- Асосӣ
- Раиси ноҳия
- Мақомоти иҷроия
- Мақомоти намояндагӣ
- Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
- Қонунҳо
- КОДЕКСИ МЕҲНАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОДЕКСИ ОДОБИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия
- Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ДАР БОРАИ ТАРТИБИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ СОХТИ МАРЗИВУ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи хизмати давлатӣ
- Қарорҳои маҷлиси вакилони халқ
- Қарорҳои раиси ноҳия
- Қонунҳо
- Муроҷиати шаҳрвандон
- STATEMENT Following the Meeting of the Special Services of Iran, Kazakhstan, China, Pakistan, Russia, Tajikistan and Uzbekistan
- Дастгоҳи раиси ноҳия
- Наимова Раҷамо модари Сангова Сумая духтаре, ки Кури Юнус фиребаш дод
- ПОЙТАХТИ ДАВЛАТ ВА ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛАТ
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дарвоз «Майдони ромишгарон»-ро ифтитоҳ намуданд
Сеш, 08/15/2023 - 10:21
ДУШАНБЕ, 15.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. 15 август дар ноҳияи Дарвоз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Майдони ромишгарон»-ро бо муҷассамаҳои арбобони санъат ифтитоҳ намуданд.
Ба хотири гиромидошти хотираи неки шахсони барӯманди соҳаи фарҳанг ва санъати тоҷик дар даромадгоҳи асосии ноҳияи Дарвоз бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайкараҳои ҳунарманди халқии Тоҷикистон, арбоби санъати тоҷик Акашариф Ҷураев, ромишгари классики тоҷику форс Борбади Марвазӣ ва ҳунарманди халқии Тоҷикистон Абдулло Назрӣ қомат афрохтаанд.
Муҷассамаи ин чеҳраҳои мондагор бо саҳми соҳибкорони ватанӣ аз тарафи ҳайкалтарошони мумтози тоҷик бо санъати баланди наққошӣ сохта шудааст.
Бояд гуфт, ки дар ноҳияи Дарвоз даҳҳо нафар нобиғаҳо, шахсиятҳои барҷастаи илму фарҳанг ба камол расида, дар рушду пешрафти Тоҷикистон нақши босазо гузоштаанд.
Акашариф Ҷӯраев ва Абдулло Назрӣ аз зумраи шахсиятҳое мебошанд, ки мактаби касбии онҳоро имрӯз фарзандону пайравонашон идома медиҳанд. Акашариф Ҷӯраев давомдиҳандаи анъанаҳои санъати мусиқии халқи тоҷик буда, суруду таронаҳои эҷодкардааш мондагору вирди забонҳо аст.
Борбади Марвазӣ аз ҷумлаи маъруфтарин чеҳраи ҳунари безаволи тоҷик аст, ки ӯро шоҳи ромишгарон унвон додаанд.
Дар ҳамин ҷо бо иштироки фарзандону пайравони Акашариф Ҷӯраев, Абдулло Назрӣ ва аҳли санъату ҳунари ноҳия барномаи рангини фарҳангӣ аз эҷодиёти ин чеҳраҳои дурахшони санъати асили мусиқии тоҷик пешниҳод шуд.
Қомат афрохтани пайкараи чеҳраҳои тобноки санъату фарҳанги тоҷик дар заминаи сиёсати фарҳангдӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, ба гиромидошти шахсияти онҳо мусоидат менамояд.