтҳои мухталифи муқовимат ба коррупсияро муқаррар менамоянд, қабул карда шуда, барномасозии муқовимат ба коррупсия дар сатҳи давлатӣ ба роҳ монда шуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи СММ зидди коррупсияро, ки он ҳамчун ҳуҷҷати ҳуқуқии комили байналмилалии зиддикоррупсионӣ дар ҷаҳон эътироф шудааст, 25 сентябри соли 2006 ба имзо расонида, 16 апрели соли 2008 тасдиқ намудааст.
Бо мақсади расидан ба ҳадафҳои дар ин самт пешгирифта то ин муддат ду санади барномавии дурнамо, аз ҷумла бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2008, №34 «Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012» ва фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013, №1504 «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» қабул карда шуданд.
Аз таҳлилҳо бармеояд, ки дар давраи амалисозӣ Стратегияи мазкур барои паст кардани шиддати коррупсия ва баланд бардоштани обрўю нуфузи мамлакат дар арсаи байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам овард.
Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ҳамчун барномаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия ба ҳисоб рафта, дар ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ амалӣ карда мешавад.
Намояндаи Агентии шуъбаи муқовимат ба коррупсияи Раёсати Агентӣ дар вилояти Хатлон таъкид намуд, ки мақсад ва вазифаи асосии амалисозии Стратегия аз баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии аҳолӣ ва фароҳам овардани фазои тоқатнопазирӣ ба коррупсия, бартараф намудани сабабу шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда ва дар маҷмўъ, паст намудани шиддати коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат буда, барои инкишофи арзишҳои демократӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум равона карда шудааст.
Ӯ ҳамзамон зикр намуд, ки барои амалӣ намудани мақсаду вазифаҳои болозикр муайян намудани роҳҳои муосири пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия; баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар самти муқовимат ба коррупсия ва дар ин замина фароҳам овардани шароити тоқатнопазирии ҷомеа бо падидаи коррупсия; тақвияти низоми ҳамоҳангсозии мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар муқовимат ба коррупсия; баланд бардоштани самаранокии тарғибу ташвиқи зиддикоррупсионӣ ва фаъолияти мақомоти давлатӣ дар ин самт; ташаккули мавқеи ҳуқуқии шаҳрвандон барои ҳалли масъалаҳои коррупсия ва роҳандозӣ кардани тадбиру чораҳои дигар низ мусоидат менамоянд.
П.Одинамаҳмадзода дар мулоқот аз нуқтаҳои асосии Паёми ироанамудаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ёдовар шуда, қайд кард, ки Пешвои миллат мубориза бо коррупсияро яке аз самтҳои муҳими фаъолияти давлату давлатдорӣ ва бақои он меҳисобад. Ба андешаю таъкиди Сарвари давлат риояи талаботи қонун, аз манфиати шахсию гуруҳӣ боло гузоштани манфиатҳои давлатӣ, инчунин баланд бардоштани сатҳи ҳуқуқии шаҳрвандон аз омилҳое маҳсуб мешаванд, ки то андозае монеи бештар реша давондани коррупсия дар ҷомеа мегарданд.
Дар фароварди мулоқот баъди саволу ҷавоб бо иштирокчиёни ҷамъомад намояндагони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон аз аҳли нишаст даъват ба амал оварданд, ки нисбати ҳолату амалҳои коррупсионӣ дар ҷомеа бетараф набошанд ва барои пешгирию коҳиш додани ин амали номатлуб бо эҳсоси баланди масъулиятшиносӣ ҳиссагузорӣ намоянд.