- Асосӣ
- Раиси ноҳия
- Мақомоти иҷроия
- Мақомоти намояндагӣ
- Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
- Қонунҳо
- КОДЕКСИ МЕҲНАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОДЕКСИ ОДОБИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия
- Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ДАР БОРАИ ТАРТИБИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ СОХТИ МАРЗИВУ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи хизмати давлатӣ
- Қарорҳои маҷлиси вакилони халқ
- Қарорҳои раиси ноҳия
- Қонунҳо
- Муроҷиати шаҳрвандон
- STATEMENT Following the Meeting of the Special Services of Iran, Kazakhstan, China, Pakistan, Russia, Tajikistan and Uzbekistan
- Дастгоҳи раиси ноҳия
- Наимова Раҷамо модари Сангова Сумая духтаре, ки Кури Юнус фиребаш дод
- ПОЙТАХТИ ДАВЛАТ ВА ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛАТ
Қиссаи хонахарии қаллоби аср ва ҳанноти гузаро Д.Атовулло
Пан, 08/03/2023 - 11:26
Чӣ диловарест дузде ки ба шаб чароғ дорад
Тамоми саодат ва фарҳехтагӣ дар аҳд аст, дар тиннат аст, дар шарафу садоқат аст, дар ғуруру ҷавонмардист… Ҳатто агар дар муқобили ноҷавонмардону дар баробари ноҷавонмардӣ қарор бигиред, инро бояд дар назар дошта бошед. Шинохти ноҷавонмард бузургтарин неъмат аст, ки инсон дармеёбад ва комгору комёб мешавад.
Мақолае, ки таҳия мегардад бо назардошти хусусиятҳои хоси рафтории нафаре иншо мешавад, ки умри ботили худро вақфи ҳалқаҳои хатарофари хориҷӣ карда, футувату ҷавонмардиро пушти по зада, мавқеъгирии зиддихалқӣ, душмантарошӣ, тарғиб ва ташвиқи арзишҳои бегона – фалсафаи ҳаёти ӯ гаштааст.
Ба баъзе паҳлуҳои фаъолияти Д.Атовулло мӯшикофона равшанӣ меандозем. Миёни мардум “қаҳрамониҳо”-и ӯ то ҳол мондаву аз забон ба забон давр мезананд. Ғояи ин нигоштаҳо бо ҷумлае хулоса мешавад: Д.Атовулло дар фазои савдогарӣ, муҳите ки ҳама чиз фурӯхта мешавад, ба воя расидааст, камолоти пастфитратиро тай кардааст.
Худ қазоват кунед, С.Улуғзодае ки парвардаи мактаби устод Айнӣ буд, ба зиндагӣ “айниёна” менигарист, забонро чу чилбури маънӣ суфта, аз сӯҳони қоида бехта, асарҳои таърихӣ менигошт, бо ҷаҳолати Д.Атовулло барои хонанда аз ӯ тасвири дигаре ба бор омадааст.
Паёмаки мухолифи рушду инкишофи ҷомеа дар 40 соли ахир Додоҷони Атовулло дар бораи харидани хонаи нависандаи мумтоз Сотимхони Улуғзода дар соли 1992 каминаро ба андеша ва навиштани ин лавҳа водор намуд. Масале ба ёдам омад, ки «Акка роҳгардии зоғро ёд мегирам гуфта, роҳгардии худро гум кардааст».
Бо расонаӣ кардани харидани хонаи устод С.Улуғзода, аз он шинохте ки мо аз Додоҷон дорем, чанд ҳадафро пайгирӣ менамояд:
Якум, бо зикри номи нависандаи машҳур, бузургнамоӣ мекунад ва бо алоқаи зимнӣ пайдо кардан бо муаллифи романи «Восеъ», айнан мехоҳад бигӯяд, ки «бузургонро бузургон пос медоранд». Аҷаб, аҳмақии гӯшношуниде!
Дуюм, маълум мешавад, ки Додо ва ҳаннотони гузаро (дар матн Буриқул ва Ҷобир) устод Сотим Улуғзодаро бо муомилаи машкуки тиҷоратӣ, кӯлоҳ пӯшонда, амалан ғорат кардаанд. Таҳлили нархи хонаҳои кӯчаҳои Шараф, Ҳаёти Нав ва Ҳ.Юсуфӣ, ки дар маркази шаҳр ҷойгиранд, нишон медиҳад, ки ин хонаҳо ҳоло 250 то 300 ҳазор доллар арзиш доранд.
Сеюм, тирамоҳи соли 1992 бинобар разолати ҳамсангарони Остап Бендери Воругӣ вазъият дар шаҳри Душанбе мураккаб гашта, дар ҳамин ҳолат ташриф овардан ба хонаи устод Улуғзода, ки бемор буд ва вазъияти нобасомонро фоҷиаи шахсии худ қабул карда буд, ба шабохун ҳамсон аст. Дар ин давра ин ҳилагарони давр ва ноқобилони даҳр на як хонаву кошонаи мардумро ғорат карда буданд. Чун ҳамсари устод Улуғзода шарқшинос Клавдия Благовешенская буд, ин муомиларо аз ҳамин зовия баҳогузорӣ кардан равост, зеро неруҳои иртиҷоии мухолиф қишри осебпазирро мавриди ҳамла қарор дода, ин мардуми заҳматкашро гаравгон эълон карда буданд (руҷуъ шавад ба баёнияи Шодмон Юсуф).
Рӯҳи абадзиндаи Улуғзода чанд савол ба ин муомилагари қарн дорад, ки дар зиндагӣ ҳамаро фурӯхт, хонаву кошонаро, Ватанро, ҳамкасбонро, мақоми волои қаламро... Саволи эҳтимолӣ он аст, ки ҳеч шоҳиди зинда дар бораи харидани хонаи ман вуҷуд надорад. Ҳама ин гуфтаҳои Додоҷон нақш бар об аст ва ё ба иборае обро ба ҳован куфтан. Саволи дигари ман ин аст, ки дари хонаи нависандаро дар ҳоле ки ҷангҳо дар атрофи Душанбе аланга мезаданд, куфтан худ ҳуҷуми рӯирости ашхоси лаҷомгусехта ба аҳли адаб аст. Ин ҳамон гуна ҳамлаест, ки нависанда Ф.Муҳаммадиевро дар ҳамин маҳалла аз пой даровард. Фақат бо тафовуте бо ин ки зарба ба Улуғзода фишори равонӣ арзёбӣ мешуд, барои ба фирор водор кардани нависанда ва аҳли байташ. Сеюм саволи ман ба ту Додоҷон он аст, ки ту мардумро сода мепиндорӣ. Ҳоло он ки ягон кас то имрӯз шаҳодат намедиҳад, ки ҳамсояе бо номи саркардаи ҷиноятпеша Додоҷон дар ин маҳалла зиндагӣ мекардааст: «На ҳар кӣ тарфи кулаҳ каҷ ниҳоду тунд нишаст, кулаҳдориву оини сарварӣ донад» (Ҳофиз). Додоҷон ту куҷову Улуғзода куҷо? Улуғзода дар айёме қаламфарсоӣ мекарду асарҳои ҷаҳонии «Шоҳнома», «Фирдавсӣ», «Ривояти суғдӣ», «Восеъ» менавишт, ки ту ва ту баринҳо аз аъмоли ғайбатбофӣ орӣ набудед.
Навкари доираҳои хориҷӣ шудани Атовулло таърихи дароз дорад. Замоне иттифоқчии необосмачиҳо буд. Ин муомилаи шубњанок чанд сабабу ангеза дошт: а) сабаби молӣ. Атрофиёни Атовулло нақл мекунанд, ки вақте ба Аврупо ронда шуд, ҳолати молиаш вахим гашт, дар ин маврид, намояндагони хориҷӣ вориди амал шуданд ва корро ба корзор табдил доданд; б) Ангезаи давлатбадбинӣ. Чун аз аввал Атовулло ҷузъи демократҳои исломманиш буд, ҳамин корро идома дод; в) сабаби худбеҳтарбинӣ. Худшефтагӣ Атовуллоро дар ҷабҳаи чанг бар зидди ҳама қарор додааст.
Акнун гуноҳи кабираи дигар бар дафтари аъмоли Додо зам шуд. Дар таърих Д.Атовулло акнун ҳамчун ҳилагаре ки ҳатто хотири устод Улуғзодаро пос надошт, боқӣ хоҳад монд.
Туро гар хирад бошад андар забон,
Ба бедорӣ кушӣ, на хоби гарон.
М.Иқбол
Абдулрауфи Пайкор, адиб
02.08.2023с. шаҳраки Нависандагон