- Асосӣ
- Раиси ноҳия
- Мақомоти иҷроия
- Мақомоти намояндагӣ
- Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
- Қонунҳо
- КОДЕКСИ МЕҲНАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОДЕКСИ ОДОБИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия
- Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ДАР БОРАИ ТАРТИБИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ СОХТИ МАРЗИВУ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи хизмати давлатӣ
- Қарорҳои маҷлиси вакилони халқ
- Қарорҳои раиси ноҳия
- Қонунҳо
- Муроҷиати шаҳрвандон
- STATEMENT Following the Meeting of the Special Services of Iran, Kazakhstan, China, Pakistan, Russia, Tajikistan and Uzbekistan
- Дастгоҳи раиси ноҳия
- Наимова Раҷамо модари Сангова Сумая духтаре, ки Кури Юнус фиребаш дод
- ПОЙТАХТИ ДАВЛАТ ВА ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛАТ
АҲСАН БА ҶАВОНОНИ ВАТАНДӮСТ! ВМКБ даъвати баҳориро дар рӯзи аввал иҷро кард
Ҷум, 04/01/2022 - 11:21
ДУШАНБЕ, 01.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ҳолати якуми апрел даъвати баҳориро дар рӯзи аввал 102,5 фоиз иҷро намуд. Дар ин бора раиси комиссияи ВМКБ оид ба сафарбар намудани ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ Умедҷон Носирзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Мавсуф афзуд, ки имрӯз дар майдони ба номи Исмоили Сомонии шаҳри Хоруғ— маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ифтихори нахустин рӯзи даъвати баҳорӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маъракаи «Рӯзи даъватшаванда» тантанаҳои идона оғоз гардиданд.
Дар нахустин рӯзи даъвати баҳорӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин шуда, 8 шаҳру ноҳияи ВМКБ аз анҷоми маъракаи мазкур гузориш доданд.
Мавриди зикр аст, ки 1 апрел дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ва тибқи талаботи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1995-2004 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат маъракаи даъвату гусели шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ муташаккилона оғоз ёфт.
Ёдовар мешавем, ки аз соли 2018 инҷониб ВМКБ дар ҳамаи маъракаҳои даъвати ҷавонписарон ба хизмати ҳарбӣ дар кишвар аввалин шуда, аз иҷрои нақша мужда мерасонад.