Main menu

Таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Шаҳритуз

21 марти соли 2018  дар варзишгоҳи  марказии ноҳия  бахшида ба таҷлили Рӯзи байналмилалии Наврӯз  чорабинии ботантана баргузор гардид.

Намоиши идона  баробари вуруди меҳмонон ва  роҳбарияти ноҳия  бо садои карнаю сурнайи   хонандагони мактаби бачагонаи санъати ноҳия ва пешкаши  майсаи наврӯзӣ аз ҷониби  ҷавондухтарон ва нидои «Наврӯз муборак!»и- онҳо оғоз гардид.

IMG_0693.JPGБаъди  шуруи чорабинии идона духтаракону писаракони дӯстрӯ  шеърҳои наврӯзӣ қироат намуданд. Сипас  меҳмонон ва роҳбарияти ноҳия  аз  намоишу дастовардҳои наврӯзии ташкилоту муассисаҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот аз наздик дидан карданд.  Барои онҳо намоиши рамзии наврӯзӣ-Ҳафт син ва Ҳафт шин, пухтани суманак, дастурхони идонаи ташкилоту муассисаҳо,ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, инчунин  юртаи бо ҷиҳози идона оро додаи сокинони ҷамоати деҳоти Пахтаобод, либосҳои анъанавии арӯсию домодӣ, намоиши гӯшаи табиати зинда-гулу гулбутаҳо, паррандагон, намоиши маҳсулоти нонию қаннодӣ, пухтупази таомҳои миллӣ:оши палав, далда, оши бурида ва намоиши ҳунари устоҳои кулолгар, чӯбтарош, оҳангар  хотирмону диққатҷалбкунанда буд.

Яке аз лаҳзаҳои  муассири  танатанаи наврӯзӣ иштирок базми арӯсию  домодии 6 ҷуфт ҷавонон аз 6 ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳия ба ҳисоб рафта, дар он лаҳзаҳои сурурбахш бо мусоидати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва дастгирии соҳибкорону масъулони ҷамоатҳо ба  ҳамаи 6 ҷуфти арӯсу домоди хушиқбол тӯҳфаҳои  хотиравӣ тақдим карда шуд.

Сипас  раиси ноҳия Оймаҳмадзода Рамазон Алихон ва намояндаи ҲукуматиҶумҳурии Тоҷикистон иштирокчиёни тантанаи наврӯзӣ ва дар шахси онҳо тамоми мардуми ноҳияи Шаҳритузро бо фарорасии ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ самимона табрику таҳният гуфта, барояшон тансиҳатию болидаруҳӣ  рӯзгори неку  фазои беғубор, бахту иқболи баланд  орзу намуданд.

Дар охир ба иштирокчиёни тантанаи наврӯзӣ   бо иштироки ҳунармандони ноҳия намоиши  театрикунонидашудаи  басо ҷолибу  хотирмон пешкаш гардид.  Ширкату ҳунарнамоии  сарояндаи шинохтаи ҷумҳурӣ, роҳбари ансамбли эстрадии «Гулшан» Бахтиёри  Иброҳим   ба ҷашнвора шукуҳи тоза бахшид.

IMG_0757.JPGДар ин рӯзи таърихӣ ҳамзамон бо ибтикори як идда соҳибкорони ватанӣ аз он ҷумла Муҳибулло Саъдуллоев, Замонзодаи Ятими Мулло, Абдулазиз Абдуллоев, ва дигар соҳибкорон, инчунин мусоидату дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия якчанд иншоотҳои ҷашнӣ аз қабили  Маркази савдои дуошёна, мағозаи замонавии дуошёна, дарвозаи боғи фароғатию истироҳатӣ, ошхонаи барҳаво дар кӯчаҳои Исмоили Сомонӣ, Носири Хусрави шаҳраки Шаҳритуз мавриди истифода қарор дода шуданд.

«Субҳи Шаҳритуз»

Ҳеҷ овозе нест
 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735180   ноҳияи  Шаҳритуз

кӯчаи И.Сомонӣ №51

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз