Main menu

Иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шаҳритуз (даъвати панҷум)

28-уми декабри  соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шаҳритуз (даъвати панҷум) доир гардид.  Иҷлосияро раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шаҳритуз Оймаҳмадзода Рамазон Алихон   ифтитоҳ карда, қайд намуд, ки аз 40 нафар вакилони халқи ноҳия 3 нафарашон бо сабабҳои узрнок ҳузур надоранд.  Инчунин зикр гардид, ки дар кори иҷлосия муовинону раиси Дастгоҳи ноҳия, мудирони бахшу шуъбаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳия, раисони ҷамоатҳои деҳоту шаҳрак, раисони маҳаллаҳо, директорони муассисаҳои таълимӣ, имомони намозҳои панҷвақта, масъулони ҳифзи ҳуқуқи ноҳия,сарварони ташкилотҳои ҷамъиятӣ  низ даъват шуданд.

IMG_1966.JPGСипас  вакилон котиботи иҷлосияро дар ҳайати  М.Баротов (вакил аз ҳавзаи интихоботии №27)-раиси котибот, Б.Турсунмуродзода (вакил аз ҳавзаи интихоботии №2), Л.Чиллаев (вакил аз ҳавзаи интихоботии №23)-аъзои ҳайати  котибот интихоб намуданд.

Дар иҷлосияи чордаҳуми маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шаҳритуз (даъвати панҷум) масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор дода шуд:

Рўзномаи иҷлосия

1.Рафти иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон аз 2 ноябри соли 2012, №263 оид ба қарори ҶумҳурииТоҷикистон  аз 31 августи  соли 2012, №450 «Дар бораи Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020» ва беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои кишоварзӣ дар ҷамоатҳои деҳоти ноҳия

2. Ҳисоботи комиссияи доимии  Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шаҳритуз «Оид ба қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ»

3.Ҳисоботи Очилдиев Комил – вакил аз ҳавзаи интихоботии № 26 оид ба фаъолияти худ ҳамчун вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шаҳритуз

4. Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ гардонидани ваколати вакилии Идибеков Худоёр Сатторович-вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шаҳритуз аз ҳавзаи интихоботии № 15 ва таъин намудани интихобот дар ин ҳавза.

5. Оид ба даровардани тағйирот ба ҳайати Комиссияҳои доимии  Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шаҳритуз

6. Тасдиқи Низомнома ва ҳайати  Комиссияи доимии  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо

7.Тасдиқи қарорҳои қабулнамудаи раиси ноҳияи Шаҳритуз

Оиди масъалаи аввали дар рўзномаи иҷлосия дарҷ гардида, сарагрономи Раёсати кишоварзии  ноҳия  Т. Раҳматов  баромад кард. Сипас сардори Муассисаи давлатии Идораи давлатии  беҳдошти замин ва обёрии ноҳия А.Урунов –вакил аз ҳавзаи интихоботии №31 ва  раиси кумитаи замини ноҳия А.Ҷумъаев  ба сухан баромада, дар атрофи маърӯзаи  мазкур ибрози назар карданд.

Аз рӯйи масъалаҳои дигари рӯзномаи иҷлосия раиси комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шаҳритуз «Оид ба қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ»  О.Юсупов, вакил аз ҳавзаи интихоботии № 26 –К.Очилдиев, узви Комиссияи доимии маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шаҳритуз “Оид ба одоби вакилон”, вакил аз ҳавзаи интихоботии № 25 К.Норбутаева баромад карданд.

Вакилон инчунин масъалаҳои 5,6,7-и рӯзномаи иҷлосияро мавриди баррасӣ қарор дода, баъди шиносоӣ бо тағйироту иловаҳо ба ҳайати комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шаҳритуз (даъвати панҷум), Низомнома ва ҳайати  Комиссияи доимии  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ва қарорҳои қабул намудаи раиси ноҳияи Шаҳритуз якдилона  онҳоро  тасдиқ  ва қарорҳои дахлдор қабул карданд.

 Дар кори иҷлосия намояндаи мақомоти иҷроияи ҳоимияти давлатии вилояти Хатлон, муовини сардори Идораи давлатии  беҳдошти замин ва обёрии вилояти Хатлон  Шамсиддин Гадоев  иштирок ва суханронӣ кард. Иҷлосияро раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шаҳритуз Оймаҳмадзода Рамазон Алихон   ҷамъбаст намуд.

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735180   ноҳияи  Шаҳритуз

кӯчаи И.Сомонӣ №51

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз