- Асосӣ
- Раиси ноҳия
- Мақомоти иҷроия
- Мақомоти намояндагӣ
- Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
- Қонунҳо
- КОДЕКСИ МЕҲНАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОДЕКСИ ОДОБИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия
- Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ДАР БОРАИ ТАРТИБИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ СОХТИ МАРЗИВУ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи хизмати давлатӣ
- Қарорҳои маҷлиси вакилони халқ
- Қарорҳои раиси ноҳия
- Қонунҳо
- Муроҷиати шаҳрвандон
- STATEMENT Following the Meeting of the Special Services of Iran, Kazakhstan, China, Pakistan, Russia, Tajikistan and Uzbekistan
- Дастгоҳи раиси ноҳия
- Наимова Раҷамо модари Сангова Сумая духтаре, ки Кури Юнус фиребаш дод
- ПОЙТАХТИ ДАВЛАТ ВА ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛАТ
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи бунёди бинои нави Беморхонаи марказӣ дар ноҳияи Дарвоз шинос шуданд
Сеш, 08/15/2023 - 10:25
ДУШАНБЕ, 15.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. 15 август дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Дарвоз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи бунёди бинои нави беморхонаи марказии ноҳия шинос шуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки иншооти мазкур бо мақсади баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар доираи тадбирҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд бунёд мешавад.
Зимни муаррифии лоиҳа ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки бинои нави беморхонаи марказии ноҳияи Дарвоз 3-ошёна буда, аз 100 кати хоб иборат мебошад.
Бинои нави беморхона дар заминаи бинои ҳозираи беморхонаи марказии ноҳия, ки ба талаботи замон ҷавобгӯ нест, бунёд мегардад.
Пас аз анҷоми корҳои сохтмонӣ бинои нав бо таҷҳизоти муосири соҳавӣ муҷаҳҳаз мешавад. Сохтмони бинои нави беморхонаи марказии ноҳияи Дарвоз дар рӯзҳои таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ туҳфаи арзишманди Ҳукумати мамлакат барои сокинон ба шумор меравад.
Дар айни замон беморхонаи марказии ноҳияи Дарвоз дорои панҷ шуъба буда, ба 22 ҳазору 700 нафар аҳолии ноҳия хизмати тиббӣ мерасонад. Ҳоло дар ноҳия 28 бунгоҳи тиббӣ, 7 маркази саломатӣ ва 2 беморхонаи минтақавӣ бо 50 кати хоб фаъолият дорад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дар фурсати муайяншуда ва ба меъёрҳои муосир ҷавобгӯ сохтани бинои нави беморхонаи марказии ноҳияи Дарвоз ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.