Main menu

Сафарбарии ихтиёриён ба хизмати ҳарбӣ

20 марти соли 2018 таҳти №286 қарори раиси ноҳия «Дар бораи ташкил ва гузаронидани даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ дар моҳҳои апрел ва майи соли 2018»ба тасвиб расида тибқи нишондоди банди 2-и он Комиссариати ҳарбии ноҳияи Шаҳритуз, ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия вазифадор гардиданд, дар моҳҳои апрел-майи соли 2018 шаҳрвандони солҳои таваллудашон ба 18-солагӣ расида ва шаҳрвандоне, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват намоянд.»

IMG_8850.JPGБо мақсади татбиқи амалии қарори мазкур рӯзи 2 апрели соли ҷорӣ дар майдони Исмоили Сомонии маркази ноҳия  бахшида ба сафарбаркунии навдаъватон ба хизмати ҳарбӣ ҷамъомади ботантана доир гардид. Дар чорабинии мазкур роҳбарони ноҳия, масъулони бахшу шуъбаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, кормандони комиссариати ҳарбии ноҳия,роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, волидон ва ҷавонони синну солашон ба хизмат расида, ки ҳамаашош ихтиёриён буданд, ширкат варзиданд.

Дар ҷамъомад раиси ноҳия Р.Оймаҳмадзода баромад карда, нахуст аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикстон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва  саҳми босазои ӯ дар таъмини сулҳу салоҳи кишвар ёдовар шуда, таъкид намуд, ки ҳифзи музаффариятҳои Истиқлолият ва марзу буми кишвар қарзи шаҳрвандию фарзандии ҳар як соҳибватан мебошад. Ӯ бо камоли боварӣ иброз дошт, ки ҷавонони ноҳияи Шаҳритуз бо сари баланд хизмати модар –Ватанро ба ҷо оварда, бо хизмати аъло ба халқу Ватан содиқ будани худро дар амал собит менамоянд. Ҳамзамон раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия Н.Ғуломҳайдаров ва сархатиби масҷиди ҷомеи ноҳия Ҳ.Муродов  ба ҷавонон-сарбозони оянда дуои нек дода, ба онҳо дар адои хизмати сарбозӣ сарбаландию сарафрозӣ ва комёбию муваффақиятҳои беназир орзу намуданд.

Сипас ҳунармандони Қасри фарҳанги ноҳия  бо таронаю сурудҳои дилнишин хотири наваскарону волидони онҳоро болида гардониданд.

«Субҳи Шаҳритуз»

Ҳеҷ овозе нест
 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735180   ноҳияи  Шаҳритуз

кӯчаи И.Сомонӣ №51

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз